Back to Languages

Tajik - Chapter 31 - Luqman

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Luqman 31:1

Алиф, лом, мим

Verse 2 — Surah Luqman 31:2

Инҳо ояҳои китоби ҳикматомез аст

Verse 3 — Surah Luqman 31:3

Некӯкоронро ҳидояту раҳматест

Verse 4 — Surah Luqman 31:4

онон, ки намоз мегузоранду закот медиҳанд ва ба охират яқин доранд

Verse 5 — Surah Luqman 31:5

Инҳо аз ҷониби Парвардигорашон ҳидоят ёфтаанд ва инҳо наҷотёфтагонанд

Verse 6 — Surah Luqman 31:6

Баъзе аз мардум харидори суханони беҳудаанд, то ба нодонӣ мардумро аз роҳи Худо гумроҳ кунанд ва Қуръонро ба масхара мегиранд. Насиби инҳо азобост хоркунанда

Verse 7 — Surah Luqman 31:7

Ва чун оёти Мо бар онҳо хонда шавад, бо худписандӣ рӯй баргардонанд, чунон ки гӯӣ нашунидаанд. Ё монанди касе, ки гӯшҳояш сангин (вазнин) шуда бошад. Ӯро ба азобе дардовар мужда деҳ

Verse 8 — Surah Luqman 31:8

Насиби онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, боғҳои пурнеъмати биҳишт аст

Verse 9 — Surah Luqman 31:9

Дар он ҷо ҷовидонанд, ваъдаи Худо рост аст. Ӯ ғолибу ҳаким аст

Verse 10 — Surah Luqman 31:10

Осмонҳоро бе ҳеҷ сутуне, ки бубинед, биёфарид ва бар рӯи замин кӯҳҳоро бияфканд, то наларзонадатон ва аз ҳар гуна ҷунбандае дар он бипароканд. Ва аз осмон об фиристодем ва дар замин ҳар гуна гиёҳи некӯе рӯёнидем

Verse 11 — Surah Luqman 31:11

Ин офариниши Худост. Пас ба Ман нишон диҳед онҳо, ки ғайри Ӯ ҳастанд, чӣ офаридаанд. Балки золимони дар гумроҳии ошкоре ҳастанд

Verse 12 — Surah Luqman 31:12

Албатта ба Луқмон ҳикмат додему гуфтетм: «Худоро шукр гӯй, зеро ҳар кӣ шукр гӯяд, ба нафъи худ шукр гуфта ва ҳар кӣ ношукрӣ кунад, Худо бениёзу (беэҳтиёҷ) ситоиш карданист!»

Verse 13 — Surah Luqman 31:13

Ва Луқмон ба писараш гуфт ва ӯро панд медод, ки эй писараки ман, ба Худо ширк маёвар, зеро ширк зулмест бузург

Verse 14 — Surah Luqman 31:14

Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ томила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст

Verse 15 — Surah Luqman 31:15

Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам

Verse 16 — Surah Luqman 31:16

Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин, бошад, Худо ба ҳисобаш меоварад, ки Ӯ заррабину огоҳ аст

Verse 17 — Surah Luqman 31:17

Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин аз корҳоест, ки набояд дар онҳо бепарвоӣ кард

Verse 18 — Surah Luqman 31:18

Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад

Verse 19 — Surah Luqman 31:19

Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, яъне баланди беҳад накун, зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст

Verse 20 — Surah Luqman 31:20

Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чӣ ошкору чӣ пинҳон ба тамомӣ бар шумо ато кардааст? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби равшане дар бораи Худо ҷидол (баҳс) мекунанд

Verse 21 — Surah Luqman 31:21

Ва чун ба онҳо бигӯянд: «Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «На! Мо аз дине, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон даъват карда бошад

Verse 22 — Surah Luqman 31:22

Ҳар кӣ рӯи худ ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта ба дастгираи устуворе ҷанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост

Verse 23 — Surah Luqman 31:23

Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон назди Мост. Пас ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем. Зеро Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст

Verse 24 — Surah Luqman 31:24

Андаке комёбашон месозем, сипас ба бечорагӣ ба азоби сахташон мекашонем

Verse 25 — Surah Luqman 31:25

Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Хоҳанд гуфт: «Худо». Бигӯ: «Шукр Худоро!» Балки бештарашон нодонанд

Verse 26 — Surah Luqman 31:26

Аз они Худост он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо бениёзу сутуданист! (шукр гуфтанист)

Verse 27 — Surah Luqman 31:27

Ва агар ҳамаи дарахтони рӯи замин қалам шаванд ва даре мураккаб (ранг) ва ҳафт дарёи дигар ба мададаш биёяд, суханони Худо поён намеёбад. Ва Худо пирӯзманду ҳаким аст

Verse 28 — Surah Luqman 31:28

Офариниши ҳамаи шумо ва боз зинда карданатон танҳо монанди зинда кардани як тан аст Албатта Худо шунавову биност

Verse 29 — Surah Luqman 31:29

Оё надидаӣ, ки Худо аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро роми худ сохт, ки ҳар як то замоне муъайян дар ҳаракат аст? Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст

Verse 30 — Surah Luqman 31:30

Ин ба он сабаб аст, ки Худои якто ҳақ аст ва ҳар чӣ ба ғайри Ӯ мехонанд, ботил аст ва Худост баландмартабаву бузургвор

Verse 31 — Surah Luqman 31:31

Оё надидаӣ, ки киштӣ ба неъмати Худо дар дарё равон мешавад, то Худо баъзе аз оёти қудрати худро ба шумо бинамоёнад? Дар ин барои мардуми сабркунандаи шукргузор ибратҳост

Verse 32 — Surah Luqman 31:32

Ва чун мавҷҳои азим монанди абрҳо онҳоро фурӯ пӯшад, Худоро аз рӯи ихлос дар дил бихонанд. Ва чун наҷоташон диҳад ва ба хушкӣ барад, баъзе ба аҳди худ вафо кунанд. Ва ҷуз ғаддорони (бевафоёни) кофири неъмат оёти Моро инкор накунанд

Verse 33 — Surah Luqman 31:33

Эй мардум, аз Парвардигоратон битарсед ва аз рӯзе, ки ҳеҷ падаре ҷазои фарзандро ба ӯҳда нагирад ва ҳеҷ фарзанде ҷазои падарро ӯҳдадор нашавад, битарсед. Ваъдаи Худо ҳақ аст. Зиндагии дунё фиребатон надиҳад ва низ шайтони фиребкор ба карами Худо фиребатон насозад

Verse 34 — Surah Luqman 31:34

Худост, ки медонад, ки қиёмат чӣ вақт меояд. Ӯст, ки борон меборонад ва аз он чӣ дар шикамҳои занҳои ҳомила аст, огоҳ аст. Ва ҳеҷ кас намедонад, ки фардо чӣ чиз ба даст хоҳад овард ва касе намедонад, ки дар кадом замин хоҳад мурд. Худо донову огоҳ аст