Back to Languages

Tajik - Chapter 16 - An-Nahl

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah An-Nahl 16:1

Фармони Худованд даррасид, ба шитобаш наталабед. Ӯ пок аст ва аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд, бартар аст

Verse 2 — Surah An-Nahl 16:2

Фариштагонро ҳамроҳи ваҳй, ки фармони Ӯст, бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, поён мефиристад, то бим диҳанд, ки ғайри Ман худое нест, пас аз Ман битарсед

Verse 3 — Surah An-Nahl 16:3

Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст

Verse 4 — Surah An-Nahl 16:4

Одамиро аз нутфа биёфарид. Ва акнун ӯст, ки ба ошкоро душманӣ мекунад

Verse 5 — Surah An-Nahl 16:5

Чаҳорпоёнро бароятон биёфарид, шуморо аз онҳо ҳарорату дигар нафъҳост. Ва аз онҳо мехӯред

Verse 6 — Surah An-Nahl 16:6

Ва чун шабҳангом бозмегардонед ва бомдодон берун мефиристед, нишони зинату обрӯи шумоянд

Verse 7 — Surah An-Nahl 16:7

Борҳоятонро ба шаҳрҳое, ки бе ранҷи тан ба онҳо натавонед расид, ҳамл мекунанд, зеро Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст

Verse 8 — Surah An-Nahl 16:8

Ва аспону уштурону харонро барои он офаридааст, ки саворашон шавед ва низ зинати шумо бошанд. Ва Худо чизҳое офарида, ки шумо намедонед

Verse 9 — Surah An-Nahl 16:9

Бар Худост, ки роҳи ростро бинамояд. Аз миёни роҳҳо низ роҳест каҷ. Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард

Verse 10 — Surah An-Nahl 16:10

Ӯст, ки аз осмон бароятон борон нозил кард. Аз он менӯшед ва ба он гиёҳ мерӯяд ва чорпоёнро мечаронед

Verse 11 — Surah An-Nahl 16:11

Ва бо он бароятон киштзор ва зайтуну наҳлҳо ва токистонҳо ва ҳар навъ мева бирӯёнад. Дар ин ибратест барои мардуме, ки меандешанд

Verse 12 — Surah An-Nahl 16:12

Ва мусаххари (тобеъи) шумо кард шабу рӯзро ва хуршеду моҳро ва ситорагон ҳама фармонбардори амри Ӯ ҳастанд. Дар ин барои онҳо, ки ба ақл дармеёбанд, ибратҳост

Verse 13 — Surah An-Nahl 16:13

Дар замин чизҳое бо рангҳои гуногун офарид, дар ин ибратест барои мардуме, ки панд мегиранд

Verse 14 — Surah An-Nahl 16:14

Ӯст, ки дарёро ром кард то аз он гӯшти тоза бихӯред ва зеварҳое берун оред ва худро ба он биёроед ва киштиҳоро бинӣ, ки дарёро мешикофанд ва пеш мераванд то аз фазли Худо рӯзӣ биталабед, шояд, ки шукр гӯед

Verse 15 — Surah An-Nahl 16:15

Ва бар замин кӯҳҳои бузург афканд, то шуморо наларзонад. Ва ҷӯйҳову роҳҳо падид овард. Шояд ҳидоят шавед

Verse 16 — Surah An-Nahl 16:16

Ва нишонаҳо ниҳод ва ба ситорагон роҳ меёбанд

Verse 17 — Surah An-Nahl 16:17

Оё он ки меофаринад, монанди касест, ки намеофаринад? Чаро дарнамеёбед

Verse 18 — Surah An-Nahl 16:18

Агар бихоҳед неъматҳои Худоро шумор кунед, шумор кардан натавонед. Худо бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 19 — Surah An-Nahl 16:19

Он чиро, ки пинҳон мекунед ё ошкор месозед, Худо ба он огоҳ аст

Verse 20 — Surah An-Nahl 16:20

Онҳоеро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонанд, наметавонанд чизе биёфаринанд ва худ махлуқанд

Verse 21 — Surah An-Nahl 16:21

Мурдагонанд, на зиндагон ва надонанд, ки чӣ вақт онҳоро дубора зинда мекунанд

Verse 22 — Surah An-Nahl 16:22

Худои шумо Худоест якто. Ва онон, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкор кунад ва худ кибр кунанд

Verse 23 — Surah An-Nahl 16:23

Ба ростӣ, ки Худо медонад, ки чӣ дар дил пинҳон медоранд ва чӣ чизро ошкор месозанд ва Ӯ мутакаббиронро дӯст надорад

Verse 24 — Surah An-Nahl 16:24

Чун ба онҳо гуфта шавад: «Парвардигоратон чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Афсонаҳои гузаштагон»

Verse 25 — Surah An-Nahl 16:25

То дар рӯзи қиёмат ҳамаи бори гуноҳи хеш ва бори гуноҳи касонеро, ки ба нодонӣ гумроҳашон карда буданд, бардоранд. Огоҳ бош, ки бори баде бармедоранд

Verse 26 — Surah An-Nahl 16:26

Пешиниёнашон ҳилла сохтанд. Фармони Худо даррасид ва он биноро аз поя вайрон сохт ва сақф бар сарашон фуруд омад ва аз сӯе, ки нафаҳмиданд, азоб ононро фурӯ гирифт

Verse 27 — Surah An-Nahl 16:27

Он гоҳ дар рӯзи қиёмат расвояшон созад ва гӯяд: «Бутоне, ки шарики Ман мехондед ва бар сари онҳо бо якдигар ихтилоф мекардед, акнун куҷоянд?» Донишмандон гӯянд: «Имрӯз насиби кофирон хориву азоб аст

Verse 28 — Surah An-Nahl 16:28

Касоне ҳастанд, ки бар худ ситам раво доштаанд, чун фариштагон ҷонашонро биситонанд, сари таслим фуруд оранд ва гӯянд: «Мо ҳеҷ кори баде намекардем». Оре, Худо аз корҳое, ки мекардед, огоҳ аст

Verse 29 — Surah An-Nahl 16:29

Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед ва то абад дар он ҷо бимонед. Бад ҷойгоҳест ҷойгоҳи гарданкашон

Verse 30 — Surah An-Nahl 16:30

Аз парҳезгорон пурсанд: «Парвардигори шумо чӣ чиз нозил кардааст?» Гӯянд: «Беҳтаринро». Ба онон, ки дар ин дунё некӣ кунанд, некӣ музд диҳанд ва диёри охират некӯтар аз он аст ва ҷойгоҳи парҳезгорон чӣ ҷойгоҳи хубест

Verse 31 — Surah An-Nahl 16:31

Ба биҳиштҳои ҷовидон дохил мешаванд. Дар он ҷӯйҳо равон аст. Ҳар чӣ бихоҳанд, барояшон муҳайёст. Худо парҳезгоронро инчунин мукофот медиҳад

Verse 32 — Surah An-Nahl 16:32

онҳое, ки чун фариштагонашон поксират бимиронанд, мегӯянд: «Салом бар шумо! Ба мукофоти корҳое, ки мекардаед, ба биҳишт дароед»

Verse 33 — Surah An-Nahl 16:33

Оё чашм ба роҳанд, ки фариштагон наздашон биёянд, ё фармони Парвардигорат фаро расад? Гурӯҳе низ, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мекарданд ва Худо ба онҳо ситам накард, балки онҳо худ ба худ ситам мекарданд

Verse 34 — Surah An-Nahl 16:34

Ба ҷазои кирдори бадашон расиданд ва ҳамон чизҳое, ки ба масхара мегирифтанд, бар сарашон омад

Verse 35 — Surah An-Nahl 16:35

Мушрикон гуфтанд: «Агар Худо мехост, мову падаронамон ҳеҷ чиз ҷуз Ӯро намепарастидем ва он чиро ҳаром кардаем, ҳаром намекардем». Мардуме ҳам, ки пеш аз онҳо буданд, чунин мегуфтанд. Оё паёмбаронро ҷуз таблиғи ошкоро вазифаи дигарест

Verse 36 — Surah An-Nahl 16:36

Ба миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бут дурӣ ҷӯед. Баъзеро Худо ҳидоят кард ва бар баъзе гумроҳӣ муқаррар гашт. Пас дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати кори касоне, ки паёмбаронро ба дурӯғ нисбат медоданд, чӣ гуна будааст

Verse 37 — Surah An-Nahl 16:37

Ва агар ту ба ҳидояти онҳо ҳарис бошӣ, Худо онро, ки гумроҳ кардааст, ҳидоят намекунад ва ин гумроҳонро ҳеҷ ёридиҳандае нест

Verse 38 — Surah An-Nahl 16:38

То он ҷо, ки метавонистанд, ба Худо қасам хӯрданд, ки Худо касонеро, ки мемиранд, ба қиёмат зинда намекунад. Оре, ин ваъдаест, ки анҷом додани он бар ӯҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд

Verse 39 — Surah An-Nahl 16:39

То он чиро ки дар он ихтилоф мекарданд, барояшон ошкор кунад ва кофирон бидонанд, ки дурӯғ мегуфтаанд

Verse 40 — Surah An-Nahl 16:40

Фармони Мо ба ҳар чизе, ки иродаашро бикунем, ин аст, ки мегӯем: «Мавҷуд шав!» Ва мавҷуд мешавад

Verse 41 — Surah An-Nahl 16:41

Ба онон, ки мавриди ситам воқеъ шуданд ва дар роҳи Худо муҳоҷират карданд, дар ин ҷаҳон ҷойгоҳе некӯ медиҳем. Ва агар бидонанд, музди охират бузургтар аст

Verse 42 — Surah An-Nahl 16:42

онон, ки сабр пеша карданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд

Verse 43 — Surah An-Nahl 16:43

Агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед, ки Мо пеш аз ту ба пайғамбарӣ нафиристодем, ғайри мардоне, ки ба онҳо ваҳй мефиристодем

Verse 44 — Surah An-Nahl 16:44

ҳамроҳ бо далоили равшан ва китобҳо ва бар ту низ Қуръонро нозил кардем, то он чиро барси мардум нозил шудааст, барояшон баён кунӣ ва бошад, ки бияндешанд

Verse 45 — Surah An-Nahl 16:45

Оё онон, ки содиркунандан бадиҳо мешаванд, магар эминанд аз ин, ки замин ба фармони Худо онҳоро фурӯ барад ё азоб аз ҷое, ки намедонанд, бар сарашон фуруд ояд

Verse 46 — Surah An-Nahl 16:46

Ё ба ҳангоми омадурафт фурӯ гирадашон, чунон ки натавонанд бигурезанд

Verse 47 — Surah An-Nahl 16:47

Ё аз онон ягон-ягон кам кунад? Албатта Парвардигоратон мушфиқу меҳрубон аст

Verse 48 — Surah An-Nahl 16:48

Оё ба чизҳое, ки Худо офаридааст, наменигаранд, ки барои саҷда ба даргоҳи Ӯ сояҳояшон аз росту чап ҳаракат доранд ва дар баробари Ӯ хошеъанд (тобеъанд)

Verse 49 — Surah An-Nahl 16:49

Ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст аз ҷунбандагону фариштагон Худоро саҷда мекунанд ва такаббур намеварзанд

Verse 50 — Surah An-Nahl 16:50

Аз Парвардигорашон, ки болои онҳост, метарсанд ва ба ҳар чӣ амр шудаанд, ҳамон мекунанд

Verse 51 — Surah An-Nahl 16:51

Худо гуфт: «Ду худоро мапарастед ва фақат Ӯст Худои якто. Пас аз Ман битарсед?»

Verse 52 — Surah An-Nahl 16:52

Ҳарчи дар осмонҳову замин аст, аз они Ӯст ва парастиш хоси Ӯст. Оё аз ғайри Худо метарсед

Verse 53 — Surah An-Nahl 16:53

Ҳар неъмате, ки шуморост, аз ҷониби Худованд аст ва чун меҳнате ба шумо расад, ба пешгоҳи Ӯ зорӣ мекунед

Verse 54 — Surah An-Nahl 16:54

Ва боз чун он меҳнатро ба поён орад, гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон мушрик мешаванд

Verse 55 — Surah An-Nahl 16:55

то неъматро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зудӣ хоҳед донист

Verse 56 — Surah An-Nahl 16:56

Он гоҳ аз он чӣ рӯзиашон додаем, насибе барои бутоне, ки ҳеҷ намедонанд, муъайян мекунанд. Ба Худо савганд ба сабаби дурӯғе, ки мебандед, бозхост мешавед

Verse 57 — Surah An-Nahl 16:57

Барои Худо духтарон коил мешаванд — Ӯ пок аст — ва барои худ ҳар чӣ дӯст доранд

Verse 58 — Surah An-Nahl 16:58

Ва чун ба якешон муждаи духтар диҳанд, сияҳрӯй шавад ва хашмгин гардад

Verse 59 — Surah An-Nahl 16:59

Аз шарми ин мужда аз мардум пинҳон мешавад. Оё бо хори нигоҳаш дорад ё дар хок ниҳонаш кунад? Огоҳ бошед, ки бад доварӣ мекунанд

Verse 60 — Surah An-Nahl 16:60

Сифати бад аз они касонест, ки ба қиёмат имон намеоваранд ва сифати бартар аз они Худованд аст. Ва Ӯст пирӯзманду ҳаким

Verse 61 — Surah An-Nahl 16:61

Агар Худованд бихоҳад, ки мардумро ба гуноҳашон ҳалок кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале азобашонро то муддате муъайян ба дер меафканад. Ва чун аҷалашон фаро расад, як соъат пасу пеш нашаванд

Verse 62 — Surah An-Nahl 16:62

Он чиро намеписанданд, ба Худо нисбат кунанд ва забонашон ба дурӯғ гӯяд, ки хубиҳо аз они онҳост, на, бешак насиби онҳо оташ аст ва онҳоро ба шитоб ба сӯи он баранд

Verse 63 — Surah An-Nahl 16:63

Ба Худо савганд, ки барои мардуме ҳам, ки пеш аз ту будаанд, паёмбароне фиристодаем. Вале шайтон амалҳояшонро дар чашмашон биёрост. Ва дар он рӯз шайтон дӯсташон хоҳад буд ва онҳоро азобе дардовар аст

Verse 64 — Surah An-Nahl 16:64

Мо ин китобро бар ту нозил кардаем, барои он ки ҳар чиро дар он ихтилоф мекунанд, барояшон баён кунӣ. Ва низ роҳнамову раҳмате барои мӯъминон бошад

Verse 65 — Surah An-Nahl 16:65

Ва Худо аз осмон борон фиристод ва замини мурдаро бо он зинда кард. Барои мардуме, ки гӯши шунаво доранд, дар ин ибратест

Verse 66 — Surah An-Nahl 16:66

Барои шумо дар чорпоён пандест. Аз шири холис, ки аз шикамашон, аз миёни саргину хун берун меояд, ба шумо менӯшонем. Шире, ки ба коми нӯшандагонаш гуворост

Verse 67 — Surah An-Nahl 16:67

Ва аз меваҳои нахлҳову токҳо шаробе мастиовар ва ризқе некӯ ба даст меоваред ва хирадмандонро дар ин ибратест

Verse 68 — Surah An-Nahl 16:68

Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом дод, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, хонаҳое интихоб кун

Verse 69 — Surah An-Nahl 16:69

Он гоҳ аз ҳар самарае бихӯр ва фармонбардор ба роҳи Парвардигорат бирав. Аз шиками Ӯ шаробе рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ва соҳибони андешаро дар ин ибратест

Verse 70 — Surah An-Nahl 16:70

Худо шуморо биёфарид, он гоҳ мемиронад ва аз миёни шумо касеро ба пирӣ мерасонад, то ҳар чиро, ки омӯхтааст, аз ёд бибарад, зеро Худо донову тавоност

Verse 71 — Surah An-Nahl 16:71

Худо рӯзии баъзе аз шуморо аз баъзе дигар афзун кардаст. Пас онон, ки фузунӣ ёфтаанд, аз рӯзии худ ба ғуломони худ намедиҳанд, то ҳама дар рӯзӣ яксон шаванд. Оё неъмати Худоро инкор мекунед

Verse 72 — Surah An-Nahl 16:72

Худо барои шумо аз миёни худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон фарзандон ва фарзандзодагон падид овард ва аз чизҳои хушу пок рӯзиятон дод. Оё ҳануз ба ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро ношукрӣ мекунанд

Verse 73 — Surah An-Nahl 16:73

Ғайри Худо чизҳоеро мепарастанд, ки нотавонанд ва ёрои он надоранд, ки аз осмонҳову замин рӯзияшон диҳанд

Verse 74 — Surah An-Nahl 16:74

Барои Худо мисол наоред; Худо медонад ва шумо намедонед

Verse 75 — Surah An-Nahl 16:75

Худо ғуломи зархаридеро мисол меорад, ки ҳеҷ қудрате надорад ва касеро, ки аз ҷониби худ ризқи некӯяш додаем ва дар ниҳону ошкоро нафақа мекунад. Оё ин ду баробаранд? Шукр хоси Худост, вале бештарашон нодонанд

Verse 76 — Surah An-Nahl 16:76

Ва Худо мисоли ду мардро баён мекунад, ки яке лол асту тавони ҳеҷ чиз надорад ва бори дӯши хоҷаи худ аст, ҳар ҷо, ки ӯро бифиристад, ҳеҷ фоидае ҳосил намекунад. Оё ин мард бо он кас, ки мардумро ба адл фармон медиҳад ва худ бар роҳи рост меравад, баробар аст

Verse 77 — Surah An-Nahl 16:77

Аз они Худост ниҳони осмонҳову замин. Ва фаро расидани қиёмат танҳо як чашм бар ҳам задан ё наздиктар аз он аст. Зеро Худо бар ҳар коре тавоност

Verse 78 — Surah An-Nahl 16:78

Худо шуморо аз батни модаронатон берун овард ва ҳеҷ намедонистед. Ва бароятон чашму гӯшу дил биёфарид. Шояд шукр гӯед

Verse 79 — Surah An-Nahl 16:79

Оё он паррандагони ромшуда дар ҷавви (фазои) осмонро намебинанд? Ҳеҷ кас ҷуз Худо онҳоро дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ва дар ин барои мардуме, ки имон меоваранд, ибратҳост

Verse 80 — Surah An-Nahl 16:80

Худо хонаҳоятонро ҷои оромишатон қарор дод ва аз пӯсти чаҳорпоён бароятон хаймаҳо сохт, то ба ҳангоми сафар ва ба ҳангоми муқимӣ аз бардоштани онҳо дар ранҷ наафтед. Ва аз пашму курку мӯяшон то рӯзи қиёмат бароятон асоси хона ва асбоби зиндагӣ сохт

Verse 81 — Surah An-Nahl 16:81

Худо барои шумо аз чизҳое, ки офаридааст, сояҳо падид овард. Ва дар кӯҳҳо бароятон ғорҳо сохт. Ва ҷомаҳое, ки шуморо аз гармо ҳифз мекунад ва ҷомаҳое, ки дар ҷанг нигаҳдори шумост. Худо неъматҳои худро инчунин бар шумо комил мекунад. Шояд, ки таслими фармони Ӯ шавед

Verse 82 — Surah An-Nahl 16:82

Агар рӯйгардон шуданд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту таблиғе ошкорост

Verse 83 — Surah An-Nahl 16:83

Неъматҳои Худоро мешиносанд, без ҳам мункири он мешаванд, зеро бештарашон кофиронанд

Verse 84 — Surah An-Nahl 16:84

Рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе бигирем ва ба кофирон рухсати сухан гуфтан дода нашавад ва узрашон пазируфта нашавад

Verse 85 — Surah An-Nahl 16:85

Ва ситамкорон азобро бингаранд, азобе, ки ҳеҷ сабукӣ наёбад ва ҳеҷ мӯҳлаташон надиҳанд

Verse 86 — Surah An-Nahl 16:86

Ва чун мушрикон ононро, ки шарики Худо месохтанд, бубинанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо шариконе ҳастанд, ки мо ба ҷои Ту онҳоро мехондем». Онон посух мегӯянд, ки шумо дурӯғ мегӯед

Verse 87 — Surah An-Nahl 16:87

Ва дар ин рӯз ба бандагӣ худро таслими Худо кунанд ва он дурӯғҳо, ки мебофтаанд, нобуд шавад

Verse 88 — Surah An-Nahl 16:88

Онон, ки кофир шуданд ва дигаронро аз роҳи Худо боздоштанд, ба ҷазои фасоде, ки мекарданд, азобе бар азобашон хоҳем афзуд

Verse 89 — Surah An-Nahl 16:89

Ва рӯзе бошад, ки аз ҳар уммате шоҳиде аз худашон бар худашон бифиристем ва туро биёварем, то бар онон шаҳодат диҳӣ. Ва мо Қуръонро, ки баёнкунандаи ҳар чизест ва ҳидояту раҳмат ва хушхабар барои мусалмонон аст, бар ту нозил кардаем

Verse 90 — Surah An-Nahl 16:90

Худо ба адлу эҳсон ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад. Ва аз фаҳшову зишткорӣ ва ситам наҳй мекунад. Шуморо панд медиҳад, бошад, ки пазирои панд шавед

Verse 91 — Surah An-Nahl 16:91

Чун бо Худо паймон бастед, ба он вафо кунед ва чун савганд хӯрдед, онро машканед, ки Худоро зомини худ кардаед ва Ӯ медонад, ки чӣ мекунед

Verse 92 — Surah An-Nahl 16:92

Ва монандн он зан, ки риштаеро, ки маҳкам тофта буд, аз ҳам кушуд ва қитъа-қитъа кард, мабошед, то савгандҳои худро василаи фиреби якдигар созед, ба ин баҳона, ки гурӯҳе бештар аз гурӯҳи дигар аст. Худо шуморо ба он меозмояд ва дар рӯзи қиёмат чизеро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон баён мекунад

Verse 93 — Surah An-Nahl 16:93

Агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат карда буд, вале ҳар киро бихоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва аз ҳар коре, ки мекунед, бозхост мешавед

Verse 94 — Surah An-Nahl 16:94

Савгандҳои худро василаи фиреби якдигар масозед, то қадамеро, ки устувор сохтаед, билағзад ва ба сабаби рӯйгоронӣ аз роҳи Худо гирифтори бадӣ шавед ва ба азобе бузург гирифтор оед

Verse 95 — Surah An-Nahl 16:95

Паймони Худоро ба баҳои андак мафурӯшед, зеро агар бидонед, он чӣ дар назди Худост, бароятон беҳтар аст

Verse 96 — Surah An-Nahl 16:96

Он чӣ назди шумост, фано мешавад ва он чӣ назди Худост, боқӣ мемонад. Ва ононро, ки сабр варзиданд, савобе беҳтар аз кирдорашон хоҳем дод

Verse 97 — Surah An-Nahl 16:97

Ҳар зану марде, ки коре некӯ анҷом диҳад, агар имон оварда бошад, зиндагии хушу покизае ба ӯ хоҳем дод ва савобе беҳтар аз кирдорашон ато хоҳем кард

Verse 98 — Surah An-Nahl 16:98

Ва чун Қуръон бихонӣ, аз шайтони раҷим ба Худо паноҳ бубар

Verse 99 — Surah An-Nahl 16:99

Шайтонро бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Худо таваккал мекунанд, ғолибияте нест

Verse 100 — Surah An-Nahl 16:100

Ғолибияти ӯ танҳо бар касонеет, ки дӯсташ медоранд ва ба Худо ширк меоваранд

Verse 101 — Surah An-Nahl 16:101

Чун ояеро ҷонишини ояи дигар кунем, Худо беҳтар медонад, ки чӣ чиз нозил кунад. Гуфтанд, ки ту дурӯғ мебофӣ, на, бештаринашон нодонанд

Verse 102 — Surah An-Nahl 16:102

Бигӯ: «Онро руҳулқудус (Ҷабраил (а)) ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил кардааст, то мӯъминонро устуворӣ ато намояд ва мусалмононро ҳидояту хушхабар бошад»

Verse 103 — Surah An-Nahl 16:103

Медонем, ки мегӯянд: «Ин Қуръонро башаре ба ӯ меомузад». Забони касе, ки ба ӯ нисбат мекунанд, аҷамист, ҳол он ки ин забони арабии равшанест

Verse 104 — Surah An-Nahl 16:104

Худо касонеро, ки ба оёташ имон намеоваранд, ҳидоят намекунад ва барояшон азобе дардовар муҳайёст

Verse 105 — Surah An-Nahl 16:105

Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Худо имон надоранд. Инҳ худ дурӯғгӯянд

Verse 106 — Surah An-Nahl 16:106

Касе, ки пас аз имон ба Худо кофир мешавад, на он ки ӯро ба зур водоштаанд, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, кн дилаш ба имони худ оромгирандаву осуда аст, бар онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, мавриди хашми Худоянд ва азобе бузург барояшон муҳайёст

Verse 107 — Surah An-Nahl 16:107

Ва ин ба он сабаб аст, ки инҳо зиндагии дунёро бештар аз зиндагии охират дӯст доранд ва Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад

Verse 108 — Surah An-Nahl 16:108

Худо бар дилу гӯшҳо ва чашмонашон мӯҳр ниҳодааст ва худ бехабаранд

Verse 109 — Surah An-Nahl 16:109

Ба ночор дар охират ҳам аз зиёндидагон бошанд

Verse 110 — Surah An-Nahl 16:110

Сипас Парвардигори ту барои касоне, ки пас аз он ранҷҳо, ки диданд, ҳиҷрат карданд ва ба ҷиҳод рафтанд ва пой фушурданд, бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 111 — Surah An-Nahl 16:111

Рӯзи қиёмат ҳар кас ба дифоъ аз худ ба муҷодала мепардозад ва ҷазои ҳар кас, чунон кӣ хаққи ӯст, дода мешавад ва ба касе ситам раво надоранд

Verse 112 — Surah An-Nahl 16:112

Худо деҳаеро мисол меорад, ки тинҷу ором буд, рӯзии мардумаш ба фаровонӣ аз ҳар ҷо мерасид, аммо ношукрии неъмати Худо карданд ва Худо ба ҷазои амалҳояшон ба гуруснагиву ваҳшат мубталояшон сохт

Verse 113 — Surah An-Nahl 16:113

Паёмбаре аз худашон ба наздашон омад, дурӯғ бароварданд ва азоб он ситамкоронро фурӯ гирифт

Verse 114 — Surah An-Nahl 16:114

Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва агар Худоро мепарастед, шукри неъматашро ба ҷой оваред

Verse 115 — Surah An-Nahl 16:115

Худо ҳаром кардааст бар шумо мурдору хун ва гӯшти хук ва ҳар чиро ҷуз ба номи Худо забҳ карда бошанд. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ бемайлӣ ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, Худо бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 116 — Surah An-Nahl 16:116

То бар Худо дурӯғ бофед, барои ҳар дурӯғ, ки бар забонатон меояд, нагӯед, ки ин ҳалол асту ин ҳаром. Касоне, ки ба Худованд дурӯғ мебанданд, наҷот намеёбанд

Verse 117 — Surah An-Nahl 16:117

Андак фоидае мебаранд ва дар иваз ба азобе дардовар гирифтор мешаванд

Verse 118 — Surah An-Nahl 16:118

Ва бар яҳудиён он чиро, ки пеш аз ин барои ту ҳикоят кардем, ҳаром карда будем. Мо ба онҳо ситам накардаем, онҳо худ ба худ ситам кардаанд

Verse 119 — Surah An-Nahl 16:119

Парвардигори ту барои касоне, ки аз рӯи нодонӣ кунандаи коре зишт шаванд, сипас тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 120 — Surah An-Nahl 16:120

Иброҳим бузургвор марде буд. Ба фармони Худо бар пой истод ва соҳиби дини холис буд. Ва аз мушрикон набуд

Verse 121 — Surah An-Nahl 16:121

ва шукургузори неъматҳои Ӯ буд, Худовандаш интихобаш кард ва ба роҳи рост ҳидоят кард

Verse 122 — Surah An-Nahl 16:122

Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва дар охират аз солеҳон аст

Verse 123 — Surah An-Nahl 16:123

Ба ту низ ваҳй кардем, ки аз дини поки Иброҳим пайравӣ кун, ки ӯ аз мушрикон набуд

Verse 124 — Surah An-Nahl 16:124

Шанбе гирифтанро (бузург доштани шанберо) барои т; асоне, ки дар он ихтилоф карда буданд, фарз кардаанд ва Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар бораи он чӣ ихтилоф мекарданд, ҳукм хоҳад кард

Verse 125 — Surah An-Nahl 16:125

Мардумро бо ҳикмату панди некӯ ба роҳи Парвардигорат бихон ва бо беҳтарин тарз бо онон муҷодала кун. Зеро Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Ӯ каҷрав шудаанд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад

Verse 126 — Surah An-Nahl 16:126

Агар уқубат мекунед, чунон уқубат кунед, ки шуморо уқубат кардаанд. Ва агар сабр кунед, собиронро сабр некӯтар аст

Verse 127 — Surah An-Nahl 16:127

Сабр кун, ки сабри ту бе тавфиқи Худо нест ва барояшон ғамгин мабош ва аз макрашон дилтангӣ накун

Verse 128 — Surah An-Nahl 16:128

зеро Худо бо касонест, ки мепарҳезанд ва некӣ мекунанд