Back to Languages

Tajik - Chapter 28 - Al-Qasas

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Qasas 28:1

То, син, мим

Verse 2 — Surah Al-Qasas 28:2

Ин аст оятҳои ин китоби равшангар

Verse 3 — Surah Al-Qasas 28:3

Барои онҳо, ки имон меоваранд, достони ростини Мӯсо ва Фиръавнро бар ту мехонем

Verse 4 — Surah Al-Qasas 28:4

Фиръавн дар он сарзамин бартарӣ ҷуст ва мардумашро фирқа-фирқа сохт. Фирқаеро хор медошт ва писаронашонро мекушт ва занонашонро зинда мегузошт, ки ӯ аз фасодкорон буд

Verse 5 — Surah Al-Qasas 28:5

Ва Мо бар он ҳастем, ки бар мустазъафони (заъифони) рӯи замин неъмат диҳем ва ононро пешвоён созем ва ворисон гардонем

Verse 6 — Surah Al-Qasas 28:6

Ва онҳоро дар он сарзамин обрӯву қудрат бахшидем ва ба Фиръавну Ҳомон ва лашкариёнашон чизеро, ки аз он метарсиданд, нишон диҳем

Verse 7 — Surah Al-Qasas 28:7

Ва ба модари Мӯсо ваҳй кардем, ки шираш бидеҳ ва агар бар ӯ бимнок шудӣ ӯро ба дарё бияндоз ва матарс ва ғамгин машав, ӯро ба ту бозмегардонем ва дар шумори паёмбаронаш меоварем

Verse 8 — Surah Al-Qasas 28:8

Хонадони Фиръавн ӯро ёфтанд, то душманонашон ва сабаби андӯҳашон гардад, Фиръавн ва Ҳомон ва лашкариёнашон хато мекарданд

Verse 9 — Surah Al-Qasas 28:9

Зани Фиръавн гуфт: «Ин сабаби шодмонии ману туст. Ӯро накушед, шояд ба мо нафъе бирасонад, ё ӯро ба фарзандӣ гирем». Ва намедонистанд, ки чӣ мекунанд

Verse 10 — Surah Al-Qasas 28:10

Дили модари Мӯсо танг шуд. Ва агар дилашро қавӣ накарда будем, то аз мӯъминон бошад, наздик буд, ки он сирро фош созад

Verse 11 — Surah Al-Qasas 28:11

Ва ба хоҳари ӯ гуфт: «Аз паи ӯ бирав». Ва зан бе он ки онҳо фаҳманд, аз дур дар ӯ менигарист

Verse 12 — Surah Al-Qasas 28:12

Пистони ҳамаи доягонро аз пеш бар ӯ ҳаром карда будем. Он зан гуфт: «Оё мехоҳед шуморо ба хонаводае роҳнамоӣ кунам, ки ӯро бароятон нигоҳ доранд ва некхоҳаш бошанд?»

Verse 13 — Surah Al-Qasas 28:13

Пас ӯро назди модараш баргардонидем, то чашмони он зан равшан гардад ва ғамгин набошад ва бидонад, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, вале бештаринашон намедонанд

Verse 14 — Surah Al-Qasas 28:14

Чун ба ҳадди булуғ расид ва боқувват шуд, ӯро ҳикмату дониш додем ва некӯкоронро чунии мукофот медиҳем

Verse 15 — Surah Al-Qasas 28:15

Бехабар аз мардуми шаҳр ба шаҳр дохил шуд. Ду танро дид, ки бо ҳам ҷанг мекунанд. Ин як аз пайравонаш буд ва он як аз душманонаш. Он кӣ аз пайравонаш буд, бар зидди он дигар, ки аз душманонаш буд, аз ӯ ёрӣ хост. Мӯсо муште бар ӯ зад ва ӯро кушт. Гуфт: «Ин кори шайтон буд. Ӯ ба ошкоро душмане гумроҳкунанда аст»

Verse 16 — Surah Al-Qasas 28:16

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба худ ситам кардам. Маро бибахшой». Ва Худояш бибахшид. Зеро бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 17 — Surah Al-Qasas 28:17

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ба шукри неъмате, ки бар ман ато кардӣ, ҳаргиз пуштибони гунаҳкорон нахоҳам шуд!»

Verse 18 — Surah Al-Qasas 28:18

Дигар рӯз дар шаҳр тарсон ва чашм бар роҳи ҳодиса мегардид. Марде, ки дирӯз аз ӯ мадад хоста буд, боз ҳам аз ӯ мадад хост. Мӯсо ба ӯ гуфт: «Ту ба ошкоро гумроҳ ҳастӣ!»

Verse 19 — Surah Al-Qasas 28:19

Чун хост мардеро, ки душмани ҳар дуи онҳо буд, бизанад, гуфт: «Эй Мӯсо, оё мехоҳӣ ҳамчунон ки дирӯз якеро куштӣ, маро низ бикушӣ? Ту мехоҳи, ки дар ин сарзамин золиме боши ва намехоҳи, ки аз муслиҳон бошӣ»

Verse 20 — Surah Al-Qasas 28:20

Марде аз дурдасти шаҳр давон омаду гуфт: «Эй Мӯсо, сардорони шаҳр дар бораи ту машварат мекунанд то бикушандат. Берун бирав. Ман хайрхоҳи ту ҳастам!»

Verse 21 — Surah Al-Qasas 28:21

Тарсону нигарон аз шаҳр берун шуд. Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ситамкорон наҷот деҳ!»

Verse 22 — Surah Al-Qasas 28:22

Чун ба ҷониби Мадян равон шуд, гуфт: «Шояд Парвардигори ман маро ба роҳи рост раҳбарӣ кунад»

Verse 23 — Surah Al-Qasas 28:23

Чун ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд, Гуфт: «Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: «Мо об намедиҳем, то он гоҳ, ки чӯпонон бозгарданд, ки падари мо пире бузургвор аст»

Verse 24 — Surah Al-Qasas 28:24

Гӯсфандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам»

Verse 25 — Surah Al-Qasas 28:25

Яке аз он ду зан, ки ба озарм (шарм) роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: «Падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти худ бигуфт, гуфт: «Матарс, ки ту аз мардуми золим наҷот ёфтаӣ»

Verse 26 — Surah Al-Qasas 28:26

Яке аз он ду гуфт: «Эй падар, ӯро мардикор гир, ки агар чунин кунӣ, беҳтарин марди нерӯманди боваринокест, ки мардикор кардаӣ»

Verse 27 — Surah Al-Qasas 28:27

Гуфт: «Мехоҳам яке аз ин ду духтарамро зани ту кунам, ба шарти он, ки ҳашт сол мардикори ман бошӣ. Ва агар даҳ солро пурра кунӣ, худ хидматест ва ман намехоҳам, ки туро ба машаққат афканам. Иншооллоҳ, маро аз солеҳон хоҳй ёфт»

Verse 28 — Surah Al-Qasas 28:28

Гуфт: «Ин аст паймон миёни ману ту. Ҳар як аз ду муддатро, ки тамом кунам, бар ман ситаме, нахоҳад рафт ва Худо бар он чӣ мегӯем, вакил аст»

Verse 29 — Surah Al-Qasas 28:29

Чун Мӯсо муддатро тамом кард ва бо занаш равон шуд, аз сӯи Тур оташе дид. Ба касони худ гуфт: «Ин ҷо истед, Оташе дидам. Шояд аз он хабаре ё пораи оташе биёварам, то гарм шавед»

Verse 30 — Surah Al-Qasas 28:30

Чун назди оташ омад, аз канораи рости водӣ дар он сарзамини муборак аз он дарахт садо дода шуд, ки эй Мӯсо, ман Худои якто, Парвардигори ҷаҳониёнам

Verse 31 — Surah Al-Qasas 28:31

Асоятро бипарто! Чун дидаш, ки монанди море меҷунбад, гурезон бозгашт ва ба ақиб нанигарист. «Эй Мӯсо, пеш ою матарс. Ту дар амон ҳастӣ

Verse 32 — Surah Al-Qasas 28:32

Дасти худ ба гиребон бибар то берун ояд сафед бе ҳеҷ осебе. Ва то аз ваҳшат биёромӣ, дасти худ дар бағал кун. Ин ду аз ҷониби Парвардигорат ҳуҷҷатҳои ту барои Фиръавн ва атрофиёни ӯст, ки онон мардуме нофармонанд»

Verse 33 — Surah Al-Qasas 28:33

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, яке аз онҳоро куштаам ва метарсам маро бикушанд

Verse 34 — Surah Al-Qasas 28:34

Ва бародарам Ҳорун ба забон аз ман фасеҳтар аст. Ӯро ба мадади ман бифирист, то маро тасдиқ кунад, ки бими он дорам, ки дурӯғгӯям шуморанд»

Verse 35 — Surah Al-Qasas 28:35

Гуфт: «Туро бо бародарат қавидаст хоҳем кард ва бароятон ҳуҷҷате қарор медиҳем. Ба сабаби нишонаҳое, ки шуморо додаем, ба шумо даст нахоҳанд ёфт. Шумо ва пайравонатон ғолиб хоҳед буд»

Verse 36 — Surah Al-Qasas 28:36

Чун Мӯсо оёти равшани Моро наздашон овард, гуфтанд; «Ин ҷодуест сохта, мо аз ниёгонамон чунин чизҳое нашунидаем»

Verse 37 — Surah Al-Qasas 28:37

Ва Мӯсо гуфт: «Парвардигори ман ба он касе, ки аз ҷониби Ӯ ба ҳидоят омадааст ва оқибати писандида дар он дунё аз они ӯст, огоҳтар аст. Зеро ситамкорон растагор (наҷотёфта) намешаванд!»

Verse 38 — Surah Al-Qasas 28:38

Фиръавн гуфт: «Эй ҷамоат, ман барои шумо худое ғайри худ намешиносам. Эй Ҳомон, барои ман оҷур (хишт) бипаз ва тораме (гунбаде) баланд бисоз, шояд худои Мӯсоро бубинам, ки дурӯғгӯяш пиндорам»

Verse 39 — Surah Al-Qasas 28:39

Ӯ ва лашкарҳояш ба ноҳақ дар замин саркашӣ карданд ва пиндоштанд, ки ба назди мо бозгардонида намешаванд

Verse 40 — Surah Al-Qasas 28:40

Пас ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Бингар, ки оқибати кори ситамкорон чӣ гуна буд

Verse 41 — Surah Al-Qasas 28:41

Ва ононро аз он гуна пешвоёне сохтем, ки мардумро ба оташ даъват мекунанд ва дар рӯзи қиёмат касе ёриашон накунад

Verse 42 — Surah Al-Qasas 28:42

Дар ин дунё аз паяшон лаънат равона сохтем ва дар рӯзи қиёмат аз зиштрӯёнанд

Verse 43 — Surah Al-Qasas 28:43

Пас аз он, ки мардуми рӯзгори пешинро ҳалок сохтем, ба Мӯсо китоб додем, то мардумро ибрату ҳидоят ва раҳмат бошад. Шояд панд гиранд

Verse 44 — Surah Al-Qasas 28:44

Он гоҳ ки ба Мӯсо фармони амри пайғамбариро ваҳй кардем, ту на дар ҷониби ғарбии Тур будӣ ва на аз ҳозирон

Verse 45 — Surah Al-Qasas 28:45

Вале Мо аз он пас наслҳоеро биёфаридем, ки умрашон ба дароз кашид. Ва ту дар миёни мардуми Мадян муқим набудӣ, ки оёти Моро бар онҳо бихонӣ. Вале Мо будем, ки паёмбароне мефиристодем

Verse 46 — Surah Al-Qasas 28:46

Ту дар канори Тур набудӣ, он гоҳ ки Мӯсоро нидо кардем. Вале ин раҳматест аз ҷониби Парвардигорат то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштанд, бим диҳй. Бошад, ки пандпазир шаванд

Verse 47 — Surah Al-Qasas 28:47

То чун ба сабаби амалҳое, ки кардаанд, мусибате ба онҳо расад, нагӯянд: «Эй Парвардигори мо, чаро паёмбаре бар мо нафиристодӣ, то аз оёти Ту пайравӣ кунем ва аз мӯъминон бошем?»

Verse 48 — Surah Al-Qasas 28:48

Чун паёмбари ростгӯй аз ҷониби Мо бар онон фиристода шуд, гуфтанд: «Чаро он чӣ ба Мӯсо дода шуда, ба ӯ дода нашуда?» Оё инҳо пеш аз ин ба он чӣ ба Мӯсо дода шуда буд, кофир нашуда буданд? Ва гуфтанд, ки ин ҳар ду, ду ҷодуст монанди ҳам ва мо ба ҳеҷ як имон намеоварем

Verse 49 — Surah Al-Qasas 28:49

Бигӯ: «Агар рост мегӯед, аз ҷониби Худованд китобе биёваред, ки аз ин ду беҳтар роҳ бинамояд, то ман ҳам аз он пайравӣ кунам!»

Verse 50 — Surah Al-Qasas 28:50

Пас агар иҷобатат накарданд, бидон, ки аз паи ҳавои нафси худ мераванд ва кист гумроҳтар аз он кас, ки бе он, ки роҳнамоӣ аз Худо хоҳад, аз паи ҳавои нафси худ равад? Зеро Худо мардуми золимро ҳидоят намекунад

Verse 51 — Surah Al-Qasas 28:51

Барояшон сухан дар сухан пайвастем, бошад, ки пандпазир гарданд

Verse 52 — Surah Al-Qasas 28:52

Касоне, ки пеш аз ин китоб китобашон дода будем, ба он имон меоваранд

Verse 53 — Surah Al-Qasas 28:53

Ва чун бар онон тиловат шуд, гуфтанд: «Ба он имон овардем, Ҳаққест аз ҷониби Парвардигори мо ва мо пеш аз он таслим будаем»

Verse 54 — Surah Al-Qasas 28:54

Инон ба сабаби сабре, ки кардаанд, ду бор подош дода шаванд. Инон бадиро ба некӣ дур мекунанд ва низ аз он чӣ рӯзияшон додаем, садақа мекунанд

Verse 55 — Surah Al-Qasas 28:55

Ва чун сухани беҳудае бишнаванд, аз он рӯйгардонӣ кунанд ва гӯянд: «Кирдорҳои мо аз они мо ва кирдорҳои шумо аз они шумо. Ба саломат бимонед. Мо хостори ҷоҳилон нестем!»

Verse 56 — Surah Al-Qasas 28:56

Ту ҳар касро, ки бихоҳӣ, ҳидоят намекунӣ. Худост, ки ҳар киро бихоҳад, ҳидоят мекунад ва Ӯ ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад

Verse 57 — Surah Al-Qasas 28:57

Гуфтанд: «Агар аз дини ту пайравӣ кунем, моро аз сарзаминамон бармекананд». Оё онҳоро дар ҳараме амн ҷой на додаем, ки ҳама гуна меваҳо дар он фароҳам мешавад ва ин ризқест аз ҷониби Мо? Вале бештаринашон намедонанд

Verse 58 — Surah Al-Qasas 28:58

Чӣ басо мардуми деҳаеро ҳалок сохтем, ки аз зиндагии худ дучори сармастӣ шуда буданд ва ин хонаҳои онҳост, ки баъд аз онҳо андак замоне кас дар онҳо сукно (маскан) гирифт ва Мо вориси онҳо будем

Verse 59 — Surah Al-Qasas 28:59

Парвардигори ту мардуми деҳаҳоро ҳалок накард, то он гоҳ, ки аз худашон паёмбаре бар онҳо фиристод ва ӯ оёти Моро бар онҳо бихонд. Ва мо деҳаҳоро нобуд кардаем, ба сабаби он, ки мардумаш ситамкор будаанд

Verse 60 — Surah Al-Qasas 28:60

Чизҳое, ки ба шумо дода шудааст, матоъест ва ороиши ин зиндагии дунявист. Ҳол он ки он чӣ назди Худост, беҳтару монданитар аст. Чаро ақлатонро кор намефармоед

Verse 61 — Surah Al-Qasas 28:61

Оё он кас, ки ӯро ваъдаҳои нек додаем ва он ваъдаҳоро хоҳад дид, монанди касест, ки ӯро аз матоъи инҷаҳонӣ баҳраманд кардаем ва дар рӯзи қиёмат ҳам аз ҳозир карда шудагон аст

Verse 62 — Surah Al-Qasas 28:62

Ва рӯзе, ки ононро нидо медиҳад ва мегӯяд: «Шариконеро, ки барои Ман мепиндоштаед, куҷоянд?»

Verse 63 — Surah Al-Qasas 28:63

Онон, ки ҳукм дар бораашон таҳқиқ шуда мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, инҳо касоне, ҳастанд, ки мо гумроҳашон кардем. Аз он рӯ гумроҳашон кардем, ки худ гумроҳ будем. Аз онҳо безорӣ меҷӯем ва ба ту мегаравем. Инҳо моро намепарастидаанд»

Verse 64 — Surah Al-Qasas 28:64

Ва гуфта шавад: «Акнун бутонатонро фарёд кунед». Фарёд мекунанд, вале ба онҳо ҷавоб намедиҳанд. Ва чун, азобро бубинанд, орзу кунанд, ки кош аз ҳидоятёфтагон мебуданд

Verse 65 — Surah Al-Qasas 28:65

Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Паёмбаронро чӣ гуна қабул кардед?»

Verse 66 — Surah Al-Qasas 28:66

Дар ин рӯз хабарҳо бар онон пӯшида шавад ва аз якдигар низ натавонанд пурсид

Verse 67 — Surah Al-Qasas 28:67

Аммо он кас, ки тавба карда ва имон оварда ва амали солеҳ ба ҷой оварда, шояд, ки аз наҷотёфтагон бошад

Verse 68 — Surah Al-Qasas 28:68

Парвардигори ту ҳар чиро, ки бихоҳад, меофаринад ва меихтиёрад. Вале онҳоро тавони ихтиёр нест. Пок аст Худо ва аз ҳар чӣ барояш шарик месозанд ва бартар аст

Verse 69 — Surah Al-Qasas 28:69

Ва Парвардигори ту ҳар чиро, ки дар дил пинҳон доштаанд, ё ошкор кардаанд, медонад

Verse 70 — Surah Al-Qasas 28:70

Ӯст Худои якто. Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Сано (шукр) хоси Ӯст, чӣ дар ин ҷаҳон ва чӣ дар ҷаҳони дигар. Ва фармон фармони Ӯст. Ва ҳамагон ба Ӯ бозгардонда мешавед

Verse 71 — Surah Al-Qasas 28:71

Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ шабатонро то рӯзи қиёмат тӯлонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо равшанӣ медиҳад? Магар намешунавед?»

Verse 72 — Surah Al-Qasas 28:72

Бигӯ: «Чӣ тасаввур мекунед, агар Оллоҳ рӯзатонро то рӯзи қиёмат тулонӣ созад? Ғайри Ӯ кадом худост, ки шуморо шаб медиҳад, ки дар он биёсоед? Магар намебинед

Verse 73 — Surah Al-Qasas 28:73

Ва аз раҳмати Ӯ он кӣ барои шумо шабу рӯзро падид овард, то дар он як биёсоед ва дар ин як ба талаби рӯзи бархезед, бошад, ки шукр гӯед»

Verse 74 — Surah Al-Qasas 28:74

Ва рӯзе, ки Худо нидояшон кунад ва гӯяд: «Шариконе, ки барои Ман тасаввур мекардед, куҷоянд

Verse 75 — Surah Al-Qasas 28:75

Ва аз ҳар миллате шоҳиде биёварем ва гӯем: «Далели худ биёваред. Он гоҳ бидонанд, ки ҳақ аз они Оллоҳ аст ва он бутон, ки ба дурӯғ худо мехонданд нобуд шаванд»

Verse 76 — Surah Al-Qasas 28:76

Қорун аз қавми Мӯсо буд, ки бар онҳо афзунӣ ҷуст. Ва ба ӯ чунон ганҷҳое додем, ки бардоштани калидҳояш бар гурӯҳе аз мардуми нерӯманд душвор менамуд. Он гоҳ, ки қавмаш ба ӯ гуфтанд: «Сармаст мабош, зеро Худо сармастонро дӯст надорад

Verse 77 — Surah Al-Qasas 28:77

Дар он чи Худоят ато кардааст, ҷаҳони охиратро биҷӯй ва насиби худро аз дунё фаромӯш макун. Ва ҳамчунон ки Худо ба ту некӣ карда, некӣ кун ва дар замин аз паи фасод марав, ки Худо фасодкунандагонро дуст надорад!»

Verse 78 — Surah Al-Qasas 28:78

Гуфт: «Он чӣ ба ман дода шуда, ба сабаби дониши ман будааст». Оё надонистааст, ки Худо пеш аз ӯ наслҳоеро ҳалок карда, ки қувваташон аз ӯ афзунтар ва шуморашон бештар будааст? Ва ин гунаҳкоронро аз гуноҳашон намепурсанд

Verse 79 — Surah Al-Qasas 28:79

Ороста ба зеварҳои худ ба миёни мардумаш омад. Онон, ки хостори зиндагии дунявӣ буданд, гуфтанд: «Эй кош, он чӣ ба Қорун дода шуда, моро низ мебуд, ки ӯ соҳиби насиби бузург аст»

Verse 80 — Surah Al-Qasas 28:80

Аммо донишёфтагон гуфтанд: «Вой бар шумо. Барои онҳо, ки имон меоваранд ва корҳои шоиста мекунанд, савоби Худо беҳтар аст. Ва ба ин савоб собирон расанд»

Verse 81 — Surah Al-Qasas 28:81

Пас ӯ ва хонаашро дар замин фурӯ бурдем ва дар баробари Худо ҳеҷ гурӯҳе надошт, ки ёриаш кунад ва худ ёрӣ кардани худро наметавонист

Verse 82 — Surah Al-Qasas 28:82

Рӯзи дигар он касон, ки дирӯз орзӯ мекарданд, ки ба ҷои ӯ мебуданд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар Худо ба мо низ неъмати фаровон дода буд, моро низ дар замин фурӯ мебурд. Намебинӣ, ки кофирон наҷот намеёбанд?»

Verse 83 — Surah Al-Qasas 28:83

Ин ҷаҳони охиратро аз они касоне сохтаем, ки дар ин ҷаҳон на хоҳони такаббурӣ ҳастанд ва на хоҳони фасод. Ва саранҷоми нек аз они парҳезгорон аст

Verse 84 — Surah Al-Qasas 28:84

Ҳар кас, ки кори неке ба ҷой орад, беҳтар аз он музд ёбад ва ҳар ки гуноҳе кунад, пас онҳо, ки гуноҳ кардаанд, ба андозаи амалашон ҷазо дода шаванд

Verse 85 — Surah Al-Qasas 28:85

Он кас, ки Қуръонро бар ту фарз кардааст, туро ба ваъдагоҳат бозмегардонад. Бигӯ: «Парвардигори ман беҳтар медонад, ки чӣ касе бар роҳи рост аст ва чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст»

Verse 86 — Surah Al-Qasas 28:86

Агар раҳмати Парвардигорат набуд, умеди онро надоштӣ, ки ин китоб бар ту дода шавад. Пас набояд пуштибони кофирон бошӣ

Verse 87 — Surah Al-Qasas 28:87

Пас аз он, ки оятҳои Худо бар ту нозил шуд, туро аз он бероҳ накунанд. Мардумро ба сӯи Парвардигорат бихон ва аз мушрикон мабош

Verse 88 — Surah Al-Qasas 28:88

Бо Худои якто худои дигареро махон. Ҳеҷ худое ғайрн Ӯ нест. Ҳар чизе нобуд шуданӣ аст ғайри зоти Ӯ. Фармон, фармони Ӯст ва ҳама ба назди ӯ бозгардонида шавед