Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 20 - Ta-Ha
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ta-Ha 20:1
Verse 2 — Surah Ta-Ha 20:2
Қуръонро бар ту нозил накардаем, ки дар ранҷ Афтӣ
Verse 3 — Surah Ta-Ha 20:3
Танҳо ҳущдорест барои он кӣ метарсад
Verse 4 — Surah Ta-Ha 20:4
Аз ҷониби касе, ки замину осмонҳои баландро офаридааст, нозил шуда
Verse 5 — Surah Ta-Ha 20:5
Худои раҳмон бар арш истилову иҳота дорад
Verse 6 — Surah Ta-Ha 20:6
Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин ва миёни онҳост ва он чӣ дар зери замин аст
Verse 7 — Surah Ta-Ha 20:7
Ва агар сухани баланд гӯӣ, Ӯ ба рози ниҳон ва ниҳонтар огоҳ аст
Verse 8 — Surah Ta-Ha 20:8
Оллоҳ — он ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест, номҳои хуб аз они Ӯст
Verse 9 — Surah Ta-Ha 20:9
Оё хабари Мӯсо ба ту расидааст
Verse 10 — Surah Ta-Ha 20:10
Он гоҳ, ки оташе дид ва ба хонаводаи худ гуфт: «Ин ҷо бошед, ки ман аз дур оташе мебинам, шояд бароятон шӯълаеро биёварам ё дар рӯшноии он роҳе биёбам»
Verse 11 — Surah Ta-Ha 20:11
Чун назди оташ омад, нидо дода шуд: «Эй Мӯсо
Verse 12 — Surah Ta-Ha 20:12
Ман Парвардигори ту ҳастам. Пойафзоратро берун кун, ки инак дар водии муқаддаси Туво ҳастй
Verse 13 — Surah Ta-Ha 20:13
Ва ман туро интихоб кардам (ба пайғамбарӣ). Пас ба он чӣ ваҳй мешавад, гӯш дор
Verse 14 — Surah Ta-Ha 20:14
Худои якто Ман ҳастам. Ҳеҷ Худое ғайри Ман нест. Пас Маро бипараст ва то Маро ёд кунӣ, намоз бигзор
Verse 15 — Surah Ta-Ha 20:15
Қиёмат омаданӣ аст. Мехоҳам замони онро пинҳон дорам, то ҳар кас дар муқобили коре, ки кардааст, ҷазо бубинад
Verse 16 — Surah Ta-Ha 20:16
Он кас, ки ба он имон надорад ва пайрави ҳавои худ аст, туро аз он (имони ба қиёмат) рӯйгардон накунад, то ба ҳалокат афтӣ
Verse 17 — Surah Ta-Ha 20:17
Эй Мӯсо, он чист ба дасти ростат
Verse 18 — Surah Ta-Ha 20:18
Гуфт: «Ин асои ман аст. Бар он такя мекунам ва барои гӯсфандонам бо он барг мерезам. Ва маро бо он корҳои дигар аст»
Verse 19 — Surah Ta-Ha 20:19
Гуфт: «Эй Мӯсо, онро бияфкан»
Verse 20 — Surah Ta-Ha 20:20
Бияфкандаш. Ба ногаҳон море шуд, ки медавид
Verse 21 — Surah Ta-Ha 20:21
Гуфт: «Бигираш ва матарс. Бори дигар онро ба сурати нахустинаш бозмегардонем
Verse 22 — Surah Ta-Ha 20:22
Дасти хеш дар бағал кун, бе ҳеҷ айбе сафед берун ояд. Ин ҳам мӯъҷизаест дигар
Verse 23 — Surah Ta-Ha 20:23
то оятҳои бузургтари худро ба ту нишон диҳем
Verse 24 — Surah Ta-Ha 20:24
Назди Фиръавн бирав, ки саркашӣ мекунад»
Verse 25 — Surah Ta-Ha 20:25
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, синаи маро барои ман кушода гардон
Verse 26 — Surah Ta-Ha 20:26
Ва кори маро осон соз
Verse 27 — Surah Ta-Ha 20:27
Ва гиреҳ аз забони ман бикушой
Verse 28 — Surah Ta-Ha 20:28
то гуфтори маро бифаҳманд
Verse 29 — Surah Ta-Ha 20:29
Ва ёваре аз хонадони ман барои ман қарор деҳ
Verse 30 — Surah Ta-Ha 20:30
бародарам Ҳорунро
Verse 31 — Surah Ta-Ha 20:31
Пушти маро ба ӯ маҳкам кун
Verse 32 — Surah Ta-Ha 20:32
Ва дар кори ман шарикаш гардон
Verse 33 — Surah Ta-Ha 20:33
то Туро фаровон ситоиш кунем
Verse 34 — Surah Ta-Ha 20:34
Ва Туро фаровон ёд кунем
Verse 35 — Surah Ta-Ha 20:35
ки Ту бар ҳоли мо огоҳ будаӣ»
Verse 36 — Surah Ta-Ha 20:36
Гуфт: «Эй Мӯсо, ҳар чӣ хостӣ, ба ту дода шуд
Verse 37 — Surah Ta-Ha 20:37
Ва Мо бори дигар ба ту неъмати фаровон додаем
Verse 38 — Surah Ta-Ha 20:38
Он гоҳ, ки бар модарат он чӣ ваҳй карданӣ буд, ваҳй кардем
Verse 39 — Surah Ta-Ha 20:39
ки ӯро дар сандуқе андоз, сандуқро ба дарё парто, то дарё ба соҳилаш андозад ва яке аз душманони Ман ва душманони ӯ сандуқро бигирад. Муҳаббати худ ба ту арзонӣ доштам, то зери назари Ман парвариш ёбӣ
Verse 40 — Surah Ta-Ha 20:40
Он гоҳ, ки хоҳарат мерафт ва мегуфт: «Мехоҳед шуморо ба касе, ки нигаҳдорияш кунад, роҳ бинамоям?» Мо туро назди модарат бозгардонидем, то чашмонаш равшан гардад ва ғам нахӯрад. Ва ту якеро бикуштӣ ва Мо аз ғам озодат кардем ва борҳо туро биёзмудем. Ва соле чанд миёни мардуми Мадйан зистӣ. Ва акнун, эй Мӯсо, дар ин ҳангом, ки тақдир карда будем, омадаӣ
Verse 41 — Surah Ta-Ha 20:41
Туро хоси Худ кардам
Verse 42 — Surah Ta-Ha 20:42
Ту ва бародарат оёти Маро бибаред ва дар рисолати Ман сустӣ макунед
Verse 43 — Surah Ta-Ha 20:43
Ба сӯи Фиръавн биравед, ки ӯ аз ҳад гузаштааст
Verse 44 — Surah Ta-Ha 20:44
Бо ӯ ба нармӣ сухан гӯед, шояд панд гирад ё битарсад»
Verse 45 — Surah Ta-Ha 20:45
Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, бим дорем, ки бар мо зулму ситам кунад ё саркашӣ аз ҳад бигузаронад»
Verse 46 — Surah Ta-Ha 20:46
Гуфт: «Матарсед. Ман бо шумо ҳастам. Мешунаваму мебинам
Verse 47 — Surah Ta-Ha 20:47
Пас назди ӯ раведу гӯед: «Мо расулони Парвардигори туем. Банӣ-Исроилро бо мо бифирист ва озорашон мадеҳ. Мо нишонае аз Парвардигорат бароят овардаем. Ва салом бар он кас, ки аз паи ҳидоят қадам ниҳад
Verse 48 — Surah Ta-Ha 20:48
Албатта ба мо ваҳй шудааст, ки азоб барои он касест, ки ростро дурӯғ шуморад ва аз он рӯй гардонад»
Verse 49 — Surah Ta-Ha 20:49
Гуфт: «Эй Мӯсо, Парвардигори шумо кист?»
Verse 50 — Surah Ta-Ha 20:50
Гуфт: «Парвардигори мо ҳамон касест, ки офариниши (сурату шакли) ҳар чизеро ба Ӯ дода, сипас ҳидояташ кардаст»
Verse 51 — Surah Ta-Ha 20:51
Гуфт: «Ҳоли қавмҳое, ки аз ин пеш мезистанд, чист?»
Verse 52 — Surah Ta-Ha 20:52
Гуфт: «Илми он дар китобест назди Парвардигори ман, Парвардигори ман на хато мекунад ва на фаромӯш»
Verse 53 — Surah Ta-Ha 20:53
Касест, ки заминро оромгоҳи шумо сохт ва бароятон дар он роҳҳое падид овард ва аз осмон борон фиристод, то бо он анвоъе гуногун аз наботот бирӯёнем
Verse 54 — Surah Ta-Ha 20:54
Бихӯред ва чорпоёнатонро бичаронед. Дар ин барои хирадмандон ибратҳост
Verse 55 — Surah Ta-Ha 20:55
Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем
Verse 56 — Surah Ta-Ha 20:56
Албатта ҳамаи мӯъҷизаҳои Худро ба ӯ нишон додем, вале дурӯғ баровард ва сар боззад
Verse 57 — Surah Ta-Ha 20:57
Гуфт: «Эй Мӯсо, оё назди мо омадаӣ, то моро ба ҷудоӣ аз сарзаминамон берун кунӣ
Verse 58 — Surah Ta-Ha 20:58
Мо низ дар баробари ту ҷодуе чун ҷодуи ту меоварем. Байни мову худ ваъдагоҳе дар замини ҳамвор бигузор, ки на мо ваъдаро хилоф кунем ва на ту»
Verse 59 — Surah Ta-Ha 20:59
Гуфт; «Ваъдагоҳи шумо рӯзи зинат аст ва ҳамаи мардум бад-он ҳангом, ки офтоб баланд гардад гирд оянд
Verse 60 — Surah Ta-Ha 20:60
Фиръавн бозгашт ва ёрони ҳилагари худ ҷамъ кард ва бозомад
Verse 61 — Surah Ta-Ha 20:61
Мӯсо гуфташон: «Вой бар шумо, бар Худо дурӯғ мабандед, ки ҳамаи шуморо ба азобе ҳалок кунад ва ҳар ки дурӯғ бандад, ноумед шавад»
Verse 62 — Surah Ta-Ha 20:62
Пас ба якдигар дар кори худ ба машварат пардохтанд. Ва пинҳон розҳо гуфтанд
Verse 63 — Surah Ta-Ha 20:63
Гуфтанд: «Ин ду ҷодугароне ҳастанд, ки мехоҳанд ба ҷодуи худ шуморо аз сарзаминатон биронанд ва дини беҳтарини шуморо маҳв кунанд
Verse 64 — Surah Ta-Ha 20:64
Шумо тадбирҳои худ ҷамъ кунед ва дар як саф биёед. Касе, ки имрӯз пирӯз шавад наҷот ёбад»
Verse 65 — Surah Ta-Ha 20:65
Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё ту мепартоӣ ё мо нахуст бипартоем?»
Verse 66 — Surah Ta-Ha 20:66
Гуфт: «Шумо бипартоед». Ногаҳон аз ҷодуе, ки карданд, чунон дар назараш омад, ки он бандҳо ва асоҳо ба ҳар сӯ медаванд
Verse 67 — Surah Ta-Ha 20:67
Мӯсо худашро тарсон ёфт
Verse 68 — Surah Ta-Ha 20:68
Гуфтем; «Матарс, ки ту болотар ҳастӣ
Verse 69 — Surah Ta-Ha 20:69
Он чӣ дар дасти рост дорӣ, бияфкан, то ҳар чиро, ки сохтаанд, фурӯ барад. Онон ҳилаи ҷодувон сохтаанд ва ҷодугар ҳеҷ гоҳ пирӯз намешавад»
Verse 70 — Surah Ta-Ha 20:70
Соҳирон ба саҷда водор шуданд. Гуфтанд: «Ба Парвардигори Ҳоруну Мӯсо имон овардем»
Verse 71 — Surah Ta-Ha 20:71
Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ӯ бузурги шумост, ки ба шумо ҷодугарӣ омӯхтааст. Дастҳову поҳотонро аз чапу рост мебурам ва бар танаи дарахти хурмо ба доратон меовезам то бидонед, ки азоби кадом як аз мо сахттару пояндатар аст»
Verse 72 — Surah Ta-Ha 20:72
Гуфтанд: «Савганд ба он ки моро офаридааст, ки туро бар он нишонаҳои равшан, ки дидаем, тарҷеҳ намедиҳем (беҳтар намешуморем), ба ҳар чӣ хоҳӣ, ҳукм кун, ки ривоҷи ҳукми ту дар зиндагии инҷаҳонист
Verse 73 — Surah Ta-Ha 20:73
Инак ба Парвардигори худ имон овардем то аз хатоҳои мо ва он ҷодугарӣ, ки моро ба он водоштӣ, даргузарад, ки Худо беҳтару пойдортар аст»
Verse 74 — Surah Ta-Ha 20:74
Албатта ҳар кас, ки гунаҳкор назди Парвардигораш биёяд, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст, ки дар он ҷо на мемирад ва на зиндагӣ мекунад
Verse 75 — Surah Ta-Ha 20:75
Ва онон, ки бо имон назди ӯ оянд ва корҳои шоиста кунанд, соҳиби дараҷоте баланд бошанд
Verse 76 — Surah Ta-Ha 20:76
Биҳиштҳои ҷовидон, ки дар он наҳрҳо равон аст ва абадӣ дар он ҷо бошанд. Ва ин аст музди покон
Verse 77 — Surah Ta-Ha 20:77
Ба Мӯсо ваҳй кардем, ки бандагони Моро шабҳангом берун бибар ва барояшон (бо мӯъҷиза) дар дарё гузаргоҳе хушк биҷӯй ва матарс, ки бар ту даст ёбанд ва бим ба дил роҳ мадеҳ
Verse 78 — Surah Ta-Ha 20:78
Фирьавн, бо лашкарҳояш аз паяшон равон шуд. Ва дарё чунон, ки бояд, ононро дар худ фурӯ пушид
Verse 79 — Surah Ta-Ha 20:79
Фиръавн қавмашро гумрох кард, на роҳнамоӣ
Verse 80 — Surah Ta-Ha 20:80
«Эй банӣ-Исроил, шуморо аз душманатон раҳонидем ва бо шумо дар ҷониби рости кӯҳи Тур ваъда ниҳодем ва бароятон манна (ширинӣ) ва салво (бедона) нозил кардем
Verse 81 — Surah Ta-Ha 20:81
Аз чизҳои покиза, ки шуморо рӯзӣ додаем, бихӯред ва аз ҳад мегузаронедаш, то мабод хашми Ман ба шумо расад, ки ҳар кас, ки хашми Ман ба ӯ бирасад, дар оташ афтад
Verse 82 — Surah Ta-Ha 20:82
Ҳар кас, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста кунад ва ба роҳи ҳидоят бияфтад, ӯро мебахшоем
Verse 83 — Surah Ta-Ha 20:83
Эй Мӯсо, чӣ чиз туро водошт, то бар қавмат пешӣ гирӣ?» (яъне аз қавмат пештар биёӣ)
Verse 84 — Surah Ta-Ha 20:84
Гуфт: «Онҳо ҳамонҳоянд, ки аз паи ман равонанд. Эй Парвардигори ман, ман ба сӯи Ту шитофтам, то хушнуд гардӣ»
Verse 85 — Surah Ta-Ha 20:85
Гуфт: «Мо қавми туро пас аз ту озмоиш кардем ва Сомирӣ гумроҳашон сохт»
Verse 86 — Surah Ta-Ha 20:86
Мӯсо хашмгин ва пурандӯҳ назди қавмаш бозгашту гуфт: «Эй қавми ман, оё Парвардигоратон шуморо ваъдаҳои некӯ надода буд? Оё дер кардани ман дароз кашид ё хостед, ки хашми Парвардигоратон ба шумо фуруд ояд, ки ваъдаи маро хилоф кардед?»
Verse 87 — Surah Ta-Ha 20:87
Гуфтанд; «Мо ба ихтиёри худ ваъдаи ту хилоф накардем. Аз зару зевари он қавм бардоштем. Онҳоро дар оташ андохтем. Ва Сомирӣ низ андохт
Verse 88 — Surah Ta-Ha 20:88
Ва барояшон тандиси (пайкараи) гӯсолае, ки наъраи говонро дошт, бисохт ва гуфтанд: «Ин худоӣ шумо ва худои Мӯсост. Ва Мӯсо фаромуш карда аст»
Verse 89 — Surah Ta-Ha 20:89
Оё намедонанд, ки ҳеҷ посухе ба суханашон намедиҳад ва ҳеҷ нафъу зиёне барояшон надорад
Verse 90 — Surah Ta-Ha 20:90
Ҳорун низ пеш аз ин ба онҳо гуфта буд: «Эй қавми ман, шуморо ба ин гӯсола озмудаанд. Парвардигори шумо Худои раҳмон аст. Аз паи ман биёед ва фармонбардори ман бошед!»
Verse 91 — Surah Ta-Ha 20:91
Гуфтанд; «Мо ҳамеша ба парастиши ӯ менишинем, то Мӯсо ба назди мо бозгардад»
Verse 92 — Surah Ta-Ha 20:92
Гуфт: «Эй Ҳорун, ҳангоме ки дидӣ гумроҳ мешаванд
Verse 93 — Surah Ta-Ha 20:93
чаро аз паи ман наомадӣ? Оё ту низ аз фармони ман сарпечӣ карда будӣ?»
Verse 94 — Surah Ta-Ha 20:94
Гуфт: «Эй писари модарам, чанг бар ришу сари ман маяндоз. Ман тарсидам, ки бигӯӣ: «Ту миёни банӣ-Исроил ҷудоӣ афкандӣ ва гуфтори маро риоят накардӣ»
Verse 95 — Surah Ta-Ha 20:95
Гуфт: «Ва ту, эй Сомирӣ, ин чӣ коре буд, ки кардӣ?»
Verse 96 — Surah Ta-Ha 20:96
Гуфт: «Ман чизе дидам, ки онҳо намедиданд. Муште аз хоке, ки нақши пои он расул (Ҷибриил) бар он буд, баргирифтам ва дар он қолаб афкандам ва нафси ман ин корро дар чашми ман биёрост»
Verse 97 — Surah Ta-Ha 20:97
Гуфт: «Бирав, дар зиндагии ин дунё чунон шавӣ, ки пайваста бигӯй: «Ба ман наздик машав». Ва низ туро ваъдаест, ки! аз он раҳо нашавӣ ва инак ба худоят, ки пайваста ибодаташ мекардӣ, бингар, ки месӯзонемаш ва ба дарёаш меафшонем
Verse 98 — Surah Ta-Ha 20:98
Ҷуз ин нест, ки худои шумо Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест ва илмаш ҳама чизро дар бар гирифтааст»
Verse 99 — Surah Ta-Ha 20:99
Инчунин хабарҳои гузаштаро барои ту ҳикоят мекунем. Ва ба ту аз ҷониби Худ Қуръонро ато кардем
Verse 100 — Surah Ta-Ha 20:100
Ҳар кас, ки аз он рӯй гардонад, рӯзи қиёмат бори гуноҳ бар дӯш мекашад
Verse 101 — Surah Ta-Ha 20:101
Дар он кор хамеша бимонанд. Ва бори, рӯзи қиёмат барояшон бори бадест
Verse 102 — Surah Ta-Ha 20:102
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гунаҳкоронро дар он рӯз кабудчашм гирд меоварем
Verse 103 — Surah Ta-Ha 20:103
Оҳиста бо ҳам сухан мегӯянд, ки даҳ рӯз беш дар дунё наистодаед
Verse 104 — Surah Ta-Ha 20:104
Мо бар гуфтори онҳо огоҳтарем, он гоҳ ки некӯравиштарини онҳо мегӯяд: «Ҷуз як рӯз наистодаед»
Verse 105 — Surah Ta-Ha 20:105
Туро аз кӯҳҳо мепурсанд. Бигӯ: «Парвардигори ман ҳамаро пароканда месозад
Verse 106 — Surah Ta-Ha 20:106
ва онҳоро ба замине ҳамвор бадал мекунад
Verse 107 — Surah Ta-Ha 20:107
дар он ҳеҷ каҷиву пастиву баландӣ намебинӣ»
Verse 108 — Surah Ta-Ha 20:108
Дар он рӯз аз паи он доъӣ (Исрофил), ки ҳеҷ каҷиро дар ӯ роҳ нест, равон гарданд. Ва садоҳо дар баробари Худои раҳмон паст мешаванд ва аз ҳеҷ кас ғайри садои пое нахоҳӣ шунид
Verse 109 — Surah Ta-Ha 20:109
Дар он рӯз шафоъат нафъ надиҳад, фақат онро, ки Худои раҳмон иҷозат диҳад ва суханашро биписандад, нафъ диҳад
Verse 110 — Surah Ta-Ha 20:110
Ҳар чиро дар пеши рӯи онҳост ва ҳар чиро дар пушти сарашон аст медонад ва илми онон Ӯро дар бар нагирад
Verse 111 — Surah Ta-Ha 20:111
Ва чеҳраҳо дар баробари Худои зиндаи поянда хозеъ (мутеъ) мешавад ва ҳар кӣ бори куфр бар дӯш мекашад, ноумед мегардад
Verse 112 — Surah Ta-Ha 20:112
Ва ҳар кас, ки корҳои шоиста кунад ва мӯъмин бошад, набояд аз ҳеҷ ситаме ва шикасте битарсад
Verse 113 — Surah Ta-Ha 20:113
Инчунин онро Қуръоне арабӣ нозил кардем ва дар он гуногун хушдор додем, шояд битарсанд ё панде тоза гиранд
Verse 114 — Surah Ta-Ha 20:114
Пас бартар аст Худои якто- он подшоҳи ростин! Ва пеш аз он ки ваҳй ба поён расад, дар хондани Қуръон шитоб макун. Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, ба илми ман бияфзой»
Verse 115 — Surah Ta-Ha 20:115
Ва мо пеш аз ин бо Одам паймон бастем, вале фаромӯш кард ва босабраш наёфтем
Verse 116 — Surah Ta-Ha 20:116
Ва он гоҳ, ки ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед». Ҳама ғайри Иблис, ки сарпечӣ кард, саҷда карданд
Verse 117 — Surah Ta-Ha 20:117
Гуфтем: «Эй Одам, ин душмани ту ва ҳамсари туст, шуморо аз биҳишт берун накунад, ки бадбахт шавӣ
Verse 118 — Surah Ta-Ha 20:118
ки ту дар биҳишт на гурусна мешавӣ ва на бараҳна мемонӣ
Verse 119 — Surah Ta-Ha 20:119
ва на ташна мешавӣ ва на дучори тобиши офтоб»
Verse 120 — Surah Ta-Ha 20:120
Шайтон васвасааш карду гуфт: «Эй Одам, оё туро ба дарахти ҷовидонӣ ва мулки дурнашаванда роҳ бинамоям?»
Verse 121 — Surah Ta-Ha 20:121
Аз он дарахт хӯрданд ва шармгоҳашон дар назарашон падидор шуд. Ва ҳамчунон барги дарахтони биҳишт бар онҳо мечаспониданд. Одам ба Парвардигори худ оси шуд ва роҳ гум кард
Verse 122 — Surah Ta-Ha 20:122
Сипас Парвардигораш ӯро ихтиёр кард ва тавбаашро бипазируфт ва ҳидояташ кард
Verse 123 — Surah Ta-Ha 20:123
Гуфт: «Ҳамагӣ аз он ҷо поин равед, душманони якдигар! Агар аз ҷониби Ман шуморо роҳнамоӣ омад, ҳар кас аз он роҳнамоии Ман пайравӣ кунад, на гумроҳ мешавад ва на тирабахт
Verse 124 — Surah Ta-Ha 20:124
Ва ҳар кас, ки аз ёди Ман рӯй гардонад, зиндагиаш танг шавад ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш созем»
Verse 125 — Surah Ta-Ha 20:125
Гӯяд: «Эй Парвардигори ман, чаро маро нобино зинда кардӣ ва ҳол он ки ман бино будам?»
Verse 126 — Surah Ta-Ha 20:126
Гуяд: «Ҳамчунон ки ту оёти Моро фаромӯш мекардӣ, имрӯз худ фаромӯш гаштаӣ»
Verse 127 — Surah Ta-Ha 20:127
Инчунин исрофкорон ва касонеро, ки ба оётӣ Парвардигорашон имон намеоваранд, ҷазо медиҳем. Албатта азоби охират сахттару пойдортар аст
Verse 128 — Surah Ta-Ha 20:128
Оё он ҳама мардуме, ки пеш аз ин дар масокини инҳо роҳ мерафтанд ва Мо ҳамаро ҳалок кардем, сабаби ҳидояти инҳо нашудаанд? Инҳо нишонаҳоест барои хирадмандон
Verse 129 — Surah Ta-Ha 20:129
Агар на сухане буд, ки Парвардигорат пеш аз ин гуфта ва замонро муъайян карда буд, азобашон дар ин ҷаҳон ҳатмӣ мебуд
Verse 130 — Surah Ta-Ha 20:130
Барои он чӣ мегӯянд, бо сабр бош ва Парвардигоратро пеш аз тулӯъи хуршед ва пеш аз ғуруби он ба покӣ ва ҳамд ёд кун. Ва дар соъати шаб ва аввалу охири рӯз тасбеҳ гӯй. Шояд хушнуд гардӣ
Verse 131 — Surah Ta-Ha 20:131
Агар занону мардоне аз онҳоро аз як зиндагии хуш баҳраманд сохтаем, ту ба онҳо манигар. Ин барои он аст, ки имтиҳонашон кунем. Ризқи Парвардигорат беҳтару пойдортар аст
Verse 132 — Surah Ta-Ha 20:132
Касони худро ба намоз фармон деҳ ва худ дар он кор босабр бош. Аз ту рӯзӣ намехоҳем. Мо ба ту рӯзӣ медиҳем. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст
Verse 133 — Surah Ta-Ha 20:133
Ва гуфтанд: «Чаро муъҷизае аз Парвардигораш барои мо намеоварад?» Оё далелҳои равшане, ки дар сахифаҳои пешин омада, ба онҳо нарасидааст
Verse 134 — Surah Ta-Ha 20:134
Агар пеш аз омадани Паёмбаре азобашон мекардем, мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро расуле бар мо нафиристодӣ то пеш аз он ки ба хориву расвоӣ афтем, аз оёти ту пайравӣ кунем?»
Verse 135 — Surah Ta-Ha 20:135
Бигӯ: «Ҳама мунтазиранд, шумо низ мунтазир бимонед. Ба зудӣ хоҳед донист, онҳо, ки ба роҳи рост мераванд ва онҳо, ки ҳидоят ёфтаанд, чӣ касоне ҳастанд»