Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 30 - Ar-Rum
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ar-Rum 30:1
Алиф, лом, мим
Verse 2 — Surah Ar-Rum 30:2
Румиён мағлуб шуданд
Verse 3 — Surah Ar-Rum 30:3
дар наздики ин сарзамин ва пас аз мағлуб шудан бори дигар ғолиб хоҳанд шуд
Verse 4 — Surah Ar-Rum 30:4
дар муддати чанд сол. Фармон, фармони Худост, чӣ пеш аз пирӯзӣ ва чӣ баъд аз он. Ва дар он рӯз мӯъминон шодмон мешаванд
Verse 5 — Surah Ar-Rum 30:5
ба ёрии Худо. Худо ҳар касро, ки бихоҳад, ёрӣ мекунад, зеро ғолибу меҳрубон аст
Verse 6 — Surah Ar-Rum 30:6
Худо ваъда додааст, ба ваъдаи худ хилоф накунад, вале бештари мардум намедонанд
Verse 7 — Surah Ar-Rum 30:7
Онон ба зоҳири зиндагии дунё огоҳанд ва аз охират бехабаранд
Verse 8 — Surah Ar-Rum 30:8
Оё бо худ намеандешанд, ки Худо осмонҳову заминро ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, ба ҳақ ва то муддате маҳдуд, офаридааст? Ва бисёре аз мардум ба дидори Парвардигорашон имон надоранд
Verse 9 — Surah Ar-Rum 30:9
Оё дар замин намегарданд, то бингаранд, ки чӣ гуна будааст оқибати касоне, ки пеш аз онҳо зистаанд? Касоне, ки тавонашон бештар будааст ва заминро ба шудгор задан зеру рӯ карда ва бештар аз инҳо ободаш сохта буданд ва паёмбароне бо мӯъҷизаҳо бар онҳо фиристода шуда буд. Худо ба онҳо зулм намекард, онон худ ба худашон зулм мекарданд
Verse 10 — Surah Ar-Rum 30:10
Сипас оқибати он касон, ки корҳои бад карданд, ногувортар буд. Зеро инҳо оёти Худоро дурӯғ бароварданд ва онҳоро ба масхара гирифтанд
Verse 11 — Surah Ar-Rum 30:11
Худо мавҷудотро меофаринад, он гоҳ дигар бора бозмегардонад, он гоҳ ҳама ба сӯи Ӯ бозгардонда мешавед
Verse 12 — Surah Ar-Rum 30:12
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, гуноҳкорон ҳайратзада бимонанд
Verse 13 — Surah Ar-Rum 30:13
Онҳоро аз миёни бутонашон шафеъоне (наҷотдиҳандае) нест. Ва дигар ба бутони худ бовар надоранд
Verse 14 — Surah Ar-Rum 30:14
Ва чун қиёмат барпо шавад, дар он рӯз аз якдигар чудо шаванд (мӯъминон аз кофирон)
Verse 15 — Surah Ar-Rum 30:15
Аммо онҳо, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар ҷаннат ба шодмонӣ бархӯрдоранд
Verse 16 — Surah Ar-Rum 30:16
Ва аммо онҳое, ки кофир шудаанд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд ва дидори охиратро дурӯғ мепиндоранд, ҳамаро дар азоб ҳозир оранд
Verse 17 — Surah Ar-Rum 30:17
Худоро биситоед, ба он ҳангом ки ба шаб дармеоед ва ба он ҳангом ки ба субҳ дармеоед
Verse 18 — Surah Ar-Rum 30:18
Шукр Ӯрост дар осмонҳову замин, ба ҳангоми шаб ва ба ҳангоме ки ба нимрӯз мерасед
Verse 19 — Surah Ar-Rum 30:19
Зиндаро аз мурда берун орад ва мурдаро аз зинда. Ва заминро пас аз мурданаш зинда месозад ва шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун мешавед
Verse 20 — Surah Ar-Rum 30:20
Аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки шуморо аз хок биёфарид то инсон шудед ва ба ҳар сӯ пароканда гаштед
Verse 21 — Surah Ar-Rum 30:21
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки бароятон аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо оромиш ёбед ва миёни шумо дӯстиву меҳрубонӣ ниҳод. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки тафаккур мекунанд
Verse 22 — Surah Ar-Rum 30:22
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён
Verse 23 — Surah Ar-Rum 30:23
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд
Verse 24 — Surah Ar-Rum 30:24
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд
Verse 25 — Surah Ar-Rum 30:25
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпой истодаанд. Сипас вақте, ки шуморо аз замин фаро мехонад, шумо аз замин берун меоед
Verse 26 — Surah Ar-Rum 30:26
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд
Verse 27 — Surah Ar-Rum 30:27
Ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва Ӯст ғолибу ҳаким
Verse 28 — Surah Ar-Rum 30:28
Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем
Verse 29 — Surah Ar-Rum 30:29
Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест
Verse 30 — Surah Ar-Rum 30:30
Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст. Вале бештари мардум намедонанд
Verse 31 — Surah Ar-Rum 30:31
Ба Ӯ бозгардед ва аз Ӯ битарсед ва намоз бигузоред ва аз мушрикон набошед
Verse 32 — Surah Ar-Rum 30:32
Аз онон мабошед, ки дини худро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳар чӣ дошт, дилхуш буд
Verse 33 — Surah Ar-Rum 30:33
Чун бар одамиён зиёне расад, Парвардигорашонро бихонанд ва ба даргоҳи Ӯ тавба кунанд ва чун раҳмати худ ба онҳо бичашонад, гурӯҳеро бинӣ, ки ба Парвардигорашон ширк меоваранд
Verse 34 — Surah Ar-Rum 30:34
Пас неъматеро, ки ба онҳо додаем, ношукрӣ кунанд, Акнун мутаматтеъ (баҳраманд) шавед, ба зуди, ки хоҳед донист
Verse 35 — Surah Ar-Rum 30:35
Оё барояшон далеле нозил кардем, то аз чизе, ки бо Худо шарик месозанд, сухан гуфта бошад
Verse 36 — Surah Ar-Rum 30:36
Чун ба мардум раҳмате бичашонем, шодмон мешаванд ва чун ба сабаби корҳое, ки кардаанд, ранҷе ба онҳо расад, ногаҳон ноумед мегарданд
Verse 37 — Surah Ar-Rum 30:37
Оё намебинанд, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд
Verse 38 — Surah Ar-Rum 30:38
Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд
Verse 39 — Surah Ar-Rum 30:39
Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд
Verse 40 — Surah Ar-Rum 30:40
Худост, он ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст Ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар (болотар) аст
Verse 41 — Surah Ar-Rum 30:41
Ба сабаби амалҳои мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад; шояд, ки бозгарданд
Verse 42 — Surah Ar-Rum 30:42
Бигӯ: «Дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати пешиниён ки бештаринашон аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст»
Verse 43 — Surah Ar-Rum 30:43
Ба дини поки пойдор рӯй биёвар, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки аз амри Худо бозгаштанаш набошад. Дар он рӯз мардум ду гурӯҳ шаванд
Verse 44 — Surah Ar-Rum 30:44
касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, барои худ подоше (мукофоти) некӯ омода кардаанд
Verse 45 — Surah Ar-Rum 30:45
то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ музд диҳад. Зеро Худо кофиронро дӯст надорад
Verse 46 — Surah Ar-Rum 30:46
Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ он, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо бичашонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Шояд, ки шукр гӯед
Verse 47 — Surah Ar-Rum 30:47
Ва пеш аз ту паёмбаронеро бар қавмашон фиристодем. Онон бо далелҳои равшани худ наздашон омаданд. Ва Мо аз касоне, ки гуноҳ карданд, интиқом гирифтем ва ёрӣ додани мӯъминон бар ӯҳдаи Мо буд
Verse 48 — Surah Ar-Rum 30:48
Худост, ки бодҳоро мефиристад, то абрҳоро барангезад ва чунон ки хоҳад, бар осмон паҳн кунад ва онро пора-пора кунад ва бинӣ, ки борон аз даруни абрҳо берун меояд. Ва чун боронро ба ҳар кӣ хоҳад аз бандагонаш бирасонад, шодмон шаванд
Verse 49 — Surah Ar-Rum 30:49
агарчи пеш аз он ки борон бар онҳо биборад, ноумед будаанд
Verse 50 — Surah Ar-Rum 30:50
Пас ба осори раҳмати Худо бингар, ки чӣ гуна заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Чунин Худое зиндакунандаи мурдагон аст ва бар ҳар коре тавоност
Verse 51 — Surah Ar-Rum 30:51
Ва агар боде бифиристем, ки киштаҳоро зард бубинанд аз он пас ҳама кофир шаванд
Verse 52 — Surah Ar-Rum 30:52
Ту наметавонӣ мурдагонро шунаво созӣ ва агар инҳо низ аз ту бозгарданд, овози худро ба – гӯши он карон нарасонӣ
Verse 53 — Surah Ar-Rum 30:53
Ту ҳидояткунандаи нобиноён аз гумроҳияшон нестӣ. Ту садоятро танҳо ба гӯши касоне мерасонӣ, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслим шудаанд
Verse 54 — Surah Ar-Rum 30:54
Худост, ки шуморо нотавон биёфарид ва пас аз нотавонӣ боқувват сохт, он гоҳ пас аз боқувватӣ нотавониву пирӣ овард. Ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад ва Ӯ донову тавоност
Verse 55 — Surah Ar-Rum 30:55
Рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, кофирон савганд хӯранд, ки зиёда аз соаъте дар гӯр наоромидаанд. Оре, инчунин аз ҳақ каҷрав мешуданд
Verse 56 — Surah Ar-Rum 30:56
Онон, ки донишу имон дода шудаанд, гӯянд: Шумо мувофиқи китоби Худо то рӯзи қиёмат дар гӯр орамидаед ва ин рӯзи қиёмат аст ва шумо намедонистаед»
Verse 57 — Surah Ar-Rum 30:57
Дар ин рӯз узрхоҳии ситамкорон ба ҳолашон нафъ надиҳад ва аз онҳо нахоҳанд, ки тавба кунанд
Verse 58 — Surah Ar-Rum 30:58
Мо дар ин Қуръон барои мардум ҳар гуна масал овардаем. Ва чун ояе барояшон биёварӣ, кофирон хоҳанд гуфт: «Шумо беҳудагӯёне беш нестед!»
Verse 59 — Surah Ar-Rum 30:59
Инчунин Худо бар дилҳои касоне, ки аз доноӣ бебаҳраанд, мӯҳр мениҳад
Verse 60 — Surah Ar-Rum 30:60
Пас сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст. Мабод; онон, ки ба марҳалаи яқин нарасидаанд, туро бесуботу безобита гардонанд