Back to Languages

Tajik - Chapter 23 - Al-Muminun

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Muminun 23:1

Дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон

Verse 2 — Surah Al-Muminun 23:2

онон, ки дар намозашон тарсу умед мекунанд

Verse 3 — Surah Al-Muminun 23:3

ва онон, ки аз беҳуда рӯй мегардонанд

Verse 4 — Surah Al-Muminun 23:4

ва онон, ки закотро медиҳанд

Verse 5 — Surah Al-Muminun 23:5

ва онон, ки шармгоҳи худро нигоҳ медоранд

Verse 6 — Surah Al-Muminun 23:6

ғайри ҳамсарон ё канизони худ, ки дар наздикӣ бо онон мавриди маломат қарор намегиранд

Verse 7 — Surah Al-Muminun 23:7

ва касоне, ки ғайр аз ин ду биҷӯянд, аз ҳадди худ таҷовуз кардаанд

Verse 8 — Surah Al-Muminun 23:8

ва онон, ки амонатҳо ва паймонҳои худро риоя ме- кунанд

Verse 9 — Surah Al-Muminun 23:9

ва онон, ки бар намозҳои худ давомдиҳандаанд

Verse 10 — Surah Al-Muminun 23:10

инҳо меросбарон ҳастанд

Verse 11 — Surah Al-Muminun 23:11

ки фирдавсро, ки ҳамеша дар он ҷовидонанд, ба мерос мебаранд

Verse 12 — Surah Al-Muminun 23:12

Албатта Мо инсонро аз гили холис офаридем

Verse 13 — Surah Al-Muminun 23:13

сипае ӯро нутфае дар ҷойгоҳе устувор қарор до- дем

Verse 14 — Surah Al-Muminun 23:14

он гоҳ аз он нутфа лахтахуне офаридем ва аз он лахтахун порагӯште ва аз он порагӯшт устухонҳо офаридем ва устухонҳоро бо гӯшт пӯшонидем; бори дигар ӯро офаринише дигар додем. Сазовори таъ- зим аст Худованд, он беҳтарини офаринандагон

Verse 15 — Surah Al-Muminun 23:15

Ва баъд аз ин ҳамаи шумо хоҳед мурд

Verse 16 — Surah Al-Muminun 23:16

Боз дар рӯзи қиёмат зинда мегардед

Verse 17 — Surah Al-Muminun 23:17

Ва бар болои саратон ҳафт осмон биёфаридем, ҳол он ки аз ин офариниш ғофил набудаем

Verse 18 — Surah Al-Muminun 23:18

Ва аз осмон ба миқдори эҳтиёҷ об фиристодем ва онро дар замин ҷой додем ва Мо бар нобуд карда- наш тавоно ҳастем

Verse 19 — Surah Al-Muminun 23:19

Бо он об бароятон бӯстонҳое аз хурмову ангур пайдо кардем. Шуморо дар он борҳо меваҳои бисё- рест, ки аз онҳо мехӯред

Verse 20 — Surah Al-Muminun 23:20

Ва дарахтест, ки дар Тӯри Сино мерӯяд. Равған медиҳад ва он равған барои хӯрандагон нонхӯри- шест

Verse 21 — Surah Al-Muminun 23:21

Шуморо дар чорпоён ибратест. Аз шире, ки дар шикамашон ҳаст, ба шумо мепушонем ва аз онҳо фоида- ҳои бисёр мебаред ва аз онҳо мехӯред

Verse 22 — Surah Al-Muminun 23:22

Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор мешавед

Verse 23 — Surah Al-Muminun 23:23

Қасам, ки Нӯҳро бар қавмаш фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Худои якторо бипарастед. Шуморо Худованде ғайри Ӯ нест. Оё наметарсед?»

Verse 24 — Surah Al-Muminun 23:24

Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, мехоҳад аз шумо болотар шавад. Агар Худо мехост, фарпштаго- неро мефиристод. Мо ҳаргиз чунин чизе дар рӯзго- ри ниёгонамон нашунидаем

Verse 25 — Surah Al-Muminun 23:25

Ӯ марди девонае беш нест. Якчанд муддат бар ӯ сабр кунед». (то маргаш фаро расад)

Verse 26 — Surah Al-Muminun 23:26

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун, ки маро дурӯғ мебароранд, ёриам кун»

Verse 27 — Surah Al-Muminun 23:27

Ба ӯ ваҳй кардем, ки киштиро дар ҳузури Мо ва ба илҳоми Мо бисоз. Ва чун фармони Мо дарра- сид ва об аз танӯр берун зад, аз ҳар ҷинсе дуто ва низ касони худро ба он бибар. Ғайри он кас, ки пеш аз ин дар бораи ӯ сухан рафтааст. Ва дар бораи си- тамкорон бо Ман сухан магӯй, ки онҳо ҳама ғарқ- шудагонанд

Verse 28 — Surah Al-Muminun 23:28

Чун худ ва ҳамроҳонат ба киштӣ нишастед, би- гӯ: «Шукр Худойро, ки моро аз мардуми золим наҷот бахшид»

Verse 29 — Surah Al-Muminun 23:29

Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро фуруд овар дар ҷойгоҳе муборак, ки ту беҳтарини фароран- дагонӣ»

Verse 30 — Surah Al-Muminun 23:30

Дар ин достон ибратҳову пандҳост ва мо танҳо озмояндагоне будем

Verse 31 — Surah Al-Muminun 23:31

Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем

Verse 32 — Surah Al-Muminun 23:32

Ва аз худашон ба миёнашон паёмбаре фиристо- дем, ки Худои якторо бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Оё наметарсед

Verse 33 — Surah Al-Muminun 23:33

Гурӯҳе аз бузургони қавмаш, ки кофир буданд ва дидори охиратро дурӯғ мешумурданд ва дар ин дунёяшон айшу неъмат дода будем, гуфтанд: «Ин мард инсонест монанди шумо, аз он чӣ мехӯред, мехӯрад ва аз он чӣ меошомед. меошомад

Verse 34 — Surah Al-Muminun 23:34

Ва агар ба инсоне монанди худ итоъат кунед, зиён кардаед

Verse 35 — Surah Al-Muminun 23:35

Оё ба шумо ваъда медиҳад, ки чун мурдед ва хоку устухон шудед, шуморо аз гӯр берун меова- ранд

Verse 36 — Surah Al-Muminun 23:36

Ин ваъдае, ки ба шумо дода шуда, дур аст, дур

Verse 37 — Surah Al-Muminun 23:37

Ҷуз ҳамин зиндагонии дунявии мо ҳеҷ нест, ба дунё меоему мемирем ва дигар бор зинда намеша- вем

Verse 38 — Surah Al-Muminun 23:38

Ин мардест, ки ба худои якто дурӯғ мебофад ва мо ба ӯ имон намеоварем»

Verse 39 — Surah Al-Muminun 23:39

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, акнун ки маро ду- рӯғ мебароранд, ёриам кун!»

Verse 40 — Surah Al-Muminun 23:40

Гуфт: «Ба ҳамин зуди аз карда пушаймон меша- ванд»

Verse 41 — Surah Al-Muminun 23:41

Пас ба ҳақ садое сахт ононро фурӯ гирифт. Мо- нанди гиёҳ хушкашон кардем. Эй, насиби мардуми ситамкора дурӣ аз раҳмати Худо бод

Verse 42 — Surah Al-Muminun 23:42

Ва баъд аз онҳо мардуме дигар биёфаридем

Verse 43 — Surah Al-Muminun 23:43

Ҳеҷ миллате аз аҷали худ на пеш меафтад ва на дертар мекунад

Verse 44 — Surah Al-Muminun 23:44

Сипас пай дар пай паёмбарони худро фиристо- дем. Ҳар бор, ки паёмбаре бар миллате омад, дурӯғ бароварданд ва Мо низ онҳоро аз паси якдигар ба ҳалокат расонидем ва ононро достонҳо кардем. Эй, насиби мардуме, ки имон намеоваравдд, дурӣ аз раҳмати Худо бод

Verse 45 — Surah Al-Muminun 23:45

Он гоҳ Мӯсо ва бародараш Ҳорунро бо оёти Худ ва далелҳои равшан фиристодем

Verse 46 — Surah Al-Muminun 23:46

назди Фиръавн ва бузургони қавмаш. Пас гар- данкашӣ кардаид, кн мардуме бартариҷӯй буданд

Verse 47 — Surah Al-Muminun 23:47

ва гуфтанд: «Оё ба ду инсон, ки монанди мо ҳастанд ва қавмашон бандагони мо буданд, имон биёварем?»

Verse 48 — Surah Al-Muminun 23:48

Онҳоро дурӯғ бароварданд ва худро ба ҳалокат афканданд

Verse 49 — Surah Al-Muminun 23:49

Албатта Мо ба Мӯсо китоб додем, бошад, ки ҳи- доят ёбанд

Verse 50 — Surah Al-Muminun 23:50

Ва писари Марям ва модарашро мӯъҷизае сохтем ва он дуро бар баланд ҷое, ки қароргоҳе ва оби равон дошт ҷой додем

Verse 51 — Surah Al-Muminun 23:51

Эй паёмбарон, аз чизҳои покизаву хуш бихӯред ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳое, ки ме- кунед, огоҳам

Verse 52 — Surah Al-Muminun 23:52

Албатта ин дини шумо динест ягона ва Ман Парвардигори шумоям, аз Ман битарсед

Verse 53 — Surah Al-Muminun 23:53

Пас дини худро фирқа-фирқа карданд ва ҳар фирқае ба равише, ки интихоб карда буд, дилхуш буд

Verse 54 — Surah Al-Muminun 23:54

Ононро то чанде дар гумроҳияшон бигузор

Verse 55 — Surah Al-Muminun 23:55

Оё мепиндоранд, ки он молу фарзанд, ки ба онҳо додем

Verse 56 — Surah Al-Muminun 23:56

барои он аст, ки мекӯшем хайре ба онҳо бирасо- нем? На, онон дарнамеёбанд

Verse 57 — Surah Al-Muminun 23:57

Онҳое, ки аз хавфи Парвардигорашон ларзонанд

Verse 58 — Surah Al-Muminun 23:58

ва онҳое, ки ба оёти Парвардигорашон имон ме- оваранд

Verse 59 — Surah Al-Muminun 23:59

ва онҳое, ки ба Парвардигорашон ширк намеова- ранд

Verse 60 — Surah Al-Muminun 23:60

ва онҳое, ки ҳамаи он чиро бояд адо кунанд, адо мекунанд ва боз ҳам дилҳояшон тарсон аст, ки бояд назди Парвардигорашон бозгарданд

Verse 61 — Surah Al-Muminun 23:61

инҳо ҳастанд, ки ба корҳои нек мешитобанд ва дар он бар якдигар пешӣ меҷӯянд

Verse 62 — Surah Al-Muminun 23:62

Бар ҳеҷ кас ҷуз ба миқдори тавонаш таклиф на- мекунем. Ва назди Мо китобест, ки ба ҳақ сухан мегӯяд. Ва бар онҳо ситаме намеравад

Verse 63 — Surah Al-Muminun 23:63

На! Дилҳояшон аз ин сухан дар пардаи ғафлат аст. Ва онҳоро корҳоест ҷуз ин корҳо, ки мекунанд

Verse 64 — Surah Al-Muminun 23:64

То он гоҳ ки сарватмандонашонро ба азоб ги- рифтор кунем ва нола сар диҳанд

Verse 65 — Surah Al-Muminun 23:65

Имрӯз нола сар мадиҳед, ки шуморо аз азоби Мо кас наҷот надиҳад

Verse 66 — Surah Al-Muminun 23:66

Оёти Ман! бароятюн хонда, мешуд ва шумо наме- пазируфтед ва пас-пас мерафтед

Verse 67 — Surah Al-Muminun 23:67

Бар он такаббур мекардед ва шабҳангом дар аф- сонасароӣ носазо мегуфтед

Verse 68 — Surah Al-Muminun 23:68

Оё дар ин сухан намеандешанд ё барои онҳо чи- зе нозил шуда, ки барои ниёгонашон нозил нашуда буд

Verse 69 — Surah Al-Muminun 23:69

Ё он ки паёмбарашонро нашинохтаанд, ки инко- раш мекунанд

Verse 70 — Surah Al-Muminun 23:70

Ё мегӯянд, ки девона аст? На, паёмбарашон ба дини ҳақ бар онҳо фиристода шуд, вале бештара- шон аз ҳақ бадбинӣ доранд

Verse 71 — Surah Al-Muminun 23:71

Агар ҳақ аз паи ҳавасҳояшон мерафт, осмонҳо- ву замин ва ҳар кӣ дар онҳост, ҳалок мешуд. Вале Мо пан; даш, он фиристодем ва онҳо аз пандашон рӯйгардон шуданд

Verse 72 — Surah Al-Muminun 23:72

Ё ту аз онҳо музде металабӣ? Музди Парварди- горат беҳтар аст, ки Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст

Verse 73 — Surah Al-Muminun 23:73

Албатта ту ба роҳи росташон даъват мекунӣ

Verse 74 — Surah Al-Muminun 23:74

Ва касоне, ки ба охират имон надоранд, аз роҳи рост каҷраванд

Verse 75 — Surah Al-Muminun 23:75

Агар бар онҳо раҳмат меоварем ва озореро, ки ба он гирифторанд, аз онҳо дур месохтем, боз ҳам хамчунон бо сарсахтӣ дар таҷовузи худ саргашта ме- монданд

Verse 76 — Surah Al-Muminun 23:76

Ба азоб гирифторашон кардем на сар хам кар- данд ва на илтиҷо

Verse 77 — Surah Al-Muminun 23:77

То он гоҳ ки даре аз азоби сахт ба рӯяшон ку- шодем, чунон ки аз ҳама ҷо ноумед гаштанд

Verse 78 — Surah Al-Muminun 23:78

Ва ӯст он Худое, ки бароятон гӯшу чашму дил биёфарид. Чӣ андак шукр мегузоред

Verse 79 — Surah Al-Muminun 23:79

Ӯст он Худое, ки шуморо дар рӯи замин халқ кард ва ҳама назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед

Verse 80 — Surah Al-Muminun 23:80

Ва Ӯст он Худое, ки зинда мекунад ва мемиро- над ва омадушуди шабу рӯз аз Ӯст, Чаро ақл намекунед

Verse 81 — Surah Al-Muminun 23:81

На, онҳо низ ҳамон суханон гуфтанд, ки пеши- ниён мегуфтанд

Verse 82 — Surah Al-Muminun 23:82

Гуфтанд: «Оё агар мо бимирем ва хоку устухон шавем, боз ҳам зинда мешавем?»

Verse 83 — Surah Al-Muminun 23:83

Ба мо ва падаронамон низ пеш аз ин чунин ваъ- даҳое дода шуда буд. Инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пе- шиниён нест!»

Verse 84 — Surah Al-Muminun 23:84

Бигӯ: «-Агар медонед, ин замин ва ҳар кӣ дар он аст, аз они кист?»

Verse 85 — Surah Al-Muminun 23:85

Хоҳанд гуфт: «Аз они Худо». Бигӯ: «Оё панд на- мегиред?»

Verse 86 — Surah Al-Muminun 23:86

Бигӯ: «Кист Парвардигори ҳафт осмон ва Пар- вардигори арши бузург?»

Verse 87 — Surah Al-Muminun 23:87

Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Оё наметарсед?»

Verse 88 — Surah Al-Muminun 23:88

Бигӯ: «Агар медонед, подшоҳии ҳама чизҳо ба дасти кист? Кист он, ки ба ҳама кас паноҳ диҳад ва касеро аз ӯ паноҳ нест?»

Verse 89 — Surah Al-Muminun 23:89

Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Пас чаро фиреб ме- хӯред?»

Verse 90 — Surah Al-Muminun 23:90

На! Мо бар онҳо сухани рост фиристодем ва онҳо дурӯғ мегӯянд

Verse 91 — Surah Al-Muminun 23:91

Худо ҳеҷ фарзанде надорад ва ҳеҷ худое бо Ӯ нест. Агар чунин мебуд ҳар худое бо офаридагони худ ба як сӯ мекашид ва бар якдигар болотаршавиро меҷустанд. Худо аз он гуна, ки Ӯро васф мекунанд, пок аст

Verse 92 — Surah Al-Muminun 23:92

Донои пинҳону ошкоро, аз ҳар чӣ шарики Ӯ ме- созанд, болотар аст

Verse 93 — Surah Al-Muminun 23:93

Бигӯ: «Эй Парвардигори, ман, кош чизеро, ки ба онон ваъда дода шуда, ба ман нишон медодӣ

Verse 94 — Surah Al-Muminun 23:94

Пас, эй Парвардигори ман, маро дар зумраи си- тамкорон қарор мадеҳ»

Verse 95 — Surah Al-Muminun 23:95

Ва Мо агар бихоҳем, ки он чиро ба онон ваъда додаем, туро нишон диҳем, метавонем

Verse 96 — Surah Al-Muminun 23:96

Сухани бади онҳоро бар ҳар чӣ некӯтар меояд, ҷавоб деҳ. Мо ба сухани онҳо огоҳтар ҳастем

Verse 97 — Surah Al-Muminun 23:97

Бигӯ: «Эй Парвардигори ман, аз васвасаҳои шай- тон ба ту паноҳ меоварам

Verse 98 — Surah Al-Muminun 23:98

Ва ба Ту паноҳ меоварам, эй Парвардигори ман, агар назди ман ҳозир оянд!»

Verse 99 — Surah Al-Muminun 23:99

Чун якеашонро марг фаро расад, гӯяд: «Эй Пар- вардигори ман, маро бозгардон. (ба ҳаёт)

Verse 100 — Surah Al-Muminun 23:100

Шояд корҳои шоистаеро, ки тарк карда будам, ба ҷой оварам». Ҳаргиз! Ин суханест, ки ӯ мегӯяд ва пушти сарашон то рӯзи қиёмат монеъест, ки бозгашт натавонанд

Verse 101 — Surah Al-Muminun 23:101

Чун дар сур дамида шавад, ҳеҷ хешованде миё- нашон намонад ва ҳеҷ аз холи якдигар напурсанд

Verse 102 — Surah Al-Muminun 23:102

Онон, ки тарозуяшон сангин бошад, худ наҷотёф- тагонанд

Verse 103 — Surah Al-Muminun 23:103

Ва онон, ки тарозуяшон сабук бошад, ба худ зиён расокидаанд ва дар ҷаҳаннам ҷовид монда- гонанд

Verse 104 — Surah Al-Muminun 23:104

Оташ чеҳраҳояшонро месӯзонад ва дар дӯзах туршрӯянд

Verse 105 — Surah Al-Muminun 23:105

Оё оятҳои Ман бароятон хонда намешуд ва онҳо- ро дурӯғ меҳисобидед

Verse 106 — Surah Al-Muminun 23:106

Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, шӯрбахтиямон бар мо ғалаба кард ва мо мардуме гумроҳ будем

Verse 107 — Surah Al-Muminun 23:107

Эй Парвардигори мо, моро аз ин оташ берун овар. Агар дигар бор чунон кардем, аз золимон бошем»

Verse 108 — Surah Al-Muminun 23:108

Гӯяд: «Дар оташ гум шавед ва бо Ман сухан нагӯед»

Verse 109 — Surah Al-Muminun 23:109

Оре, гурӯҳе аз бандагони Ман мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро бибахшо ва бар мо раҳмат овар, ки Ту беҳтарини раҳмоваран- дагонӣ»

Verse 110 — Surah Al-Muminun 23:110

Ва шумо масхараашон мекардед то ёди Маро аз хотиратон рабуданд. Ва шумо ҳамчунон ба онҳо механдидед

Verse 111 — Surah Al-Muminun 23:111

Имрӯз онҳоро ба хотири сабре, ки мекарданд, музд медиҳам. Онҳо ба муроди худ расидаанд

Verse 112 — Surah Al-Muminun 23:112

Гӯяд: «Ба шумори солҳо чӣ муддат дар замин зистаед?»

Verse 113 — Surah Al-Muminun 23:113

Гӯянд: «Як рӯз ё қиёмате аз як рӯз. Аз онҳо, ки мешумурданд, бипурс»

Verse 114 — Surah Al-Muminun 23:114

Гӯяд: «Агар огоҳӣ доштед, медонистед, ки ҷуз андаке назистаед

Verse 115 — Surah Al-Muminun 23:115

Оё пин д оре д, ки шуморо беҳуда офаридаем ва шумо ба назди Мо бозгардонида намешавед?»

Verse 116 — Surah Al-Muminun 23:116

Пас пок аст Худои якто — он фармонравои ростин. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест! Парвардигори арши бузургвор аст

Verse 117 — Surah Al-Muminun 23:117

Он кас, ки ба ҷои Худои якто худои дигареро ме- хонад, ва ба ҳаққонияташ ҳеҷ бурҳоне надорад, ин аст, ки ҳисобаш назди Парвардигораш хо- ҳад буд. Ва кофирон наҷот намеёбанд

Verse 118 — Surah Al-Muminun 23:118

Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, бибахшову раҳ- мат кун ва Ту беҳтарини раҳматкунандагон ҳас- тӣ!»