Back to Languages

Tajik - Chapter 27 - An-Naml

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah An-Naml 27:1

То, син. Ин аст оёти Қуръон ва китоби равшангар

Verse 2 — Surah An-Naml 27:2

Раҳнамун ва хушхабарест барои мӯъминон

Verse 3 — Surah An-Naml 27:3

онон, ки намоз мегузоранд ва закот медиҳанд ва ба рӯзи қиёмат яқин доранд

Verse 4 — Surah An-Naml 27:4

Амалҳои онҳоеро, ки ба охират имон надоранд, дар дар назарашон биёростем. Аз ин рӯй саргашта мондаанд

Verse 5 — Surah An-Naml 27:5

Онҳо ҳамон касонанд, ки азоби сахт аз они онҳост ва дар охират зиёнкортаранд

Verse 6 — Surah An-Naml 27:6

Ту касе ҳастӣ, ки Қуръон аз ҷониби Худои ҳакиму доно ба ту нозил мешавад

Verse 7 — Surah An-Naml 27:7

Мӯсо ба хонаводаи худ гуфт: «Ман аз дур оташе дидам, ба зудӣ, ки аз он бароятон хабаре биёварам ё пораи оташе. Шояд гарм шавед»

Verse 8 — Surah An-Naml 27:8

Чун ба оташ расид, садояш доданд, ки баракат дода шуда он, ки даруни оташ аст ва он, ки дар канори он аст. Ва пок аст Худои якто, он Парвардигори ҷаҳониён

Verse 9 — Surah An-Naml 27:9

«Эй Мӯсо, Ман Худои ғолибу ҳаким ҳастам

Verse 10 — Surah An-Naml 27:10

Асоятро бияфкан!»; Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, матарс. Паёмбарон набояд, ки дар назди ман битарсанд

Verse 11 — Surah An-Naml 27:11

ғайри касе, ки гуноҳе карда бошад ва пас аз бадкорӣ некӯкор шавад. Зеро Ман бахшояндаву меҳрубонам

Verse 12 — Surah An-Naml 27:12

Дастатро дар гиребон бибар, то бе ҳеҷ осебе сафед берун ояд. Бо нӯҳ нишона назди Фиръавн ва қавмаш бирав, ки мардуме фосиқанд»

Verse 13 — Surah An-Naml 27:13

Чун нишонаҳои равшани Моро диданд, гуфтанд: «Ин ҷодуе ошкор аст!»

Verse 14 — Surah An-Naml 27:14

Бо он, ки дар дил ба он яқин оварда буданд, вале аз рӯи ситаму бартариҷӯӣ инкораш карданд. Пас бингар, ки оқибати табаҳкорон чӣ гуна бувад

Verse 15 — Surah An-Naml 27:15

Мо ба Довуду Сулаймон дониш додем. Гуфтанд: «Шукр Худоро аст, ки моро бар бисёре аз бандагони мӯъмини худ бартарӣ дод!»

Verse 16 — Surah An-Naml 27:16

Ва Сулаймон вориси Довуд шуд ва гуфт: «Эй мардум, ба мо забони мурғон омӯхтанд ва аз ҳар неъмате ато карданд. Ва ин иноятест ошкор!»

Verse 17 — Surah An-Naml 27:17

Сипоҳиёни Сулаймон аз ҷинну одами ва парранда гирд омаданд ва онҳо ба саф мерафтанд

Verse 18 — Surah An-Naml 27:18

То ба водии мӯрчагон расиданд. Мӯрчае гуфт: «Эй мӯрчагон, ба лонаҳои худ дароед, то Сулаймону лашкариёнаш шуморо бехабар помол накунанд»

Verse 19 — Surah An-Naml 27:19

Сулаймон аз сухани ӯ лабханд заду гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро тавфиқ деҳ то шукри неъмати туро, ки бар ман ва падару модари ман арзонӣ доштаӣ, ба ҷой оварам ва корҳои шоистае кунам, ки ту хушнуд шавӣ ва маро ба раҳмати худ дар шумори бандагони шоистаат даровар!»

Verse 20 — Surah An-Naml 27:20

Дар миёни мурғон ҷустуҷӯ кард ва гуфт: «Чаро ҳудҳудро намебинам. Оё аз ғоибшудагон аст

Verse 21 — Surah An-Naml 27:21

Ба сахттарин тарзе азобаш мекунам ё сарашро мебурам, агар барои ман далеле равшан наорад»

Verse 22 — Surah An-Naml 27:22

Дер карданаш ба дароз накашид. Биёмаду гуфт «Ба чизе даст ёфтаам, ки ту даст наёфта будӣ ва аз Сабо бароят хабаре дуруст овардаам

Verse 23 — Surah An-Naml 27:23

Занеро ёфтам, ки бар онҳо подшоҳӣ мекунад. Аз ҳар неъмате бархурдор аст ва тахте бузург дорад

Verse 24 — Surah An-Naml 27:24

Дидам, ки худ ва мардумаш ба ҷои Худои якто офтобро саҷда мекунанд. Ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон биёростааст ва аз роҳи Худо гумроҳашон кардааст, чунон ки рӯи ҳидоят нахоҳанд дид

Verse 25 — Surah An-Naml 27:25

Чаро Худоеро, ки ниҳони осмонҳову заминро ошкор мекунад ва ҳар чиро пинҳон медоред ё ошкор месозед, медонад, саҷда накунанд

Verse 26 — Surah An-Naml 27:26

Худои якто, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Парвардигори арши азим». (Саҷда)

Verse 27 — Surah An-Naml 27:27

Гуфт: «Акнун бингарем, ки рост гуфтаӣ ё дар шумори дурӯғгӯёнӣ

Verse 28 — Surah An-Naml 27:28

Ин номаи маро бибар ва бар онҳо афкан, сипас ба як сӯ шав ва бингар, ки чӣ ҷавоб медиҳанд»

Verse 29 — Surah An-Naml 27:29

Зан гуфт: «Эй бузургон, номае гиромӣ ба сӯи ман партофта шуд

Verse 30 — Surah An-Naml 27:30

Нома аз Сулаймон аст ва ин аст: «Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон»

Verse 31 — Surah An-Naml 27:31

«Бар ман бартарӣ маҷӯед ва ба таслим назди ман биёед»

Verse 32 — Surah An-Naml 27:32

Зан гуфт: «Эй бузургон, дар кори ман раъй бидиҳед, ки то шумо ҳозир набошед, ман ҳеҷ кореро ҳал натавонам кард»

Verse 33 — Surah An-Naml 27:33

Гуфтанд: Мо қудратмандон ва соҳибони ҷанги сахт ҳастем. Корҳо ба дасти туст. Бингар, ки чӣ фармон медиҳӣ»

Verse 34 — Surah An-Naml 27:34

Зан гуфт: «Подшоҳон чун ба деҳае дароянд, вайронаш мекунанд ва азизонашро хор месозанд. Оре, чунин кунанд

Verse 35 — Surah An-Naml 27:35

Ман ҳадяе наздашон мефиристам ва менигарам, ки қосидон чӣ ҷавоб меоваранд»

Verse 36 — Surah An-Naml 27:36

Чун қосид назди Сулаймон омад, Сулаймон гуфт: «Оё мехоҳед ба мол маро ёрӣ кунед? Он чӣ Худо ба ман дода, аз он чӣ ба шумо дода беҳтар аст. На, шумо ба ҳадяи худ шодмон ҳастед

Verse 37 — Surah An-Naml 27:37

Акнун ба наздашон бозгард. Лашкаре бар сарашон мекашем, ки ҳаргиз тоқати онро надошта бошанд. Ва ба хориву зори аз он ҷо берунашон мекунем»

Verse 38 — Surah An-Naml 27:38

Гуфт: «Эй бузургон, кадом як аз шумо тахти ӯро, пеш аз он, ки ба таслим назди ман ояд, бароям меоваред?»

Verse 39 — Surah An-Naml 27:39

Ифрите аз миёни ҷинҳо гуфт: «Ман қабл аз он, ки аз ҷоят бархезӣ, онро назди ту ҳозир мекунам, ки ман бар ин кор ҳам тавонояму ҳам боваринок»

Verse 40 — Surah An-Naml 27:40

Ва он кас, ки аз илми китоб баҳрае дошт, гуфт: «Ман, пеш аз он, ки чашм бар ҳам занӣ, онро назди ту меоварам». Чун онро назди худ дид, гуфт: «Ин бахшиши Парвардигори ман аст, то маро биёзмояд, ки шукргузорам ё кофири неъмат. Пас ҳар кӣ шукр гӯяд, барои худ гуфтааст ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Парвардигори ман бениёзу карим аст»

Verse 41 — Surah An-Naml 27:41

Гуфт: «Тахташро дигаргун кунед, бубинем онро бозмешиносад ё аз онҳост, ки бознатавонанд шинохт»

Verse 42 — Surah An-Naml 27:42

Чун омад, гуфтандаш: «Оё тахти ту чунин буд?» Гуфт: «Гӯё ҳамон аст. Ва мо пеш аз ин огоҳ шуда будем ва таслим будаем»

Verse 43 — Surah An-Naml 27:43

Ва ӯро аз ҳар чӣ ба ҷои Худои якто мепарастид, боздошт. Зеро ӯ дар зумраи кофирон буд

Verse 44 — Surah An-Naml 27:44

Гуфтандаш: «Ба саҳни қаср дарой!» Чун бидидаш, пиндошт, ҳавзи пур аз об аст. Доман аз соқҳояш баргирифт. Сулаймон гуфт: «Ин саҳнест соф аз шиша». Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман бар худ ситам кардаам ва инак бо Сулаймон дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим шудам»

Verse 45 — Surah An-Naml 27:45

Ва ба қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем, ки: Худои якторо бипарастед. Ногаҳон ду гурӯҳ шуданд ва бо якдигар ба хусумат бархостанд

Verse 46 — Surah An-Naml 27:46

Гуфт: «Эй қавми ман, чаро пеш аз некӣ бар бадӣ мешитобед? Чаро аз Худо бахшоиш намехоҳед? Шояд бар шумо раҳмат оварад»

Verse 47 — Surah An-Naml 27:47

Гуфтанд: «Мо туро ва ёронатро ба фоли бад гирифтаем». Гуфт: «Фоли бадатон назди Худост. Инак мардуме фиребхӯрда ҳастед!»

Verse 48 — Surah An-Naml 27:48

Дар шаҳр нӯҳ марди носолеҳ буданд, ки дар он сарзамин фасод мекарданд, на ислоҳ

Verse 49 — Surah An-Naml 27:49

Гуфтанд; «Ба Худо савганд хӯред, ки ӯ ва касонаш ро шабона мекушем. Ва чун касе ба талаби хунаш бархезад, бигӯем: «Мо ба ҳангомн ҳалокати касони ӯ он ҷо набудаем ва мо ростгуфторем»

Verse 50 — Surah An-Naml 27:50

Ва ғофил буданд, ки агар онҳо ҳилае андешидаанд, Мо низ ҳилае андешидаем

Verse 51 — Surah An-Naml 27:51

Бингар, ки оқибати макрашон чӣ шуд: Мо онҳо ва қавмашонро ба тамомӣ ҳалок кардем

Verse 52 — Surah An-Naml 27:52

Он хонаҳои онҳост, ки ба ҷазои зулме, ки мекарданд, холӣ афтодааст. Дар он доноёнро ибратест

Verse 53 — Surah An-Naml 27:53

Онҳоеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем

Verse 54 — Surah An-Naml 27:54

Ва Лутро ба ёд ор. Он гоҳ ки ба қавми худ гуфт: «Корҳои зишт мекунед, дар ҳоле, ки худ ба зиштии он огоҳед

Verse 55 — Surah An-Naml 27:55

Чаро аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба мардон шаҳват меронед? Шумо мардуме нодон ҳастед!»

Verse 56 — Surah An-Naml 27:56

Ҷавоби қавми ӯ ин буд, ки гуфтанд: «Хонадони Лутро аз деҳи худ берун кунед. Онон даъвои покӣ мекунанд» (Пораи)

Verse 57 — Surah An-Naml 27:57

Ӯ ва касонаш, ғайри занашро, наҷот додем. Чунон хостем, ки он зан аз бозмондагон бошад

Verse 58 — Surah An-Naml 27:58

Бороне бар онҳо боронидем ва борони таҳдидшудагон чӣ бад боронест

Verse 59 — Surah An-Naml 27:59

Бигӯ; «Шукр Оллоҳро ва салом бар бандагони интихобкардаи Ӯ. Оё Оллоҳ беҳтар аст ё он чизҳо, ки шарики Ӯ қарор медиҳанд

Verse 60 — Surah An-Naml 27:60

Ё он касе, ки осмонҳову заминро офарид ва аз осмон бароятон об фиристод ва бо он бӯстонҳое хушманзар рӯёнидем, ки шуморо тавони рӯёнидани дарахте аз он нест. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, онҳо мардуме ҳастанд аз ҳақ қаҷрав

Verse 61 — Surah An-Naml 27:61

Ё он ки заминро оромгоҳ сохт ва дар он рӯдҳо пайдо кард, кӯҳҳо ва миёни ду даре монеъе қарор дод, Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? На, бештаринашон намедонанд

Verse 62 — Surah An-Naml 27:62

Ё он ки дармондаро чун бихонадаш, посух медиҳад ва ранҷ аз ӯ дур мекунад ва шуморо дар замин ҷонишини пешиниён месозад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Чӣ андак панд мегиред

Verse 63 — Surah An-Naml 27:63

Ё он ки шуморо дар торикиҳои биёбону дарё роҳ менамояд ва он кӣ пеш аз борони раҳматаш бодҳоро ба мужда мефиристад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Оллоҳ болотар аст аз ҳар чӣ шарики Ӯ месозанд

Verse 64 — Surah An-Naml 27:64

Ё он ки махлуқотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад ва он, ки аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад. Оё бо вуҷуди Оллоҳ худои дигаре ҳаст? Бигӯ; Агар рост мегӯед: далели худ биёваред!»

Verse 65 — Surah An-Naml 27:65

Бигӯ: «Ҳеҷ кас дар осмонҳову замин ғайбро намедонад, магар Оллоҳ. Ва низ намедонанд чӣ вақт зинда мешаванд!»

Verse 66 — Surah An-Naml 27:66

Дар боби охират ба яқин расиданд? На! Ҳамчунон дар шак ҳастанд, балки мардуме нобиноянд

Verse 67 — Surah An-Naml 27:67

Кофирон гуфтанд: «Чӣ гуна агар мову падаронамон хок шудем, моро аз қабр берун меоваранд

Verse 68 — Surah An-Naml 27:68

Ба мо ва падаронамон ҳам пеш аз ин чунин ваъдае дода буданд. Инҳо чизе ғайри афсонаҳои пешиниён нест!»

Verse 69 — Surah An-Naml 27:69

Бигӯ: «Дар замин сайр кунед ва бингаред, ки поёни кори гунаҳкорон чӣ гуна будааст!»

Verse 70 — Surah An-Naml 27:70

Барояшон андӯҳгин мабош ва аз ҳилае, ки меандешанд, тангдил машав

Verse 71 — Surah An-Naml 27:71

Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, он ваъдаи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»

Verse 72 — Surah An-Naml 27:72

Бигӯ: «Шояд баъзе аз он чӣ ба шитоб металабед, наздики шумо бошад»

Verse 73 — Surah An-Naml 27:73

Ва Парвардигори ту фазли худро бар мардум ато мекунад, вале бештаринашон шукр намегӯянд

Verse 74 — Surah An-Naml 27:74

Ва Парвардигори ту медонад, ки чӣ чизро дар дил ниҳон кардаанд ва чӣ чизро ошкор месозанд

Verse 75 — Surah An-Naml 27:75

Ва дар осмонҳову замин ҳеҷ чизи махфӣ нест, ки он дар китоби мубин наомада бошад

Verse 76 — Surah An-Naml 27:76

Ин Қуръон бисёре аз чизҳоеро, ки банӣ-Исроил дар он ихтилоф доранд, барояшон ҳикоят мекунад

Verse 77 — Surah An-Naml 27:77

Ва барои мӯъмимон ҳидояту раҳмат аст

Verse 78 — Surah An-Naml 27:78

Албатта Парвардигори ту ба раъйи худ миёнашон ҳукм хоҳад кард, ки Ӯ ғолибу доност

Verse 79 — Surah An-Naml 27:79

Пас ба Худо таваккал кун, ки ту ҳамроҳ бо ҳақиқате равшан ҳастӣ

Verse 80 — Surah An-Naml 27:80

Ту наметавонӣ мурдагокро шунаво созӣ ва овози худро ба гӯши кароне, ки аз ту рӯй мегардонанд. Бирасонӣ

Verse 81 — Surah An-Naml 27:81

Ту наметавонӣ кӯронро аз гумроҳияшон роҳ намоӣ. Овози худро танҳо ба гӯши касоне тавонӣ расонд, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва мусалмон ҳастанд

Verse 82 — Surah An-Naml 27:82

Чун фармони қиёмат муқаррар гардад, барояшон ҷунбандае аз замин берун меоварем, ки бо онон сухан бигӯяд, ки ин мардум ба оёти Мо яқин намеоварданд

Verse 83 — Surah An-Naml 27:83

Рӯзе, ки аз ҳар миллате гурӯҳеро аз онон, ки оёти Моро дурӯғ мебароварданд, ҷамъ меоварем ва ононро ба саф биронанд

Verse 84 — Surah An-Naml 27:84

то чун ба маҳшар бирасанд, гӯяд: «Оё шумо оёти Маро дурӯғ мебаровардед ва ҳол он, ки дониши шумо ба он иҳота наёфта буд? Он чӣ коре буд, ки мекардед?»

Verse 85 — Surah An-Naml 27:85

Ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, ҳукми азоб бар онҳо муқаррар шавад, бе он, ки ҳеҷ сухане бигӯянд

Verse 86 — Surah An-Naml 27:86

Оё намебинанд, ки шабро падид овардем, то дар он биёроманд ва рӯзро равшанӣ бахшидем. Албатта дар ин барои мӯъминон ибратҳост

Verse 87 — Surah An-Naml 27:87

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва ҳамаи касоне, ки дар осмонҳову замин ҳастанд, ғайри он кас ки Худо бихоҳад, битарсанд ва ҳама хору залил ба сӯи Ӯ равон шаванд

Verse 88 — Surah An-Naml 27:88

Ва кӯҳҳоро бинӣ, пиндорӣ, ки беҷонанд, ҳол он, ки ба суръати абр мераванд. Кори Худованд, аст, ки ҳар чизеро ба камол халқ кардааст. Албатта Ӯ ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст

Verse 89 — Surah An-Naml 27:89

Ҳар кас, ки кори неке кунад, беҳтар аз онро мукофот гирад ва некӯкорон аз ваҳшати он рӯз дар амон бошанд

Verse 90 — Surah An-Naml 27:90

Ва ононро, ки корҳои бад мекунанд, сарнагун дар оташ андозанд, оё ҷуз мувофиқи корҳое, ки кардаед, ҷазо ёбед

Verse 91 — Surah An-Naml 27:91

Ба ман фармон шуда, ки Парвардигори ин шаҳрро бипарастам. Шаҳре, ки Худованде, ки ҳама чиз аз они Ӯст, ҳурматаш ниҳода ва амр шудаам, ки аз мусалмонон бошам

Verse 92 — Surah An-Naml 27:92

Ва Қуръонро тиловат кунам. Пас ҳар ки ҳидоят ёфт, ба нафъи худ ҳидоят ёфтааст ва ҳар кӣ гумроҳ шуд, бигӯ: «Ман бимдиҳандае ҳастам»

Verse 93 — Surah An-Naml 27:93

Ва бигӯ: «Шукр Худорост. Оёти худро ба шумо нишон медиҳад, то онҳоро бишиносед. Ва Парвардигори ту аз ҳеҷ коре, ки мекунед, бехабар нест»