Back to Languages

Tajik - Chapter 3 - Al-Imran

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Imran 3:1

Алиф. Лом. Мим

Verse 2 — Surah Al-Imran 3:2

Оллоҳ аст, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда асту поянда аст

Verse 3 — Surah Al-Imran 3:3

Ин китобро, ки тасдиқкунандаи китобҳои пеш аз он аст, ба ҳак бар ту нозил кард ва қабл аз он Тавротро ва Инҷилро фиристод

Verse 4 — Surah Al-Imran 3:4

барои ҳидояти мардум фиристод ва Фурқонро нозил кард. Барои онон, ки ба оёти Худо имон намеоранд, азобе сахт муҳайёст ва Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст

Verse 5 — Surah Al-Imran 3:5

Ҳеҷ чиз дар замину осмон бар Худо пӯшида нест

Verse 6 — Surah Al-Imran 3:6

Ӯст, ки шуморо дар батии модароп ба ҳар сон, ки хоста бошад, сурат мебандад. Нест худое ҷуз Ӯ, ки пирӯзманду ҳаким аст

Verse 7 — Surah Al-Imran 3:7

Ӯст, ки ин китобро бар ту нозил кард. Баъзе аз ояҳо муҳкамотанд, ин ояҳо уммулкитобанд ва баъзе ояҳо муташобеҳотанд. Аммо онҳо, ки дар дилашон майл ба ботил аст, ба сабаби фитнаҷӯӣ ва майл ба маъно аз муташобеҳот пайравй мекунанд, дар ҳоле ки маънои онро ҷуз Худо намедонад. Ва окон, ки қадам дар дониш устувор кардаанд, мегӯянд: «Мо бад-он имон овардаем. Ҳама аз ҷониби Парвардигори мост». Ва хирадмандон панд мегиранд

Verse 8 — Surah Al-Imran 3:8

Эй Парвардигори мо, аз он пас, ки моро ҳидоят кардаӣ, дилҳои моро ба ботил моил масоз ва раҳмати худро бар мо ато бикун, ки ту бахшояндаӣ

Verse 9 — Surah Al-Imran 3:9

Эй Парвардигори мо, ту мардумро дар он рӯзе, ки ҳеҷ шакке дар он нест, гирд меоварӣ. Ба яқин, ки Худо аз ваъда хилоф накунад

Verse 10 — Surah Al-Imran 3:10

Кофиронро дороиҳо ва фарзандонашон ҳаргиз аз азоби Худо нараҳонад. Онҳо худ ҳезуми оташи ҷаҳаннаманд

Verse 11 — Surah Al-Imran 3:11

Ба мисли Оли Фиръавн ва пешиниёнашон оёти моро такзиб карданд (дурӯғ бароварданд). Пас Худо ононро ба ҷазои гуноҳонашон бозхост кард. Ва уқубяти Худо сахт яст

Verse 12 — Surah Al-Imran 3:12

Ба кофирон бигӯй: «Ба зудӣ мағлуб хоҳед шуд ва дар ҷаҳаннам, он оромгоҳи бад, гирд хоҳед омад!»

Verse 13 — Surah Al-Imran 3:13

Дар он ду гурӯҳ, ки ба ҳам расиданд, барои шумо ибрате буд: Гурӯҳе дар роҳи Худо меҷангиданд ва гурӯҳе дигар кофир буданд. Ононро ба чашми худ дучандони хеш медиданд. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ диҳад. Ва соҳибназаронро дар ин ибратест

Verse 14 — Surah Al-Imran 3:14

Дар чашми мардум ороиш ёфтааст ишқ ба орзуҳои нафсонӣ ва дӯст доштани занону фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва аспони нишонадор ва чорпоён ва зироат. Ҳамаи инҳо матоъи зиндагии инҷаҳонӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки бозгаштангоҳи хуб назди Худост

Verse 15 — Surah Al-Imran 3:15

Бигӯ: «Оё шуморо ба чизҳое беҳтар аз инҳо огоҳ кунам?» Барои онон, ки парҳезгорӣ пеша кунанд, дар назди Парвардигорашон биҳиштҳоест, ки наҳрҳо дар он равон аст. Инон бо занони покиза дар айни хушнудии Худо ҷовидона дар он ҷо хоҳанд буд. Ва Худо аз ҳоли бандагон огоҳ аст

Verse 16 — Surah Al-Imran 3:16

Касоне, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем. Гуноҳони моро биёмурз ва моро аз азоби оташ ҳифз кун»

Verse 17 — Surah Al-Imran 3:17

собирону ростгӯён ва фармонбардорону нафақакунандагон ва онон, ки дар саҳаргоҳон омурзиш металабанд

Verse 18 — Surah Al-Imran 3:18

Оллоҳ ҳукм кард ва фариштагону донишмандон низ, ки ҳеҷ худое барпойдорандаи адл ҷуз Ӯ нест. Худое ҷуз Ӯ нест, ки пирӯзманду ҳаким аст

Verse 19 — Surah Al-Imran 3:19

Албатта дин дар назди Худо дини ислом аст. Ва аҳли китоб муқобили он рафтанд, аз он пас, ки ба ҳаққонияти он дин огоҳ, шуданд ва низ аз рӯи ҳасад. Онон, ки ба оёти Худо кофир шуданд, бидонанд, ки Ӯ ба зудӣ ба ҳисобҳо хоҳад расид

Verse 20 — Surah Al-Imran 3:20

Агар бо ту ба доварӣ бархезанд, бигӯй: «Ману пайравонам дар дини хеш ба Худо ихлос намудем». Ба аҳли китоб ва мушрикон бигӯ: «Оё шумо ҳам ба Худо ихлос намудед?» Агар ихлос варзидаанд, пас ҳидоят ёфтаанд ва агар рӯйгардон шудаанд, бар ту таблиғ асту бас ва Худо бандагонро мебинад

Verse 21 — Surah Al-Imran 3:21

Касоне, ки ба оёти Худо имон намеоваранд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекушанд ва мардумеро, ки аз рӯи адл фармон медиҳанд, мекушанд, ба азобе дардовар хабар деҳ

Verse 22 — Surah Al-Imran 3:22

Аъмоли инҳо дар дунё ва охират нобуд шудааст ва ҳеҷ ёваре надоранд

Verse 23 — Surah Al-Imran 3:23

Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо бозгаштанд ва рӯй гардонӣ карданд

Verse 24 — Surah Al-Imran 3:24

Ва ин бад-он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки бар худ баста буданд, дар дини худ фиребашон дод

Verse 25 — Surah Al-Imran 3:25

Ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд дар он рӯз бешубҳа, вақте, ки ҳамаро гирд оварем, то подоши амали ҳар кас дода шавад, бе он ки бар касе ситаме равад

Verse 26 — Surah Al-Imran 3:26

Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ - - дорандаи мулк! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ

Verse 27 — Surah Al-Imran 3:27

Аз шаб мекоҳӣ (кӯтоҳ мекунӣ) ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз мекоҳӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ

Verse 28 — Surah Al-Imran 3:28

Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар ин ки аз онҳо бимнок бошед. Ва Худо шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст»

Verse 29 — Surah Al-Imran 3:29

Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност

Verse 30 — Surah Al-Imran 3:30

Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!»

Verse 31 — Surah Al-Imran 3:31

Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, ба ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!»

Verse 32 — Surah Al-Imran 3:32

Бигӯ: «Аз Худо ва расулаш фармон бибаред. Пас агар рӯйгардон шуданд, бидоканд, ки Худо кофиронро дӯст надорад!»

Verse 33 — Surah Al-Imran 3:33

Худо Одаму Нӯҳ, ва хонадони Иброҳиму хонадони Имронро бар ҷаҳониён бартарӣ дод

Verse 34 — Surah Al-Imran 3:34

Фарзандоне буданд баъзе аз насли баъзе дигар падидомада. Ва Худо шунаво ва доност

Verse 35 — Surah Al-Imran 3:35

Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, аз кори инҷаҳонӣ озоду танҳо дар хидмати Ту бошад. Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту шунаво ва доноӣ»

Verse 36 — Surah Al-Imran 3:36

Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст — ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст — ва писар чун духтар нест. Ӯро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам»

Verse 37 — Surah Al-Imran 3:37

Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариёро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт, Мегуфт: «Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад?» Марям мегуфт: «Аз ҷониби Худо;» зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад

Verse 38 — Surah Al-Imran 3:38

Дар он ҷо Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, албатта Ту дуъоро мешунавӣ»

Verse 39 — Surah Al-Imran 3:39

Пас-ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. Ӯ калимаи Худоро тасдиқ мекунад ва худ бузургест безор аз занон ва паёмбарест аз шоистагон»

Verse 40 — Surah Al-Imran 3:40

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад»

Verse 41 — Surah Al-Imran 3:41

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барон мая нишонае падидор кун». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора ва Парвардигоратро фаровон ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод Ӯро шукр гӯй

Verse 42 — Surah Al-Imran 3:42

Ва фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Худо туро инхитоб кард ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод

Verse 43 — Surah Al-Imran 3:43

Эй Марям, аз Парвардигорат итоъат кун ва саҷда кун ва бо намозгузорон намоз бихон!»

Verse 44 — Surah Al-Imran 3:44

Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳдории Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ

Verse 45 — Surah Al-Imran 3:45

Фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Худо туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ Масеҳ — Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст

Verse 46 — Surah Al-Imran 3:46

Бо мардум ҳамчунон, ки дар бузургӣ, дар гаҳвора сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст»

Verse 47 — Surah Al-Imran 3:47

Марям гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст?» Гуфт; «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд: «Мавҷуд шав!» — пас мавҷуд мешавад

Verse 48 — Surah Al-Imran 3:48

Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад

Verse 49 — Surah Al-Imran 3:49

Ва ба пайғамбарӣ бар банӣ-Исроилаш мефиристад», ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба амри Худо паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва пес гирифтаро шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хурдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст

Verse 50 — Surah Al-Imran 3:50

Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед

Verse 51 — Surah Al-Imran 3:51

Оллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст

Verse 52 — Surah Al-Imran 3:52

Чун Исо дарёфт, ки ба ӯ имон намеоваранд, гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёрони мананд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёрони Худоем. Ба Худо имон овардем. Шаҳодат деҳ ки мо таслим ҳастем

Verse 53 — Surah Al-Imran 3:53

Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва ба расул пайравӣ кардем, моро дар шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!»

Verse 54 — Surah Al-Imran 3:54

Онон макр карданд ва Худо ҳам макр кард ва Худо беҳтарини макркунандагон аст

Verse 55 — Surah Al-Imran 3:55

Он гоҳ Худо гуфт: «Эй Исо, ман туро мемиронам ва ба сӯи худ бармеоварам ва аз кофирон дур месозам ва то рӯзи қиёмат ононро, ки ба ту паиравӣ кунанд, болои кофирон қарор хоҳам дод. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман дар он чӣ ихтилоф мекардед, миёнатон ҳукм мекунам

Verse 56 — Surah Al-Imran 3:56

Аммо ононро, ки кофир шуданд, дар дунёву охират ба сахтӣ азоб хоҳам кард ва онҳоро мададгороне нест!»

Verse 57 — Surah Al-Imran 3:57

Аммо онон, ки имон оварданд ва корҳои нек карданд, Худо муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод. Худо ситамкорокро дӯст надорад

Verse 58 — Surah Al-Imran 3:58

Инҳо, ки бар ту мехонем, аз оёт ва паидҳои ҳикматомез аст

Verse 59 — Surah Al-Imran 3:59

Мисоли Исо дар назди Худо чун мисоли Одам аст, ки ӯро аз хок биёфарид ва ба ӯ гуфт: «Мавҷуд шав». Пас мавҷуд шуд

Verse 60 — Surah Al-Imran 3:60

Ин сухапи ҳақ аз ҷониби Парвардигори, ту аст. Аз шаккунандагон мабош

Verse 61 — Surah Al-Imran 3:61

Аз он пас, ки ба огоҳӣ расидаӣ, ҳар кас, ки дар бораи ӯ бо ту ҷидол кунад, бигӯ: «Биёед, то ҳозир оварем мо фарзандони худро ва шумо фарзандони худро, мо занони худро ва шумо занони худро, мо бародарони худро ва шумо бародарони худро. Он гоҳ, дуову тазарруъ кунем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён бифиристем!»

Verse 62 — Surah Al-Imran 3:62

Ҳамоно ин достокест росту дуруст. "Ҷуз Оллоҳ ҳеҷ худое нест. Ӯ Худои пирӯзманду ҳаким аст

Verse 63 — Surah Al-Imran 3:63

Агар рӯйгардон шаванд, Худованд муфсидонро мешиносад

Verse 64 — Surah Al-Imran 3:64

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, биёед ба он калимае, ки пазируфтаи мову шумост, пайравӣ кунем, он ки ҷуз Худоро напарастем ва ҳеҷ чизро шарики Ӯ насозем ва баъзе аз мо баъзе дигарро ғайри Худо ба парастиш нагирад. Агар онон рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем»

Verse 65 — Surah Al-Imran 3:65

Эй аҳли китоб, чаро дар бораи Иброҳим ҷидол мекунед, дар ҳоле ки Тавроту Инҷил баъд аз ӯ нозил шуда аст? Магар намеандешед

Verse 66 — Surah Al-Imran 3:66

Шумо ҳамон касоне ҳастед, ки дар он ба он илм доред, баҳсу ҷидол мекардед, чаро дар он чӣ ба он нлм надоред, ҷидол мекунед? Дар ҳоле, ки Худо медонад ва шумо намедонед

Verse 67 — Surah Al-Imran 3:67

Иброҳим на яҳудӣ буд, на насронӣ, балки ҳанифии'" мусалмон буд. Ва аз мушрикон набуд

Verse 68 — Surah Al-Imran 3:68

Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ ва ин паёмбару мӯъминон ҳастанд. Ва Худо ёвари мӯъминон аст

Verse 69 — Surah Al-Imran 3:69

Гурӯҳе аз аҳли китоб дӯст доранд, ки шуморо гумроҳ кунанд ва ҳол он ки намедонанд, кн танҳо худро гумроҳ мекунанд

Verse 70 — Surah Al-Imran 3:70

Эй аҳли китоб, бо он ки худ ба оёти Худо шоҳидӣ медиҳед, чаро инкораш мекунед

Verse 71 — Surah Al-Imran 3:71

Эй аҳли китоб, бо он ки аз ҳақиқат огоҳед, чаро ҳақро ба ботил меомезед ва ҳақиқатро пинҳон мекунед?»

Verse 72 — Surah Al-Imran 3:72

Гурӯҳе аз аҳли китоб гуфтанд; «Дар аввали рӯз ба он чӣ бар мӯъминон нозил шудааст, имон биёваред ва дар охири рӯз инкораш кунед, то шояд аз эътиқоди хеш бозгарданд»

Verse 73 — Surah Al-Imran 3:73

Ва гуфтанд; «Ғайри пайравони дини худро тасдиқ накунед». Бигӯ; «Ҳидоят хидояти худоист». Ва агар гӯянд, ки ба дигарон ҳамон чизҳое дода шавад, ки ба шумо дода шудааст ё агар гӯянд, ки фардо дар назди Парвардигоратон бо шумо ба ҳуҷҷат меистанд, бигӯ: «Фазилат ба дасти Худост, ба ҳар кӣ хоҳад, онро ато мекунад, ки Ӯ бахшояндаву доност!»

Verse 74 — Surah Al-Imran 3:74

Ҳар киро бихоҳад хоси раҳмати худ мекунад ва Худо соҳибкарамест бисёр бузург

Verse 75 — Surah Al-Imran 3:75

Аз миёни аҳли китоб касест, ки агар ӯро амин шуморӣ ва қинторе ба ӯ бисупорӣ, онро ба ту бозмегардонад ва аз онҳо кассет, ки агар аминаш шуморӣ ва диноре ба ӯ бисупорӣ, ҷуз ба тақозо ва талаб онро бознагардонад. Зеро мегӯяд: «Роҳи омиёни мардуми Макка бар мо баста аст ва кас моро маломат накунад». Инҳо худ медонанд, ки ба Худо дурӯғ мебанданд

Verse 76 — Surah Al-Imran 3:76

Оре, ҳар кас, ки ба аҳди хеш вафо кунад ва парҳезгор бошад, Худо парҳезгоронро дӯст медорад

Verse 77 — Surah Al-Imran 3:77

Касоне, ки аҳди Худо ва савгандҳои худро ба баҳои андак мефурӯшанд, дар охират насибе надоранд ва Худо дар рӯзи қиёмат на ба онон сухан мегӯяд ва на ба онон менигарад ва на ононро покиза месозад. Ва барояшон азобе дардовар аст

Verse 78 — Surah Al-Imran 3:78

Ва аз миёни онҳо гурӯҳе ҳастанд, ки ба шеваи китоби Худо сухан мегӯянд, то пиндоред, ки он чӣ мегӯянд, аз китоби Худост, дар ҳоле ки аз китоби Худо нест. Ва мегӯянд, ки аз чониби Худо омада ва ҳол он ки аз ҷониби Худо наёмада аст. Ва худ медонанд, ки бар Худо дурӯғ мебанданд

Verse 79 — Surah Al-Imran 3:79

Нашояд ҳеҷ башареро, ки Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва нубувват дода бошад, он гоҳ ба мардум бигӯяд, ки бандагони ман бошед, на бандагони Худо. Ва ҳол он ки паёмбарон мегӯянд: «Ҳамчунон, ки аз китоби Худо меомӯзед ва дар он мехонед, парастандагони Худо бошед»

Verse 80 — Surah Al-Imran 3:80

Ва низ ба шумо намефармояд, ки фариштагону паёмбаронро худоён пиндоред. Оё пас аз он ки ислом овардаед, шуморо ба куфр фармон медиҳад

Verse 81 — Surah Al-Imran 3:81

Ва Худо аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; ба паёмбаре, ки дини шуморо тасдиқ мекунад ва ба паём назди шумо меояд, имон оред ва ёриаш кунед. Гуфт: «Оё иқрор кардед ва аҳди Маро пазируфтед?» Гуфтанд: «Иқрор кардем». Гуфт; «Пас шаҳодат диҳед ва Ман низ бо шумо аз шоҳидонам»

Verse 82 — Surah Al-Imran 3:82

Ва ҳар кӣ аз он пас сарпечӣ кунад, аз фосиқон аст

Verse 83 — Surah Al-Imran 3:83

Оё дине ҷуз дини Худо меҷӯянд, ҳол он ки он чӣ дар осмонҳо ва замин аст, хоҳу нохоҳ таслими фармони Ӯ ҳастанд ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед

Verse 84 — Surah Al-Imran 3:84

Бигӯ: «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи Ӯ ҳастем»

Verse 85 — Surah Al-Imran 3:85

Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд

Verse 86 — Surah Al-Imran 3:86

Чӣ гуна Худо ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти расул шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад

Verse 87 — Surah Al-Imran 3:87

Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст

Verse 88 — Surah Al-Imran 3:88

Абадӣ дар лаънат бимонанд ва аз азобашон кам нашавад ва мӯҳлаташон надиҳанд

Verse 89 — Surah Al-Imran 3:89

магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст

Verse 90 — Surah Al-Imran 3:90

Тавбаи касоне, ки пас аз имон овардан кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд

Verse 91 — Surah Al-Imran 3:91

Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест

Verse 92 — Surah Al-Imran 3:92

Некиро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ ки аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ (нафақа) кунед. Ва ҳар чӣ инфоқ мекунед, Худо ба он огоҳ аст

Verse 93 — Surah Al-Imran 3:93

Ҳамаи таъомҳо бар банӣ-Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед»

Verse 94 — Surah Al-Imran 3:94

Аз он пас ҳар кӣ бар Худо дурӯғ бандад, аз ситамкорон аст

Verse 95 — Surah Al-Imran 3:95

Бигӯ: «Худо рост мегӯяд. Дини ҳанифи Иброҳимро пайравӣ кунед ва ӯ аз мушрикон набуд

Verse 96 — Surah Al-Imran 3:96

Нахустин хонае, ки барои мардум бино шуда, ҳамон аст, ки дар Макка аст. Хонае, ки ҷаҳониёнро сабаби баракат ва ҳидоят аст

Verse 97 — Surah Al-Imran 3:97

Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, кн Худо бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест»

Verse 98 — Surah Al-Imran 3:98

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, чаро оёти Худоро инкор яекунед? Худо нозир бар аъмоли шумост!»

Verse 99 — Surah Al-Imran 3:99

Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо бозмедоред ва мехоҳед, ки ба роҳи каҷ раванд? Ва шумо худ ба зиштии кори хеш огоҳед ва Худо низ аз он чӣ мекунед, ғофил нест

Verse 100 — Surah Al-Imran 3:100

Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд

Verse 101 — Surah Al-Imran 3:101

Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле, ки оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ дар миени шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук (наздикӣ) ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст

Verse 102 — Surah Al-Imran 3:102

Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар ҳолати мусалмонӣ миред

Verse 103 — Surah Al-Imran 3:103

Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед

Verse 104 — Surah Al-Imran 3:104

Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо наҷот ёфтагонанд

Verse 105 — Surah Al-Imran 3:105

Ба монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд

Verse 106 — Surah Al-Imran 3:106

Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!»

Verse 107 — Surah Al-Imran 3:107

Аммо онон, ки сафедрӯй шудаанд, ҳамеша ғарқ дар раҳмати Парвардигор бошанд

Verse 108 — Surah Al-Imran 3:108

Инҳо оёти Худост, ки ба ҳақ бар ту мехонем. Ва Худо ба мардуми ҷаҳон ситам раво намедорад

Verse 109 — Surah Al-Imran 3:109

Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва корҳо ба ӯ бозгардонида шавад

Verse 110 — Surah Al-Imran 3:110

Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд

Verse 111 — Surah Al-Imran 3:111

Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҳарб кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез раванд ва пирӯз нагарданд

Verse 112 — Surah Al-Imran 3:112

Ҳ, ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд

Verse 113 — Surah Al-Imran 3:113

Аҳли китоб ҳама яксон нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Худо истодаанд ва оёти Худоро дар дили шаб тиловат мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд

Verse 114 — Surah Al-Imran 3:114

Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд

Verse 115 — Surah Al-Imran 3:115

Ва ҳар кори нек, ки кунанд, ношукрӣ карда нашавад, зеро Худо ба парҳезгорон огоҳ аст

Verse 116 — Surah Al-Imran 3:116

Кофиронро амволу авлодашон ҳеҷ аз азоби Худо нараҳонад ва онон аҳли оташанд, ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд

Verse 117 — Surah Al-Imran 3:117

Он чӣ инҳо дар ин ҷаҳон хайр мекунанд, ҳамонанди он аст, ки тундбоде сард бар киштзори қавме бар хеш ситам карда бивазад ва он киштаро нобуд созад. Худо бар онҳо ситам раво надошт. Онон худ бар худ ситам карданд

Verse 118 — Surah Al-Imran 3:118

Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ фасоде дар хаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед

Verse 119 — Surah Al-Imran 3:119

Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд. Шумо ба ҳамаи ин китоб имон овардаед. Чун шуморо бубинанд, гӯянд: «Мо ҳам имон овардаем». Ва чун хилват кунанд, аз ғояти кинае, ки ба Шумо доранд, сарангушти худ ба дандон газанд. Бигӯ: «Дар кинаи хеш бимиред! Албатта Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст»

Verse 120 — Surah Al-Imran 3:120

Агар хайре ба шумо расад, андӯҳгин шаванд ва агар ба мусибате гирифтор оед, шодмоп гарданд. Агар сабр варзед ва парҳезгорӣ кунед, аз макрашон ба шумо зиёне наррсад, кк Худо бар ҳар коре, ки мекунанд, огоҳӣ дорад

Verse 121 — Surah Al-Imran 3:121

Ва бомдодон аз миёни касони хеш берун омадӣ, то мӯъминонро дар он ҷойҳо, ки мебоист биҷанганд, биншонӣ ва Худо шунавову доност

Verse 122 — Surah Al-Imran 3:122

Ду гурӯҳ аз шумо нияти он карданд, ки дар ҷанг сустӣ намоянд ва Худо ёварашон буд, пас мӯъминон бояд, ки бар Худо таваккал кунанд

Verse 123 — Surah Al-Imran 3:123

Албатта Худо шуморо дар Бадр ёрӣ кард ва ҳол он ки нотавон будед. Пас аз Худо битарсед, бошад, ки шукргузор шавед

Verse 124 — Surah Al-Imran 3:124

Он гоҳ, ки ба мӯъминон мегуфтӣ, ки агар Худо се ҳазор фаришта ба ёриатон фурӯ фиристад, оё шуморо кофӣ нахоҳад буд

Verse 125 — Surah Al-Imran 3:125

Бале, агар пойдорӣ кунед ва парҳезгор бошед, чун душманон тохтутоз оваранд, Худо бо панҷ ҳазор аз фариштагони аломатдор шуморо ёрӣ кунад

Verse 126 — Surah Al-Imran 3:126

Ва Худованд ин корро танҳо барои шодмонӣ ва дилгармии шумо кард. Ва нест ёрие, магар аз сӯи Худои пирӯзманду доно

Verse 127 — Surah Al-Imran 3:127

то гурӯҳе аз кофиронро ҳалок кунад ё хор гардонад. Он гоҳ навмед бозгарданд

Verse 128 — Surah Al-Imran 3:128

Ё эшонро ба тавба водорад ё он ситамкоронро азоб кунад ва туро дар ин корҳо дасте нест

Verse 129 — Surah Al-Imran 3:129

Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст

Verse 130 — Surah Al-Imran 3:130

Эй касоне, ки имон овардаед, рибо махӯред ба афзуданҳои пай дар пай. Ва аз Худой битарсед, то растагор шавед

Verse 131 — Surah Al-Imran 3:131

Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шудааст

Verse 132 — Surah Al-Imran 3:132

Ва аз Худову расул итоат кунед то шояд раҳмат карда шавед

Verse 133 — Surah Al-Imran 3:133

Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барон парҳезгорон мухайё шудааст

Verse 134 — Surah Al-Imran 3:134

он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад

Verse 135 — Surah Al-Imran 3:135

Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафушуранд

Verse 136 — Surah Al-Imran 3:136

Ҷазои инҳо омурзиши Парвардигорашон аст ва низ биҳиштҳое ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст ҷазои некӯкорон

Verse 137 — Surah Al-Imran 3:137

Пеш аз шумо воқеъаҳое будааст, пас бар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори онҳо, паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст

Verse 138 — Surah Al-Imran 3:138

Ин барои мардум далеле равшан ва барои парҳезгорон роҳнамову пандест

Verse 139 — Surah Al-Imran 3:139

Сустӣ макунед ва андӯҳгин мабошед, зеро агар имон оварда бошед, шумо ғолиб ҳастед

Verse 140 — Surah Al-Imran 3:140

Агар бар шумо захме расид, ба он қавм низ ҳамчунон захме расидааст. Ва ин рӯзгор аст, ки ҳар дам онро бар муроди касе мегардонем, то Худо касонеро, ки имон овардаанд, бишиносад ва аз шумо гувоҳон гирад. Ва Худо ситамкоронро дӯст надорад

Verse 141 — Surah Al-Imran 3:141

ва то мӯъминонро покиза гардонад ва кофиронро нобуд созад

Verse 142 — Surah Al-Imran 3:142

Оё гумон доред, ки ба биҳишт хоҳед рафт ва ҳол он ки ҳанӯз Худо маълум накардааст, ки аз миёни шумо чӣ касоне ҷиҳод мекунанд ва чӣ касоне сабр мекунанд

Verse 143 — Surah Al-Imran 3:143

Пеш аз он ки маргатон фаро расад, орзуи марг макардед, инак маргро дидед ва дар он менигаред

Verse 144 — Surah Al-Imran 3:144

Шубҳае нест, ки Муҳаммад паёмбарест, ки пеш аз ӯ паёмбароне дигар будаанд. Оё агар бимирад ё кушта шавад, шумо ба дини пешини худ бозмегардед? Ҳар кас, ки бозгардад, ҳеҷ зиёне ба Худо нахоҳад расонид. Худо шукргузоронро подош (мукофот) хоҳад дод

Verse 145 — Surah Al-Imran 3:145

Ҳеч кас бе фармони Худо намемирад. Муддат навишта шудааст. Ҳар кас хоҳони савоби инҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва ҳар кас хоҳони савоби онҷаҳонӣ бошад, ба ӯ медиҳем ва шокиронро подош хоҳем дод

Verse 146 — Surah Al-Imran 3:146

Чӣ басо паёмбароне, ки худодӯстони бисер ҳамроҳи онон ба ҷанг рафтанд ва дар роҳи Худо, ҳарчӣ ба онҳо расид, сустӣ накарданд ва нотавон нашуданд ва сар фуруд наёварданд ва Худо сабркунандагонро дӯст дорад

Verse 147 — Surah Al-Imran 3:147

Суханашон ҷуз ин набуд, ки мегуфтанд: «Эй Парвардигори мо, гуноҳони моро ва зиёдаравиҳои моро дар корҳо биёмурз ва моро собитқадам гардон ва дар баробари кофирон ёрӣ кун»

Verse 148 — Surah Al-Imran 3:148

Худо подоши инҷаҳонӣ ва подоши неки онҷаҳониро ба онҳо арзонӣ дошт ва Худо накӯкоронро дуст дорад

Verse 149 — Surah Al-Imran 3:149

Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба кофирон пайрави кунед, шуморо ба дини пешина бармегардонанд, пас зиёндида бозмегардед

Verse 150 — Surah Al-Imran 3:150

На, ёрикунандаи шумо Худованд аст, ки беҳгарини ёрикунандагон аст

Verse 151 — Surah Al-Imran 3:151

Дар дили кофирон тарс хоҳем афканд. Зеро чизеро, ки аз осмон барои он ҳуҷҷате нафиристодааст, шарики Худо гирифтанд. Ҷои онон ҷаҳаннам аст, ки барои ситамкорон макони бадест

Verse 152 — Surah Al-Imran 3:152

Худо ба ваъдае, ки бо шумо ниҳода буд, вафо кард, он гоҳ ки ба амри Ӯ душманро мекуштед. Ва чун ғаниматеро, ки ҳаваси онро дар сар доштед, ба шумо нишон дод, сустӣ кардед ва дар он амр ба низоъ пардохтед ва нофармонӣ варзидед. Баъзе хостори дунё шудед ва баъзе хостсри охират. Сипас то шуморо ба балое мубтало кунад, ба гурехтан водошт! Инак шуморо бибахшид, ки Ӯро ба мӯъминон бахшоишест

Verse 153 — Surah Al-Imran 3:153

Он гоҳ ки мегурехтед ва ба касе нигоҳ намекардед ва паёмбар шуморо аз пушти сар садо медод. Пас ба ҷазо ғаме бар ғами шумо афзуд. Акнун андӯҳи он чиро, ки аз даст додаед, ё ранҷеро, ки ба шумо расидааст, нахӯред. Худо ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст

Verse 154 — Surah Al-Imran 3:154

Он гоҳ пас аз он андӯҳ, Худо ба шумо эминӣ арзонӣ дошт, чукон ки гурӯҳеро хоби ором фурӯ гирифт. Аммо гурӯҳе дигар, ки чун мардуми асри ҷоҳилӣ ба Худо гумони ботил доштанд, ҳанӯз дар фикри андӯҳи хеш буданд ва мегуфтанд: «Оё ҳаргиз кор ба дасти мо хоҳад афтод?» Бигӯ: «Ҳамаи корҳо ба дасти Худост». Онон дар дили худ чизеро пинҳон медоранд, ки намехоҳанд барои ту ошкораш созанд. Мегӯянд: «Агар моро ихтиёре буд, ин ҷо кушта намешудем». Бигӯ: «Агар дар хонаҳои худ ҳам мебудед, касоне, ки кушта шудан бар онҳо муқаррар шудааст, аз хона ба қатлгоҳашон берун мерафтанд. Худо он чиро, ки дар сина доред, меозмояд ва дилҳоятонро пок мегардонад». Ва Худо ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст

Verse 155 — Surah Al-Imran 3:155

Аз миёни шумо онон, ки дар рӯзи муқобалаи он ду гурӯҳ, бигурехтанд, ба сабаби баъзе аз амалҳояшон шайтон онҳоро ба хато афканда буд. Инак Худованд афвашон кард, ки Ӯ омурзанда ва бурдбор аст

Verse 156 — Surah Al-Imran 3:156

Эй касоне, ки имон овардаед, монанди он кофирон мабошед, ки дар бораи бародарони худ, ки ба сафар ё ба ҷанг рафта буданд, мегуфтанд: «Агар назди по монда буданд, намемурданд, ё кушта намешуданд». Худо ин гумонро чун ҳасрате дар дили онҳо ниҳод. Ва Худост, ки зинда мекунад ва мемиронад ва Ӯст, ки корҳои шуморо мебинад

Verse 157 — Surah Al-Imran 3:157

Агар дар роҳи Худо кушта шавед, ё бимиред, омурзиш ва раҳмати Худо аз он чӣ дар ин ҷаҳон чамъ меоваред, беҳтар аст

Verse 158 — Surah Al-Imran 3:158

Ва агар бимиред, ё кушта шавед, албатта дар пешгоҳи Худованд маҳшур (хамсӯҳбат) мешавед

Verse 159 — Surah Al-Imran 3:159

Ба сабаби раҳмати Худост, ки ту бо онҳо инчунин хушхӯю меҳрубон ҳастӣ. Агар тундхӯву сахтдил мебудӣ, аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас бар онҳо бубахшой ва бар онҳо омурзиш бихоҳ ва дар корҳо бо онҳо машварат кун ва чун қасди коре кунӣ, бар Худой таваккул кун, ки Худо таваккулкунандагонро дӯст дорад

Verse 160 — Surah Al-Imran 3:160

Агар Худо шуморо ёрӣ кунад, ҳеҷ кас бар шумо ғалаба нахоҳад кард. Ва агар шуморо хор дорад, чӣ касе аз он пас ёриатон хоҳад кард? Пас мӯъминон бояд ки бар Худо таваккал кунанд

Verse 161 — Surah Al-Imran 3:161

Ҳеҷ паёмбаре хиёнат накунад ва ҳар кӣ ба чизе хиёнат кунад, онро дар рӯзи қиёмат бо худ оварад. Сипае ҷазои амали ҳар кас ба тамоми дода хоҳад шуд ва бар касе ситаме нашавад

Verse 162 — Surah Al-Imran 3:162

Оё он кас, ки ба роҳи хушнудии Худо меравад, ҳамонанди касест, ки мӯҷиби хашми ӯ мешавад ва макони ӯ ҷаҳаннам, он саранҷоми бад аст

Verse 163 — Surah Al-Imran 3:163

З Ин ду гурӯҳро назди Худо дараҷаҳоест гуногун ва Ӯ ба корҳояшон огоҳ аст

Verse 164 — Surah Al-Imran 3:164

Худо бар мӯъминон инъом фармуд, он гоҳ, ки аз худашон ба миёни худашон паёмбаре равон кард то оёташро бар онҳо бихонад ва покашон созад ва китобу ҳикматашон биёмузад, ҳарчанд аз он пеш дар гумроҳии ошкоре буданд

Verse 165 — Surah Al-Imran 3:165

Ва оё ҳангоме ки осебе ба шумо расид, ки шумо худ дучанди он расонда будед, гуфтед: «Ин осеб аз куҷо расид?» Бигӯ: «Аз ҷониби худатон». Албатта Худо бар ҳар чизе тавоност

Verse 166 — Surah Al-Imran 3:166

Он чӣ дар рӯзи бархурди он ду гурӯҳ, ба шумо расид, ба изни (ризой) Худо буд, то мӯъминонро маълум дорад

Verse 167 — Surah Al-Imran 3:167

Ва оконро низ, ки нифоқ варзиданд маълум дорад. Ба онҳо гуфта мешуд: «Биёед, дар роҳи Худо ҷанг кунед ё ба дифоъ пардозед». Мегуфтанд: «Агар яқин доштем, ки ҷанге дармегирад, бо шумо меомадем». Онон ба куфр наздиктаранд, то ба имон. Ба забои чизҳое мегӯянд, ки ба дил эътиқод надоранд ва Худо ба он чӣ дар дил пинҳон медоранд, огоҳтар аст

Verse 168 — Surah Al-Imran 3:168

Ба онон, ки аз ҷанг бозистоданд ва дар бораи бародарони худ гуфтанд, ки агар сухани моро шунида буданд кушта намешуданд, бигӯ: «Агар рост мегӯед, маргро аз худ биронед!»

Verse 169 — Surah Al-Imran 3:169

Касонеро, ки дар роҳи Худо кушта шудаанд, мурда мапиндор, балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд

Verse 170 — Surah Al-Imran 3:170

Аз фазилате, ки Худо насибашон кардааст, шодмонанд. Ва барои онҳо, ки дар паяшон ҳастанд ва ҳанӯз ба онҳо напайвастаанд, хушдиланд, ки биме бар онҳо нест ва андӯҳгин намешаванд

Verse 171 — Surah Al-Imran 3:171

Ононро муждаи неъмату фазли Худо медиҳанд ва Худо подоши мӯъминонро бекор намекунад

Verse 172 — Surah Al-Imran 3:172

Аз миёни он касон, ки пас аз захм хӯрдан боз ҳам фармони Худо ва расулашро иҷобат карданд, онон, ки некӯкор бошанд ва аз Худой битарсанд, музде бузург доранд

Verse 173 — Surah Al-Imran 3:173

Касоне, ки мардум гуфтандашон, ки мардум барои ҷанг бо шумо гирд омадаанд, аз онҳо битарсед ва ин сухан бар имонашон бияфзуд ва гуфтанд: «Худо моро басанда аст ва чӣ некӯ ёварест!»

Verse 174 — Surah Al-Imran 3:174

Пас аз ҷанг бозгаштанд, дар ҳоле ки неъмату фазли Худоро ба ҳамроҳ доштанд ва ҳеҷ осебе ба онҳо нарасида буд. Инҳо ба роҳи хушнудии Худо рафтанд ва Худоро бахшоише азим аст

Verse 175 — Surah Al-Imran 3:175

Он шайтон аст, ки дар дили дӯстони худ бим меафканад. Агар имон овардаед, аз онҳо матарсед, аз ман битарсед

Verse 176 — Surah Al-Imran 3:176

Онон, ки ба куфр мешитобанд, туро ғамгин насозанд. Инҳо ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд. Худо мехоҳад онҳоро дар охират бебаҳра гардонад ва барояшон азобест бузург

Verse 177 — Surah Al-Imran 3:177

Ҳар оина албатта онон, ки имон доданд ва куфр хариданд, ҳеҷ зиёне ба Худо намерасонанд ва барояшон азобе дарднок аст

Verse 178 — Surah Al-Imran 3:178

Кофирон напиндоранд, ки дар мӯҳлате, ки ба онҳо медиҳем, хайри онҳост. Ба онҳо мӯҳлат медиҳем, то бештар ба гуноҳонашон бияфзоянд ва барои онҳост азобе хоркунанда

Verse 179 — Surah Al-Imran 3:179

Худо бар он нест, ки шумо мӯъминонро бад-ия ҳол, ки акнун ҳастед, раҳо кунад. Меозмояд, то нопокро аз пок ҷудо созад. Ва Худо бар он нест, ки шуморо аз ғайб биогоҳонад, вале баъзе аз паёмбаронашро, ки худ бихоҳад, бармегузинад. Пас ба Худо ва паёмбаронаш имон биёваред. Ва агар имон биёваред ва парҳезгорӣ кунед, аҷре азим ёбед

Verse 180 — Surah Al-Imran 3:180

Онон, ки дар неъмате, ки Худо ба онҳо ато кардааст, бахилӣ мекунанд, напиндоранд, ки дар бахилӣ кардан барояшон хайр аст. На, шарр аст! Дар рӯзи қиёмат он чиро, ки дар бахшиданаш бухл меварзиданд, чун тавқе ба гарданашон хоҳанд озехт. Ва аз они Худост мероси осмонҳову замин ва Ӯ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст

Verse 181 — Surah Al-Imran 3:181

Албатта Худо шунид сухани он касонро, ки мегуфтанд: «Худо бенавост ва мо тавонгарем». Гуфторашонро ва низ ин ки паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд, хоҳем навишт ва гӯем: «Бичашед азоби оташи сӯзонро!»

Verse 182 — Surah Al-Imran 3:182

Ин ҷазои амалҳоест, ки пешопеш ба ҷой овардед вагарна Худованд ба бандагонаш ситам раво намедорад

Verse 183 — Surah Al-Imran 3:183

Касоне гуфтанд: «Моро бо Худо аҳдест, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, магар барои мо қурбоние биёварад, ки оташ онро бихӯрад». Бигӯ: «Пеш аз ман паёмбароне бо мӯъҷизаҳо ва он чи акнун мехоҳед, омадаанд, агар рост мегӯед, чаро онҳоро куштед?»

Verse 184 — Surah Al-Imran 3:184

Агар туро такзиб карданд, паёмбароне ҳам, ки пеш аз ту бо муъҷизаҳо ва навиштаҳо ва китоби равшангар омада буданд, такзиб шудаанд

Verse 185 — Surah Al-Imran 3:185

Ҳама кас маргро мечашад ва дар хақиқат дар рӯзи қиёмат музди аъмоли шуморо ба камол хоҳанд дод. Ва ҳар касро аз оташ дур созанд ва ба бихишт дароваранд, ба пирӯзӣ расидааст. Ва ин зиндагли дунё ҷуз матоъе фиребанда нест

Verse 186 — Surah Al-Imran 3:186

Шуморо ба молу ҷон озмоиш хоҳанд кард. Ва аз забони аҳли китоб ва мушрикон озори фаровон хоҳед шунид. Агар сабр кунед ва парҳезгор бошед, пас ин корест бузург

Verse 187 — Surah Al-Imran 3:187

Худо аз аҳли китоб паймон гирифт, ки китоби Худоро барои мардум ошкор созанд ва пинҳонаш накунанд, вале онҳо паси пушташон афканданд ва дар ивазаш баҳои андаке гирифтанд. Чӣ бад муъомалае карданд

Verse 188 — Surah Al-Imran 3:188

Ононро, ки аз корҳое, ки кардаанд, шодмон шудаанд ва дӯст доранд ба сабаби корҳои нокардаи хеш ҳам мавриди ситоиш қарор гиранд, мапиндор, ки дар паноҳгоҳе дур аз азоби Худо бошанд. Барояшон азобе дардовар муҳайёст

Verse 189 — Surah Al-Imran 3:189

Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва Худо бар ҳар чизе тавоност

Verse 190 — Surah Al-Imran 3:190

Албатта дар офариниши осмонҳову замин ва омадушуди шабу рӯз хирадмандонро ибратҳост

Verse 191 — Surah Al-Imran 3:191

онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин меандешанд: «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро ба бехуда наёфаридаӣ, ту покӣ, моро аз азоби оташ боздор

Verse 192 — Surah Al-Imran 3:192

Эй Парвардигори мо, ҳар касро, ки ба оташ дарорӣ, расвояш кардаӣ ва золимонро ҳеҷ ёваре нест

Verse 193 — Surah Al-Imran 3:193

Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем. Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон

Verse 194 — Surah Al-Imran 3:194

Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ»

Verse 195 — Surah Al-Imran 3:195

Парвардигорашон дуояшонро иҷобат фармуд, ки Ман кори ҳеҷ коргузореро аз шумо, чӣ зан ва чӣ мард — ҳама аз якдигаред — ночиз намесоеам. Пас гуноҳони касонеро, ки муҳоҷират кардаанд ва аз хонаҳояшон ронда шудаанд ва дар роҳи Ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, мағфират мекунам ва ононро дар биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил мекунам. Ин мукофот аз ҷониби Худо ва подоши некӣ назди Худост

Verse 196 — Surah Al-Imran 3:196

Омадурафти кофирон дар шаҳрҳо туро нафиребад

Verse 197 — Surah Al-Imran 3:197

Ин бархурдорип андакест. Пас аз он ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чаҳаннам бад оромгоҳест

Verse 198 — Surah Al-Imran 3:198

Аммо барои онон, ки аз Парвардигорашон метарсанд, биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷо меҳмони Худо ҳастанд, Ва он чӣ назди Худост, барои некон беҳтар аст

Verse 199 — Surah Al-Imran 3:199

Баъзе аз аҳли китоб ба Худо ва китобе, ки бар шумо нозил шуда ва китобе, ки бар худашон нозил шудааст, имон доранд. Мутеъи фармони Худоянд. Оёти Худоро ба нархи андак намефурӯшанд. Музди эшон назди Парвардигорашон аст. Албатта Худо ҳисобҳоро зуд хоҳад кард

Verse 200 — Surah Al-Imran 3:200

Эй касоне, ки имон овардаед, бурдбор бошед ва дигаронро ба бурдборӣ даъват кунед ва дар ҷангҳо пойдорӣ кунед ва аз Худо битарсед, шояд, ки наҷот ёбед