Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 19 - Maryam
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Maryam 19:1
Коф, ҳо, ё, айн, сод
Verse 2 — Surah Maryam 19:2
Баёни бахшоиши Парвардигорат бар бандаи Худ Закариёст
Verse 3 — Surah Maryam 19:3
Он гоҳ ки Парвардигорашро пинҳонӣ садо дод
Verse 4 — Surah Maryam 19:4
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, устухони ман суст гашта ва сарам аз пирӣ сафед шудааст ва ҳаргиз дар дуъо ба даргоҳи ту, эй Парвардигори ман, бебаҳра набудаам
Verse 5 — Surah Maryam 19:5
Ман пас аз марги худ аз хешовандонам бимнокам ва занам нозоянда аст. Маро аз ҷониби Худ фарзанде ато кун
Verse 6 — Surah Maryam 19:6
ки меросбари ман ва меросбари хонадони Яъқуб бошад ва ӯро, эй Парвардигори ман, шоиставу писандида гардон»
Verse 7 — Surah Maryam 19:7
«Эй Закариё, Мо туро ба писаре ба номи Яҳё мужда медиҳем. Аз ин пеш касеро ҳамноми ӯ насохтаем»
Verse 8 — Surah Maryam 19:8
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз куҷо писаре бошад, ҳол он ки занам нозоянда аст ва ман худ дар пирӣ ба фартутӣ расидаам»
Verse 9 — Surah Maryam 19:9
Гуфт: «Парвардигорат инчунин гуфтааст: «Ин барои Ман осон аст ва туро, ки пеш аз ин чизе набудаӣ, биёфаридаам»
Verse 10 — Surah Maryam 19:10
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ман нишоне бинамой». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се шабу се рӯз бо мардум су хан нагӯӣ бе ҳеҷ осебе»
Verse 11 — Surah Maryam 19:11
Аз меҳроб ба миёни қавми худ берун омад ва ба онон эълом кард, ки субҳу шом тасбеҳ гӯед
Verse 12 — Surah Maryam 19:12
«Эй Яҳё, китобро ба қувват бигир». Ва дар кудакӣ ба ӯ доноӣ ато кардем
Verse 13 — Surah Maryam 19:13
Ва ба ӯ шафқат кардем ва покизааш сохтем ва ӯ парҳезгор буд
Verse 14 — Surah Maryam 19:14
Ба падару модар некӣ мекард ва ҷаббору гарданкаш набуд
Verse 15 — Surah Maryam 19:15
Салом бар ӯ, рӯзе, ки зода шуд ва рӯзе, ки мемирад ва рӯзе, ки дигар бор зинда хезонида мешавад
Verse 16 — Surah Maryam 19:16
Дар ин китоб Марямро ёд кун, он гоҳ, ки аз хонадони худ ба маконе рӯ ба сӯи баромадани офтоб яқсу шуд
Verse 17 — Surah Maryam 19:17
Миёни худ ва онон пардае кашид ва Мо Рӯҳи Худро наздаш фиристодем ва чун инсоне тамом бар ӯ намудор шуд
Verse 18 — Surah Maryam 19:18
Марям гуфт: «Аз ту ба Худои раҳмон паноҳ мебарам, ки парҳезгор бошӣ»
Verse 19 — Surah Maryam 19:19
Гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ту ҳастам, то туро писаре покиза бибахшам»
Verse 20 — Surah Maryam 19:20
Гуфт: «Аз куҷо маро фарзанде бошад, ҳол он ки ҳеҷ башаре ба ман даст назадааст ва ман бадкора ҳам набудаам»
Verse 21 — Surah Maryam 19:21
Гуфт: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст: «Ин барон ман осон аст. Мо он писарро барои мардум оятеву бахшоише кунем ва ин корест ҳатмӣ ва поёнёфта»
Verse 22 — Surah Maryam 19:22
Пас ба ӯ ҳомиладор шуд ва ӯро бо худ ба маконе дурафтода бурд
Verse 23 — Surah Maryam 19:23
Дарди зоидан ӯро ба сӯи танаи дарахти хурмое кашонид. Гуфт: «Эй кош, пеш аз ин мурда будам ва аз ёдҳо фаромӯш шуда будам»
Verse 24 — Surah Maryam 19:24
Кудак аз зери ӯ нидо дод: «Ғамгин мабош, Парвардигорат аз зери пои ту ҷӯи обе равон сохт»
Verse 25 — Surah Maryam 19:25
Дарахтро биҷунбон то хурмои тозачида бароят фурӯ резад
Verse 26 — Surah Maryam 19:26
Пас, эй зан, бихӯру биёшом ва шодмон бот ва агар аз одамиён касеро дидӣ, бигӯй: «Барои Худои раҳмон рӯза назр кардаам ва имрӯз бо ҳеҷ башаре сухан намегӯям»
Verse 27 — Surah Maryam 19:27
Кудакро бардошт ва назди қавми худ овард. Гуфтанд: «Эй Марям, коре қабеҳ кардаӣ
Verse 28 — Surah Maryam 19:28
Эй хоҳари Ҳорун, на падарат марди баде буд ва на модарат зане бадкора»
Verse 29 — Surah Maryam 19:29
Ба фарзанд ишора кард. Гуфтанд: «Чӣ гуна бо кудаке, ки дар гаҳвора аст, сухан бигӯем»
Verse 30 — Surah Maryam 19:30
Кудак гуфт: «Ман бандаи Худоям, ба ман китоб дода ва маро паёмбар гардонидааст
Verse 31 — Surah Maryam 19:31
Ва ҳар ҷо, ки бошам, каро баракат дода ва то зиндаам, ба намозу закот васият кардааст
Verse 32 — Surah Maryam 19:32
Ва низ некӣ кардан ба модарам. Ва маро гарданкашу бадбахт насохтааст
Verse 33 — Surah Maryam 19:33
Салом бар ман, рӯзе, ки зода шудам ва рӯзе, ки мемирам ва рӯзе, ки дигар бор зинда карда мешавам!»
Verse 34 — Surah Maryam 19:34
Ин аст Исо бинни Марям, ба сухани ҳақ ҳамон ки дар бораи ӯ дар шакку шубҳа буданд
Verse 35 — Surah Maryam 19:35
Насазад Худовандро, ки фарзанде бигирад. Пок аст. Чун продай коре кунад, мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад
Verse 36 — Surah Maryam 19:36
Ва Оллоҳ Парвардигори ману Парвардигори шумост, пас Ӯро бипарастед, ки роҳи рост ки аст
Verse 37 — Surah Maryam 19:37
Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд, пас вой бар кофирон ба ҳангоми ҳузур дар он рӯзи бузург
Verse 38 — Surah Maryam 19:38
Чӣ хуб мешунаванд ва чӣ хуб мебинанд, он рӯз, ки назди Мо меоянд, вале ситамкорон имрӯз дар гумроҳии ошкоре ҳастанд
Verse 39 — Surah Maryam 19:39
Онҳоро аз рӯзи пушаймонӣ, ки кор ба поён омада ва онон ҳамчунон дар ҳоли ғафлату беимонӣ ҳастанд, битарсон
Verse 40 — Surah Maryam 19:40
Албатта Мо замин ва ҳар киро бар рӯи он аст, ба мерос мебарем ва ҳама ба назди Мо бозгардонда мешаванд
Verse 41 — Surah Maryam 19:41
Ва дар ин китоб Иброҳимро ёд кун, ки ӯ паёмбаре ростгӯ буд
Verse 42 — Surah Maryam 19:42
Он гоҳ, ки падарашро гуфт: «Эй падар, чаро чизеро, ки на мешунавад ва на мебинад ва на ҳеҷ ҳоҷати туро мебарорад, мепарастӣ
Verse 43 — Surah Maryam 19:43
Эй падар, маро донише додаанд, ки ба ту надодаанд. Пас ба ман пайравӣ кун, то туро ба роҳи рост ҳидоят кунам
Verse 44 — Surah Maryam 19:44
Эй падар, шайтонро напараст, зеро шайтон Худои раҳмонро нофармон буд
Verse 45 — Surah Maryam 19:45
Эй падар, метарсам азобе аз ҷониби Худои раҳмон ба ту расад ва ту дӯстдори шайтон бошӣ!»
Verse 46 — Surah Maryam 19:46
Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз худоёни ман безор ҳастӣ? Агар бознаистӣ, сангсорат мекунам. Акнун замоне дароз аз ман дур бош!»
Verse 47 — Surah Maryam 19:47
Гуфт: «Туро саломат бод! Аз Парвардигорам бароят бахшоиш хоҳам хост. Зеро Ӯ бар ман меҳрубон аст»
Verse 48 — Surah Maryam 19:48
Аз шумо ва аз он чизҳое, ки ба ҷои Худои якто ибодат мекунед, канора мегирам ва Парвардигори худро мехонам, бошад, ки чун Парвардигорамро бихонам, маҳрум нашавам»
Verse 49 — Surah Maryam 19:49
Чун аз онҳо ва он чӣ ба ҷои Худои якто мепарастиданд, канора гирифт, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаро паёмбарӣ додем
Verse 50 — Surah Maryam 19:50
ва раҳмати Худро ба онҳо арзонӣ доштем ва сухани некӯ ва овозаи баланд додем
Verse 51 — Surah Maryam 19:51
Ва дар ин китоб Мӯсоре ёд кун. Ӯ бандае мухлис ва фиристодае паёмбар буд
Verse 52 — Surah Maryam 19:52
Ва ӯро аз ҷониби рости кӯҳи Тӯр нидо додем ва наздикаш сохтем, то бо ӯ роз гӯем
Verse 53 — Surah Maryam 19:53
Ва аз раҳмати худ бародараш Ҳоруни паёмбарро ба ӯ бахшидем
Verse 54 — Surah Maryam 19:54
Ва дар ин китоб Исмоъилро ёд кун. Ӯ дурустқавл ва фиристодае паёмбар буд
Verse 55 — Surah Maryam 19:55
Ва хонадони худро ба намозу закот амр мекард ва назди Парвардигораш шоиставу писандида буд
Verse 56 — Surah Maryam 19:56
Ва дар ин китоб Идрисро ёд кун. Ӯ ростгуфторе паёмбар буд
Verse 57 — Surah Maryam 19:57
Ӯро ба маконе баланл бардоштем
Verse 58 — Surah Maryam 19:58
Инҳо гурӯҳе аз паёмбарон буданд, ки Худо ба онон инъом карда буд, аз фарзандони Одам ва фарзандони онон, ки бо Нӯҳ дар киштӣ нишондем ва фарзандони Иброҳиму Исроил ва онҳо, ки ҳидояташон кардем ва интихоб кардем. Ва чун оёти Худои раҳмон бар онон тиловат мешуд, гирён ба саҷда меафтоданд. (Саҷда)
Verse 59 — Surah Maryam 19:59
Сипас касоне ҷонишини инҳо шуданд, ки намозро зоеъ карданд ва пайрави шаҳватҳо гардиданд ва ба зудӣ ба Ғай хоҳанд афтод
Verse 60 — Surah Maryam 19:60
ғайри он кас, ки тавба кард ва имон овард ва корҳое шоиста кард. Инҳо ба биҳишт дохил мешаванд ва ҳеҷ мавриди ситам қарор намегиранд
Verse 61 — Surah Maryam 19:61
Биҳиштҳои ҷовид, ки Худои раҳмон дар ғайб ба бандагони худ ваъда кардааст ва ваъдаи ӯ фаро хоҳад расид
Verse 62 — Surah Maryam 19:62
Дар он ҷо сухани беҳуда намешунаванд. Гуфторашон салом аст. Ва рӯзияшон ҳар субҳу шом омода аст
Verse 63 — Surah Maryam 19:63
Ин ҳамон биҳиштест, ки ба бандагонамон, ки парҳезгорӣ кардаанд, ато мекунем
Verse 64 — Surah Maryam 19:64
Ва мо ҷуз ба фармони Парвардигори ту фуруд намеоем. Он чӣ дар пеши рӯи мо ва пушти сари мо ва миёни ин ду қарор дорад, аз они Ӯст. Ва Парвардигори ту фаромӯшкор нест
Verse 65 — Surah Maryam 19:65
Паргардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни он дӯст. Ӯро бипараст ва дар парастиш босабр бош. Оё ҳамноме барои Ӯ мешиносӣ
Verse 66 — Surah Maryam 19:66
Одами мегӯяд: «Оё замоне, ки бимирам, зинда аз гӯр берун оварда хоҳам шуд?»
Verse 67 — Surah Maryam 19:67
Ва одами ба ёд надорад, ки ӯро пеш аз ин офаридаем ва ӯ худ чизе набуд
Verse 68 — Surah Maryam 19:68
Ба Парвардигорат савганд, онҳоро бо шайтонҳо гирд меоварем, он гоҳ ҳамаро дар атрофи ҷаҳаннам ба зону менишонем
Verse 69 — Surah Maryam 19:69
Он гоҳ аз ҳар гурӯҳ касонеро, ки дар баробари Худои раҳмон бештар саркашӣ кардаанд, ҷудо мекунем
Verse 70 — Surah Maryam 19:70
Ва Мо онҳоеро, ки сазовортар ба дохил шудан дар оташ ва сӯхтан дар он бошанд, беҳтар мешиносем
Verse 71 — Surah Maryam 19:71
Ва ҳеҷ як аз шумо нест, ки вориди ҷаҳаннам нашавад ва ин ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби Парвардигори ту
Verse 72 — Surah Maryam 19:72
Он гоҳ парҳезгоронро наҷот медиҳем ва ситамкоронро ҳамчунон ба зону нишаста дар он ҷо мегузорем
Verse 73 — Surah Maryam 19:73
Чун оёти равшангари моро бар онон бихонанд, кофирон ба мӯъминон мегӯянд: «Кадом як аз ду фирқаро ҷойгоҳи беҳтар ва маҳфили некӯтар аст?»
Verse 74 — Surah Maryam 19:74
Пеш аз онҳо чӣ бисёр мардумеро ба ҳалокат расонидаем, ки аз ҷиҳати хонаву ҷой ва сурату намуд беҳтар аз онҳо буданд
Verse 75 — Surah Maryam 19:75
Бигӯ: «Ҳар кас, ки дар гумроҳӣ бошад. Худои раҳмон ӯро ба фузунӣ мадад мерасонад», то он гоҳ он чиро ба ӯ ваъда дода шудааст, бингарад: ё азоб ва ё қиёмат. Он гоҳ хоҳанд донист, ки чӣ касеро ҷойгоҳ бадтару лашкар нотавонтар аст
Verse 76 — Surah Maryam 19:76
Ва Худо бар роҳнамоии онон, ки ҳидоят ёфтаанд, хоҳад афзуд ва назди Парвардигори ту мукофот ва натиҷаи кирдорҳои шоистае, ки боқӣ монданианд, беҳтар аст
Verse 77 — Surah Maryam 19:77
Оё он касеро, ки ба оёти Мо кофир буд, дидӣ, ки мегуфт: «Албатта, ба ман молу фарзанд дода хоҳад шуд!»
Verse 78 — Surah Maryam 19:78
Оё аз ғайб огоҳӣ доптт, ё аз Худои раҳмон паймон гирифта буд
Verse 79 — Surah Maryam 19:79
На чунин аст. Он чӣ мегӯяд, хоҳем навишт ва албатта, бар азобаш хоҳем афзуд
Verse 80 — Surah Maryam 19:80
Он чиро, ки мегӯяд аз ӯ мегирем, то танҳо назди мо биёяд
Verse 81 — Surah Maryam 19:81
Ва ба ғайр аз Оллоҳ худоёне ихтиёр карданд, то сабаби изааташон гарданд
Verse 82 — Surah Maryam 19:82
На чунин аст. Ба зуди ибодаташонро инкор кунанд ва ба мухолифаташон (бар зидди онҳо) бархезанд
Verse 83 — Surah Maryam 19:83
Оё надидаӣ, ки Мо шаётинро ба сӯи кофирон фиристодем то онҳоро ташвиқ кунанд (ба гуноҳу куфр)
Verse 84 — Surah Maryam 19:84
Пас ту бар онон шитоб макун, ки Мо рӯзҳоятонро ба диққат мешуморем
Verse 85 — Surah Maryam 19:85
Рӯзе, ки парҳезгоронро назди Худои раҳмон савора гирд оварем
Verse 86 — Surah Maryam 19:86
ва гунаҳкоронро ташнаком ба ҷаҳаннам биронем
Verse 87 — Surah Maryam 19:87
Аз шафоъат бенасибанд, фақат он кас, ки бо Худои раҳмон паймоне баста бошад. (шафоъат ёбад)
Verse 88 — Surah Maryam 19:88
Гуфтанд: «Худой раҳмон соҳиби фарзандест»
Verse 89 — Surah Maryam 19:89
Дар ҳақиқат сухане зишт овардаед
Verse 90 — Surah Maryam 19:90
Наздик аст, ки аз ин сухан осмонҳо бишикофанд ва замин шикофта шавад ва кӯҳҳо фурӯ афтанд ва дарҳам резанд
Verse 91 — Surah Maryam 19:91
зеро барои Худои раҳмон фарзанде қоил шудаанд
Verse 92 — Surah Maryam 19:92
Худои раҳмонро сазовор нест, ки соҳиби фарзанде бошад
Verse 93 — Surah Maryam 19:93
Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки ба бандагӣ сӯи Худои раҳмон наояд
Verse 94 — Surah Maryam 19:94
Ӯ ҳамаро ҳисоб карда ва як-як шумурда аст
Verse 95 — Surah Maryam 19:95
Ва ҳамагиашон дар рӯзи қиёмат танҳо назди Ӯ меоянд
Verse 96 — Surah Maryam 19:96
Худой раҳмон касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, маҳбуби ҳама гардонад
Verse 97 — Surah Maryam 19:97
Ин Қуръонро бар забони ту осон кардем, то парҳезгоронро мужда диҳӣ ва саркашонро битарсонӣ
Verse 98 — Surah Maryam 19:98
Ва чӣ бисёр мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем. Оё ҳеҷ як аз онҳоро меёбӣ ё ҳатто андак овозе аз онҳо мешунавӣ