Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 26 - Ash-Shuara
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ash-Shuara 26:1
То, син, мим
Verse 2 — Surah Ash-Shuara 26:2
Инҳост оёти ин китоби равшан(-у фаҳмо)
Verse 3 — Surah Ash-Shuara 26:3
Шояд аз ин, ки имон намеоваранд, худро ҳалок созӣ
Verse 4 — Surah Ash-Shuara 26:4
Агар бихоҳем, аз осмон барояшон мӯъҷизае нозил мекунем, ки дар баробари он ба фармонбарӣ сар фуруд оваранд
Verse 5 — Surah Ash-Shuara 26:5
Барояшон ҳар сухани тозае аз Худои раҳмон нозил шавад, албатта аз он рӯгардонӣ мекунанд
Verse 6 — Surah Ash-Shuara 26:6
Пас дурӯғ бароварданд. Ба зуди хабари он чизҳое, ки масхарааш мекарданд, ба онҳо бирасад
Verse 7 — Surah Ash-Shuara 26:7
Оё ба замин нанигаристаанд, ки чӣ қадар аз ҳар гуна гиёҳони некӯ дар он рӯёнидаем
Verse 8 — Surah Ash-Shuara 26:8
Дар ин ибратест, вале бештарашон мӯъмин набудаанд
Verse 9 — Surah Ash-Shuara 26:9
Ба ростӣ Парвардигори ту пирӯзманду меҳрубон аст
Verse 10 — Surah Ash-Shuara 26:10
Ва Парвардигорат Мӯсоро нидо до, д, ки: эй Мӯсо, ба сӯи он мардуми ситамгор бирав
Verse 11 — Surah Ash-Shuara 26:11
қавми Фиръавн. Оё намехоҳанд парҳезгор шаванд
Verse 12 — Surah Ash-Shuara 26:12
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, метарсам, ки дурӯғгӯям хонанд
Verse 13 — Surah Ash-Shuara 26:13
Ва дили ман танг гардад ва забонам кушода нашавад. Ҳорунро пайғамбарӣ деҳ
Verse 14 — Surah Ash-Shuara 26:14
Ва бар ман ба гуноҳе даъвое доранд, метарсам, ки маро бикушанд»
Verse 15 — Surah Ash-Shuara 26:15
Гуфт: «Ҳаргиз, оёти Маро ҳар ду назди онҳо бибаред, Мо низ бо шумо ҳастем ва гӯшкунандаем
Verse 16 — Surah Ash-Shuara 26:16
Пас назди Фиръавн равед ва бигӯед: «Мо расули Парвардигори ҷаҳониён ҳастем
Verse 17 — Surah Ash-Shuara 26:17
ки банӣ-Исроилро бо мо бифиристӣ»
Verse 18 — Surah Ash-Shuara 26:18
Гуфт: «Оё ба ҳангоми кӯдакӣ назди худ парваришат надодем ва ту чанд сол аз умратро дар миёни мо нагузаронидӣ
Verse 19 — Surah Ash-Shuara 26:19
Ва он корро, ки аз ту оар зад, накардаӣ? Пас ту кофири неъматӣ»
Verse 20 — Surah Ash-Shuara 26:20
Гуфт: «Он вақт, ки чунон кардам, аз хатокорон будам
Verse 21 — Surah Ash-Shuara 26:21
Ва чун аз шумо тарсидам, гурехтам. Вале Парвардигори мам ба ман паёмбарӣ дод ва маро дар шумори паёмбарон овард
Verse 22 — Surah Ash-Shuara 26:22
Ва миннати ин неъматро бар ман мекунӣ, ки банӣ-Исроилро ғулом сохтаӣ?»
Verse 23 — Surah Ash-Shuara 26:23
Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён чист?»
Verse 24 — Surah Ash-Shuara 26:24
Гуфт: «Агар ба яқин мепазиред, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост»
Verse 25 — Surah Ash-Shuara 26:25
Ба онон, ки дар атрофаш буданд, гуфт: «Оё нашунидед?»
Verse 26 — Surah Ash-Shuara 26:26
Гуфт; «Парвардпгори шумо ва Парвардигори падарони аввалини шумо»
Verse 27 — Surah Ash-Shuara 26:27
Фиръазн гуфт: «Ин паёмбаре, ки бар шумо фиристода шуда, девона аст»
Verse 28 — Surah Ash-Shuara 26:28
Гуфт: «Ӯст Парвардигори машрику мағриб ва ҳар чӣ миёни он дӯст, агар ақл кунед»
Verse 29 — Surah Ash-Shuara 26:29
Фиръавн гуфт: «Агар ба ҷои ман каси дигареро ба худои гири, ба зиндонат меафканам»
Verse 30 — Surah Ash-Shuara 26:30
Гуфт: «Ҳатто агар мӯъҷизае равшан барои ту оварда бошам?»
Verse 31 — Surah Ash-Shuara 26:31
Гуфт; Агар рост мегӯӣ, онро биёвар»
Verse 32 — Surah Ash-Shuara 26:32
Асояшро партофт. Ба ошкоро аждаҳое шуд
Verse 33 — Surah Ash-Shuara 26:33
Ва дасташро берун овард. Дар назари бинандагон сафед менамуд
Verse 34 — Surah Ash-Shuara 26:34
Ба бузургони қавмаш, ки канораш буданд, гуфт: «Ин мард ҷодугаре доност
Verse 35 — Surah Ash-Shuara 26:35
Мехоҳад ба ҷодуи. худ шуморо аз сарзаминатон берун кунад. Чӣ раъй медиҳед?»
Verse 36 — Surah Ash-Shuara 26:36
Гуфтанд: «Аз ӯ ва ба бародараш мӯҳлат бихоҳ ва касон ба шаҳрҳо бифирист
Verse 37 — Surah Ash-Shuara 26:37
то ҳар ҷодугари доноеро, ки ҳаёт, назди ту биёранд»
Verse 38 — Surah Ash-Shuara 26:38
Ҷодугаронро дар рӯзе муъайян ба ваъдагоҳ оварданд
Verse 39 — Surah Ash-Shuara 26:39
Ва мардумро гуфтанд: «Оё шумо низ ҷамъ меоед
Verse 40 — Surah Ash-Shuara 26:40
То агар ҷодугарон пирӯз омаданд, ҳама ба онҳо пайравӣ кунем!»
Verse 41 — Surah Ash-Shuara 26:41
Чун ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Оё агар мо пирӯз шавем, моро музде хоҳад буд?»
Verse 42 — Surah Ash-Shuara 26:42
Гуфт: «Оре, ҳама аз наздиконам хоҳед буд»
Verse 43 — Surah Ash-Shuara 26:43
Мӯсо ба онҳо гуфт: «Ҳар чӣ мехоҳед, партофтан, бипартоед!»
Verse 44 — Surah Ash-Shuara 26:44
Онон ресмонҳову чубҳои худ бияфканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн, ки мо пирӯз шудем!»
Verse 45 — Surah Ash-Shuara 26:45
Ва Мӯсо асояшро партофт. Ногоҳ ҳамаи он дурӯғҳоеро, ки сохта буданд, фурӯ бурд
Verse 46 — Surah Ash-Shuara 26:46
Ҷодугарон ба саҷда афтоданд
Verse 47 — Surah Ash-Shuara 26:47
Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
Verse 48 — Surah Ash-Shuara 26:48
Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун!»
Verse 49 — Surah Ash-Shuara 26:49
Гуфт: «Оё пеш аз он, ки шуморо рухсат диҳам, имон овардед? Албатта он мард бузурги шумост, ки шуморо ҷоду омӯхтааст. Хоҳед дид. Акнун дастҳову поҳоятонро аз чапу рост хоҳам бурид ва ҳамаатонро бар дор хоҳам кард!»
Verse 50 — Surah Ash-Shuara 26:50
Гуфтанд: «Боке нест, мо назди Парвардигорамон бозмегардем
Verse 51 — Surah Ash-Shuara 26:51
Мо умед медорем, ки Парвардигорамон хатоҳои моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки имон овардем»
Verse 52 — Surah Ash-Shuara 26:52
Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки шабҳангом бандагони Маро берун бибар, ки аз паи шумо биёянд
Verse 53 — Surah Ash-Shuara 26:53
Ва Фиръавн ҷамъоварандагони сипоҳро ба шаҳрҳо фиристод
Verse 54 — Surah Ash-Shuara 26:54
ки инҳо гурӯҳе андаканд
Verse 55 — Surah Ash-Shuara 26:55
ва моро ба хашм овардаанд
Verse 56 — Surah Ash-Shuara 26:56
ва мо ҳамагӣ омодаи ҷангем
Verse 57 — Surah Ash-Shuara 26:57
Пас онҳоро аз борҳову чашмасорҳо берун кардем
Verse 58 — Surah Ash-Shuara 26:58
ва аз ганҷҳову хонаҳои некӯ
Verse 59 — Surah Ash-Shuara 26:59
ба ин тарз ҳамаро ба банӣ-Исроил вогузоштем
Verse 60 — Surah Ash-Shuara 26:60
Фиръавниён ба ҳангоми баромадани офтоб аз паи онҳо рафтанд
Verse 61 — Surah Ash-Shuara 26:61
Чун он ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Гирифтор омадем!»
Verse 62 — Surah Ash-Shuara 26:62
Гуфт: «Ҳаргиз, Парвардигори ман бо ман аст ва маро роҳ хоҳад нишон дод»
Verse 63 — Surah Ash-Shuara 26:63
Пас ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асоятро ба дарё бизан. Дарё бишикофт ва ҳар пора чун кӯҳе азим гашт
Verse 64 — Surah Ash-Shuara 26:64
Ва он гурӯҳи дигарро низ ба дарё расонидем
Verse 65 — Surah Ash-Shuara 26:65
Мӯсо ва ҳамаи ҳамроҳонашро наҷот додем
Verse 66 — Surah Ash-Shuara 26:66
Ва он дигаронро ғарк сохтем
Verse 67 — Surah Ash-Shuara 26:67
Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наоварданд
Verse 68 — Surah Ash-Shuara 26:68
Албатта Парвардигори ту пирӯзманду бахшанда аст
Verse 69 — Surah Ash-Shuara 26:69
Ва достони Иброҳимро барояшон тиловат кун
Verse 70 — Surah Ash-Shuara 26:70
Он гоҳ ки ба падару қавми худ гуфт: «Чӣ мепарастед?»
Verse 71 — Surah Ash-Shuara 26:71
Гуфтачкд: «Бутонеро мепарастем ва муқими остонашон ҳастем»
Verse 72 — Surah Ash-Shuara 26:72
Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, садоятонро мешунаванд
Verse 73 — Surah Ash-Shuara 26:73
Ё барои шумо фоидаву зиёне доранд?»
Verse 74 — Surah Ash-Shuara 26:74
Гуфтанд: «На, падаронамонро дидаем, ки чунин мекардаанд»
Verse 75 — Surah Ash-Shuara 26:75
Гуфт: Оё медонед, ки чӣ мепарастидаед
Verse 76 — Surah Ash-Shuara 26:76
шумо ва падаронатон
Verse 77 — Surah Ash-Shuara 26:77
Онҳо душманони мананд, вале Парвардигори ҷаҳониён дӯсти ман аст
Verse 78 — Surah Ash-Shuara 26:78
Он, ки маро биёфарида, сипас роҳнамоиям мекунад
Verse 79 — Surah Ash-Shuara 26:79
ва он, ки ба ман таъом медиҳад ва маро об медиҳад
Verse 80 — Surah Ash-Shuara 26:80
ва чун бемор шавам, шифоям мебахшад
Verse 81 — Surah Ash-Shuara 26:81
ва он, ки маро мемиронад ва сипас зинда мекунад
Verse 82 — Surah Ash-Shuara 26:82
ва он, ки умед медорам, ки дар рӯзи қиёмат хатоямро бибахшояд
Verse 83 — Surah Ash-Shuara 26:83
Эй Парвардигори ман, маро ҳикмат бахш ва маро ба шоистагон бипайванд
Verse 84 — Surah Ash-Shuara 26:84
Ва зикри неки маро дар даҳони ояндагон андоз
Verse 85 — Surah Ash-Shuara 26:85
ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат қарор деҳ
Verse 86 — Surah Ash-Shuara 26:86
ва падарамро биёмурз, ки аз гумроҳон аст
Verse 87 — Surah Ash-Shuara 26:87
ва дар рӯзи қиёмат маро расво масоз
Verse 88 — Surah Ash-Shuara 26:88
рӯзе, ки на мол нафъ медиҳад ва на фарзандон
Verse 89 — Surah Ash-Shuara 26:89
ғайри он кас, ки бо қалбе покиза аз ширк ба назди Худо биёяд!»
Verse 90 — Surah Ash-Shuara 26:90
Ва биҳиштро барои парҳезгорон наздик оранд
Verse 91 — Surah Ash-Shuara 26:91
Ва ҷаҳаннамро дар назари кофирон ошкор кунанд
Verse 92 — Surah Ash-Shuara 26:92
Ба онҳо гӯянд: Чизҳое, ки ба ҷои Худои якто мепарастидед, куҷоянд
Verse 93 — Surah Ash-Shuara 26:93
Оё ёриатон мекунанд, ё худ ёрӣ меҷӯянд?»
Verse 94 — Surah Ash-Shuara 26:94
Онҳо ва кофиронро сармагун дар ҷаҳаннам андозанд
Verse 95 — Surah Ash-Shuara 26:95
ва ҳамаи лашкари Иблисро
Verse 96 — Surah Ash-Shuara 26:96
Ва дар ҳоле, ки дар ҷаҳаннам бо якдигар ҳусумат мекунанду, мегӯянд
Verse 97 — Surah Ash-Shuara 26:97
«Ба Худо савганд, ки мо дар гумроҳии ошкор будем
Verse 98 — Surah Ash-Shuara 26:98
он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем
Verse 99 — Surah Ash-Shuara 26:99
Ва моро бадкорон гумроҳ сохтанд
Verse 100 — Surah Ash-Shuara 26:100
ва акнун моро шафеъоне (халоскунандаҳое) нест
Verse 101 — Surah Ash-Shuara 26:101
ва моро дӯсти меҳрубоне нест
Verse 102 — Surah Ash-Shuara 26:102
Кош бори дигар ба дунё бозгардем, то аз мӯъминон гардем»
Verse 103 — Surah Ash-Shuara 26:103
Дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 104 — Surah Ash-Shuara 26:104
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 105 — Surah Ash-Shuara 26:105
Қавми Нӯҳ паёмбаронро дурӯғ барозарданд
Verse 106 — Surah Ash-Shuara 26:106
Он гоҳ ки бародарашон Нӯҳ ба онҳо гуфт: «Оё наметарсед
Verse 107 — Surah Ash-Shuara 26:107
Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам
Verse 108 — Surah Ash-Shuara 26:108
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 109 — Surah Ash-Shuara 26:109
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 110 — Surah Ash-Shuara 26:110
Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед!»
Verse 111 — Surah Ash-Shuara 26:111
Гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем ва ҳол он ки камбағалон пайрави ту ҳастанд?»
Verse 112 — Surah Ash-Shuara 26:112
Гуфт: «Дониши ман ба корҳое, ки мекунанд, намерасад
Verse 113 — Surah Ash-Shuara 26:113
Агар мефаҳмед, ҳисобаш танҳо бо Парвардигори ман аст
Verse 114 — Surah Ash-Shuara 26:114
Ва ман мӯъминонро дур намекунам
Verse 115 — Surah Ash-Shuara 26:115
Бимдиҳандае ошкор ҳастам»
Verse 116 — Surah Ash-Shuara 26:116
Гуфтанд: «Эй Нӯҳ агар бас накунӣ, сангсор мешавӣ»
Verse 117 — Surah Ash-Shuara 26:117
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, қавми ман маро дурӯғ мебароранд
Verse 118 — Surah Ash-Shuara 26:118
Миёни ману онҳо роҳе баркушой ва марову мӯъминони ҳамроҳи маро наҷот бидеҳ»
Verse 119 — Surah Ash-Shuara 26:119
Ӯ ва ҳамроҳонашро дар он киштии пур наҷот додем
Verse 120 — Surah Ash-Shuara 26:120
Ва боқиро ғарк, кардем
Verse 121 — Surah Ash-Shuara 26:121
Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 122 — Surah Ash-Shuara 26:122
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 123 — Surah Ash-Shuara 26:123
Қавми Од паёмбаронро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд)
Verse 124 — Surah Ash-Shuara 26:124
Он гоҳ, ки бародарашон Ҳуд гуфт: «Оё наметарсед
Verse 125 — Surah Ash-Shuara 26:125
Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам
Verse 126 — Surah Ash-Shuara 26:126
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 127 — Surah Ash-Shuara 26:127
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 128 — Surah Ash-Shuara 26:128
Оё бар сари ҳар баландӣ ба беҳудагӣ биное баланд месозед
Verse 129 — Surah Ash-Shuara 26:129
Ва бад-ин пиндор, ки ҳамеша зиндаед, қасрхое бино мекунед
Verse 130 — Surah Ash-Shuara 26:130
Ва ҳар гоҳ интиқом гиред, чун бераҳмон интиқом мегиред
Verse 131 — Surah Ash-Shuara 26:131
Пас аз Худо битарсед ва аз ман итоъат кунед
Verse 132 — Surah Ash-Shuara 26:132
Ва битарсед аз он Худое, ки он чиро, ки медонед, ба шумо ато кардааст
Verse 133 — Surah Ash-Shuara 26:133
Ва ба шумо чорпоёну фарзандон ато кардааст
Verse 134 — Surah Ash-Shuara 26:134
ва боғҳову чашмасорон
Verse 135 — Surah Ash-Shuara 26:135
Ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо бимнокам»
Verse 136 — Surah Ash-Shuara 26:136
Гуфтанд: «Барюй мо яксон аст, ки моро панд диҳӣ ё панд надиҳӣ
Verse 137 — Surah Ash-Shuara 26:137
Инҳо ҷуз ҳамон дурӯғу найранги пешиниён нест
Verse 138 — Surah Ash-Shuara 26:138
Ва мо азоб нахоҳем шуд»
Verse 139 — Surah Ash-Shuara 26:139
Пас дурӯғаш бароварданд ва Мо ононро ҳалок кардем. Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 140 — Surah Ash-Shuara 26:140
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 141 — Surah Ash-Shuara 26:141
Қавми Самуд паёмбаронро дурӯғ бароварданд
Verse 142 — Surah Ash-Shuara 26:142
Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ гуфт: «Оё наметарсед
Verse 143 — Surah Ash-Shuara 26:143
Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам
Verse 144 — Surah Ash-Shuara 26:144
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 145 — Surah Ash-Shuara 26:145
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 146 — Surah Ash-Shuara 26:146
Оё пиндоред, ки шуморо дар ин неъматҳо эмин раҳо мекунанд
Verse 147 — Surah Ash-Shuara 26:147
Дар боғҳову чашмасорҳо
Verse 148 — Surah Ash-Shuara 26:148
Ва киштзорҳову наҳлҳо (хурмозорҳо) бо он шукуфаҳои нарму латиф
Verse 149 — Surah Ash-Shuara 26:149
Ва шодмон дар кӯҳҳо хонаҳое метарошед
Verse 150 — Surah Ash-Shuara 26:150
Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 151 — Surah Ash-Shuara 26:151
Ва фармони ин исрофкоронро қабул накунед
Verse 152 — Surah Ash-Shuara 26:152
Инҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд»
Verse 153 — Surah Ash-Shuara 26:153
Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд
Verse 154 — Surah Ash-Shuara 26:154
Ту низ башаре монанди мо ҳастӣ. Агар рост мегӯӣ, нишонае биёвар»
Verse 155 — Surah Ash-Shuara 26:155
Гуфт: «Ин модашутури ман аст. Як рӯз об хӯрдан ҳаққи ӯ бошад ва як рӯз ҳаққи шумо
Verse 156 — Surah Ash-Shuara 26:156
Ба он осебе нарасонед, ки азоби рӯзе бузург шуморо фурӯ мегирад»
Verse 157 — Surah Ash-Shuara 26:157
Онро куштанд ва пушаймон шуданд
Verse 158 — Surah Ash-Shuara 26:158
Пас азоб онҳоро фурӯ гирифт., Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 159 — Surah Ash-Shuara 26:159
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 160 — Surah Ash-Shuara 26:160
Қавми Лут паёмбаронро дурӯғ бароварданд
Verse 161 — Surah Ash-Shuara 26:161
Он гоҳ, ки бародарашон Лут гуфт: «Оё наметарсед
Verse 162 — Surah Ash-Shuara 26:162
Мам барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам
Verse 163 — Surah Ash-Shuara 26:163
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 164 — Surah Ash-Shuara 26:164
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯхдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 165 — Surah Ash-Shuara 26:165
Чаро аз миёни мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед
Verse 166 — Surah Ash-Shuara 26:166
Ва ҳамсаронеро, ки Парвардигоратон бароятон офаридааст, тарк мегӯед? На, шумо мардуме таҷовузкор ҳастед!»
Verse 167 — Surah Ash-Shuara 26:167
Гуфтанд: «Эй Лут, агар бас накунӣ, аз шаҳр берунат мекунем»
Verse 168 — Surah Ash-Shuara 26:168
Гуфт: «Ман бо кори шумо душманам
Verse 169 — Surah Ash-Shuara 26:169
Эй Парвардигори ман, маро ва касонамро аз оқибати амале, ки мекунанд, наҷот бахш!»
Verse 170 — Surah Ash-Shuara 26:170
Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем
Verse 171 — Surah Ash-Shuara 26:171
ғайри пиразане, ки хост бимонад
Verse 172 — Surah Ash-Shuara 26:172
Сипас дигаронро ҳалок кардем
Verse 173 — Surah Ash-Shuara 26:173
бар онҳо бороне боронидем ва чӣ бад буд борони таҳдидшудагон
Verse 174 — Surah Ash-Shuara 26:174
Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 175 — Surah Ash-Shuara 26:175
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 176 — Surah Ash-Shuara 26:176
Мардуми Айка паёмбаронро дурӯғ бароварданд
Verse 177 — Surah Ash-Shuara 26:177
Он гоҳ ки Шуъайб ба онҳо гуфт: «Оё аз Худо наметарсед
Verse 178 — Surah Ash-Shuara 26:178
Ман барои шумо паёмбаре ростгӯ ҳастам
Verse 179 — Surah Ash-Shuara 26:179
Аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 180 — Surah Ash-Shuara 26:180
Ман аз шумо дар баробари ҳидояти худ музде наметалабам. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 181 — Surah Ash-Shuara 26:181
Паймонаро (зарфи ченкуниро) тамом бипардозед ва камфурӯшӣ макунед
Verse 182 — Surah Ash-Shuara 26:182
Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед
Verse 183 — Surah Ash-Shuara 26:183
Ба мардум кам мадиҳед ва бебокона дар замин фасод макунед
Verse 184 — Surah Ash-Shuara 26:184
Аз он кас, ки шумо ва офаридагони пеш аз шуморо офаридааст, битарсед»
Verse 185 — Surah Ash-Shuara 26:185
Гуфтанд: «Ғайри ин нест, ки туро ҷоду кардаанд
Verse 186 — Surah Ash-Shuara 26:186
Ту низ инсоне монанди мо ҳастӣ ва мепиндорем, ки дурӯғ мегӯӣ
Verse 187 — Surah Ash-Shuara 26:187
Агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар сари мо андоз»
Verse 188 — Surah Ash-Shuara 26:188
Гуфт: «Парвардигори ман ба коро, ки мекунед, донотар аст»
Verse 189 — Surah Ash-Shuara 26:189
Пас дурӯғаш бароварданд ва дар он рӯзи абрӣ азоб ононро фурӯ гирифг. Ва он азоби рӯзе бузург буд
Verse 190 — Surah Ash-Shuara 26:190
Албатта дар ин ибратест ва бештаринашон имон наёварданд
Verse 191 — Surah Ash-Shuara 26:191
Албатта Парвардигори ту ғолибу меҳрубон аст
Verse 192 — Surah Ash-Shuara 26:192
Ва ин китоб нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 193 — Surah Ash-Shuara 26:193
Онро рӯҳуламин нозил кардааст
Verse 194 — Surah Ash-Shuara 26:194
бар дили ту, то аз бимдиҳандагон бошӣ
Verse 195 — Surah Ash-Shuara 26:195
ба забони арабии равшан
Verse 196 — Surah Ash-Shuara 26:196
Ва он дар навиштаҳои пешиниён низ ҳаст
Verse 197 — Surah Ash-Shuara 26:197
Оё ин нишона бар онҳо басанда нест, ки уламои банӣ-Исроил аз он огоҳанд
Verse 198 — Surah Ash-Shuara 26:198
Агар онро бар яке аз аҷамон (ғайри арабҳо) нозил карда будем
Verse 199 — Surah Ash-Shuara 26:199
ва барояшон онро мехонд, ба он имон намеоварданд
Verse 200 — Surah Ash-Shuara 26:200
Ба ин тарз Қуръонро дар дилҳои гунаҳкорон роҳ додем
Verse 201 — Surah Ash-Shuara 26:201
Ба он имон намеоваранд то азоби дардоварро бубинанд
Verse 202 — Surah Ash-Shuara 26:202
Ва он азоб ногаҳон ва бехабар бар онон фурӯд меояд
Verse 203 — Surah Ash-Shuara 26:203
Мегӯянд: «Оё моро мӯҳлате хоҳанд дод?»
Verse 204 — Surah Ash-Shuara 26:204
Оё ба азоби мо мешитобанд
Verse 205 — Surah Ash-Shuara 26:205
Дидӣ, ки ҳарчанд солҳо баҳрамандашон сохтем
Verse 206 — Surah Ash-Shuara 26:206
боз ҳам азобе, ки ба онҳо ваъда шуда буд, бар сарашон омад
Verse 207 — Surah Ash-Shuara 26:207
Он баҳрамандиҳо ба ҳолашон нафъ накард
Verse 208 — Surah Ash-Shuara 26:208
Мо ҳеҷ деҳаеро ҳалок накардем, ҷуз он, ки барояшон бимдиҳандагоне буданд
Verse 209 — Surah Ash-Shuara 26:209
то пандашон диҳанд. Зеро мо ситамкор нестем
Verse 210 — Surah Ash-Shuara 26:210
Ва ин Қуръонро шайтонҳо нозил накардаанд
Verse 211 — Surah Ash-Shuara 26:211
Онон на лоиқи ин коранд ва на тавони он доранд
Verse 212 — Surah Ash-Shuara 26:212
Шайтонҳоро аз шунидани ваҳй дур доштаанд
Verse 213 — Surah Ash-Shuara 26:213
Пас бо Худои якто худои дигареро махон, то мабод дар шумори азобшавандагон дароӣ
Verse 214 — Surah Ash-Shuara 26:214
Хешовандони наздикатро битарсон
Verse 215 — Surah Ash-Shuara 26:215
Дар баробари ҳар як аз мӯъминон, ки ба ту пайравӣ мекунад, хоксору нарм бош
Verse 216 — Surah Ash-Shuara 26:216
Ва агар бар ту нофармони карданд, бигӯ: «Ман аз корҳои шумо безорам!»
Verse 217 — Surah Ash-Shuara 26:217
Ва бар Худои пирӯзманду меҳрубон таваккал кун
Verse 218 — Surah Ash-Shuara 26:218
Он, ки туро мебинад, он гоҳ, ки бармехезӣ
Verse 219 — Surah Ash-Shuara 26:219
ва намоз хонданатро бо дигар намозгузорон мебинад
Verse 220 — Surah Ash-Shuara 26:220
Албатта Ӯст шунавои доно
Verse 221 — Surah Ash-Shuara 26:221
Оё шуморо огоҳ кунам, ки шайтонҳо ба назди киҳо меоянд
Verse 222 — Surah Ash-Shuara 26:222
Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор меоянд
Verse 223 — Surah Ash-Shuara 26:223
Гӯш медиҳанд ва бештаринашон дурӯғгӯёнанд
Verse 224 — Surah Ash-Shuara 26:224
Ва гумроҳон аз паи шоирон мераванд
Verse 225 — Surah Ash-Shuara 26:225
Оё надидаӣ, ки шоирон дар ҳар водие саргаштаанд
Verse 226 — Surah Ash-Shuara 26:226
Ва чизҳо мегӯянд, ки худ амал намекунанд
Verse 227 — Surah Ash-Shuara 26:227
Ғайри онҳо, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва Худоро фаровон ёд карданд ва чун мавриди ситам воқеъ шуданд, интиқом гирифтанд. Ва ситамкорон ба зуди хоҳанд донист, ки ба чӣ маконе бозмегарданд