Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 21 - Al-Anbiya
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Anbiya 21:1
Рӯзи ҳисоби мардум наздик шуд ва онон ҳамчунон ба ғафлат рӯйгардонанд
Verse 2 — Surah Al-Anbiya 21:2
Аз сӯи Парвардигорашон барояшон ҳар панде тозае омад, онро шуниданд ва саргарми бозича буданд
Verse 3 — Surah Al-Anbiya 21:3
Дилҳояшон ғофил шудааст. Ва он ситамгарон сар дар гӯши якдигар ниҳоданду пинҳонӣ гуфтанд: «Оё ин мард як инсоне монанди шумо нест? Оё бо он ки ба чашмн худ мебинед, ҳамчунон аз паи ҷоду меравед?»
Verse 4 — Surah Al-Anbiya 21:4
Гуфт: «Парвардигори ман аз ҳар сухане дар осмону замин огоҳ аст ва Ӯ шунавову доност»
Verse 5 — Surah Al-Anbiya 21:5
Гуфтанд: «На Хобҳои парешон аст ё дурӯғест, ки мебофад ё шоирест. Пас барои мо аз он гуна, ки ба паёмбарони пешин дода шуда буд, мӯъҷизае биёварад»
Verse 6 — Surah Al-Anbiya 21:6
Пеш аз онҳо мардуми деҳаеро, ки ҳалок кардем, имон наёварда буданд. Оё инҳо имон меоваранд
Verse 7 — Surah Al-Anbiya 21:7
Мо пеш аз ту ба пайрамбарӣ фақат мардонеро, ки ба онҳо ваҳй мекардем фиристодем ва агар худ намедонед, аз аҳли китоб бипурсед
Verse 8 — Surah Al-Anbiya 21:8
Онҳоро ҷасадҳое накардем, ки ба таъом мӯҳтоҷ набошанд ва умри ҷовидон ҳам надоштанд
Verse 9 — Surah Al-Anbiya 21:9
Сипас ҳар ваъдае, ки ба онҳо додем, баровардем ва онҳову ҳар касро, ки хостем, раҳонидем ва аз ҳад гузарандагонро ҳалок кардем
Verse 10 — Surah Al-Anbiya 21:10
Китобе бар шумо нозил кардаем, ки дар он шарафи бузурги шумост. Оё ба ақл дарнамеёбед
Verse 11 — Surah Al-Anbiya 21:11
Ва чӣ бисёр ситамкор мардумеро, ки ҳалок кардем ва ба ҷояшон мардуме дигар биёфаридем
Verse 12 — Surah Al-Anbiya 21:12
Чун азоби моро ҳис мекарданд, ба ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд
Verse 13 — Surah Al-Anbiya 21:13
Мегузеред! Бо нозу ишрат ба хонаҳои худ боз гардед то пурсида шавед
Verse 14 — Surah Al-Anbiya 21:14
Гуфтанд; «Вой бар мо, мо ситамкор будаем!»
Verse 15 — Surah Al-Anbiya 21:15
Ва ҳамеша суханашон ин буд, то ҳамаро чун кишти даравида ва оташи хомӯшгашта гардонидем
Verse 16 — Surah Al-Anbiya 21:16
Мо ин осмону замин ва он чиро миёни он дӯст, ба бозича наофаридаем
Verse 17 — Surah Al-Anbiya 21:17
Агар хостори бозичае мебудем, Худ онро меофаридем, агар хоста будем
Verse 18 — Surah Al-Anbiya 21:18
Балки ҳақро бар сари ботил мезанем, то онро дар ҳам кӯбад ва ботил нобудшаванда аст. Ва вой бар шумо аз он чӣ ба Худо сифат медиҳед
Verse 19 — Surah Al-Anbiya 21:19
Аз они Ӯст ҳар кӣ дар осмонҳову замин аст. Ва онон, ки дар назди Ӯ ҳастанд, аз ибодаташ ба такаббур сар наметобанд ва хаста намешаванд
Verse 20 — Surah Al-Anbiya 21:20
Шабу рӯз, бе он ки сустие дар онҳо падид ояд, тасбеҳ мегӯянд
Verse 21 — Surah Al-Anbiya 21:21
Оё дар замин худоёне интихобидаанд, ки мурдагонро аз гӯр бар мехезонанд
Verse 22 — Surah Al-Anbiya 21:22
Агар дар замину осмон худоёне ғайри Оллоҳ мебуд, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас Оллоҳ — Парвардигори арш аз ҳар чӣ ба васфаш мегӯянд, пок аст
Verse 23 — Surah Al-Anbiya 21:23
Ӯ дар баробари ҳеҷ як аз корҳое, ки мекунад, пурсида намешавад, вале мардум пурсида мешаванд
Verse 24 — Surah Al-Anbiya 21:24
Оё ба ҷуз Ӯ худоёнро интихобидаанд? Бигӯ: «Ҳуҷҷати худ биёваред. Дар ин китоб сухани касонест, ки бо ман ҳастанд ва сухане касоне, ки пеш аз ман будаанд». На, бештаринашон чизе аз ҳақ намедонанд ва аз он рӯй мегардонанд
Verse 25 — Surah Al-Anbiya 21:25
Мо пеш аз ту ҳар паёмбаре ки фиристодем, фақат ба ӯ ваҳй кардем, ки ғайри Ман худое нест. Пас Маро бипарастед
Verse 26 — Surah Al-Anbiya 21:26
Ва гуфтанд, ки Худои раҳмон соҳиби фарзанд аст. Пок аст Ӯ. Балки онон бандагоне гироми ҳастанд
Verse 27 — Surah Al-Anbiya 21:27
дар сухан бар Ӯ пешӣ намегиранд ва ба фармони Ӯ кор мекунанд
Verse 28 — Surah Al-Anbiya 21:28
Медонад ҳар чӣ дар баробари онҳост ва ҳар чӣ пушти сари онҳост. Ва онон ҷуз касонерю, ки Худо аз онҳо хушнуд аст, шафоъат намекунанд ва аз бими Ӯ ларзонанд
Verse 29 — Surah Al-Anbiya 21:29
Ҳар кас аз онҳо, ки бигӯяд: «Ман ғайри Ӯ худоям», ҷазои чунин касеро ҷаҳаннам медиҳад ва золимонро чунин ҷазо медиҳем
Verse 30 — Surah Al-Anbiya 21:30
Оё кофирон намедонанд, ки осмонҳову замин ба ҳам якҷоя часпида буданд, Мо онҳоро ҷудо кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об пайдо кардем? Чаро имон намеоваранд
Verse 31 — Surah Al-Anbiya 21:31
Ва бар замин кӯҳҳо биёфаридем то наларзонадашон. Ва дар он роҳҳои васеъ сохтем, бошад, ки роҳи худ биёбанд
Verse 32 — Surah Al-Anbiya 21:32
Ва осмонро сақфе нигоҳдошташуда кардем ва боз ҳам аз ибратҳои он рӯ мегардонанд
Verse 33 — Surah Al-Anbiya 21:33
Ӯст касе, ки шабу рӯз ва офтобу моҳро, ки ҳар як дар фалаке шиноваранд, биёфарид
Verse 34 — Surah Al-Anbiya 21:34
Мо пеш аз ту ҳеҷ инсонеро ҷовидон насохтаем. Чӣ сон агар ту низ бимирӣ, онҳо ҷовидон бимонанд
Verse 35 — Surah Al-Anbiya 21:35
Ҳар кас таъми маргро мечашад. Ва шуморо ба хайру шар меозмоем. Ва ҳама ба назди Мо бозмегардед
Verse 36 — Surah Al-Anbiya 21:36
Кофирон чун туро бубинанд, бешак масхараат хоҳанд кард, ки оё ин ҳамон мардест, ки аз худоёнатон ба бадӣ ёд мекунад? Ва инҳо худ ёди Худои раҳмонро мункиранд
Verse 37 — Surah Al-Anbiya 21:37
Одамӣ шитобкор офарида шуда. Оёти худро ба шумо нишон хоҳам дод, шитоб макунед
Verse 38 — Surah Al-Anbiya 21:38
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пас он ваъда куҷост?»
Verse 39 — Surah Al-Anbiya 21:39
Кофирон он гоҳ, ки натавонанд оташро аз чеҳраву пушти худ боздоранд ва касе ба ёриашон барнахезад, хоҳанд донист
Verse 40 — Surah Al-Anbiya 21:40
Аммо қиёмат ба ногаҳон биояд ва ҳайронашон созад ва аз ӯҳдаи бозгардонидани он барнаёянд ва мӯҳлаташон надиҳанд
Verse 41 — Surah Al-Anbiya 21:41
Паёмбаронеро, ки пеш аз ту буданд, низ ба масхара гирифта буданд, вале азобе, ки масхарааш мекарданд, бар сари масхаракунандагон фуруд омад
Verse 42 — Surah Al-Anbiya 21:42
Бигӯ: «Кист он ки шуморо шабу рӯз аз қаҳри Худои раҳмон ҳифз мекунад?» Бо ин ҳама аз ёд кардани Парвардигорашон рӯйгардонӣ мекунанд
Verse 43 — Surah Al-Anbiya 21:43
Ё он ки худоёне доранд, ки ба ҷои мо ононро аз ҳодисаҳо нигоҳ медоранд? На! Он худоён ёрии худро натавонанд ва на дар баробари мо паноҳида шаванд
Verse 44 — Surah Al-Anbiya 21:44
Балки мо онҳо ва падаронашонро баҳраманд кардем, то умрашон ба дароз кашид. Оё намебинанд, ки қасди ин сарзамин мекунем ва аз атрофи он кам мекунем? Оё боз ҳам онҳо пирӯзанд
Verse 45 — Surah Al-Anbiya 21:45
Бигӯ: «Ман шуморо ба ваҳй бим медиҳам», вале каронро чун бим диҳанд, намешунаванд
Verse 46 — Surah Al-Anbiya 21:46
Ва агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онҳо бирасад, хоҳанд гуфт: «Вой бар мо, ки ситамкор будаем!»
Verse 47 — Surah Al-Anbiya 21:47
Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем, ки мо ҳисоб карданро басандаем
Verse 48 — Surah Al-Anbiya 21:48
Ба Мӯсо ва Ҳорун китобе додем, ки ҳаққу ботилро аз якдигар ҷудо мекунад ва равшаниву панд аст барои парҳезгорон
Verse 49 — Surah Al-Anbiya 21:49
Онон, ки аз Худои худ дар ниҳон метарсанд ва аз рӯзи қиёмат ҳаросноканд
Verse 50 — Surah Al-Anbiya 21:50
Ин муборак Қуръонест, ки нозил кардаем, Оё мункири он ҳастед
Verse 51 — Surah Al-Anbiya 21:51
Пеш аз ин ба Иброҳим қувваи шинохташро ато кардем ва ба ӯ огоҳ будем
Verse 52 — Surah Al-Anbiya 21:52
Он гоҳ, ки ба падараш ва қавмаш гуфт: «Ин суратҳо, ки ба парастиши онҳо дил ниҳодаед, чистанд?»
Verse 53 — Surah Al-Anbiya 21:53
Гуфтанд: «Падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд»
Verse 54 — Surah Al-Anbiya 21:54
Гуфт: «Албатта шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкоро будаед»
Verse 55 — Surah Al-Anbiya 21:55
Гуфтанд: «Барои мо сухани ҳаққе овардаӣ ё моро ба бозӣ гирифтаӣ?»
Verse 56 — Surah Al-Anbiya 21:56
Гуфт: «На, Парвардигори шумо Парвардигори осмонҳову замин аст. Он ки онҳоро биофаридааст. Ва ман бар ин сухан, ки мегӯям, гувоҳӣ медиҳам
Verse 57 — Surah Al-Anbiya 21:57
Ва ба Худо савганд, ки чун шумо биравед, чораи ин бутонатонро хоҳам кард»
Verse 58 — Surah Al-Anbiya 21:58
Онҳоро пора-пора кард. Лекин бузургтаринашонро, пора накард, шояд бар он рӯй оранд
Verse 59 — Surah Al-Anbiya 21:59
Гуфтанд: «Чӣ кас ба худоёни мо чунин кардааст? Албатта ӯ аз ситамкорон аст!»
Verse 60 — Surah Al-Anbiya 21:60
Гуфтанд: «Шунидаем, ки ҷавоне ба номи Иброҳим аз онҳо сухан мегуфтааст»
Verse 61 — Surah Al-Anbiya 21:61
Гуфтанд: «Ӯро ба назди мардум биёваред то шоҳидӣ диҳанд»
Verse 62 — Surah Al-Anbiya 21:62
Гуфтанд: «Эй Иброҳим ту бо худоёни мо чунин кардаӣ?»
Verse 63 — Surah Al-Anbiya 21:63
Гуфт: «Балки бузургтаринашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»
Verse 64 — Surah Al-Anbiya 21:64
Бо худашон гуфтугӯ карданд ва гуфтанд: «Шумо худ ситамкор ҳастед»
Verse 65 — Surah Al-Anbiya 21:65
Он гоҳ ба ҳайрат сар фурӯ доштанд ва гуфтанд: «Ту худ медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд»
Verse 66 — Surah Al-Anbiya 21:66
Гуфт: «Оё ғайри Оллоҳ чизеро мепарастед, ки на шуморо фоида мерасонад, на зиён
Verse 67 — Surah Al-Anbiya 21:67
Безорам аз шумо ва аз он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастед. Оё ба ақл дарнамеёбед
Verse 68 — Surah Al-Anbiya 21:68
Гуфтанд; «Агар мехоҳед коре бикунед, (Иброҳимро) бисӯзонед ва худоёни худро ёрӣ дихед»
Verse 69 — Surah Al-Anbiya 21:69
Гуфтем: «Эй оташ, бар Иброҳим хунук ва саломат бош!»
Verse 70 — Surah Al-Anbiya 21:70
Мехостанд барои Иброҳим макре бияндешанд, вале мо зиёнкорашон гардонидем
Verse 71 — Surah Al-Anbiya 21:71
Ӯ ва Лутро наҷот додем ва ба сарзамине, ки онро баракати ҷаҳониён қарор додаем, бурдем
Verse 72 — Surah Al-Anbiya 21:72
Ва ба ӯ Исҳоқ ва фарзандзодае чун Яъқубро бахшидем. Ва ҳамаро аз шоистагон гардонидем
Verse 73 — Surah Al-Anbiya 21:73
Ва ҳамаро пешвоёне сохтем, ки ба амри Мо ҳидоят мекарданд. Ва анҷом додани корҳои нек ва барпой доштани намоз ва додани закотро ба онҳо ваҳй кардем ва ҳама парастандаи Мо буданд
Verse 74 — Surah Al-Anbiya 21:74
Ва ба Лут ҳукму илм додем ва аз он деҳа, ки мардумаш корҳои палид мекарданд, наҷоташ бахшидем. Онҳо, ки мардуме баду фосиқ буданд
Verse 75 — Surah Al-Anbiya 21:75
Ӯро дар раҳмати худ дохил кардем, ки ӯ аз шоистагон буд
Verse 76 — Surah Al-Anbiya 21:76
Ва Нӯҳро ёд кун, ки пеш аз он Моро нидо дод ва Мо ба ӯ посух додем ва ӯву хонадонашро аз меҳнате бузург раҳонидем
Verse 77 — Surah Al-Anbiya 21:77
Ва ӯро бар мардуме, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, пирӯзӣ додем. Онон бад мардуме буданд ва Мо ҳамаро ғарқ сохтем
Verse 78 — Surah Al-Anbiya 21:78
Ва Довуду Сулаймонро ёд кун, он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ карданд, ки гӯсфандони он қавм шабона дар он ҷо мечариданд. Ва Мо шоҳиди доварии онҳо будем
Verse 79 — Surah Al-Anbiya 21:79
Ва ин шеваи довариро ба Сулаймон омӯхтем ва ҳамаро ҳукму илм додем ва кӯҳҳоро мутеъи Довуд гардонидем, ки онҳо ва паррандагон бо ӯ тасбеҳ мегуфтанд ва ин ҳама Мо кардем
Verse 80 — Surah Al-Anbiya 21:80
Ва ба Ӯ омӯхтем, то бароятон зиреҳ бисозад. То шуморо ба ҳангоми ҷангиданатон ҳифз кунад. Оё сипосгузорӣ мекунед
Verse 81 — Surah Al-Anbiya 21:81
Ва тундбодро фармонбардори Сулаймон кардем, ки ба амри ӯ дар он сарзамин, ки баракаташ дода будем, ҳаракат мекард. Ва Мо бар ҳар чизе доноем
Verse 82 — Surah Al-Anbiya 21:82
Ва гурӯҳе аз девон барояш дар дарё шиноварӣ мекарданд ва ғайри он ба корҳои дигар машғул буданд ва Мо ҳофизи онҳо будем
Verse 83 — Surah Al-Anbiya 21:83
Ва Айюбро ёд кун, он гоҳ, ки Парвардигорашро нидо дод: «Ба ман беморӣ ва ранҷ расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ»
Verse 84 — Surah Al-Anbiya 21:84
Дуъояшро иҷобат кардем. Ва озор аз ӯ дур кардем ва хонадонашро ва монанди онҳоро бо онҳо ба ӯ бозгардонидем. Ва ин раҳмате буд аз ҷониби Мо то худопарастон ҳамеша ба ёд дошта бошанд
Verse 85 — Surah Al-Anbiya 21:85
Ва Исмоил ва Идрис ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз собирон буданд
Verse 86 — Surah Al-Anbiya 21:86
Ононро сазовори бахшоиши худ гардонидем ва ҳама аз шоистагон буданд
Verse 87 — Surah Al-Anbiya 21:87
Ва Зуннунро он гоҳ, ки хашмнок бирафт ва пиндошт, ки ҳаргиз бар ӯ танг намегирем. Ва дар торикӣ нидо дод: «Х, еч худое чуз Ту нест. Ту пок хастй ва ман аз ситамкорон хастам»
Verse 88 — Surah Al-Anbiya 21:88
Дуъояшро мустачоб кардем ва уро аз андух рахонидем ва муъминонро инчунин мерахонем
Verse 89 — Surah Al-Anbiya 21:89
Ва Закариёро ёд кун, он гох ки Парвардигорашро нидо дод: «Эй Парвардигори ман, маро танҳо вомагузор. Ва Ту беҳтарини ворисонӣ!»
Verse 90 — Surah Al-Anbiya 21:90
Дуъояшро мустаҷоб кардем ва ба у Яҳёро бахшидем ва занашро барояш шоиста гардонидем. Инҳо дар корҳои нек шитоб мекарданд ва ба биму умед Моро мехонданд ва дар баробари Мо фурӯтан (сархам) буданд
Verse 91 — Surah Al-Anbiya 21:91
Ва он занро ёд кун, ки шармгоҳи худро нигоҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худо дар ӯ дамидем ва ӯву фарзандашро барои ҷаҳониён ибрате гардонидем
Verse 92 — Surah Al-Anbiya 21:92
Ин шариъати шумост, шариъате ягона. Ва Ман Парвардигори шумоям, Маро бипарастед
Verse 93 — Surah Al-Anbiya 21:93
Ва дар дини худ фирқа-фирқа шуданд. Ҳама ба назди Мо бозмегарданд
Verse 94 — Surah Al-Anbiya 21:94
Ҳар кас, ки коре шоиста кунад ва имон оварда бошад, кушиши ӯро ношукрӣ нест ва Мо амалҳояшонро менависем
Verse 95 — Surah Al-Anbiya 21:95
Ва деҳаеро, ки ба ҳалокат расонидаем, муҳол аст, ки бозгаште дошта бошанд
Verse 96 — Surah Al-Anbiya 21:96
То он гоҳ, ки Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шаванд ва онон аз баландиҳо ба шитоб фароянд
Verse 97 — Surah Al-Anbiya 21:97
Ва он ваъдаи ростин наздик гардад ва чашмони кофирон ҳамчунон хира монад: «Вой бар мо, мо аз ин ҳол ғофил будем. Балки ситамкор будем!»
Verse 98 — Surah Al-Anbiya 21:98
Шумо ва он чизҳое, ки ғайри Оллоҳ мепарастидед, ҳезумҳои дӯзах ҳастед. Шумо ба дӯзах хоҳед рафт
Verse 99 — Surah Al-Anbiya 21:99
Агар инҳо худоён мебуданд, ба ҷаҳаннам намерафтанд ва ҳол он ки ҳама дар ҷаҳаннам ҷовидонанд
Verse 100 — Surah Al-Anbiya 21:100
Онон дар ҷаҳаннам фарёд мекашанд ва дар он ҷо ҳеҷ намешунаванд
Verse 101 — Surah Al-Anbiya 21:101
Касоне, ки пеш аз ин муқаррар кардаем, ки ба онҳо некӯӣ кунем, аз дӯзах барканоранд
Verse 102 — Surah Al-Anbiya 21:102
Инҳо садои дӯзахро намешунаванд ва дар биҳишт, ки ҳар чӣ хоҳанд, муҳайёст, ҷовидонаанд
Verse 103 — Surah Al-Anbiya 21:103
Он ваҳшати бузург ғамгинашон накунад ва фариштагон ба дидорашон оянд, ки ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода буданд
Verse 104 — Surah Al-Anbiya 21:104
Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишта дар ҳам печонем. Ва чунон ки нахустин бор биёфаридем, офариниш аз сар гирем. Ин ваъдаест, ки бароварданаш бар ӯхдаи Мост ва Мо чунон хоҳем кард
Verse 105 — Surah Al-Anbiya 21:105
Ва Мо дар Забур, пас аз Таврот, навиштаем, ки ин заминро бандагони солеҳи Ман ба мерос хоҳанд бурд
Verse 106 — Surah Al-Anbiya 21:106
Ва дар ин китоб таблиғест барои мардуми худопараст
Verse 107 — Surah Al-Anbiya 21:107
Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем
Verse 108 — Surah Al-Anbiya 21:108
Бигӯ: «Ба ман ваҳй шуда, ки Худой шумо Худоест якто, оё ба Ӯ гардан мениҳед?»
Verse 109 — Surah Al-Anbiya 21:109
Пас агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шуморо хабар додам, то ҳама дар огоҳӣ яксон бошед. Ва ман намедонам, он чӣ шуморо ваъда кардаанд, наздик аст ё дур
Verse 110 — Surah Al-Anbiya 21:110
Ӯст, ки медонад ҳар суханеро, ки ба овози баланд гӯед ё дар дил пинҳон доред
Verse 111 — Surah Al-Anbiya 21:111
Ва намедонам шояд ин (дер кардани азоб) озмоише барои шумо ва баҳрамандӣ то ба ҳангоми марг бошад»
Verse 112 — Surah Al-Anbiya 21:112
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба ҳақ довари кун. Ва Парвардигори мо бахшоянда аст ва бо вуҷуди он чӣ мегӯед, ҳама аз Ӯ ёрӣ меҷӯянд»