Back to Languages

Tajik - Chapter 17 - Al-Isra

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Isra 17:1

Пок аст он Худое, ки бандаи худро шабе аз масҷидулҳаром ба масҷидулақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр дод, то баъзе аз оёти худро ба ӯ нишон диҳем, албатта! Ӯ шунавову биност

Verse 2 — Surah Al-Isra 17:2

Ва он китобро ба Мӯсо додем ва, онро роҳнамои банӣ-Исроил гардонидем, ки ҷуз Ман корсозе интихоб накунед

Verse 3 — Surah Al-Isra 17:3

Эй фарзандони мардуме, ки бо Нӯҳ дар киштияшон нишондем, бидонед, ки ӯ бандае сипосгузор буд

Verse 4 — Surah Al-Isra 17:4

Ва банӣ-Исроилро дар он китоб хабар додем, ки ду бор дар замин фасод хоҳед кард ва низ саркашӣ хоҳед кард, саркашӣ кардане бузург

Verse 5 — Surah Al-Isra 17:5

Чун аз он ду бор ваъдаи нахустин даррасид, гурӯҳе аз бандагони худро, ки ҷанговароне зӯрманд буданд, ба сари шумо фиристодем. Онҳо ҳатто дар даруни хонаҳо ҳам куштор карданд ва ид ваъда ба анҷом расид

Verse 6 — Surah Al-Isra 17:6

Бори дигар шуморо бар онҳо ғалаба додем ва ба молу фарзанд мадад кардем ва бар шуморатон афзудем

Verse 7 — Surah Al-Isra 17:7

Агар некӣ кунед, ба худ мекунед ва агар бадӣ кунед, ба худ мекунед. Ба чун ваъдаи дуввум фаро расид, касоне бар саратон фиристодем то шуморо ғамгин созанд ва чун бори аввал, ки ба масҷид даромада буданд, ба масҷид дароянд ва ба ҳар чӣ даст ёбанд, нобуд созанд

Verse 8 — Surah Al-Isra 17:8

Шояд Парвардигоратон бар шумо раҳмат оварад. Ва агар бозгардед, бозмегардем ва ҷаҳаннамро зиндони кофирон сохтаем

Verse 9 — Surah Al-Isra 17:9

Ин Қуръон ба дурусттарин динҳо роҳ менамояд ва мӯъминонеро, ки корҳои шоиста ба ҷой меоваранд, хушхабар медиҳад, ки аз музде некӯ баҳраманд хоҳанд шуд

Verse 10 — Surah Al-Isra 17:10

Ва барои касоне, ки ба охират имон надоранд, азобе дардовар муҳайё кардаем

Verse 11 — Surah Al-Isra 17:11

Ва одамӣ ба дуъо бадиеро металабад, чунон, ки гӯӣ ба дуъо хайреро меҷӯяд. Ва одамӣ то буда, шитобзада будааст

Verse 12 — Surah Al-Isra 17:12

Шабу рӯзро ду оят аз оёти Худо қарор додем. Ояти шабро торик гардонидем ва ояти рӯзро равшан, то ба талаби ризқе, ки Парвардигоратон муқаррар дошта аст, бархезед ва шумори солҳову ҳисобро бидонед ва мо ҳар чизро ба тафсил баён кардаем

Verse 13 — Surah Al-Isra 17:13

Кирдори некӯ бади ҳар инсонеро чун тавқе ба гарданаш овехтаем. Ва дар рӯзи қиёмат барои ӯ номае кушода берун оварем, то дар он бингарад

Verse 14 — Surah Al-Isra 17:14

«Бихон номаатро Имрӯз ту худ барои ҳисоб кардани аз худ басандаӣ!»

Verse 15 — Surah Al-Isra 17:15

Ҳар кӣ ҳидоят шавад, ба суди худ ҳидоят шуда ва ҳар кӣ гумроҳ гардад, ба зиёни худ гумроҳ шудааст ва ҳеҷ кас бори дигареро барнадорад ва Мо ҳеҷ қавмеро азоб намекунем то он гоҳ, ки паёмбаре бифиристем

Verse 16 — Surah Al-Isra 17:16

Чун, бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, дорандаҳои неъматашро бияфзоем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро дар ҳам фурӯ кӯбем

Verse 17 — Surah Al-Isra 17:17

Баъд аз Нӯҳ чӣ бисёр мардумеро ҳалок кардаем. Ва Парвардигори ту огоҳӣ ёфтан ва дидани гуноҳони бандагонашро кофист

Verse 18 — Surah Al-Isra 17:18

Ҳар кас, ки хорони ин ҷаҳон бошад, ҳар чӣ бихоҳем, зудаш арзонӣ дорем, он гоҳ ҷаҳаннамро ҷойгоҳи ӯ созем то баддидашудаву рондашуда ба он дарафтад

Verse 19 — Surah Al-Isra 17:19

Ва ҳар кӣ хоҳони охират бошад ва дар талаби он саъй кунад ва мӯъмин бошад, ҷазои саъйаш дода хоҳад шуд

Verse 20 — Surah Al-Isra 17:20

Ҳамаро – чӣ он гурӯҳро ва чӣ ин гурӯҳро аз атои Парвардигорат пай дар пай хоҳем дод, зеро атои Парвардигоратро аз касе бознадоранд

Verse 21 — Surah Al-Isra 17:21

Бингар, ки чӣ гуна баъзеяшонро бар баъзе дигар бартарӣ ниҳодаем ва дар охират дараҷоту бартариҳо бартару болотар аст

Verse 22 — Surah Al-Isra 17:22

Бо Худои якто худои дигаре ба худоӣ магир, ки баддидашудаву хор хоҳӣ монд

Verse 23 — Surah Al-Isra 17:23

Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй

Verse 24 — Surah Al-Isra 17:24

Дар баробарашон аз рӯи меҳрубони сари хоксорӣ хам бикун ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ҳамчунон ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овар»

Verse 25 — Surah Al-Isra 17:25

Парвардигоратон аз ҳар каси дигар ба он чӣ дар дилҳоятон мегузарад, донотар аст ва агар аз солеҳон бошед, Ӯ тавбакунандагонро меомурзад

Verse 26 — Surah Al-Isra 17:26

Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун ва ҳеҷ исрофкорӣ макун

Verse 27 — Surah Al-Isra 17:27

Исрофкорон бо шайтонҳо бародаранд ва шайтон нисбат ба Парвардигораш ношукр буд

Verse 28 — Surah Al-Isra 17:28

Ва агар ба интизори кушоише, ки аз ҷониби Парвардигорат умед медорӣ, ва аз онҳо рӯйгардонӣ мекунӣ, пас бо онҳо ба нармӣ сухан бигӯй

Verse 29 — Surah Al-Isra 17:29

На дасти худ аз рӯи хиссат (хасисӣ) ба гардан бубанд ва на ба саховат якбора бикушой, ки дар ҳар ду ҳол маломатзадаву ҳасратхӯрда бинишинӣ

Verse 30 — Surah Al-Isra 17:30

Парвардигори ту дар ризқи ҳар кас, ки бихоҳад, кушоиш медиҳад ё танг мегирад, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност

Verse 31 — Surah Al-Isra 17:31

Фарзандони худро аз бими дарвешӣ макушед. Мо ҳам шуморо рӯзӣ медиҳем ва ҳам онҳоро Куштанатон хатои бузургест

Verse 32 — Surah Al-Isra 17:32

Ва ба зино наздик машавед. Зино коре зишт ва роҳе нописанд аст

Verse 33 — Surah Al-Isra 17:33

Касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, накушед, ғайри ба ҳақ. Ва ҳар кас, ки ба ситам кушта шавад, ба талабкунандаи хуни ӯ қудрате додаем, вале дар интиқом аз ҳад нагузарад, ки Ӯ пирӯзманд аст

Verse 34 — Surah Al-Isra 17:34

Ҷуз ба тарзе некӯтар ба моли ятим наздик нашавед, то он гоҳ, ки ба ҳадди булуғаш бирасад. Ва ба аҳди худ вафо кунед, ки бозхост хоҳед шуд

Verse 35 — Surah Al-Isra 17:35

Чун чизеро чен кунед, паймонаро комил гардонед ва бо тарозуи дуруст вазн кунед, ки ин беҳтар ва саранҷомаш некӯтар аст

Verse 36 — Surah Al-Isra 17:36

Аз паи он чӣ надонӣ, ки чист, марав, зеро гӯшу чашму дил — ҳамаро ба он бозхост кунанд

Verse 37 — Surah Al-Isra 17:37

Ба худписандӣ бар замин роҳ марав, ки заминро нахоҳӣ шикофт ва ба баландии кӯҳҳо нахоҳӣ расид

Verse 38 — Surah Al-Isra 17:38

Ҳамаи- ин корҳо нописанд аст ва Парвардигори ту онҳоро нохуш дорад

Verse 39 — Surah Al-Isra 17:39

Ин ҳикматест, ки Парвардигори ту ба ту ваҳй кардааст. Бо Худои якто худои дигаре напиндор, ки маломатшудаву рондашуда ба ҷаҳаннамат андозанд

Verse 40 — Surah Al-Isra 17:40

Оё Парвадигоратон барои шумо писарон интихобид ва худ фаршитагонро ба духтарӣ ихтиёр кард? Ҳаққо, ки суханест бузург, ки бар забои меоваред

Verse 41 — Surah Al-Isra 17:41

Мо суханони гуногун дар ин Қуръон овардем, бошад, ки панд гиранд, вале ҷуз ба рамиданашон наяфзояд

Verse 42 — Surah Al-Isra 17:42

Бигӯ: «Ҳамчунон, ки мегӯянд, агар бо Ӯ худоёни Дигаре ҳам буданд, пас ба сӯи соҳиби арш роҳе ҷуста буданд»

Verse 43 — Surah Al-Isra 17:43

Ӯ пок аст ва аз он чӣ дар борааш мегӯянд, бартару болотар аст

Verse 44 — Surah Al-Isra 17:44

Ҳафт осмону замин ва ҳар чӣ дар онҳост, тасбеҳаш мекунанд ва ҳеҷ мавҷуде нест, ҷуз он ки Ӯро ба покӣ меситояд, вале шумо зикри тасбеҳашонро намефаҳмед. Ӯ бурдбор ва бахшоянда аст

Verse 45 — Surah Al-Isra 17:45

Чун ту Қуръон бихонӣ, мисни туву онон, ки ба қиёмат имон намеоваранд, пардае ғафс қарор медиҳем

Verse 46 — Surah Al-Isra 17:46

Ва бар дилҳошон парда афканем, то онро дарнаёбанд ва гӯшҳошон сангин кунем. Ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба яктоӣ ёд кунӣ, бозмегарданду мераманд

Verse 47 — Surah Al-Isra 17:47

Мо беҳтар медонем, ки чун ба ту гӯш медиҳанд, чаро гӯш медиҳанд ё вақте ки бо ҳам наҷво мекунанд, чӣ мегӯянд. Кофирон мегӯянд: «Шумо дар паи марди ҷодушудае ба роҳ афтодаед»

Verse 48 — Surah Al-Isra 17:48

Бингар, ки чӣ гуна, барои ту, масалҳо задаанд. Гумроҳ шудаанд ва роҳ ба ҷое намебаранд

Verse 49 — Surah Al-Isra 17:49

Гуфтанд: «Оё агар аз мо устухоне бимонаду хоке, боз ҳам бо офаринише нав аз қабр бармехезем?»

Verse 50 — Surah Al-Isra 17:50

Бигӯ: «Санг бошед ё охан

Verse 51 — Surah Al-Isra 17:51

ё махлуқе, ки дар хотиратон бузург менамояд». Хоҳанд гуфт: «Чӣ касе моро бозмегардонад?» Бигӯ: «Он кас, ки бори нахуст шуморо офарид». Он гоҳ дар баробари ту сар меҷунбонанд ва мегӯянд: «Чӣ вақт?» Бигӯ: «Мумкин аст, ки дар ҳамин наздикӣ»

Verse 52 — Surah Al-Isra 17:52

Рӯзе, ки шуморо даъват мекунад ва шумо ситоишгӯён посух медиҳед ва мепиндоред, ки андаке орамидаед

Verse 53 — Surah Al-Isra 17:53

Ва ба бандагони ман бигӯ, ки бо якдигар ба беҳтарин тарз сухан бигӯянд, ки шайтон дар миёни онҳо ба фитнагарист, зеро шайтон одамиро душмане ошкор аст

Verse 54 — Surah Al-Isra 17:54

Парвардигоратон ба шумо огоҳтар аст. Агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ва агар бихоҳад, азобатон мекунад ва мо туро ба коргузорияшон нафиристодаем

Verse 55 — Surah Al-Isra 17:55

Ва Парвардигори ту ба он чӣ дар осмонҳову замин аст, огоҳтар аст. Баъзе аз паёмбаронро бар баъзе дигар беҳтарӣ додаем ва ба Довуд Забурро додем

Verse 56 — Surah Al-Isra 17:56

Бигӯ: «Онҳоеро, ки ҷуз Ӯ худо мепиндоред, бихонед. Наметавонанд балоро аз шумо дур созанд ё онро насиби дигарон кунанд!»

Verse 57 — Surah Al-Isra 17:57

Онҳое, ки кофирон ба худоӣ мехонанд, дар талаби онанд, ки худ ба даргоҳи Парвардигорашон василае биёбанд ва наздиктарин шаванд ва ба раҳмати Ӯ умед мебанданд ва аз азоби Ӯ метарсанд, зеро азоби Парвардигорат тарснок аст

Verse 58 — Surah Al-Isra 17:58

Ҳеҷ деҳае набошад, ки пеш аз фаро расидаии рӯзи қиёмат ҳалокаш накунем ё ба азобе сахт гирифтораш насозем. Ва ин дар он китоб навишта шудааст

Verse 59 — Surah Al-Isra 17:59

Моро аз фиристодани мӯъҷизот бознадошт. Фақат ин ки пешиниён дурӯғаш бароварданд. Ба қавми Самуд ба унвони мӯъҷизае равшангар модашутурро додем. Бар он ситам карданд ва Мо ин мӯъҷизаҳоро фақат барои тарсондан мефиристем

Verse 60 — Surah Al-Isra 17:60

Ва он гоҳ ки туро гуфтем: «Парвардигорат бар ҳамаи мардум иҳота дорад». Ва он чӣ дар хоб ба ту нишон додем ва достони дарахти малъун, ки дар Қуръон омадааст, чизе ҷуз озмоиши мардум набуд. Мо мардумро метарсонем, вале танҳо ба куфру саркашияшон афзуда мешавад

Verse 61 — Surah Al-Isra 17:61

Ва ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳамагон ғайри Иблис саҷда карданд. Гуфт: «Оё барои касе, ки аз гил офаридаӣ, саҷда кунам?»

Verse 62 — Surah Al-Isra 17:62

Ва гуфт: «Бо ман бигӯй, чаро инро бар ман бартарӣ ниҳодаӣ? Агар маро то рӯзи қиёмат мӯҳлат диҳӣ, фарзандонн ӯро ғайри андаке реша канам»

Verse 63 — Surah Al-Isra 17:63

Гуфт: «Бирав, ҷазои ту ва ҳар кас, ки пайрави ту гардада, ҷаҳаннам аст, ки ҷазое тамом аст!»

Verse 64 — Surah Al-Isra 17:64

Бо фарёди худ ҳар киро тавонӣ, аз ҷой, бархезон ва ба ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд бо онон шарики кун ва ба онхо ваъда бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаашон надиҳад

Verse 65 — Surah Al-Isra 17:65

Туро бар бандагоди Ман ҳеҷ ғолибияте набошад ва Парвардигори ту барои нигаҳбониашон кофист!»

Verse 66 — Surah Al-Isra 17:66

Парвардигори шумост, ки киштиро дар дарё меронад то аз фазли Ӯ рӯзии худ ба даст оред. Зеро бо шумо меҳрубон аст

Verse 67 — Surah Al-Isra 17:67

Чун дар дарё шуморо озоре расад, ҳамаи онҳое, ки мепарастед, аз назаратон нест шаванд, ғайри Ӯ. Ва чун шуморо ба соҳили наҷот бирасонад, аз Ӯ рӯйгардон шавед, зеро одамӣ ношукр аст

Verse 68 — Surah Al-Isra 17:68

Оё бепарвоед аз ин, ки ногаҳон дар соҳили дарё шуморо дар замин фурӯ барад, ё тундбоде регбор бар шумо фнристад ва барои худ ҳеҷ нигаҳбоне наёбед

Verse 69 — Surah Al-Isra 17:69

Ё бепарвоанд аз ин ки, бори дигар шуморо ба дарё бозгардонад ва тӯфоне сахту киштишикан бифиристад ва ба хотири кофирие, ки намудаед ғарқатон созад ва касе, ки моро аз корамон бозхост кунад, наёбед

Verse 70 — Surah Al-Isra 17:70

Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар дарёву хушкӣ савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додаем ва бар бисёре аз махлуқоти худ беҳтариашон додем

Verse 71 — Surah Al-Isra 17:71

Рӯзе, ки ҳар гурӯҳ аз мардумро бо пешвоёнашон бихонем, номаи ҳар кӣ ба дасти росташ дода шавад чун бихонад, бинад, ки ба андозаи риштаи борике, ки даруни донаи хурмост, ба ӯ ситам нашудааст

Verse 72 — Surah Al-Isra 17:72

Ва ҳар кӣ дар ин дунё нобино бошад, дар охират низ нобино ва гумроҳтар аст

Verse 73 — Surah Al-Isra 17:73

Наздик буд туро аз он чӣ бар ту ваҳй карда будем, бероҳ созанд, то чизи дигаре ғайри онро ба дурӯғ ба мо нисбат кунӣ, он гоҳ бо ту дӯстӣ кунанд

Verse 74 — Surah Al-Isra 17:74

Ва агар ба ту пойдорӣ намедодем, наздик буд, ки андаке ба онон майл кунӣ

Verse 75 — Surah Al-Isra 17:75

Он гоҳ туро дучандон дар дунё ва дучандон дар охират азоб мекардем ва барои худ дар баробари Мо ёридиҳандае намеёфтӣ

Verse 76 — Surah Al-Isra 17:76

Ва наздик буд, ки туро аз ин сарзамин бархезонанд, то аз он ҷо овораат созанд. Ва худ пас аз ту андак замоне мемонданду бас

Verse 77 — Surah Al-Isra 17:77

Суннати Худо дар бораи паёмбароне, ки пеш аз ту фиристодаем, чунин аст ва суннати моро тағйирпазир наёбӣ

Verse 78 — Surah Al-Isra 17:78

Аз ҳангоми заволи хуршед то он гоҳ ки шаб фаро мерасад, намозро барпой дор ва низ намози субҳгоҳро. Ва намози субҳгоҳро ҳамагон ҳозир шаванд

Verse 79 — Surah Al-Isra 17:79

Порае аз шабро ба намоз хондан зинда бидор. Ин нофила (ибодат) хоси ту аст. Бошад, ки Парвардигорат туро ба мақоме писандида бирасонад

Verse 80 — Surah Al-Isra 17:80

Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро ба ростиву некӯӣ дохил кун ва ба ростиву некӯӣ берун бар ва маро аз ҷониби худ пирӯзиву ёрӣ ато кун

Verse 81 — Surah Al-Isra 17:81

Бигӯ: «Ҳак омад ва ботил нобуд шуд. Ҳаққо, ки ботил нобуд шуданӣ буд»

Verse 82 — Surah Al-Isra 17:82

Ва ин Қуръонро, ки барои мӯъминон шифову раҳмат аст, нозил мекунем, вале кофиронро ҷуз зиён наяфзояд

Verse 83 — Surah Al-Isra 17:83

Чун ба инсон неъмат додем, рӯй гардонд ва худро ба як сӯ кашид ва чун зараре ба ӯ расид, ноумед гардид

Verse 84 — Surah Al-Isra 17:84

Бигӯ: «Ҳар кас ба тарикаи худ амал мекунад ва Парвардигори ту беҳтар медонад, ки кадом як ба ҳидоят наздиктар аст»

Verse 85 — Surah Al-Isra 17:85

Туро аз рӯҳ мепурсанд. Бигӯ: «Рӯҳ ҷузъе аз фармони Парвардигори ман аст ва шуморо ҷуз андак донише надодаанд»

Verse 86 — Surah Al-Isra 17:86

Агар бихоҳем ҳамаи он чиро, ки бар ту ваҳй кардаем, бозмеситонем ва ту барои худ дар баробари Мо мададкоре намеёбӣ

Verse 87 — Surah Al-Isra 17:87

Магар Парвардигорат раҳмат кард, ки инъоми Ӯ дар бораи ту бисёр аст

Verse 88 — Surah Al-Isra 17:88

Бигӯ; «Агар ҷину инс гирд оянд, то монанди ин Қуръон биёваранд, наметавонанд монанди онро биёваранд, ҳарчанд, ки якдигарро ёрӣ диҳанд»

Verse 89 — Surah Al-Isra 17:89

Мо дар ин Куръон барои мардум ҳар мисолсро гуногун баён кардем, вале бештари мардум ҷуз ношукрӣ ҳеҷ коре накарданд

Verse 90 — Surah Al-Isra 17:90

Гуфтанд: «Ба ту имон намеоварем, то барои мо аз замин чашмае равон созӣ

Verse 91 — Surah Al-Isra 17:91

ё туро бӯстоне бошад аз дарахтони хурмову ангур, ки дар мобайнаш нахрҳо ҷорӣ гардонӣ

Verse 92 — Surah Al-Isra 17:92

ё чунон ки гуфтаӣ, осмонро пора-пора бар сари мо афканӣ ё Худову фариштагонро пеши мо ҳозир оварӣ

Verse 93 — Surah Al-Isra 17:93

ё туро хонае аз тилло бошад, ё ба осмон боло раВӣ. Ва мо ба осмон рафтанатро бовар накунем, то барои мо китобе, ки аз он бихонем, биёварӣ». Бигӯ: «Парвардигори ман пок аст. Оё на ин аст, ки ман инсоне ҳастам, ки ба пайғамбарӣ омадаам?»

Verse 94 — Surah Al-Isra 17:94

Ҳеҷ чиз мардумро аз имон овардан он гоҳ ки ҳидояташон мекарданд, бознадошт, ғайри инки мегуфтанд: «Оё Худо инсонеро ба рисолат (пайғамбарӣ) мефиристад?»

Verse 95 — Surah Al-Isra 17:95

Бигӯ: «Агар дар рӯи замин фариштагон ба оромӣ роҳ мерафтанд, барояшон ба паёмбарӣ фариштае аз осмон нозил мекардем»

Verse 96 — Surah Al-Isra 17:96

Бигӯ; «Худо миёни ману шумо шоҳидиро кофист, зеро Ӯ ба бандагонаш огоҳу биност!»

Verse 97 — Surah Al-Isra 17:97

Ва ҳар киро Худо ҳидоят кунад, хидоятшуда аст. Ва ҳар киро гумроҳ созад, ғайри Худо барои Ӯ сарпарасте наёбӣ ва дар рӯзи қиёмат, дар ҳоле ки чеҳраҳояшон рӯ ба замин аст, кӯру гунгу кар зинда ва ҷамъашон мекунем ва ҷаҳаннам ҷойгохи онҳост, ки ҳар чӣ шӯълаи он фурӯ нишинад, бештараш меафрӯзем

Verse 98 — Surah Al-Isra 17:98

Ин ҷазои онҳост, зеро ба оёти Мо имон наёварданд ва гуфтанд: «Оё чун мо устухон шудему хокӣ, моро ба сурати тозае зинда мекунанд

Verse 99 — Surah Al-Isra 17:99

Оё намедонанд, ки Худое, ки осмонҳову заминро офаридааст, қодир аст, ки монанди онҳоро биёфаринад ва барояшон муддати умре ниҳода, ки дар он шаке нест? Аммо золимон фақат инкор кунанд

Verse 100 — Surah Al-Isra 17:100

Бигӯ: «Агар шумо молики ҳамаи хазоини Парвардигори ман мебудед, аз бими дарвешӣ бахилӣ пеша мекардед, зеро одамӣ бахил аст

Verse 101 — Surah Al-Isra 17:101

Аз банӣ-Исроил бипурс, ки чун Мӯсо назди онон омад, ба ӯ нӯҳ нишонаи ошкоро дода будем. Ва Фиръавн ба ӯ гуфт: «Эй Мӯсо пиндорам, ки туро ҷоду карда бошанд»

Verse 102 — Surah Al-Isra 17:102

Гуфт: «Ба ҳақиқат медонӣ, ин нишонаҳои ошкорро ҷуз Парвардигори осмонҳову замин нафиристода аст. Ва ман, эй Фиръавн, туро ба яқин ҳалокшуда мебинам»

Verse 103 — Surah Al-Isra 17:103

Фиръавн қасди он дошт, кн онҳоро аз он сарзамин барканад, вале Мо ӯ ва ҳамаи ҳамроҳонашро ғарқ сохтем

Verse 104 — Surah Al-Isra 17:104

Ва пас аз ӯ ба банӣ-Исроил гуфтем: «Дар он сарзамин сокин шавед ва чун ваъдаи охират расад, ҳамаи шуморо бо ҳам зиндаву ҷамъ мекунем»

Verse 105 — Surah Al-Isra 17:105

Ин Қуръонро ба ҳақ нозил кардаем ва ба ҳак нозил шудааст ва туро нафиристодем, магар он ки хушхабар диҳӣ ва битарсони

Verse 106 — Surah Al-Isra 17:106

Ва Қуръонро ба тафориқ (ҷудо-ҷудо) нозил кардем, то ту онро оҳиста-оҳиста ва андак-андак бар мардум бихонӣ ва нозилаш кардем, нозил кардане ба камол

Verse 107 — Surah Al-Isra 17:107

Бигӯ; «Хоҳ ба он имон биёваред ё имон наёваред, онон, ки аз ин пеш дониш омӯхтаанд, чун Қуръон барояшон тиловат шавад, саҷдакунон бар рӯй дармеафтанд (Саҷда)

Verse 108 — Surah Al-Isra 17:108

ва мегӯянд: «Пок аст Парвардигори мо. Ваъдаи Парвардигори мо анҷом ёфтанист»

Verse 109 — Surah Al-Isra 17:109

Ва ба рӯ дармеафтаид ва мегирянд ва бар хушӯъашон (шикастагиашон) афзуда мешавад

Verse 110 — Surah Al-Isra 17:110

Бигӯ: «Чӣ Оллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед, ҳар кадомро, ки бихонед, номҳои некӯ аз они Ӯст». Садоятро ба намоз баланд макун ва низ садоятро ба он паст макун ва миёни ин ду роҳе интихоб кун

Verse 111 — Surah Al-Isra 17:111

Бигӯ; «Шукр Худоро, ки фарзанде надорад ва Ӯро шарике дар мулк нест ва ба нотавонӣ наяфтад, то ба ёрӣ мӯҳтоҷ шавад. Пас Ӯро такбир гӯй, такбире шоиста