Ё чун бороне сахт дар зулмат ҳамроҳ бо раъду барқ аз осмон фуруд ояд, то мабод, ки аз бонги раъд бимиранд, ангуштони хеш дар гушҳо кунанд. Ва Худо бар кофирон иҳота дорад. (бо илми худ)
Он Худованде, ки заминро чун гилеме бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самарае бируёнид ва худ медонед, ки набояд барои Худо шариконе қарор диҳед
Ва агар дар он чӣ бар бандаи хеш нозил кардаем дар шак ҳастед, сурае ҳамонанди он биёваред ва ғайра Худо ҳамаи ҳозиронатонро фаро хонед агар рост мегӯед
Ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда деҳ, ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ва ҳар гоҳ, ки аз меваҳои он бархурдор шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое бархурдор шуда будем, ки ин меваҳо монанд ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар он ҷо ҷовидона бошанд
Худо ибое надорад, ки ба пашша ва камтар аз он мисол биёрад. Онон, ки имон овардаанд, медонанд, ки он мисол дуруст ва аз ҷониби Парвардигори онҳост. Ва аммо кофирон мегӯянд, ки Худо аз ин мисол чи мехостааст? Бисёреро ба он гумроҳ мекунад ва бисёреро ҳидоят. Аммо танҳо фосиқонро гумроҳ мекунад
Касоне, ки паймони Худоро пас аз бастани он мешикананд ва он чиро, ки Худо ба пайвастани он фармон дода, мебуранд ва дар замин фасод мекунанд зиёнкоронанд
Ва гуфтем: «Эй Одам, худ ва занат дар биҳишт ҷой гиред. Ва ҳар чӣ хоҳед, ва ҳар ҷо, ки хоҳед, аз самароти он ба хушӣ бихӯред. Ва ба ин дарахт наздик машавед, ки ба гурӯҳи ситамкорон дароед»
Гуфтем: «Ҳама аз биҳишт поён шавед: пас агар аз ҷониби Ман роҳнамоӣ бароятон омад, бар онҳо, ки аз роҳнамоии Ман пайравӣ кунанд, биме нахоҳад буд ва худ андӯҳнок намешаванд»
Ва ба он чӣ нозил кардаам ва китоби шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред ва аз нахустин касоне, ки инкораш мекунанд, мабошед. Ва оёти Маро ба баҳои андак нафурӯшед ва аз Ман битарсед
Ва ба ёд оред он гоҳ, ки шуморо аз фиръавниён раҳонидем: шуморо шиканҷаҳои сахт мекарданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд. Ва дар ин озмуне бузург аз сӯи Парвардигоратон буд
Ва абрро соябонатон гардонидем ва бароятон манну салво фиристодем: «Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем! Ва онон бар Мо ситам накарданд, балки бар худ ситам мекарданд»
Ва ба ёд оред он замонро, ки ба шумо гуфтем: «Ба ин қария дароед ва аз неъматҳои он ҳар чӣ ва ҳар ҷо, ки хоста бошед, ба фаровонӣ бихӯред! Вале саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед ва бигӯед: «Боре гуноҳ аз мо кам кун». То хатоҳои шуморо биёмурзем ва ба подоши некӯкорон бияфзоем
Ва ба ёд оред он гоҳро, ки Мӯсо барои қавми худ об хост. Гуфтем: «Асоятро бар он санг бизан». Пас дувоздаҳ чашма аз он баромад. Ҳар гурӯҳе маҳалли обнӯшии худро бидонист. Аз рӯзии Худо бихӯреду биёшомед ва дар рӯи замин ба фасод саркашӣ макунед
Ва он гоҳро, ки гуфтед: «Эй Мӯсо, мо бар як навъи таъом натавонем сабр кард, аз Парвардигорат бихоҳ то барои мо аз он чӣ аз замин мерӯяд, чун сабзӣ, бодирингу сир ва наску пиёз бируёнад». Мӯсо гуфт: «Оё мехоҳед он чиро, ки беҳтар аст ба он чӣ пасттар аст, иваз кунед? Ба шаҳре бозгардед, ки дар он ҷо ҳар чӣ хоҳед, ба шумо бидиҳанд. Муқаррар шуд бар онҳо хориву бечорагӣ ва бо хашми Худо қарин шуданд! Ва ин бад-он сабаб буд, ки ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ куштанд ва нофармонӣ карданд ва таҷовуз намуданд»
Касоне, ки имон овардаанд ва касоне, ки дини яҳудон ва тарсоён ва собионро гирифтанд, агар ба Худо ва рӯзи бозпасин имон дошта бошанд ва коре шоиста кунанд, Худо ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин
Ва ба ёд оред он замонро, ки бо шумо паймон бастем ва кӯҳи Турро бар болои саратон бидоштем. Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! Бошад, ки парҳезгор шавед
Пас аз он дилҳои шумо чун санг сахт гардид, ҳатто сахттар аз санг, ки аз санг гоҳ ҷӯйҳо равон шаванд ва чун шикофта шавад, об аз он берун ҷаҳад ва гоҳ аз тарси Худо аз боло ба нишеб фурӯ ғалтад ва Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест
Оё тамаъ медоред, ки ба шумо имон биёваранд ва ҳол он ки гурӯҳе аз онҳо каломи Худоро мешуниданд ва бо он ки ҳақиқати онро меёфтанд, тағйираш мекарданд ва аз кори хеш огоҳ буданд
Ва чун бо мӯъминон дидор кунанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардем». Ва чун бо якдигар хилват кунанд, гӯянд: «Оё бо онон аз донише, ки Худо ба шумо арзонӣ дошта сухан мегӯед, то ба ёрии он дар назди Парвардигоратон бар шумо ҳуҷҷат оранд? Оё ба ақл дарнамеёбед?»
Пас вой бар онҳое, ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва то суде андак баранд, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо нозил шуда. Пас вой бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва вой бар онҳо аз суде, ки мебаранд
Ва он ҳангомро, ки бо шумо паймон ниҳодем, ки хуни ҳам нарезед ва якдигарро аз хонумон овора масозед ва шумо ба паймон гардан ниҳодед ва худ бар он гувоҳ ҳастед
Пас шумо чунин ҷамоъате ҳастед, ки якдигарро мекушед ва гурӯҳе аз худро аз хонумонашон овора мекунед ва бар зидди онҳо ба гуноҳ ва бедод ба ҳамдастии якдигар бармехезед ва агар ба асорати шумо дароянд, дар баробари озодияшон фидя мегиред ва ҳол он ки берун ронданашон бар шумо ҳаром буд. Оё ба баъзе аз китоб имон меоваред ва баъзе дигарро инкор мекунед? Ҷазои касе, ки чунин кунад, дар дунё ҷуз хорӣ нест ва дар рӯзи қиёмат ба сахттарин тарзе шиканҷа мешавад ва ба Худо аз он чӣ мекунед, ғофил нест
Ба таҳқиқ Мӯсоро китоб додем ва аз паи ӯ паёмбарон фиристодем. Ва ба Исо бинни Марям далелҳои равшан иноят кардем ва ӯро бо рӯҳулқудс қувват додем. Ва ҳар гоҳ паёмбаре омад ва чизҳое овард, ки писанди нафси шумо набуд, саркашӣ кардед ва гурӯҳеро дурӯғгӯ хондед ва гурӯҳеро куштед
Ва чун онҳоро аз ҷониби Худо китобе омад ва ӯро шинохтанд, ҳарчанд китобашро ҳам тасдиқ карда буд ва бо он ки з-он пеш хостори пирӯзи бар кофирон буданд, ба ӯ имон наёварданд, ки лаънати Худо бар кофирон буд
Бо худ бадмуомилагӣ карданд, он гоҳ ки аз ҳасад ба китоби Худо кофир шуданд ва аз ин ки Худо фазлу карами хешро ба ҳар кас аз бандагони худ, ки бихоҳад, арзонӣ медорад, ҳасад бурданд ва қарини хашме афзун бар хашми дигар шуданд ва кофиронро азобест хоркунанда
Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки ба он чи Худо нозил кардааст, имон биёваред, мегӯянд: «Мо ба он чи бар худамон нозил шудааст, имон меоварем». Ва ба ғайри он ҳарчанд бо ҳақиқат ҳамроҳ бошад ва китобашро ҳам тасдиқ кунад, имон намеоваранд. Бигӯ: «Агар шумо имон оварда будед, аз чӣ сабаб паёмбарони Худоро пеш аз ин мекуштед?»
Ва гурӯҳе аз аҳли китоб чун паёмбаре аз ҷониби Худо бар онон фиристода шуд, ки ба китобашон ҳам гувоҳӣ медод, китоби Худоро, чунон ки гӯӣ аз он бехабаранд, паси пушт афканданд
Аз миёни аҳли китоб онон, ки кофир шуданд ва низ мушрикон дӯст намедоранд, ки аз ҷониби Парвардигор ба шумо хайре бирасад. Ва ҳол он ки Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ба бахшоиши хеш махсус медорад. Худо соҳиби фазле бузург аст
Бисёре аз аҳли китоб, бо он ки ҳақиқат бар онҳо ошкор шуда, аз рӯӣ ҳасад дӯст доранд шуморо пас аз имон оварданатон ба куфр бозгардонанд. Афв кунед ва гузашт кунед то Худо фармонашро биёварад, ки ӯ бар ҳар коре тавоност
Яҳудон ва тарсоён аз ту хушнуд намешаванд, то ба динашон гардан ниҳӣ. Бигӯ: «Ҳидоят ҳидоятест, ки аз ҷониби Худо бошад». Агар аз он пас ки Худо туро огоҳ кардааст, ба хостаи онҳо пайравӣ кунӣ, ҳеҷ ёвару мададгоре аз ҷониби ӯ нахоҳӣ дошт
Эй Парвардигори мо, моро фармонбардори хеш соз ва низ фарзандони моро фармонбардори хеш гардон ва тариқаи ҳаҷамонро ба мо биёмуз ва тавбаи мо бипазир, ки ту тавбапазиранда ва меҳрубон ҳастӣ
Эй Парвардигори мо, аз миёнашон паёмбаре бар онҳо бифирист, то оёти туро бар онҳо бихонад ва ба онҳо китобу ҳикмат биёмӯзад ва онҳоро покиза созад ва ту пирӯзманду ҳаким ҳастӣ
Онҳо умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ карда буданд, аз они онҳост ва он чӣ шумо кунед, аз они шумост ва шуморо аз аъмоле, ки онҳо мекардаанд, намепурсанд
Бигӯед: «Мо ба Худо ва оёте, ки бар мо нозил шуда ва низ он чӣ бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва сибтҳо нозил омада ва низ он чӣ ба Мӯсо ва Исо фиристода шуда ва он чӣ бар паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон омадааст, имон овардем. Миёни ҳеҷ як аз паёмбарон фарқе намениҳем ва ҳама дар баробари Худо таслим ҳастем»
Агар ба он чӣ шумо имон овардед, онон низ имон биёваранд, ҳидоят ёфтаанд. Аммо агар рӯй бартофтанд, пас бо ту дар душманиву хилофанд ва дар баробари онҳо Худо туро кофист, ки Ӯ шунаво ва доност
Онон умматҳое будаанд, ки акнун даргузаштаанд. Он чӣ онҳо карданд, азони онҳост ва он чӣ шумо мекунед, азони шумост ва шуморо аз аъмоли онҳо намепурсанд
Барои аҳли китоб ҳар бурҳону нишонае, ки биёвари, аз қиблаи ту пайравӣ нахоҳанд кард ва ту низ аз қиблаи онҳо пайравӣ намекунӣ ва онҳо ҳам худ пайравӣ қиблаи якдигар нахоҳанд буд. Ҳар гоҳ пас аз огоҳӣ паи хоҳишҳои эшон биравӣ, аз ситамкорон хоҳӣ буд
Ҳар касеро ҷонибест, ки ба он рӯй меоварад. Пас дар некӣ кардан бар якдигар пешӣ гиред. Ҳар ҷо, ки бошед, Худо шуморо ҳозир меоварад, ки Ӯ бар ҳар коре тавоност
Аз ҳар ҷое, ки берун шавӣ, рӯи хеш ба ҷониби Масҷидулҳаром кун. Ва ҳар ҷо, ки бошед рӯй ба он сӯй кунед то ҳеҷ касро, ҷуз ситамкорон, бо шумо баҳсу муҷодалае набошад. Аз онҳо натарсед, аз ман битарсед то неъмати хеш бар шумо комил кунам, бошад, ки ҳидоят шавед
Ҳамчунон, ки паёмбаре аз худи шуморо бар шумо фиристодем, то оёти моро бароятон бихонад ва шуморо покиза гардонад ва китобу ҳикмат омӯзад ва он чиро, намедонистед, ба шумо ёд диҳад
Касонеро, ки далелҳои равшан ва ҳидояткунандаи моро пас аз он ки дар китоб барои мардум баёнашон кардаем, пинҳон мекунанд, ҳам Худо лаънат мекунад ва ҳам дигар лаънаткунандагон
Дар офариниши осмонҳову замин ва дар омадушуди шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост
Ва он пайравон гӯянд: «Кош бори дигар бозмегаштем, то он чунон ки аз мо безорӣ ҷустаанд, аз онҳо безорӣ меҷустем. Худованд кирдорҳояшонро инчунин сабаби ҳасраташон созад ва онон аз оташ раҳоӣ наёбанд!»
Ҷуз ин нест, ки мурдору хунро ва гӯшти хукро ва он чиро, ки ба ҳангоми забҳ номи ғайри Худо бар он бихонанд, бар шумо ҳаром кард. Аммо касе, ки ночор шавад, ҳар гоҳ ки бемайли ҷӯяд ва аз ҳад нагузаронад, гуноҳе анҷом надода аст, ки Худо омурзанда ва бахшоянда аст
Некӣ он нест, ки рӯи худ ба ҷониби машриқу мағриб кунед, балки некӯкор касест, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби Худо ва паёмбарон имон оварад. Ва моли худро, бо он ки дӯсташ дорад, ба хешовандону ятимон ва дармондагону мусофирон ва гадоёну дарбандмондагон бубахшад. Ва намоз бигузорад закот бидиҳад. Ва низ касоне ҳастанд, ки чун аҳде мебанданд, ба он вафо мекунанд. Ва онон, ки дар бенавоиву беморӣ ва ҳангоми ҷанг сабр мекунанд, инҳо ростгӯён ва парҳезгоронанд
Ҳар гоҳ яке аз шуморо марг фаро расад ва моле бар ҷой гузорад, муқаррар шуд, ки дар бораи падару модар ва хешовандон аз рӯи инсоф васият кунад. Ва ин шоиста парҳезгорон аст
Рӯзҳое башумор. Ҳар кас, ки аз шумо бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар рӯза бидорад. Ва онон, ки тавоноии он надоранд, ҳар рӯзро ба таъом додани мискине бозхаранд. Ва ҳар кӣ ба ихтиёр дар он бияфзояд, барояш беҳтар аст ва агар мехоҳед бидонед, беҳтар он аст, ки худ рӯза бидоред
Моҳи Рамазон, ки дар он барои роҳнамоии мардум ва баёни роҳи равшани ҳидоят ва ҷудо сохтани ҳақ аз ботил Қуръони нозил шудааст, пас ҳар кас, ки ин моҳро дарёбад, бояд ки дар он рӯза бидорад. Ва ҳар кас, ки бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамон адад аз рӯзҳои дигар. Худо барои шумо хостгори осонӣ аст на сахтӣ ва то он шуморо комил созед. Ва Худоро ба он сабаб, ки роҳнамоиятон кардааст, ба бузургӣ ёд кунед ва шукр гӯед
Аз ту дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, мардум вақти корҳои хеш ва замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки Худо тарсӣ кунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароед ва аз Худо битарсед то наҷот ёбед
Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо наҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки ин аст ҷазои кофирон
Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст
Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад, ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар ки аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад
Ҳаҷ дар моҳҳои муъайянест. Ҳар кӣ дар он моҳҳо ин фаризаро адо кунад, бояд, ки дар аснои он ҷимоъ накунад ва фисқе аз ӯ сар назанад ва хусумат накунад. Ҳар кори неке, анҷом медиҳед, Худо аз он огоҳ аст. Ва тӯша бардоред, ки беҳтарини тӯшаҳо парҳезгорист, Эй хирадмандон, аз Ман битарсед
Агар ба ҳангоми ҳаҷ толиби рӯзии Худо бошед, гунаҳгор нашудаед ва чун аз Арафот бозгаштаед, Худоро дар Машъарулҳаром ёд кунед: аз он рӯ ки шуморо ҳидоят карда, дар ҳоле ки пеш аз он гумроҳ будаед
Аз ту мепурсанд, ки чӣ нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ аз моли худ нафақа мекунед, барои падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону мусофирон бошад ва ҳар кори неке, ки кунед, Худо ба он огоҳ аст»
Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: «Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳе бузург аст. Аммо боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва кофир шудан ба ӯ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани мардумаш аз он ҷо дар назди Худованд гуноҳе бузургтар аст ва ширк аз қатл бузургтар аст!». Онҳо бо шумо меҷанганд, то агар битавонанд, шуморо аз динатон бозгардонанд. Аз миёни шумо онҳо, ки аз дини худ бозгарданд ва кофир бимиранд, аъмолашон дар дунё ва охират нобуд шуда ва ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд
Туро аз шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ: «Дар он ду гуноҳе бузург ва нафъҳоест барои мардум. Ва гуноҳашон аз нафъашон бештар аст». Ва аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз нафақа кунанд? Бигӯ: «Он чӣ афзун ояд». Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад, бошад, ки дар кори дунё ва охират бияндешед
Туро аз ятимон мепурсанд. Бигӯ: «Ислоҳи ҳолашон беҳтар аст». Ва агар бо онҳо омезиш мекунед, чун бародарони шумо бошанд. Худованд табаҳкорро аз некӯкор бозмешиносад ва агар хоҳад бар шумо сахт мегирад, ки пирӯзманд ва ҳаким аст
Туро аз ҳайзи занон мепурсанд. Бигӯ: «Ҳайз нопокист. Пас дар айёми ҳайз аз занон дури бигиред ва ба онҳо наздик машавед то пок гарданд. Ва чун пок шуданд, аз он ҷо, ки Худо фармон додааст, бо онҳо наздикӣ кунед. Албатта Худо тавбакунандагон ва покизагонро дӯст дорад!»
Занатон киштзори шумо ҳастанд. Ҳар ҷо, ки хоҳед, ба киштзори худ дароед. Ва барои хеш аз пеш чизе фиристед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки ба назди Ӯ хоҳед рафт. Ва мӯъминонро хушхабар деҳ
Бояд, ки занони талоқшуда то се бор пок шудан аз шавҳар кардан бозистанд. Ва агар ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд, раво нест, ки он чиро, ки Худо дар раҳми онон офаридааст, пинҳон доранд. Ва дар айёми агар шавҳаронашон қасди ислоҳ дошта бошанд, ба бозгардониданашон сазовортаранд. Ва барои занон ҳуқуқе шоиста аст, ҳамонанди вазифае, ки бар ӯҳдаи онҳост, вале мардонро бар занон мартабаест. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст
Ин талоқ ду бор аст ва аз он пас ё ба некӯ тарзе нигаҳ доштани ӯст ё ба некӯ тарзе раҳо сохтанаш. Ва ҳалол нест, ки аз он чӣ ба занон додаед, чизе бозситонед, магар он ки бидонанд, ки ҳудуди Худоро риоят намекунанд. Аммо ҳар гоҳ донистед, ки он ду ҳудуди Худоро риоят намекунанд, агар зан худро аз шӯй бозхарад, гуноҳе бар он ду нест. Инҳо ҳудуди Худо аст. Аз он таҷовуз макунед, ки ситамкорон аз ҳудуди Худо таҷовуз мекунанд
Пас агар боз занро талоқ, дод, дигар бар ӯ ҳалол нест, то он ки ба никоҳи марде дигар дарояд (ва бо он мард ҷимоъ кунад), ва ҳар гоҳ он мард занро талоқ диҳад, агар медонанд, ки ҳудуди Худоро риоят мекунанд руҷӯъашонро гуноҳе нест. Инҳо ҳудуди Худост, ки барои мардуме доно баён мекунад
Ва агар ба киноят аз он занон хостгорӣ кунед ё андешаи худ дар дил ниҳон доред, гуноҳе бар шумо нест. Зеро Худо медонад, ки аз онҳо ба зудӣ ёд хоҳед кард. Вале дар ниҳон бо онон ваъда наниҳед, магар он ки ба тарзе некӯ сухан гӯед; ва оҳанги бастани никоҳ макунед то он муддат тамом шавад ва бидонед, ки Худо ба он чӣ дар дил доред, огоҳ аст. Аз Ӯ битарсед ва бидонед, ки Ӯ омурзанда ва пурсабр аст
Мардоне аз шумо, ки мемиранд ва заноне бар ҷой мегузоранд, бояд ки дар бораи занони худ васият кунанд, ки нафақаи онҳоро ба муддати як сол бидиҳанд ва аз хона берунашон накунанд. Пас агар худ хориҷ шаванд, бо нияти шоистае, ки барои худ мекунанд, гуноҳе бар шумо нест. Ва Худо ғолибу ҳаким аст
Оё он гурӯҳ аз банӣ-Исроилро пас аз Мӯсо надидӣ, ки ба яке аз паёмбарони худ гуфтанд: «Барои мо подшоҳе қарор кун, то дар роҳи Худо биҷангем». Гуфт: «Напиндоред, ки агар ҷанг бар шумо муқаррар шавад, аз он сар бозхоҳед зад?» Гуфтанд: «Чаро дар роҳи Худо наҷангем, дар ҳоле, ки мо аз сарзаминамон берун ронда шудаем ва аз фарзандонамон ҷудо афтодаем?» Ва чун ҷанг бар онҳо муқаррар шуд, ҷуз андаке аз он рӯй бартофтанд. Худо ба ситамкорон огоҳ аст
Чун Толут сипоҳашро ба роҳ андохт, гуфт: «Худо шуморо ба ҷӯи обе меозмояд: ҳар кӣ аз он бихӯрад, аз ман нест ва ҳар кӣ аз он нахӯрад ё танҳо кафе биёшомад, аз ман аст». Ҳама ҷуз андаке аз он нӯшиданд. Чун ӯ ва мӯъминоне, ки ҳамроҳаш буданд, аз наҳр гузаштанд, гуфтанд: «Имрӯз моро тавони Ҷолут ва сипоҳаш нест». Ононе, ки медонистанд, ки бо Худо дидор хоҳанд кард, гуфтанд; «Ба хости Худо чӣ бисёр гурӯҳи андаке, ки бар гурӯҳи бисёре ғалаба кунад», ки Худо бо касонест, ки собиранд
Баъзе аз ин паёмбаронро бар баъзе дигар бартарӣ додем. Худо бо баъзе сухан гуфт ва баъзеро ба дараҷоте боло кард. Ва ба Исо бинни Марям; мӯъҷизаҳо додем ва ӯро ба рӯҳулқудус ёрӣ кардем. Ва агар Худо мехост, мардуме, ки баъд аз онҳо буданд, пас аз он, ки хуҷҷатҳо бар онон ошкор шуда буд, бо якдигар куштор намекарданд. Вале онон ихтилоф карданд: баъзе мӯъмин буданд ва баъзе кофир шуданд. Ва агар Худо мехост, бо ҳам қитол (куштор) намекарданд, вале Худо ҳар чӣ хоҳад мекунад
Эй касоне, ки имон овардаед, пеш аз он ки он рӯзе фаро расад, ки на дар он хариду фурӯше бошад ва на дӯстиву шафоъате, аз он чӣ ба шумо рузӣ додаем, садақа кунед. Ва кофирон худ ситамкоронанд
Музди касоне, ки молҳои худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд ва пас аз харҷ миннате намениҳанд ва озоре намерасонанд, бо Парвардигорашон аст. На бимнок мешаванд ва на андӯҳгин
Ва мисоли касоне, ки амволи хешро барои талаби ризой Худо аз рӯи яқин ва эътиқод харҷ мекунанд, мисли бӯстонест бар теппае, ки бороне сахт бар он борад ва дучандон мева диҳад ва агар на бороне сахт, нарм бороне бар он борад. Худо ба корҳои шумо биност
Эй касоне, ки имон овардаед, аз дастовардҳои некӯи хеш ва аз он чӣ бароятон аз замин рӯёнидем, харҷ кунед, на аз чизҳои нопоку бад, ки худ онҳоро ҷуз аз рӯи чашмпӯшӣ намеситонед. Ва бидонед, ки Худо бениёз ва сазовори ситоиш аст
Ҳидоят ёфтани онон бар ӯҳдаи ту нест, балки Худост, ки ҳар киро, ки бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва ҳар моле, ки садақа мекунед, савобаш азони худи шумост ва ҷуз барои хушнудии Худо чизе харҷ макунед ва ҳар чӣ харҷ кунед, мукофоти он ба шумо мерасад ва бар шумо ситам нахоҳад шуд
Ва ҳар гоҳ чунин накунед, пас ҷанг бо Худову расули Ӯро эълом кунед. Ва агар тавба кунед, асли сармоя аз они шумост. Дар ин ҳол на ситам кардаед ва на тан ба ситам додаед
Ҳар гоҳ дар сафар будед ва котибе наёфтед, бояд чизе ба гарав гирифта шавад ва агар касе аз шумо дигареро боварӣ кард, он кас, ки боварӣ карда шуд, амонатро боз диҳад ва бояд аз Оллоҳ, Парвардигораш битарсад. Ва шоҳидиро пинҳон макунед. Ҳар кас, ки шоҳидиро пинҳон кунад, ба дил гуноҳкор аст ва Худо аз коре, ки мекунед, огоҳ аст
Аз они Худост, ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Он чиро, ки дар дил доред, хоҳ, ошкораш созед ё пушидааш доред, Худо шуморо ба он бозхост хоҳад кард. Пас ҳар киро, ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад. Ва Худо бар ҳар коре тавоност
Худо ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тоқаташ амр намекунад. Некиҳои ҳар кас аз они худи уст ва бадиҳояш аз они худи ӯст. «Эй Парвардигори мо, агар фаромӯш кардаем ё хатое кар даем, моро бозхост макун! Эй Парвардигори мо, он гуна ки бар умматҳои пеш аз мо таклифи вазнин ниҳодӣ, таклифи вазнин бар мо манеҳ ва он чиро, ки тоқати он надорем, бар мо таклиф макун! Гуноҳи мо бубахш ва моро биёмурз ва бар мо раҳмат овар! Ту хоҷаи мо хастӣ. Пас моро бар гурӯҳи кофирон ғолиб гардон!»