Back to Languages

Tajik - Chapter 10 - Yunus

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Yunus 10:1

Алиф, лом, ро. Ин аст оятҳоикитоби бо ҳикмат

Verse 2 — Surah Yunus 10:2

Оё мардум дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳе баланд доранд? Кофирон гуфтанд, ки ин мард ошкоро ҷодугарест

Verse 3 — Surah Yunus 10:3

Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз биёфарид; сипас ба арш пардохт: корҳоро тадбир кард. Ҷуз ба рухсати Ӯ шафоъаткунандае набошад. Ин аст Оллоҳ — Парвардигори шумо. Ӯро бипарастед! Чаро панд намегиред

Verse 4 — Surah Yunus 10:4

Бозгашти ҳамаи шумо ба Ӯст. Ин барҳақ ваъдаи Худост. Ӯ махлуқотро биёфаринад. Он гоҳ ононро ба сӯи худ бозгардонад, то касонеро, ки имон оварда ва кори шоиста кардаанд, аз рӯи адл мукофот диҳад. Ва кофиронро ба ҷазои куфрашон шаробест аз оби ҷушону азобест дардовар

Verse 5 — Surah Yunus 10:5

Ӯст он, ки хуршедро равшанӣ бахшиду моҳро мунаввар сохт ва барояш манозиле муъайян кард, то аз шумори солҳо ва ҳисоб огоҳ шавед. Худо ҳамаи инҳоро ҷуз ба ҳақ наёфарид ва оётро барои мардуме, ки медонанд, батафсил баён мекунад

Verse 6 — Surah Yunus 10:6

Дар омадушуди шабу рӯз ва он чӣ Худо дар осмонҳову замин офаридааст, барои парҳезгорон ибратҳост

Verse 7 — Surah Yunus 10:7

Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд ва ба зиндагии дунявӣ хушнуд шуда ва ба он оромиш ёфтаанд ва онон, ки аз оёти Мо бехабаранд

Verse 8 — Surah Yunus 10:8

ба ҷазои корҳое, ки мекардаанд, ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст

Verse 9 — Surah Yunus 10:9

Ононро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, Парвардигорашон ба сабаби имонашон ба биҳиштҳое пурнеъмат, ки наҳрҳои об дар зери пояшон ҷорист, ҳидоят мекунад

Verse 10 — Surah Yunus 10:10

Дар он ҷо дуъояшон ин аст: «Бор Худое, Ту поКӣ». Ва ба ҳангоми дуруд салом мегӯянд. Ва поёни дуъояшон ин аст: «Шукр Худоро, он Парвардигори ҷаҳониён»

Verse 11 — Surah Yunus 10:11

Агар бо ҳамон шитоб, ки мардум барои худ хайр металабанд, Худо барояшон шарр металабид, маргашон фаро расида буд. Пас ононро, ки ба дидори Мо умед надоранд, вомегузорем, то дар гумроҳии худ саргардон бимонанд

Verse 12 — Surah Yunus 10:12

Чун ба одамӣ зараре расад, чӣ бар паҳлу хуфта бошад ва чӣ нишаста ё истода, Моро ба дуъо мехонад. Ва чун он зарарро аз ӯ дур созем, чунон мегузарад, ки гӯӣ Моро барои дафъи он зараре, ки ба ӯ расида буд, ҳаргиз нахондааст. Амалҳои исрофкорон инчунин дар назарашон ороста шудааст

Verse 13 — Surah Yunus 10:13

Ва Мо мардумеро, ки пеш аз шумо буданд, чун ситам карданд ва ба паёмбаронашон, ки бо далоили равшан сӯи онҳо омада буданд, имон намеоварданд, ҳалок кардем. Мардуми гунаҳкорро инчунин ҷазо медиҳем

Verse 14 — Surah Yunus 10:14

Он гоҳ шуморо дар рӯи замин ҷонишини онҳо гардонидем, то бингарем, ки чӣ гуна амал мекунед

Verse 15 — Surah Yunus 10:15

Чун оёти равшани мо бар онон тиловат шуд, онҳо, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Қуръоне ғайри ин Қуръон биёвар ё дигаргунаш кун!» Бигӯ: «Маро нарасад, ки онро аз сӯи худ дигаргун кунам. Ҳар чӣ ба ман ваҳй мешавад, пайрави ҳамон ҳастам. Метарсам, ки агар ба Парвардигорам нофармон шавам, ба азоби он рӯзи бузург гирифтор оям»

Verse 16 — Surah Yunus 10:16

Бигӯ: «агар Худо мехост, ман онро бар шумо тиловат намекардам ва шуморо аз он огоҳ намесохтам. Ва пеш аз ин дар миёни шумо умре зистаам. Чаро ба ақл дарнамеёбед?»

Verse 17 — Surah Yunus 10:17

Кист ситамкортар аз он, ки бар Худо дурӯғ мебандад, ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта кофирон наҷот намеёбанд

Verse 18 — Surah Yunus 10:18

Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки на судашон мерасонад на зиён. Ва мегӯянд: «Инҳо шафеъони мо дар назди Худоянд». Бигӯ: «Оё ба Худо аз чизе хабар медиҳед, ки дар замину осмон аз он хабаре надорад? Худо пок аст ва аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, болотар аст!»

Verse 19 — Surah Yunus 10:19

Мардум ҷуз як уммат набуданд, миёнашон ихтилоф афтод. Ва агар на он сухане буд, ки пеш аз ин аз Парвардигорат содир гашта буд, дар он чӣ ихтилоф мекунанд, ҳукм шуда буд

Verse 20 — Surah Yunus 10:20

Ва мегӯянд: «Чаро аз ҷониби Парвардигораш мӯъҷизае бар ӯ нозил намешавад?» Бигӯ: «Илми ғайб аз они Худост. Интизор бикашед! Ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»

Verse 21 — Surah Yunus 10:21

Ҳар гоҳ пас аз зараре, ки ба мардум расидааст, раҳмате ба онҳо бичашонем, бинӣ, ки дар оёти Мо бадандешӣ мекунанд, бигӯ: «Макри Худо зудтар аст». Расулони Мо низ бадандешиҳои шуморо менависанд

Verse 22 — Surah Yunus 10:22

Ӯст, ки шуморо дар хушкӣ ва дар дарё сайр медиҳад. То он гоҳ, ки дар киштиҳо ҳастанд ва боди мувофиқ ба ҳаракаташон меоварад, шодмонанд. Чун тӯфон фаро расад ва мавҷ аз ҳар сӯ бар онҳо резад, чунон кн пиндоранд, ки дар муҳосираи мавҷ қарор гирифтаанд, Худоро аз рӯи ихлоси ақида бихонанд, ки агар моро аз ин хатар бираҳонӣ, аз шукргузорон хоҳем буд

Verse 23 — Surah Yunus 10:23

Чун Худо онҳоро бираҳонад, бинӣ, ки дар замин ба ноҳақ саркашӣ кунанд. Эй мардум, ин саркашӣ ба зиёни худатон аст. Манфиатест дар ин зиндагии дунявӣ. Он гоҳ ҳама ба назди Мо бозмегардед то аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон созем

Verse 24 — Surah Yunus 10:24

Мисоли ин зиндагии дунё чун боронест, ки аз осмон нозил кунем, то ба он ҳар гуна растаниҳо аз замин бирӯяд, чӣ онҳо, ки одамиён мехӯранд ва чӣ онҳо, ки чорпоён мечаранд. Чун замин зинати худ баргирифт ва ороста шуд ва мардумаш пиндоштанд, ки худ қодир бар он ҳама будаанд, фармони Мо шабҳангом ё ба рӯз даррасад ва чунон аз бехаш барканем, ки гӯӣ дирӯз дар он макон ҳеҷ чиз набудааст, Оётро барои мардуме, ки меандешанд, инчунин тафсил медиҳем

Verse 25 — Surah Yunus 10:25

Худованд ба сарои саломат даъват мекунад ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад

Verse 26 — Surah Yunus 10:26

Музди онон, ки некӣ мекунанд, некист ва чизе афзун бар он. На сияхрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд

Verse 27 — Surah Yunus 10:27

Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, музди ҳар бадӣ монанди он аст ва хори бар онҳо ғолиб мешавад. Касе онҳоро аз хашми Худо нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё сураташон дар порае аз шаби торик пушида шуда аст. Инҳо аҳли ҷаҳанаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд

Verse 28 — Surah Yunus 10:28

Ва рӯзе ҳамаи онҳоро дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва бутҳоятон дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва бутҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро намепарастидаед»

Verse 29 — Surah Yunus 10:29

Худо ба гувоҳӣ миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем

Verse 30 — Surah Yunus 10:30

Дар он ҷо ҳар кас ҳарчӣ кардааст, ҷазоашро хоҳад дид ва ҳамаро ба сӯи Худо — мавлои ҳақиқиашон бозмегардонанд ва ҳамаи он бутон, ки ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд

Verse 31 — Surah Yunus 10:31

Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корхоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Оллоҳ». Бигӯ: «Оё намотарсед?»

Verse 32 — Surah Yunus 10:32

Он Оллоҳ — Парвардигори хақиқии шумост, баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас ба куҷо рӯй меоваред

Verse 33 — Surah Yunus 10:33

Пас сухани Парвардигори ту дар бораи исёнгарон, ки гуфт: «Инҳо имон намеоваранд», ба ҳақиқат пайваст

Verse 34 — Surah Yunus 10:34

Бигӯ: «Оё аз ин бутони шумо касе ҳаст, ки чизеро биёфаринад ва боз зинда кунад?» Бигӯ: «Худои якто махлуқотро меофаринад ва боз зинда мекунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд?»

Verse 35 — Surah Yunus 10:35

Бигӯ: «Оё аз ин бутони шумо касе ҳаст, ки ба ҳақ роҳ намояд?» Бигӯ: «Худо ба ҳақ роҳ менамояд. Оё он, ки ба ҳақ роҳ менамояд ба пайравӣ сазовортар аст а он ки ба ҳақ роҳ наменамояд ва худ низ мӯҳтоҷи ҳидоят аст? Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед?»

Verse 36 — Surah Yunus 10:36

Бештарашон фақат пайрави гумонанд ва гумон наметавонад ҷои ҳақро бигирад. Албатта Худо ба коре, ки мекунанд, огоҳ аст

Verse 37 — Surah Yunus 10:37

Нашояд, ки ин Қуръонро ҷуз ба Худо нисбат кунанд балки тасдиқи чизест, ки пеш аз он омадааст ва баёни он китоб аст. Шакке нест, ки аз ҷониби Парвардигори чаҳониён аст

Verse 38 — Surah Yunus 10:38

Мегӯянд, ки онро ба дурӯғ ба Худо нисбат мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки метавонед, ба ёрӣ бихонед ва сурае монанди он биёваред»

Verse 39 — Surah Yunus 10:39

Чизеро дурӯғ шумурданд, ки ба илми он иҳота наёфта буданд ва ҳанӯз азобаш ба онҳо наомадааст. Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ паёмбаронро чунин ба дурӯғ баровардаанд. Пас бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна будааст

Verse 40 — Surah Yunus 10:40

Баъзе аз онҳо ба он имон меоваранд ва баъзе имон намеоваранд. Ва IIарвардигори ту ба фасодкорон огоҳтар аст

Verse 41 — Surah Yunus 10:41

Агар туро ба дурӯғ нисбат кардан, бигӯ: «Амали ман аз они ман аст ва амали шумо аз они шумо. Шумо аз кори ман безоред ва ман аз кори шумо безорам»

Verse 42 — Surah Yunus 10:42

Баъзе аз онҳо ба ту гӯш медиҳанд. Оё агар дарнаёбанд, ту метавонӣ каронро шунаво созӣ

Verse 43 — Surah Yunus 10:43

Баъзе аз онҳо ба ту менигаранд. Оё агар набинанд, ту метавонӣ кӯрони нобиноро роҳ бинамоӣ

Verse 44 — Surah Yunus 10:44

Худованд ба мардум ҳеҷ ситам намекунад, вале мардум худ ба худ ситам мекунанд

Verse 45 — Surah Yunus 10:45

Ва рӯзе, ки Худованд ононро дар маҳшар гирд оварад, чунон пиндорӣ, ки танҳо соате аз рӯз дар дунё истодаанд, якдигарро бишиносанд. Онҳо, ки дидор бо Худоро дурӯғ, меҳисобиданд, зяёндидаанд ва ҳидоятнаёфтаанд

Verse 46 — Surah Yunus 10:46

Ё баъзе аз чизҳоеро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту менамоёнем ё туро мемиронем. Бозгашти ҳамаашон ба назди мост ва Худо ба ҳар коре, ки мекунанд, шоҳид аст

Verse 47 — Surah Yunus 10:47

Ҳар умматеро паёмбаре буд ва чун паёмбарашон биёмад, корҳо миёнашон ба адолат ҳал шуданд ва мавриди ситам воқеъ нашуданд

Verse 48 — Surah Yunus 10:48

Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас ин ваъда чӣ вақт хоҳад буд?»

Verse 49 — Surah Yunus 10:49

Бигӯ: «Ман дар бораи худ, ҷуз он чӣ Худо бихоҳад, молики ҳеҷ суду зиёне нестам. Марги ҳар умматеро замоне муайян аст. Чун замонашон фаро расад, на як соат дер кунанд ва на як соат пеш раванд»

Verse 50 — Surah Yunus 10:50

Бигӯ: «Чӣ мекунед, агар азоби ӯ ба ногоҳ шабҳангом ё ба рӯз фаро расад? Гуноҳкорон чӣ чизро инчунин ба шитоб металабанд

Verse 51 — Surah Yunus 10:51

Оё чун азоб ба вуқӯъ пайвандад, ба он имон меоваред? Акнун ин ҳамон чизест, ки фаро расиданашро ба шитоб мехостед

Verse 52 — Surah Yunus 10:52

Он гоҳ ба ситамкорон гӯянд: «Азоби ҷовидро бичашед! Оё на чунин аст, ки дар баробари амалҳоятон ҷазо мебинед?»

Verse 53 — Surah Yunus 10:53

Аз ту хабар мепурсанд, ки оё ҳақ аст? Бигӯ: «Оре, савганд ба Парвардигорам, ки ҳақ аст ва шуморо қувваи фирор аз он нест!»

Verse 54 — Surah Yunus 10:54

Агар ҳар гунаҳкоре соҳиби ҳамаи рӯи замин бошад, хоҳад, ки худро ба он азоб бозхарад ва чун азобро бингаранд, пушаймонии худ дар дил ниҳон доранд. Миёнашон ба адолат ҳукм шавад ва мавриди ситам воқеъ нагарданд

Verse 55 — Surah Yunus 10:55

Бидонед, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Худост! Ва огоҳ бошед, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештарашон намедонанд

Verse 56 — Surah Yunus 10:56

Ӯст, ки зинда мекунаду мемиронад ва ҳама ба сӯи Ӯ бозмегарданд

Verse 57 — Surah Yunus 10:57

Эй мардум, барои шумо аз ҷониби Парвардигоратон панде омад ва шифое барои он беморие, ки дар дил доред ва роҳнамоиву раҳмате барои мӯъминон

Verse 58 — Surah Yunus 10:58

Бигӯ: «Ба фазли Худову раҳмати Ӯ». Шодмон шаванд, зеро ин ду аз ҳар чӣ ҷамъ мекунанд, беҳтар аст

Verse 59 — Surah Yunus 10:59

Бигӯ: «Оё ба ризқе, ки Худо бароятон нозил кардааст, нигаристаед? Баъзеро ҳаром шумурдед ва баъзеро ҳалол». Бигӯ: «Худо ба шумо иҷоза додааст ё ба Ӯ дурӯғ мебандед?»

Verse 60 — Surah Yunus 10:60

Онон, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, дар бораи рӯзи қиёмат чӣ гумон кардаанд? Худо фазли худро ба мардумон арзонӣ медорад, вале бештаринашон шукр намегуянд

Verse 61 — Surah Yunus 10:61

Дар ҳар коре, ки бошӣ ва ҳар чӣ аз Қуръон бихонӣ ва даст ба ҳар амале, ки бизанед, ҳангоме ки ба он мепардозед, мо нозир бар шумо ҳастем. Бар Парвардигори ту ҳатто ба миқдори заррае дар замину осмонҳо пушида нест. Ва ҳар чӣ хурдтар аз он ё бузургтар аз он бошад, дар китоби мубин навишта шудааст

Verse 62 — Surah Yunus 10:62

Огоҳ бошед, ки бар дустони Худо биме нест ва ғамгин намешаванд

Verse 63 — Surah Yunus 10:63

Касонеро, ки имон оварданд ва парҳезгорӣ мекарданд

Verse 64 — Surah Yunus 10:64

хушхабар аст онҳоро дар дунёву охират. Сухани Худо дигаргун намешавад. Ин аст комёбии бузург

Verse 65 — Surah Yunus 10:65

Сухани онон туро ғамгин насозад. Иззат ба тамомӣ аз они Худованд аст. Ӯст, ки шунавову доност

Verse 66 — Surah Yunus 10:66

Огоҳ бошед, ки аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва онон, ки ғайри Худоро шарикон мехонанд, аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва дурӯғ мегӯянд

Verse 67 — Surah Yunus 10:67

Ӯст, ки шабро бароятон падид овард, то дар он биёромед ва рӯзро падид овард, то дар он бубинед. Дар инҳо барои мардуме, ки мешунаванд, ибратҳост

Verse 68 — Surah Yunus 10:68

Гуфтанд: «Худо фарзанде интихобидаст». Пок аст! Бениёз аст! Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст! Шуморо бар он сухан далеле нест. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки ба он огоҳ нестед

Verse 69 — Surah Yunus 10:69

Бигӯ: «Онҳо, ки ба Худо дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд!»

Verse 70 — Surah Yunus 10:70

Бархӯрдорӣ аз дунё, он гоҳ бозгашташон ба сӯи Мо. Сипас ба ҷазои куфр варзиданашон азобе сахташон мечашонем

Verse 71 — Surah Yunus 10:71

Барояшон достони Нӯҳро бихон, он гоҳ, ки ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, агар истодани ман дар миёни шумо ва ёдоварии оёти Худо бар шумо гарон меояд, ман бар Худо таваккал мекунам, корубори худ ва бутонатонро гирд оваред, чунон ки ҳеҷ чиз аз коре, ки мекунед, бар шумо пӯшида набошад ва ба душмании ман қадам ба пеш ниҳед ва маро мӯҳлат надиҳед

Verse 72 — Surah Yunus 10:72

Ва агар пушт кардед, ман аз шумо ҳеҷ музде нахостаам, ки музди ман бо Худост ва ман амр шудаам, ки аз таслимшудагон бошам!»

Verse 73 — Surah Yunus 10:73

Дурӯғаш бароварданд ва Мо ӯву ҳамроҳонашро дар киштӣ бираҳонидем ва ононро ҷонишини пешиниён сохтем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ мешумурданд, ғарқ кардем. Пас бингар, ки оқибати бимдодашудагон чӣ гуна буд

Verse 74 — Surah Yunus 10:74

Он гоҳ пас аз ӯ паёмбароне бар қавмашон фиристодем ва онон далелҳое равшан оварданд, вале мардум ба он чӣ пеш аз он дурӯғ бароварда буданд, имон оваранда набуданд. Бар дилҳои таҷовузкорон инчунин мӯҳр мениҳем

Verse 75 — Surah Yunus 10:75

Ва пас аз онҳо Мӯсову Ҳорунро ҳамроҳи оётамон бар Фиръавну бузургони қавмаш фиристодем. Ва онон саркашӣ карданд ва мардуме табаҳкор буданд

Verse 76 — Surah Yunus 10:76

Ва чун ҳақ аз назди Мо ба сӯи онҳо омад, гуфтанд, ки ин ҷодуе ошкор аст

Verse 77 — Surah Yunus 10:77

Мӯсо гуфт: «Оё сухани ҳақро, ки инак бар шумо нозил шудааст, ҷоду мехонед ва ҳол он ки ҷодугарон наҷот намеёбанд!»

Verse 78 — Surah Yunus 10:78

Гуфтанд: «Оё омадаӣ, то моро аз он дин, ки падаронамонро бар он ёфтаем, дур созӣ, то дар замин сарварӣ ёбед? Вале мо ба шумо имон намеоварем!»

Verse 79 — Surah Yunus 10:79

Фиръавн гуфт: «Ҳамаи ҷодугарони доноро назди ман биёваред!»

Verse 80 — Surah Yunus 10:80

Чун ҷодугарон омаданд, Мӯсо гуфт: «Бияфканед, ҳар чиро, ки бояд бияфканед!»

Verse 81 — Surah Yunus 10:81

Чун бияфканданд, Мӯсо гуфт: «Он чӣ шумо овардаед, ҷодуст ва Худо онро ботил хоҳад сохт, зеро Худо кори фасодкоронро ба салоҳ намеоварад

Verse 82 — Surah Yunus 10:82

Ва Худованд бо суханони худ ҳақро ба исбот мерасонад, агарчи гунаҳгоронро нохуш ояд»

Verse 83 — Surah Yunus 10:83

Аз бими озори Фиръавн ва бузургони қавми ӯ, ҷуз гурӯҳе аз онҳо ба Мӯсо имон наёварданд. Ва Фиръавн дар замин бартарӣ меҷӯст ва ӯ аз таҷовузкорон буд

Verse 84 — Surah Yunus 10:84

Мӯсо гуфт: «Эй қавми ман, агар ба Худо имон овардаед ва таслими фармон ҳастед, ба Ӯ таваккал кунед!»

Verse 85 — Surah Yunus 10:85

Гуфтанд; Бар Худо таваккал кардем, эй Парвардигори мо, моро мағлуби ин мардуми ситамкор макун

Verse 86 — Surah Yunus 10:86

ва ба раҳмати худ моро аз ин кофирон раҳоӣ бахш!»

Verse 87 — Surah Yunus 10:87

Ба Мӯсо ва бародараш ваҳй кардем, ки барои қавми худ дар Миср хонаҳое муҳайё кунед ва хонаҳои худро ибодатгоҳ созед ва намоз гузоред ва мӯъминонро хушхабар деҳ

Verse 88 — Surah Yunus 10:88

Мӯсо гуфт: «Эй Парвардигори мо, ба Фиръавну бузургони қавмаш дар ин ҷаҳон зинату амвол додаӣ, эй Парвардигори мо, то дигаронро аз тариқи Ту гумроҳ кунанд. Эй Парвардигори мо, молҳояшонро нобуд соз ва дилашонро сахт кун! Имон намеоваранд, то он гоҳ, ки азоби дардоварро бингаранд»

Verse 89 — Surah Yunus 10:89

Гуфт: «Хости шумо иҷобат шуд, собитқадам бошед ва ба тариқаи нодонон пайравӣ макунед»

Verse 90 — Surah Yunus 10:90

Мо банӣ—Исроилро аз дарё гузаронидем. Фиръавну лашкариёнаш ба қасди ситаму таҷовуз ба таъқибашон пардохтанд. Чун Фиръавн ғарк мешуд, гуфт: «Имон овардам, ки ҳеҷ худованде ҷуз он ки банӣ—Исроил ба он имон овардаавд, нест ва ман аз таслимшудагонам»

Verse 91 — Surah Yunus 10:91

Оё акнун? Ва ту пеш аз ин исён мекардӣ ва аз фасодкорон буди

Verse 92 — Surah Yunus 10:92

Имрӯз ҷисми туро ба хушкӣ мепартоем, то барон онон, ки пас аз ту мемонанд, ибрате бошӣ ва ҳол он ки бисёре аз мардум аз оёти Мо ғофиланд

Verse 93 — Surah Yunus 10:93

Албатта банӣ-Исроилро дар маконе некӯ ҷой додем ва аз покиҳо рӯзияшон додем ва то он ҳангом, ки соҳиби дониш нашуда буданд, зиддияте надоштанд. Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ зиддият мекарданд, миёнашон ҳукм хоҳад кард

Verse 94 — Surah Yunus 10:94

Агар дар он чӣ бар ту нозил кардаем, дар шубҳа ҳастӣ, аз онҳое, ки китоби осмонии пеш аз туро мехонанд, бипурс. Албатта ҳақ аст он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст. Пас набояд дар шумори шубҳакукандагон бошӣ

Verse 95 — Surah Yunus 10:95

Ва аз онон, ки оёти Худоро дурӯғ мебароранд, мабош, ки дар зумраи зиёнкунандагон бошӣ

Verse 96 — Surah Yunus 10:96

Касоне, ки сухани Парвардигори ту дар бораи онон воҷиб шудааст, имон намеоваранд

Verse 97 — Surah Yunus 10:97

ҳарчанд ҳар гуна мӯъҷизае бар онон ошкор шавад, то он гоҳ, ки азоби дардоварро бингаранд

Verse 98 — Surah Yunus 10:98

Чаро мардуми ҳеҷ деҳае, ба ҳангоме ки имонашом нафъашон мсдод, имон наёварданд. магар қавми Юнус, ки чун имон оварданд, азоби хорӣ дар дунёро аз онон бардоштем ва то ҳангоме ки аҷалашон фаро расид, аз зиндагӣ бархурдорашон кардем

Verse 99 — Surah Yunus 10:99

Агар Парвардигори ту бихоҳад, ҳамаи касоне, ки дар рӯи заминанд, имон меоваранд. Оё ту мардумро маҷбур мекунӣ, ки имон биёваранд

Verse 100 — Surah Yunus 10:100

Бе хости Худо ҳеҷ касро нарасад, ки имон биёварад. Ва палидиро бар касоне, ки хиради худ ба кор намебаранд, муқаррар мекунад

Verse 101 — Surah Yunus 10:101

Бигӯ: «Бингаред, ки чӣ чизҳое дар осмонҳову замин аст!» Ва ин оёту ҳушдорҳо қавмеро, ки имон намеоваранд, нафъ намекунад

Verse 102 — Surah Yunus 10:102

Интизори рӯзеро мекашанд монанди рӯзҳое, ки пешиниёнашон мунтазираш буданд? Бигӯ; «Интизор бикашед, ки ман низ бо шумо мунтазирам!»

Verse 103 — Surah Yunus 10:103

Он гоҳ паёмбаронамон ва касонеро, ки имон овардаанд, мераҳонем. Зеро бар Мо фариза аст, ки мӯъминонро бираҳонем

Verse 104 — Surah Yunus 10:104

Бигӯ: «Эй мардум, агар шумо дар дини ман шак доред, ман чизҳоеро, ки ба ҷои Оллоҳ мепарастед, намепарастам. Ман Оллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва амр шудаам, ки аз мӯъминон бошам!»

Verse 105 — Surah Yunus 10:105

Ва ба дини пок рӯй овар ва аз мушрикон мабош

Verse 106 — Surah Yunus 10:106

Ба ҷои Оллоҳ худоёнеро, ки на ба ту суд мерасонанд ва на зиён, махон. Агар чунин кунӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд

Verse 107 — Surah Yunus 10:107

Ва агар Худо ба ту зиёне бирасонад, ҷуз Ӯ касе дафъи он натавонад кард Ва агар барои ту хайре бихоҳад, ҳеҷ кас фазли Ӯро бознатавонад дошт. Фазли худро ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаву меҳрубон аст

Verse 108 — Surah Yunus 10:108

Бигӯ: «Эй мардум, паёми ростин аз ҷониби Парвардигоратон бароятон, фаро расид. Пас ҳар кас, ки ба роҳи рост ҳидоят ёбад, ҳидоят ба суди ӯст. Ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни худ ба гумроҳӣ афтодааст. Ва ман ӯҳдадори шумо нестам»

Verse 109 — Surah Yunus 10:109

Чизеро, ки ба ту ваҳй мешавад, пайравӣ кун ва сабр кун то Худо доварӣ кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст