Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 15 - Al-Hijr
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Hijr 15:1
Алиф, лом, ро. Ин аст-оёти китоб ва Қуръони равшангар
Verse 2 — Surah Al-Hijr 15:2
Бисёр вақт кофирон орзу кунанд, ки эй кош мусалмон мебуданд
Verse 3 — Surah Al-Hijr 15:3
Бигузорашон, то бихӯранд ва баҳравар шаванд ва орзу ба худ машғулашон дорад, ба зуди хоҳанд донист
Verse 4 — Surah Al-Hijr 15:4
Ҳар деҳаеро ҳалок кардем, албатта замоне маълум дошт
Verse 5 — Surah Al-Hijr 15:5
Ҳеҷ уммате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на пас мемонад
Verse 6 — Surah Al-Hijr 15:6
Ва гуфтанд: «Эй марде, ки Қуръон ба ту нозил шуда, ҳаққо, ки ту девонаӣ
Verse 7 — Surah Al-Hijr 15:7
Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро барои мо намеоварӣ?»
Verse 8 — Surah Al-Hijr 15:8
Мо фариштагонро ғайри ба ҳақ нозил намекунем ва дар он ҳангом дигар мӯҳлаташон надиҳанд
Verse 9 — Surah Al-Hijr 15:9
Мо Қуръонро худ нозил кардаем ва худ нигаҳбонаш ҳастем
Verse 10 — Surah Al-Hijr 15:10
Ва Мо расулони худро пеш аз ту ба миёни қавмҳои пешин фиристодаем
Verse 11 — Surah Al-Hijr 15:11
Ҳар паёмбаре бар онҳо фиристода шуд, албатта масхарааш карданд
Verse 12 — Surah Al-Hijr 15:12
Роҳашро дар дили гунаҳгорон инчунин мекушоем
Verse 13 — Surah Al-Hijr 15:13
Ба он имон намеоваранд ва суннати пешиниён чунин будааст
Verse 14 — Surah Al-Hijr 15:14
Агар барояшон аз осмон даре бикушоем, ки аз он боло раванд
Verse 15 — Surah Al-Hijr 15:15
гӯянд: «Чашмони моро ҷоду кардаанд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!»
Verse 16 — Surah Al-Hijr 15:16
Ва албатта дар осмон бурҷҳое офаридем ва барон бинандагонашон биёростем
Verse 17 — Surah Al-Hijr 15:17
Ва аз ҳар шайтони раҷиме ҳифзашон кардем
Verse 18 — Surah Al-Hijr 15:18
Ғайри он ки дуздона гӯш медод ва шарорае равшан таъқибаш кард
Verse 19 — Surah Al-Hijr 15:19
Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳое азим афкандем. Ва аз ҳар чиз ба шевае санҷида дар он рӯёнидем
Verse 20 — Surah Al-Hijr 15:20
Ва маъишати шумо ва касонеро, ки шумо рӯзидеҳашон нестед, дар он ҷо қарор додем
Verse 21 — Surah Al-Hijr 15:21
Ҳар чӣ ҳаст, хазинаҳои он назди Мост ва Мо ҷуз ба андозае муъайян онро намефиристем
Verse 22 — Surah Al-Hijr 15:22
Ва бодҳои обистанкунандаро фиристодем ва аз осмон обе нозил кардем ва шуморо ба он сероб сохтем ва шуморо нарасад, ки хазинадори он, бошед
Verse 23 — Surah Al-Hijr 15:23
Албатта Мо ҳастем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва баъд аз ҳама боқӣ мемонем
Verse 24 — Surah Al-Hijr 15:24
Ва медонем чӣ касоне аз шумо аз ин пеш рафтаанд ва чӣ касоне боқӣ мондаанд
Verse 25 — Surah Al-Hijr 15:25
Ва Парвардигори ту ҳамаро зинда карда ҷамъ мегардонад, зеро Ӯст, ки ҳакиму доност
Verse 26 — Surah Al-Hijr 15:26
Мо одамиро аз гили хушк, аз лаҷани (лойи) бӯйнок офаридем
Verse 27 — Surah Al-Hijr 15:27
Ва ҷинро пеш аз он аз оташи сӯзандаи бедуд офарида будем
Verse 28 — Surah Al-Hijr 15:28
Ва Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Мехоҳам башаре аз гили хушк, аз лои бӯйнок биёфаринам
Verse 29 — Surah Al-Hijr 15:29
Чун офаринишамро ба поён бурдам ва аз рӯҳи Худ дар он дамидам, дар баробари ӯ ба саҷда бияфтед»
Verse 30 — Surah Al-Hijr 15:30
Фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
Verse 31 — Surah Al-Hijr 15:31
ғайри Иблис, ки сар боззад, ки бо саҷдакунандагон бошад
Verse 32 — Surah Al-Hijr 15:32
Гуфт: «Эй Иблис, чаро ту аз саҷдакунандагон Набудӣ?»
Verse 33 — Surah Al-Hijr 15:33
Гуфт: «Ман барои башаре, ки аз гили хушк, аз лойи бӯйнок офаридаӣ, саҷда намекунам»
Verse 34 — Surah Al-Hijr 15:34
Гуфт: «Аз он ҷо берун шав, ки рондашуда ҳастӣ
Verse 35 — Surah Al-Hijr 15:35
То рӯзи қиёмат бар ту лаънат аст!»
Verse 36 — Surah Al-Hijr 15:36
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки дубора зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ»
Verse 37 — Surah Al-Hijr 15:37
Гуфт: «Ту дар шумори мӯҳлатёфтагонӣ
Verse 38 — Surah Al-Hijr 15:38
то он рӯзе, ки вақташ маълум аст»
Verse 39 — Surah Al-Hijr 15:39
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чун маро ноумед кардӣ, дар рӯи замин бадиҳоро дар назарашон биёроям ва ҳамагонро гумроҳ кунам
Verse 40 — Surah Al-Hijr 15:40
ғайри онҳо, ки бандагони боихлоси Ту бошанд»
Verse 41 — Surah Al-Hijr 15:41
Гуфт: «Роҳи ихлос роҳи ростест, ки ба Ман мерасад
Verse 42 — Surah Al-Hijr 15:42
Туро бар бандагони Ман ғолибияте нест, магар бар он гумроҳоне, ки туро пайравӣ кунанд
Verse 43 — Surah Al-Hijr 15:43
Ва ҷаҳаннам ваъдагоҳи ҳама аст
Verse 44 — Surah Al-Hijr 15:44
Ҳафт дар дорад ва барои хар дар гурӯҳе аз онон муъайян шудаанд
Verse 45 — Surah Al-Hijr 15:45
Парҳезгорон дар биҳиштҳо, канори чашмасоронанд
Verse 46 — Surah Al-Hijr 15:46
Ба саломату эминӣ дохил шавед»
Verse 47 — Surah Al-Hijr 15:47
Ҳар кинаеро аз дилашон баркандаем, ҳама бародаранд, бар тахтҳо рӯбарӯи ҳаманд
Verse 48 — Surah Al-Hijr 15:48
Ҳеҷ ранҷе ба онҳо намерасад ва аз он ҷо берунашон наронанд
Verse 49 — Surah Al-Hijr 15:49
Ба бандагонам хабар деҳ, ки ман бахшояндаву меҳрубонам
Verse 50 — Surah Al-Hijr 15:50
Ва азоби Ман азобе дардовар аст
Verse 51 — Surah Al-Hijr 15:51
Ва аз меҳмонони Иброҳим хабардорашон кун»
Verse 52 — Surah Al-Hijr 15:52
Он гоҳ, ки бар ӯ дохил шуданд ва гуфтанд: «Салом!» Иброҳим гуфт: «Мо аз шумо метарсем!»
Verse 53 — Surah Al-Hijr 15:53
Гуфтанд: «Матарс, мо туро ба писаре доно мужда (хушхабар) медиҳем»
Verse 54 — Surah Al-Hijr 15:54
Гуфт: «Оё маро мужда медиҳед, бо он ки пир шудаам? Ба чӣ чиз муждаам медиҳед?»
Verse 55 — Surah Al-Hijr 15:55
Гуфтанд: «Ба ҳақ хушхабарат додем, аз ноумедон мабош!»
Verse 56 — Surah Al-Hijr 15:56
Гуфт: «Ҷуз гумроҳон чӣ касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мешавад?»
Verse 57 — Surah Al-Hijr 15:57
Гуфт: «Эй расулон, кори шумо чист?»
Verse 58 — Surah Al-Hijr 15:58
Гуфтанд: «Мо ба сари мардуме гунаҳкор фиристода шудаем
Verse 59 — Surah Al-Hijr 15:59
ғайри хонадони Лут, ки ҳамаро наҷот медиҳем
Verse 60 — Surah Al-Hijr 15:60
ҷуз занашро, ки муқаррар кардаем, ки аз боқимондагон бошад»
Verse 61 — Surah Al-Hijr 15:61
Чун расулон назди хонадони Лут омаданд
Verse 62 — Surah Al-Hijr 15:62
Лут гуфт: «Шумо бегонаед»
Verse 63 — Surah Al-Hijr 15:63
Гуфтанд: «На, чизеро, ки дар он шак мекарданд, овардаем
Verse 64 — Surah Al-Hijr 15:64
Мо туро хабари рост овардаем ва мо ростгӯёнем
Verse 65 — Surah Al-Hijr 15:65
Чун посе аз шаб бигзарад, хонадони худро берун бубар ва худ аз паи онҳо рав ва набояд ҳеҷ як аз шумо ба ақиб бингарад. Ва ҳар ҷо, ки фармонатон додаанд, биравед»
Verse 66 — Surah Al-Hijr 15:66
Ва барои ӯ ҳодисаро ҳикоят кардем, ки чун субҳ фаро расад, решаи онҳо барканда шавад
Verse 67 — Surah Al-Hijr 15:67
Аҳли шаҳр шодикунон омаданд
Verse 68 — Surah Al-Hijr 15:68
Гуфт: «Инҳо меҳмонони мананд, маро расво макунед
Verse 69 — Surah Al-Hijr 15:69
Аз Худованд битарсед ва маро шармсор масозед»
Verse 70 — Surah Al-Hijr 15:70
Гуфтанд: «Магар туро аз мардум манъ накарда будем?»
Verse 71 — Surah Al-Hijr 15:71
Гуфт: «Агар қасде доред, инак духтарони ман ҳастанд»
Verse 72 — Surah Al-Hijr 15:72
Ба ҷони ту савганд, ки онҳо дар мастии худ саргашта буданд
Verse 73 — Surah Al-Hijr 15:73
Чун субҳ бидамид, ононро фарёд фурӯ гирифт
Verse 74 — Surah Al-Hijr 15:74
Шаҳрро зеру забар кардем ва бороне аз сиҷҷил бар онон боронидем
Verse 75 — Surah Al-Hijr 15:75
Дар ин ибратҳост барои ибратгирандагон
Verse 76 — Surah Al-Hijr 15:76
Ва он шаҳр акнун дар сари роҳи корвониён аст
Verse 77 — Surah Al-Hijr 15:77
Ва мӯъминонро дар он ибратест
Verse 78 — Surah Al-Hijr 15:78
Ва мардуми Айка низ ситамкор буданд
Verse 79 — Surah Al-Hijr 15:79
Аз онҳо интиқом гирифтем ва шаҳрҳои он ду қавм ошкоро бар сари роҳанд
Verse 80 — Surah Al-Hijr 15:80
Мардуми Ҳиҷр низ паёмбаронро ба дурӯғ нисбат доданд
Verse 81 — Surah Al-Hijr 15:81
Оёти Худро бар онон расонидем, вале аз он рӯй мегардонданд
Verse 82 — Surah Al-Hijr 15:82
Хонаҳои худро, то тинҷ бошанд, дар куҳҳо меканданд
Verse 83 — Surah Al-Hijr 15:83
Субҳгоҳон ононро фарёд фурӯ гирифт
Verse 84 — Surah Al-Hijr 15:84
Кирдорашон аз онҳо дафъи бало накард
Verse 85 — Surah Al-Hijr 15:85
Осмонҳову замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ғайри ҳақ наёфаридаем. Ва бешак қиёмат фаро мерасад. Пас гузашт кун, гузаште некӯ
Verse 86 — Surah Al-Hijr 15:86
Албатта Парвардигори ту офаринандае доност
Verse 87 — Surah Al-Hijr 15:87
Мо сабъаммасонӣ ва Қуръони бузургро ба ту додем
Verse 88 — Surah Al-Hijr 15:88
Агар баъзе аз мардону занонашонро ба чизе баҳравар сохтаем, ту ба он нигоҳ макун. Ва ғами онҳоро махӯр. Ва дар баробари мӯъминон фурӯтан (хоксор) бош
Verse 89 — Surah Al-Hijr 15:89
Ва бигӯ: «Ман бимдиҳандае равшангарам»
Verse 90 — Surah Al-Hijr 15:90
Ҳамонанди азобе, ки бар тақсимкунандагон нозил кардем
Verse 91 — Surah Al-Hijr 15:91
онол, ки Қуръонрю ба қисмҳо тақсим карда буданд
Verse 92 — Surah Al-Hijr 15:92
Ба Парвардигорат савганд, ки ҳамаро бозхост кунем
Verse 93 — Surah Al-Hijr 15:93
ба хотири корҳое, ки мекардаанд
Verse 94 — Surah Al-Hijr 15:94
Ба ҳар чӣ амр шудаӣ, сареҳу баланд бигӯ ва аз мушрикон рӯйгардон бош
Verse 95 — Surah Al-Hijr 15:95
Мо масхаракунандагонро аз ту бозмедорем
Verse 96 — Surah Al-Hijr 15:96
онҳо, ки бо Оллоҳ худое дигар қоил мешаванд. Пас ба зудӣ хоҳанд донист
Verse 97 — Surah Al-Hijr 15:97
Ва медонем, ки ту аз гуфторашон дилтанг мешавӣ
Verse 98 — Surah Al-Hijr 15:98
Ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ кун ва аз саҷдакунандагон бош
Verse 99 — Surah Al-Hijr 15:99
Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад