Back to Languages

Tajik - Chapter 14 - Ibrahim

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Ibrahim 14:1

Алиф, лом, ро. Китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикӣ ба рӯшноӣ бибарӣ ва ба роҳи Худои пирӯзманди сутуданӣ (ҳамаи забонҳо шукри Ӯкунанд) роҳ намоӣ

Verse 2 — Surah Ibrahim 14:2

Худое, ки ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст! Пас вой бар кофирон аз азобе сахт

Verse 3 — Surah Ibrahim 14:3

Онҳое, ки зиндагии дунёро аз охират дӯсттар доранд ва дигаронро аз роҳи Худо бозмедоранд ва онро мунҳариф (каҷрав нишон доданашро) мехоҳанд, сахт дар гумроҳӣ ҳастанд

Verse 4 — Surah Ibrahim 14:4

Ҳар паёмбареро фақат ба забони мардумаш фиристодем, то битавонад паёми Худоро барояшон баён кунад. Пас Худо ҳар киро бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯст пирӯзманду ҳаким

Verse 5 — Surah Ibrahim 14:5

Мӯсоро бо оёти худ фиристодем, ки қавми худро аз торикӣ ба рӯшанӣ берун ор ва рӯзҳои Худоро ба ёдашон биёвар. Ва дар ин барои ҳар сабркунандаи шукргузор ибратҳоест

Verse 6 — Surah Ibrahim 14:6

Ва Мӯсо ба қавми худ гуфт: «Неъматеро, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ба ёд оваред, он гоҳ ки шуморо аз фиръавниён бираҳонид. Ба сахтӣ озоратон мекарданд ва писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо озмоише бузург буд»

Verse 7 — Surah Ibrahim 14:7

Ва Парвардигоратон эълом кард, ки агар Маро шукр гӯед, бар неъмати шумо меафзоям ва агар ношукрӣ кунед, бидонед, ки азоби Ман сахт аст

Verse 8 — Surah Ibrahim 14:8

Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо ва ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст!»

Verse 9 — Surah Ibrahim 14:9

Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо будаанд, чун қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва низ касоне, ки баъд аз онҳо будаанд, ба шумо нарасидааст? Ғайри Худо касеро аз онон огоҳӣ нест. Паёмбаронашон ҳамроҳ бо далоили равшан омаданд ва онҳо даст бар даҳон бурданду гуфтанд: Мо ба он чӣ ба он амр шудаед, имон намеоварем ва дар чизе, ки моро ба он мехонед, сахт дар шубҳа ҳастем»

Verse 10 — Surah Ibrahim 14:10

Паёмбаронашон гуфтанд: «Оё дар Худо — он офаринандаи осмонҳову замин — шакке ҳаст? Шуморо даъват мекунад, то гуноҳонатонро бибахшад ва то муддате муайян шуморо зинда гузорад». Гуфтанд: «Шумо мардумоне монанди мо ҳастед. Мехоҳед моро аз он чӣ падаронамон мепарастиданд, боздоред. Барои мо далеле равшан биёваред!»

Verse 11 — Surah Ibrahim 14:11

Паёмбаронашон гуфтанд: мо мардумоне монанди шумо ҳастем, вале Худо ба ҳар як бандагонаш, ки бихоҳад, миннат ниҳад. Моро нашояд, ки барои шумо далеле, ҷуз ба фармони Худо, биёварем ва мӯъминон бар Худо таваккал кунанд

Verse 12 — Surah Ibrahim 14:12

Чаро бар Худо таваккал накунем ва ҳол он ки Ӯ роҳи моро ба мо бинамуд? Ва мо бар озоре, ки ба мо мерасонед, сабр хоҳем кард ва таваккалкунандагон бар Худо таваккал кунанд»

Verse 13 — Surah Ibrahim 14:13

Кофирон ба Паёмбаронашон гуфтанд: «Ё шуморо аз сарзамини худ меронем ё ба дини мо бозгардед». Пас Парвардигорашон ба паёмбарон ваҳй кард, ки ситамкоронро ҳалок хоҳем кард

Verse 14 — Surah Ibrahim 14:14

Ва шуморо пас аз онҳо дар он сарзамин ҷой хоҳем дод, Ин аз они касест, ки аз истодан дар пешгоҳи Ман ва аз ваъдаи азоби Ман битарсад

Verse 15 — Surah Ibrahim 14:15

Пирӯзӣ хостанд ва ҳар ҷаббори саркаше ноумед шуд

Verse 16 — Surah Ibrahim 14:16

Пушти сараш ҷаҳаннам аст, то дар он ҷо аз оби чирку хунаш бихӯронанд

Verse 17 — Surah Ibrahim 14:17

Ҷуръа-ҷуръа онро менӯшад ва ба осонӣ фурӯ набарад ва марг аз ҳар сӯ бар ӯ метозад, аммо намемирад, ва азобе сахт дар интизори ӯст

Verse 18 — Surah Ibrahim 14:18

Мисоли аъмоли касоне, ки ба Худо кофир шудаанд, чун хокистарест, ки дар рӯзе тӯфонӣ боде сахт бар он бивазад. Тавони нигоҳ доштани он чиро, ки ба даст оварданд, надоранд. Ин аст гӯмроҳии беохир

Verse 19 — Surah Ibrahim 14:19

Оё надидаӣ, ки Худо осмонҳову заминро ба ҳақ офаридааст? Агар бихоҳад, шуморо аз байн мебарад ва махлуқе нав меоварад

Verse 20 — Surah Ibrahim 14:20

Ва ин бар Худо душвор нест

Verse 21 — Surah Ibrahim 14:21

Ҳама дар пешгоҳи Худо ҳозир оянд. Заъифон ба Онҳое, ки такаббурӣ мекарданд, гӯянд: «Мо пайрави шумо будем. Оё акнун метавонед моро ба кор оед ва андаке аз азоби Худоро аз мо дафъ кунед?» Гӯянд: «Агар Худо моро ҳидоят карда буд, мо низ шуморо ҳидоят мекардем. Ҳоло моро роҳи халосӣ нест. Барои мо яксон аст, чӣ бетобӣ кунем, чӣ сабр варзем»

Verse 22 — Surah Ibrahim 14:22

Чун кор ба поён ояд, шайтон гӯяд: «Худо ба шумо ваъда дод ва ваъдаи Ӯ дуруст буд ва ман низ ба шумо ваъда додам, вале ваъдаи худ хилоф кардам. Ва бароятон ҳеҷ далелу бурҳоне наёвардам, фақат ки даъвататон кардам, шумо низ даъвати ман иҷобат кардед, пас маро маломат макунед, худро маломат кунед. На ман фарёдраси шумоям, на шумо фарёдраси ман. Аз ин ки маро пеш аз ин шарики Худо карда будед, безорам». Зеро барои ситамкорон азобест дардовар

Verse 23 — Surah Ibrahim 14:23

Касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба биҳиштҳое, ки наҳрҳо дар он ҷорист, дароваранд, ба фармони Парвардигорашон дар он ҷо ҷовидона бимонанд ва ба салом якдигарро таҳийят (салом) гӯянд

Verse 24 — Surah Ibrahim 14:24

Оё надидаӣ, ки Худо чӣ гуна мисол овард? Сухани пок чун дарахте пок аст, ки решааш дар замин устувор ва шохаҳояш дар осмон аст

Verse 25 — Surah Ibrahim 14:25

Ба фармони Худо ҳар замон меваи худро медиҳад. Худо барои мардум мисолҳо меоварад, бошад, ки панд гиранд

Verse 26 — Surah Ibrahim 14:26

Ва мисоли сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад монд

Verse 27 — Surah Ibrahim 14:27

Худо мӯъминонро ба сабаби эътиқоди устуворашон дар дунёву охират пойдор медорад. Ва золимонро гумроҳ месозад ва ҳар чӣ хоҳад, ҳамон мекунад

Verse 28 — Surah Ibrahim 14:28

Оё надидаӣ он касонро, ки неъмати Худоро ба куфр иваз сохтанд ва мардуми худро ба диёри ҳалок бурданд

Verse 29 — Surah Ibrahim 14:29

Ба ҷаҳаннам, он қароргоҳи бад, дохил мешаванд

Verse 30 — Surah Ibrahim 14:30

Барои Худо шариконе қарор доданд, то мардумро аз роҳи Ӯ гумроҳ созанд. Бигӯ: «Акнун баҳраманд гардед, ки бозгаштатон ба оташ аст»

Verse 31 — Surah Ibrahim 14:31

Ба бандагони Ман, ки имон овардаанд, бигӯ то намоз бигузоранд ва аз он чӣ рӯзиашон додаем, ниҳону ошкоро садақа кунанд, пеш аз он, ки рӯзе фаро расад, ки дар он на хариду фурӯхте бошад ва на ҳеҷ дӯстие ба кор ояд

Verse 32 — Surah Ibrahim 14:32

Худост, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон борон нозил кард ва ба он борон барои рӯзии шумо меваҳо руёнид ва киштиҳоро роми шумо кард то ба фармони Ӯ дар даре равон шаванд ва рӯдҳоро итоаткунандаи шумо сохт

Verse 33 — Surah Ibrahim 14:33

Ва офтобу моҳро, ки ҳамеша дар ҳаракатанд, роми шумо кард ва шабу рӯзро фармонбари шумо гардонид

Verse 34 — Surah Ibrahim 14:34

Ва ҳар чӣ аз Ӯ хостед, ба шумо арзонӣ доштааст ва агар хоҳед, ки неъматҳояшро шумор кунед, натавонед, дар ҳақиқат одами ситамкор ва кофири неъмат аст

Verse 35 — Surah Ibrahim 14:35

Ва Иброҳим гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин сарзаминро тинҷ гардон ва марову фарзандонамро аз парастиши бутон дур бидор

Verse 36 — Surah Ibrahim 14:36

Эй Парвардигори ман, инҳо бисёре аз мардумро гумроҳ кардаанд, пас ҳар кас, ки аз ман пайравӣ кунад, аз ман аст ва ҳар кас фармони ман набарад, ту омурзандаву меҳрубонӣ

Verse 37 — Surah Ibrahim 14:37

Эй Парвардигори мо, баъзе аз фарзандонамро ба водии бе ҳеҷ киштае, наздики хонаи гиромии ту ҷой додам, эй Парвардигори мо, то намоз бигузоранд. Дилҳои мардумон чунон кун, ки майли онҳо кунанд ва аз ҳар мевае рӯзиашон деҳ, шояд, ки сипос гузоранд

Verse 38 — Surah Ibrahim 14:38

Эй Парвардигори мо, ҳар чиро пинҳон медорем, ё ошкор месозем, Ту ба он огоҳӣ. Ва бар Худо ҳеҷ чиз дар замину осмон пӯшида нест

Verse 39 — Surah Ibrahim 14:39

Сипос Худоеро, ки дар ин пирӣ Исмоилу Исҳоқро ба ман ато кард. Парвардигори ман дуъоҳоро мешунавад

Verse 40 — Surah Ibrahim 14:40

Эй Парвардигори ман, маро ва фарзандони маро барпойдорандагони намоз гардон. Эй Парвардигори мо, дуъои маро бипазир

Verse 41 — Surah Ibrahim 14:41

Эй Парвардигори мо, маро ва падару модарам ва ҳамаи мӯъминонро дар рӯзи шумор бибахшоӣ!»

Verse 42 — Surah Ibrahim 14:42

Ва напиндор, ки Худо аз кирдори ситамкорон ғофил аст. Азобашонро то он рӯз, ки чашмҳо дар он хира мемонад, ба дер мепартояд

Verse 43 — Surah Ibrahim 14:43

Мешитобанд, сарҳоро боло гирифтаанд, чашм бар ҳам намезананд ва дилҳояшон холи аз хирад аст

Verse 44 — Surah Ibrahim 14:44

Мардумро аз он рӯз, ки азоб фаро мерасад, битарсон. Ситамкорон мегӯянд: «Бор Худоё, моро андаке мӯҳлат дех, то даъвати Туро иҷобат кунем ва ба паёмбаронн Ту пайравӣ кунем». Оё шумо пеш аз ин савганд намехӯрдед, ки ҳаргиз завол намеёбед? (намемиред)

Verse 45 — Surah Ibrahim 14:45

Дар хонаҳои касоне, ки худ бар худ ситам мекарданд, ҷой гирифтед ва донистед бо онон чӣ гуна рафтор кардем ва бароятон мисолҳо овардем

Verse 46 — Surah Ibrahim 14:46

Онон найрангҳои худ намуданд ва Худо аз найрангҳояшон огоҳ буд. Ҳарчанд, ки аз найрангҳояшор кӯҳ аз пой меафтод

Verse 47 — Surah Ibrahim 14:47

Мапиндор, ки Худо ваъдаеро, ки ба паёмбаронаш додааст, хилоф мекунад. Худованд пирӯзманд ва интиқомгиранда аст

Verse 48 — Surah Ibrahim 14:48

Он рӯз, ки замин ба замине ғайри ин замин мубаддал шавад ва осмонҳо ба осмоне дигар ва ҳама дар пешгоҳи Худои воҳиди қаҳҳор ҳозир оянд

Verse 49 — Surah Ibrahim 14:49

Гунаҳкоронро дар он рӯз ба ғулҳое, ки дастро ба гардан банданд, баста бубинӣ

Verse 50 — Surah Ibrahim 14:50

Ҷомаҳошон аз қатрон аст ва оташ рӯйҳояшонро пушидааст

Verse 51 — Surah Ibrahim 14:51

То Худо ҳар касро баробари амалаш ҷазо диҳад, албатта Худо зудҳисобкунанда аст

Verse 52 — Surah Ibrahim 14:52

Ин паёмест барои мардум то ба он бимнок шаванд ва бидонанд, ки Ӯст Худои якто ва то хирадмандон панд гиранд