Back to Languages

Tajik - Chapter 11 - Hud

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Hud 11:1

Алиф, лом, ро. Китобест бо оёте устувору равшан аз ҷониби ҳакиме огоҳ

Verse 2 — Surah Hud 11:2

ки ғайри Худои якторо напарастед, ман аз ҷониби Ӯ тарсонандаи шумо ва низ муждадиҳандае барои шумо ҳастам

Verse 3 — Surah Hud 11:3

Ва низ аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо аз ризқе некӯ, то он гоҳ, ки муқаррар аст, бархурдорӣ диҳад. Ва ҳар шоистаи неъматро неъмат диҳад. Ва агар рӯйгардон шавед, бар шумо аз азоби рӯзи бузург бимнокам

Verse 4 — Surah Hud 11:4

Бозгаштатон ба Худост ва Ӯ ба ҳар коре тавоност

Verse 5 — Surah Hud 11:5

Огоҳ бош, ки инҳо сурат бармегардонанд, то рози дили худ пинҳон доранд, ҳол он ки ба он ҳангом, ки ҷомаҳои худ дар сар мекашанд. Худо ошкору ниҳонашонро медонад, зеро Ӯ ба рози дилҳо огоҳ аст

Verse 6 — Surah Hud 11:6

Ҳар ҷунбандае дар рӯи замин мавҷуд аст, рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост ва ҷои зисту маргашро медонад зеро ҳама дар китоби мубин омадааст

Verse 7 — Surah Hud 11:7

Ӯст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид ва арши Ӯ бар рӯи об буд. То биёзмояд кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст. Ва агар бигӯӣ, ки баъд аз марг зинда мешавед, кофирон гӯянд, ки ин ҷуз ҷодуии ошкор нест

Verse 8 — Surah Hud 11:8

Ва агар чанд гоҳе азобашонро ба дер бияфканем, мепурсанд: «Чӣ чиз монеъи он шудааст?» Огоҳ бошед, чун азобашон фаро расад, онро бознагардонанд ва он чӣ масхарааш мекарданд, ононро дар бар хоҳад гирифт

Verse 9 — Surah Hud 11:9

Агар ба инсон раҳмате бичашонем, он гоҳ аз ӯ бозаш гирем, ноумед мешавад ва ношукрӣ мекунад

Verse 10 — Surah Hud 11:10

Ва агар пас аз сахтиву ранҷ неъмату осоише ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Ногувориҳо аз ман дур шудааст». Ва дар ин ҳол шодмон аст ва фахр мекунад

Verse 11 — Surah Hud 11:11

ғайри касоне, ки сабр варзиданд ва корҳои некӯ карданд, ки омурзиш ва музди бузург аз они онҳост

Verse 12 — Surah Hud 11:12

Шояд, ки баъзе аз чизҳоеро, ки бар ту ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: «Чаро ганҷе бар ӯ афканда намешавад? Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд?» Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нести ва Худост, ки корсози ҳар чизест

Verse 13 — Surah Hud 11:13

Ё он ки мегӯянд, ки аз худ бармебофад ва ба дурӯғ ба Худо нисбаташ мекунад. Бигӯ: «Агар рост мегӯед, ҷуз Худо ҳар киро, ки тавонед, ба ёрӣ биталабед ва даҳ сура монанди он ба ҳам барбофта, биёваред

Verse 14 — Surah Hud 11:14

Пас агар шуморо иҷобат накарданд, бидонед, ки Қуръон ба илми Худо нозил шуда ва низ ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Оё таслим мешавед?»

Verse 15 — Surah Hud 11:15

Онон, ки зиндагиву зинати ин дунёро бихоҳанд, пас ҳамаи музди кирдорашонро дар ин ҷаҳон медиҳем ва дар он нуқсоне намебинанд

Verse 16 — Surah Hud 11:16

Инҳо касоне ҳастанд, ки дар охират ҷуз оташ насибе надоранд ва ҳар чӣ кардаанд, ночиз шавад ва ҳар чӣ ба ҷой оваранд, ботил аст

Verse 17 — Surah Hud 11:17

Оё он кас, ки аз ҷониби Парвардигори худ далеле равшан дорад ва забонаш ба он гӯёст ва пеш аз ин китоби Мӯсо, ки худ пешвову раҳмате будааст, ба он гувоҳӣ дода, бо он кас, ки далеле надорад, баробар аст? Онҳо ба он китоби равшан имон меоваранд. Ва ҳар гурӯҳи дигаре, ки ба Ӯ кофир шавад, ҷойгоҳаш дар оташ аст. Дар он шак макун, ки ҳақ аст ва аз ҷониби Парвардигорат омадааст. Вале бештари мардум имон намеоваранд

Verse 18 — Surah Hud 11:18

Чӣ кас ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебандад? Инҳоро ба Парвардигорашон арза хоҳанд дошт ва шоҳидон гувоҳӣ хоҳанд дод, ки инҳоанд, ки бар Парвардигорашон дурӯғ мебастаанд. Лаънати Худо бар ситамкорон бод

Verse 19 — Surah Hud 11:19

онон, ки мардумро аз роҳи Худо бозмедоранд ва роҳи Худоро каҷиашро мехоҳанд ва ба охират имон надоранд

Verse 20 — Surah Hud 11:20

Инҳо наметавонанд дар рӯи замин аз Худо бигурезанд ва ғайри Ӯ ҳеҷ ёваре надоранд, азобашон музоъаф (дучандон) мешавад. На тавони шунидан доштаанд ва на тавони дидан

Verse 21 — Surah Hud 11:21

Инҳо ба хештан зиён расониданд ва он чиро, ки ба дурӯғ Худо мехонданд, аз даст додаанд

Verse 22 — Surah Hud 11:22

Ба ночор дар охират зиёнкортаранд

Verse 23 — Surah Hud 11:23

Касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста кардаанд ва дар баробари Парвардигорашон сар хам намудаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд

Verse 24 — Surah Hud 11:24

Мисоли ин ду гурӯҳ мисли кӯру кар ва бинову шунавост. Оё ин ду ба мисол бо ҳам баробаранд? Чаро панд намегиред

Verse 25 — Surah Hud 11:25

Ва Нӯҳро бар мардумаш ба паёмбарӣ фиристодем. Гуфт: «Ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам

Verse 26 — Surah Hud 11:26

ки ҷуз Худоӣ якторо напарастед! Зеро аз азоби рӯзи сахти қиёмат бар шумо бимнокам!»

Verse 27 — Surah Hud 11:27

Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: -Мо туро ҷуз инсоне монанди худ намебинем. Ва намебинем, ки ҷуз одамони паст ба ту пайравӣ кунанд. Ва намебинем, ки шуморо бар мо беҳтарие бошад, балки пиндорем, ки дурӯғ мегӯед»

Verse 28 — Surah Hud 11:28

Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати хеш арзонӣ карда бошад ва шумо аз дидани он нотавон бошед, оё дар ҳоле, ки худ намехоҳед, шуморо ба зӯрӣ ба қабули Ӯ водорем

Verse 29 — Surah Hud 11:29

Эй қавми ман, дар баробари таблиғи рисолати худ моле аз шумо наметалабам, Музди ман танҳо бо Худост. Онҳоеро, ки имон овардаанд, аз худ намеронам, онон бо Парвардигори худ дидор хоҳанд кард. Вале мебинам, ки шумо мардуме нодон ҳастед

Verse 30 — Surah Hud 11:30

Эй қавми ман, агар онҳоро аз худ биронам, чӣ касе дар муқобили Худо маро ёрӣ хоҳад кард? Оё ҳақиқатро дарнамеёбед

Verse 31 — Surah Hud 11:31

Ба шумо намегӯям, ки хазоини Худо дар назди ман аст, Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фаришта ҳастам. Ва намегӯям, ки Худо ба онон, ки шумо ба ҳақорат дар онҳо менигаред, хайри худро ато накунад. Худо ба он чӣ дар дилҳои онҳост, огоҳтар аст. Агар чунин кунам, аз ситамкорон хоҳам буд»

Verse 32 — Surah Hud 11:32

Гуфтанд: «Эй Нӯҳ бо мо ҷидол кардӣ ва бисёр ҳам ҷидол кардӣ. Агар рост мегӯӣ, ҳар ваъдае, ки ба мо додаӣ, биёвар!»

Verse 33 — Surah Hud 11:33

Гуфт: «Худост, ки агар бихоҳад, он ваъдаро ошкор мекунад ва шумо аз он натавонед гурехт

Verse 34 — Surah Hud 11:34

Ва агар Худо хоста бошад, ки гумроҳатон созад, агар ман бихоҳам шуморо панд диҳам, пандам суд нахоҳад кард. Ӯст Парвардигори шумо ва ҳама ба назди Ӯ бозмегардед»

Verse 35 — Surah Hud 11:35

Ё мегӯянд, ки онро ба Худо дурӯғ бастааст. Бигӯ: «Агар онро ба Худо дурӯғ баста бошам, гуноҳаш бар ман аст ва ман аз гуноҳе, ки мокунед, мубарро (пок) ҳастам

Verse 36 — Surah Hud 11:36

Ва ба Нӯҳ ваҳй расид, ки аз қавми ту ҷуз он гурӯҳ, ки имон овардаанд, дигар имон нахоҳанд овард. Аз кирдори онон андӯҳгин мабош

Verse 37 — Surah Hud 11:37

Киштиро зери назар ва илҳоми Мо бисоз ва дар бораи ин ситамкорон бо Ман сухан магӯй, ки ҳама ғарқ шаванд

Verse 38 — Surah Hud 11:38

Нӯҳ киштӣ месохт ва ҳар бор, ки бузургони қавмаш бар ӯ мегузаштанд, масхарааш мекарданд. Мегуфт: «Агар шумо моро масхара мекунед, ба зуди мо ҳам монанди шумо масхараатон хоҳем кард

Verse 39 — Surah Hud 11:39

Ба зуди хоҳед донист, ки азоб бар ки расад ва хораш созад ва азоби ҷовид бар кӣ фарояд!»

Verse 40 — Surah Hud 11:40

Чуи фармони Мо фаро омад ва танур ҷӯшид, гуфтем: «Аз ҳар нару мода дуто ва низ хонадони худро дар киштӣ биншон, — ғайри он касе, ки ҳукм дар борааш аз пеш содир шуда бошад — ва низ онҳоеро, ки ба ту имон овардаанд. Ва ҷуз андаке ба ӯ имон наёварда буданд»

Verse 41 — Surah Hud 11:41

Гуфт: «Бар он савор шавед, ки ба номи Худо ба рох афтад ва ба номи Худо биистад. Зеро Парвардигори ман бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 42 — Surah Hud 11:42

Киштӣ ононро дар миёни мавчҳое чун кӯҳ мебурд. Нӯҳ писарашро, ки дар гушае истода буд, нидо дод: «Эй писар, бо мо савор шав ва бо кофирон мабош!»

Verse 43 — Surah Hud 11:43

Гуфт: «Ман бар сари кӯҳе, ки маро аз об нигаҳ дорад, ҷо хоҳам гирифт». Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ нигаҳдорандае аз фармони Худо нест, ғайри касеро, ки бар ӯ раҳм оварад». Ногаҳон мавҷ миёни он ду парда гашт ва ӯ аз ғарқ шудагон буд

Verse 44 — Surah Hud 11:44

Ва гуфта шуд: «Эй замин, оби худ фурӯ бар ва эй осмон, бозист». Об фурӯ шуд ва кор ба поён омад ва киштӣ бар кӯҳи Ҷудӣ қарор гирифт ва нидо омад, ки лаънат бод бар мардуми ситамкора

Verse 45 — Surah Hud 11:45

Нӯҳ Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, писарам аз хонадони ман буд ва ваъдаи Ту ҳақ аст ва нерӯмандтарини ҳукмкунандагон Ту Ҳастӣ!»

Verse 46 — Surah Hud 11:46

Гуфт: «Эй Нӯҳ, ӯ аз хонадони ту нест, ӯ амалест носолеҳ. Аз сари ноогоҳӣ аз Ман чизе махоҳ. Барҳазар медорам туро, ки аз мардуми нодон бошӣ»

Verse 47 — Surah Hud 11:47

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, паноҳ мебарам ба Ту, агар аз сари ноогоҳӣ чизе бихоҳам ва агар маро набахшоӣ ва ба ман раҳмат наёварӣ, аз зиёнкардагон хоҳам буд»

Verse 48 — Surah Hud 11:48

Гуфта шуд: «Эй Нӯҳ ба саломат ва баракоте, ки бар туву онҳо, ки ҳамроҳи туанд, арзонӣ доштаем, фуруд ой. Ва умматҳое ҳастанд, ки онҳоро бархурдор месозем, он гоҳ дастхуши азоби дардовари Мо мешаванд»

Verse 49 — Surah Hud 11:49

Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки бар ту ваҳй мекунем. Пеш аз ин на ту онҳоро медонистӣ ва на қавми ту. Пас сабр кун, зеро оқибати нек аз они парҳезгорон аст

Verse 50 — Surah Hud 11:50

Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест ва шумо дурӯғсозоне беш нестед

Verse 51 — Surah Hud 11:51

Эй қавми ман, дар баробари паёми худ аз шумо музде наметалабам. Музди ман танхо бо он касест, ки маро офаридааст. Чаро аз рӯи хирад намеандешед

Verse 52 — Surah Hud 11:52

Ва эй қавми ман, аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, он гоҳ бар остони Ӯ тавба кунед то боронро пай дар пай бар шумо фурӯ резад ва бар нерӯятон бияфзояд! Ва чун гунаҳкорон руй барматобед!»

Verse 53 — Surah Hud 11:53

Гуфтанд: «Эй худ, ту барои мо далели равшане наёвардаӣ ва мо ба гуфтори ту худоёни худро тарк намекунем ва ба ту имон намеоварем

Verse 54 — Surah Hud 11:54

Ғайри ин нагӯем, ки баъзе аз худоёни мо ба ту озоре расондаанд». Гуфт: «Худоро гувоҳ мегирам ва шумо низ гувоҳ бошед, ки ман аз он чӣ ғайри Худои якто ба ширк мепарастед, безорам

Verse 55 — Surah Hud 11:55

Ҳамагӣ ба ҳилагарӣ бар зидди ман бархезед ва маро мӯҳлат надиҳед

Verse 56 — Surah Hud 11:56

Ман бар Худои якто, ки Парвардигори ман ва Парвардигори шумост, таваккал кардам. Ҳеҷ ҷунбандае, нест магар он ки зимоми ихтиёрашро Ӯ гирифтааст. Албатта Парвардигори ман бар сироти мустақим аст

Verse 57 — Surah Hud 11:57

Агар, ҳам рӯйгардон шавед, ман рисолати худро ба шумо расонидам ва Парвардигори ман мардуми дигареро ҷонишини шумо хоҳад сохт ва ҳеҷ ба ӯ зиёне намерасонед. Зеро Парзардигори ман нигаҳбони ҳамаи чизҳост!»

Verse 58 — Surah Hud 11:58

Чун фармони Мо даррасид, ба бахшоиши хеш Ҳуд ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, наҷот додем ва онҳоро аз азоби сахт раҳонидем

Verse 59 — Surah Hud 11:59

Инҳо қавми Од буданд, ки оёти Парвардигорашонро инкор карданд ва паёмбаронашро нофармонӣ карданд ва ба фармони ҳар ҷаббори саркаш гардан ниҳоданд

Verse 60 — Surah Hud 11:60

Ва дар ин дунёву рӯзи қиёмат гирифтори лаънат шуданд. Огоҳ бошед, ки қавми Од ба Парвардигорашон кофир шуданд, ки лаънат бод бар Од, қавми Ҳуд

Verse 61 — Surah Hud 11:61

Ва бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман. Худой якторо бипарастед! Шуморо ҷуз Ӯ худое нест. Ӯст, ки шуморо аз замин падид овардааст ва хост, ки ободонаш доред. Пас бахшоиш хоҳед ва ба даргоҳаш тавба кунед. Албатта Парвардигори ман наздик аст ва дуъоҳоро иҷобат мекунад!»

Verse 62 — Surah Hud 11:62

Гуфтанд: «Эй Солеҳ пеш аз ин ба ту умед медоштем. Оё моро аз парастиши он чӣ падаронамон мепарастиданд, бозмедорӣ? Мо аз он чӣ моро ба он даъват мекунӣ, дар шаккем»

Verse 63 — Surah Hud 11:63

Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ гӯед агар аз Парвардигорам ҳуҷҷате ба ҳамроҳ дошта бошам ва Ӯ маро раҳмати худ арзонӣ карда бошад, чӣ касе маро ёрӣ мекунад, агар аз фармонаш сарпечӣ кунам? Агар аз шумо фармон барам, ҷуз ба зиёни ман нахоҳед афзуд

Verse 64 — Surah Hud 11:64

Эй қавми ман, ин модашутури Худованд аст ва нишонаест барои шумо. Бигзоредаш то дар замини Худо бичарад ва ба бадӣ маёзоредаш, ки ба зуди азоб шуморо фурӯ гирад»

Verse 65 — Surah Hud 11:65

Пас модашутурро қатл карданд. Гуфт: «Се рӯз дар хонаҳои худ аз зиндагӣ насибадор шавед ва ин ваъдаест холӣ аз дурӯғ»

Verse 66 — Surah Hud 11:66

Чун амри Мо фаро расид Солеҳро бо касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ аз хории он рӯз наҷот бахшидем. Зеро Парвардигори ту тавонову пирӯзманд аст

Verse 67 — Surah Hud 11:67

Ва ситамкоронро сайҳае (наърае) фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд

Verse 68 — Surah Hud 11:68

Чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бошед, ки қавми Самуд ба Парвардигорашон кофир шуданд, ҳамоно, бар қавми Самуд лаънат бод

Verse 69 — Surah Hud 11:69

Ба таҳқиқ расулони Мо барои Иброҳим мужда озарданд. Гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом!» Ва лаҳзае баъд гӯсолае бирён хозир овард

Verse 70 — Surah Hud 11:70

Ва чун дид, ки ба он даст дароз намекунанд, ононро нохуш дошт ва дар дил аз онҳо бимнок шуд, гуфтанд: «Матарс, мо бар қавми Лут фиристода шудаем»

Verse 71 — Surah Hud 11:71

Занаш, ки истода буд, хандид. Ӯро ба Исҳоқ хушхабар додем ва пас аз Исҳоқ ба Яъқуб

Verse 72 — Surah Hud 11:72

Зан гуфт: «Вой бар ман, оё дар ин пиронсолӣ мезоям ва ин шавҳари ман низ пир аст? Ин чизи аҷибест!»

Verse 73 — Surah Hud 11:73

Гуфтанд: «Оё аз фармони Худо таъаҷҷуб мекунӣ? Раҳмату баракати Худо бар шумо — аҳли ин хона арзонӣ бод. Ӯ сутуданӣ ва бузургвор аст

Verse 74 — Surah Hud 11:74

Чун ваҳдат аз Иброҳим бирафт ва ӯро хушхабар омад, бо Мо дар бораи қавми Лут ба муҷодала бархост

Verse 75 — Surah Hud 11:75

Иброҳим бурдбор аст ва раҳмдил аст ва фармонбардор аст

Verse 76 — Surah Hud 11:76

Эй Иброҳим, аз ин сухан рӯй гардон! Фармони Парвардигорат омадааст ва бар онҳо азобе, ки ҳеҷ баргаште надорад, фурӯд хоҳад омад

Verse 77 — Surah Hud 11:77

Чун расулони Мо назди Лут омаданд, Лут андӯҳгину дилтанг шуд ва гуфт: «Имрӯз рӯзи сахтест»

Verse 78 — Surah Hud 11:78

Ва қавмаш шитобон назди ӯ омаданд ва онон пеш аз ин муртакиби корҳои зишт мешуданд. Лут гуфт: «Эй қавми ман, инҳо духтарони ман ҳастанд. Барои Шумо покизатаранд. Аз Худо битарсед ва моро дар баробари меҳмононам ҳиҷил макунед. Оё марди хирадманде дар миёни шумо нест?»

Verse 79 — Surah Hud 11:79

Гуфтаь: д: «Ту худ медонӣ, ки моро ба духтарони ту ниёзе нест ва низ медонӣ, ки чӣ мехоҳем»

Verse 80 — Surah Hud 11:80

Лут гуфт: «Кош дар баробари шумо қудрате медоштам ва метавонистам ба такягоҳе устувор паноҳ бибарам!»

Verse 81 — Surah Hud 11:81

Гуфтанд: «Эй Лут, мо расулони Парвардигори ту ҳастем! Инҳо ҳаргиз ба ту даст нахоҳанд ёфт. Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бибар. Ва ҳеҷ як аз шумо рӯй барнагардонад, ҷуз занат, ки ба ӯ низ он чӣ ба онҳо расад, хоҳад расид. Ваъдаи онҳо субҳгоҳ аст. Оё субҳ наздик нест?»

Verse 82 — Surah Hud 11:82

Чун фармони Мо фаро расид, он ҷоро зеру забар кардем ва бар он шаҳр бороне аз сангҳое аз сиҷҷил" пай дар пай боронидем

Verse 83 — Surah Hud 11:83

ки бар онҳо нишони Парвардигорат буд ва чунин азобе аз ситамкорон дур нест

Verse 84 — Surah Hud 11:84

Ва бар Мадян бародарашон Шуъайбро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу нуқсон макунед! Инак шуморо дар неъмат мебинам. Ва аз рӯзе, ки азобаш шуморо фурӯ гирад, бимнокам

Verse 85 — Surah Hud 11:85

Эй қавми ман, паймонаву тарозуро аз рӯи адл комил адо кунед ва ба мардум чизҳояшонро кам мадиҳед ва чун табаҳкорон дар замни фасод накунед

Verse 86 — Surah Hud 11:86

Агар имон овардаед, он чӣ Худо боки мегузорад, бароятон беҳтар аст. Ва ман нигаҳбони шумо нестам»

Verse 87 — Surah Hud 11:87

Гуфтанд: «Эй Шуъайб, оё намозат ба ту фармон медиҳад, ки мо он чиро падаронамон мепарастиданд, тарк гӯем ё дар молҳои худ ончунон, ки худ мехоҳем, истифода накунем? Ба ростӣ ту марде бурдбору хирадманд ҳастӣ»

Verse 88 — Surah Hud 11:88

Гуфт: «Эй қавми ман, чӣ мегӯед, агар бо ман аз ҷониби Парвардигорам ҳуҷҷате бошад ва Ӯ маро ризқе некӯ ато карда бошад? Агар шуморо манъ мекунам, барои он нест, ки худ суде бибарам. То он ҷо, ки битавонам, қасде ҷуз ба салоҳ оварданатон надорам. Тавфиқи ман танҳо бо Худост. Ба Ӯ таваккал кардаам ва ба даргоҳи Ӯ рӯй меоварам»

Verse 89 — Surah Hud 11:89

Эй қавми ман, зиддият бо ман шуморо ба коре вонадорад то он чӣ бар қавми Нӯҳ ё қавми Ҳуд ё қавми Солеҳ ё дар ҳамин наздикӣ ба қавми Лут расид, ба шумо низ бирасад

Verse 90 — Surah Hud 11:90

Аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед. Ба даргоҳаш тавба кунед, ки Парвардигори ман меҳрубону дӯстдоранда аст!»

Verse 91 — Surah Hud 11:91

Гуфтанд: «Эй Шуъайб, бисёре аз чизҳоеро, ки мегӯӣ, намефаҳмем, туро дар миёни худ нотавон мебинем, агар ба хотири қабилаат набуд, сангсорат мекардем ва ту бар мо пирӯзӣ наёбӣ»

Verse 92 — Surah Hud 11:92

Гуфт: «Эй қавми ман, оё қабилаи ман дар назди шумо аз Худо пирӯзмандтар аст? Оё Худоро паси пушти худ афкапдед? Ва ҳол он ки Парвардигори ман бар ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст

Verse 93 — Surah Hud 11:93

Эй қавми ман, шумо ҳамчунон, ки ҳастед, ба кори худ машғул бошед ва ман ҳам ба кори худ машғул мешавам. Ба зуди хоҳед донист, ки он азоби хоркунанда бар чӣ касе фурӯд меояд ва чӣ касе дурӯғгӯст. Мунтазир бимонед, ман низ бо шумо мунтазир мемонам!»

Verse 94 — Surah Hud 11:94

Чун амри Мо фаро расид, Шуъайб ва касонеро, ки ба ӯ имон оварда буданд, ба раҳмати худ раҳонидем. Ва ситамкоронро фарёди сахте фурӯ гирифт ва дар хонаҳои хеш бар ҷой мурданд

Verse 95 — Surah Hud 11:95

чунон ки гӯё ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Огоҳ бош, лаънат бар мардуми Мадян бод, ҳамчунон ки лаънат бар қавми Самуд

Verse 96 — Surah Hud 11:96

Ва Мо Мӯсоро ҳамроҳ бо оёту ҳуҷҷати ошкори худ фиристодем

Verse 97 — Surah Hud 11:97

ба назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Аммо онон пайрави фармони Фиръавн шуданд. Ва фармони Фиръавн ба роҳи савоб роҳ наменамуд

Verse 98 — Surah Hud 11:98

Дар рӯзи қиёмат пешопеши қавми худ биёяд ва ҳамаро ба оташ дароварад, ки дохилшудагонро бад ҷойгоҳест

Verse 99 — Surah Hud 11:99

Лаънати инҷаҳонӣ ва лаънати рӯзи қиёматро аз пай доранд ва чӣ бад атое ба онон дода шудаст

Verse 100 — Surah Hud 11:100

Инҳо ахбори деҳаҳоест, ки барои ту ҳикоят мекунем; деҳаҳое, ки баъзе ҳанӯз барпоянд ва баъзе вайрон

Verse 101 — Surah Hud 11:101

Мо ба онҳо ситам накардем, балки худ ба худ ситам мекарданд. Ва чун амри Парвардигори ту фаро расид, худоёне, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҳеҷ даркорашон наёмаданд ва ҷуз зиёнкорӣ чизе бар онон наяфзуданд

Verse 102 — Surah Hud 11:102

Инчунин буд ба азоб гирифтани Парвардигори ту, вақте ки бихоҳад деҳае ситамкорро ба азоб кашад. Ба азоб гирифтани Ӯ азобе сахт дардовар аст

Verse 103 — Surah Hud 11:103

Дар инҳо барои касоне, ки аз азоби охират бимноканд, ибратест, дар он рӯз, ки мардум гирд оварда шаванд ва он рӯз, ки мардумро дар он ҳозир оваранд

Verse 104 — Surah Hud 11:104

Ва ҷуз то андак муддате ба дераш намегузорем

Verse 105 — Surah Hud 11:105

Рӯзе, ки чун биёяд, ҳеҷ кас ҷуз ба фармони Ӯ сухан нагӯяд ва мардумон баъзе бадбахт бошанд ва баъзе некбахт

Verse 106 — Surah Hud 11:106

Аммо бадбахтон дар оташанд ва мардумонро дар он ҷо нолае зору фарёде сахт бувад

Verse 107 — Surah Hud 11:107

Ва то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар он ҷо ҷовидона бимонанд, магар он чи Парвардигорат бихоҳад, зеро Парвардигори ту ҳар чӣ хоҳад, ҳамон кунад

Verse 108 — Surah Hud 11:108

Аммо некбахтон то осмонҳову замин боқӣ ҳастанд, дар биҳишт ҷовидон бимонанд; ғайри он чӣ Парвардигорат бихоҳад. Атои Ӯ ҳеҷ қатъ намешавад

Verse 109 — Surah Hud 11:109

Аз он чӣ инҳо мепарастанд, ба шакку шубҳа мабош. Ҷуз ба он гуна, ки падаронашон пеш аз ин мепарастиданд, намепарастанд. Мо насиби ононро бе ҳеҷ камукост адо хоҳем кард

Verse 110 — Surah Hud 11:110

Ба Мӯсо китоб додем. Дар он китоб ихтилоф шуд. Агар на ҳукме буд, ки пеш аз ҷониби Парвардигорат содир шуда буд, миёнашон доварӣ шуда буд, ки онҳо дар он китоб сахт дар шубҳаанд

Verse 111 — Surah Hud 11:111

Ва Парвардигори ту ҷазои аъмоли ҳамаро ба тамомӣ хоҳад дод ва Худо ба корҳое, ки мекунанд, огоҳ аст

Verse 112 — Surah Hud 11:112

Ҳамроҳ бо онон, ки бо ту рӯ ба Худо кардаанд, ҳамчунон, ки амр шудаӣ, собитқадам бош. Ва аз ҳад нагузаред, ки Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, биност

Verse 113 — Surah Hud 11:113

Ба ситамкорон майл накунед, ки оташ бисӯзонадатон. Шуморо ғайри Худо ҳеҷ дӯсте нест ва касе ёриатон накунад

Verse 114 — Surah Hud 11:114

Намоз бигузор дар оғозу анҷоми рӯз ва соъате аз шаб. Зеро некиҳо бадиҳоро аз миён мебаранд. Ин пандест барои пандгирандагон

Verse 115 — Surah Hud 11:115

Сабр кун, зеро Худованд музди некӯкоронро табоҳ намесозад

Verse 116 — Surah Hud 11:116

Чаро дар миёни мардумоне, ки пеш аз шумо буданд, ғайри андаке, ки аз он миён наҷоташон додем, хирадмандоне набуданд, то мардумонро аз фасод кардан дар замин боздоранд? Золимон аз паи осудагиву лаззати дунё рафтанд ва гунаҳкор буданд

Verse 117 — Surah Hud 11:117

Парвардигори ту ҳеҷ деҳаеро, ки мардумаш некӯкор бошанд, ба ситам ҳалок нахоҳад сохт

Verse 118 — Surah Hud 11:118

Ва агар Парпардигори ту хоста буд, ҳамаи мардумро як уммат карда буд, вале хамеша гуногун хоҳанд буд

Verse 119 — Surah Hud 11:119

магар онҳое, ки Парвардигорат бар онҳо раҳмат оварда ва онҳоро барои ҳамин биёфаридааст. Ва сухани Парвардигори ту бар ин муқаррар шуда, ки ҷаҳаннамро аз ҳамаи ҷинну инс пур мекунам

Verse 120 — Surah Hud 11:120

Ҳар хабаре аз ахбори паёмбаронро бароят ҳикоят мекунем, то туро қавидил гардонем. Ва дар ин китоб бар ту сухани ҳақ ва барои мӯъминон панду насиҳат нозил шудааст

Verse 121 — Surah Hud 11:121

Ба касоне, ки имон намеоваранд, бигӯ: «Шумо ба чӣ тарз, ки хоҳед, амал кунед, мо низ амал мекунем

Verse 122 — Surah Hud 11:122

Шумо интизор бикашед, мо низ мунтазир мемонем!»

Verse 123 — Surah Hud 11:123

Ва аз они Худост ниҳони осмонҳову замин ва ба Ӯ бозгардонда мешавад ҳамаи корҳо. Ӯро бипараст ва бар Ӯ таваккал кун, ки Парвардирорат аз он чӣ ба ҷой меоваред, ғофил нест