Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 32 - As-Sajdah
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah As-Sajdah 32:1
Алиф, Лом, Мим
Verse 2 — Surah As-Sajdah 32:2
Нозил шудани ин китоб, ки дар он ҳеҷ шакке нест, аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 3 — Surah As-Sajdah 32:3
Оё мегӯянд: «(Қуръонро) худаш бофтааст?» На, суханест барҳақ аз ҷониби Парвардигорат, то мардумеро, ки пеш аз ту бимдиҳандае надоштаанд, тарсонӣ. Шояд ба роҳи ҳидоят раванд
Verse 4 — Surah As-Sajdah 32:4
Худост, ки осмонҳову заминро ва он чӣ миёни онҳост, дар шаш рӯз биёфарид ва он гоҳ ба арш пардохт. Шуморо ҷуз Ӯ корсозу шафеъе нест. Оё панд намегиред
Verse 5 — Surah As-Sajdah 32:5
Корро аз осмон то замин сомон медиҳад. Сипас дар рӯзе, ки, миқдори он ҳазор сол аст, чунон ки мешуморед, ба сӯи Ӯ боло меравед
Verse 6 — Surah As-Sajdah 32:6
Ӯст, ки донои ниҳону ошкор аст. Пирӯзманду меҳрубон аст
Verse 7 — Surah As-Sajdah 32:7
Он кӣ ҳар чиро офарид, ба некӯтарин ваҷҳ офарид ва хилқати офаридани инсонро аз гил оғоз кард
Verse 8 — Surah As-Sajdah 32:8
Сипас насли ӯро аз усораи (шираи) обе беқадр падид овард
Verse 9 — Surah As-Sajdah 32:9
Он гоҳ, аъзои ӯ рост кард ва аз рӯҳи худ дар он бидамид. Ва бароятон гӯшу чашмҳо ва дилҳо офарид. Чӣ андак шукр мегӯед
Verse 10 — Surah As-Sajdah 32:10
Ва гуфтанд: «Оё вақте ки дар замин нопадид шавем, офариниши тозае хоҳем ёфт?» Оре, онҳо ба дидор бо Парвардигорашон имон надоранд
Verse 11 — Surah As-Sajdah 32:11
Бигӯ: «Фариштаи марг, ки муваккал (гумошта) бар шумост, шуморо мемиронад. Сипас ба сӯи Парвардигоратон бозгардонида мешавед»
Verse 12 — Surah As-Sajdah 32:12
Туро ибрат аст, он гоҳ ки гунаҳкоронро дар назди Парвардигорашон сарафканда бинӣ. Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, дидем ва шунидем. Акнун моро бозгардон то коре шоиста кунем, ки инак ба яқин расидаем»
Verse 13 — Surah As-Sajdah 32:13
Агар мехостем, ҳидояти ҳар касро ба ӯ ато мекардем, вале ваъдаи Ман, ки ҷаҳаннамро аз ҳаман ҷинниёну одамиён пур мекунам, ҳақ аст
Verse 14 — Surah As-Sajdah 32:14
Ба ҷазои он, ки дидори чунин рӯзеро фаромӯш карда будед, акнун бичашед. Мо низ шуморо аз ёд бурдаем. Ба сазои корҳое, ки мекардаед, азоби ҷовидро бичашед
Verse 15 — Surah As-Sajdah 32:15
Танҳо касоне ба оёти Мо имон овардаанд, ки чун оёти Моро бишнаванд, ба саҷда бияфтанд ва Парвардигорашонро ба покӣ биситоянд ва саркашӣ накунанд (Сачда)
Verse 16 — Surah As-Sajdah 32:16
Аз бистари хоб паҳлӯ тиҳӣ (бедорхобӣ) мекунанд, Парвардигорашонро бо биму умед илтиҷо мекунанд ва аз он чӣ ба онҳо додаем, садақа мекунанд
Verse 17 — Surah As-Sajdah 32:17
Ва ҳеҷ кас аз он мукофоте аз хушиву хурсандӣ хабар надорад, ки ба музди корҳои кардааш, барояш пинҳон карда шудааст
Verse 18 — Surah As-Sajdah 32:18
Оё он кас, ки имон оварда, мопанди кассет, ки фисқ меварзад? На, баробар нестанд
Verse 19 — Surah As-Sajdah 32:19
Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ба ҷазои неки амалҳое, ки макардаанд, манзилгоҳе дар боғҳои биҳишт хоҳанд ёфт
Verse 20 — Surah As-Sajdah 32:20
Ва аммо фосиқон, манзилгоҳашон оташ аст. Ҳар гоҳ ки бихоҳанд аз он берун оянд, бори дигар онҳоро ба даруни оташ бозгардонанд ва бигӯяндашон: «Бичашед азоби оташеро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»
Verse 21 — Surah As-Sajdah 32:21
Ва азоби дунёро пеш аз он азоби бузургтар ба онҳо бичашонем, шояд, ки бозгарданд
Verse 22 — Surah As-Sajdah 32:22
Кист ситамкортар аз он касе, ки ӯро ба оёти Парвардигораш панд диҳанд, вале рӯй гардонад? Мо аз гунаҳкорон интиқом мегирем
Verse 23 — Surah As-Sajdah 32:23
Ҳақиқатан ба Мӯсо китоб додем. Аз дидори ӯ дар шубҳа мабош. Ва онро роҳнамои банӣ-Исроил қарор додем
Verse 24 — Surah As-Sajdah 32:24
Аз миёни он қавм пешвоёне падид овардем, ки чун сабр пеша карданд ва ба оёти Мо яқин доштанд, ба фармоии Мо мардумро ҳидоят мекарданд
Verse 25 — Surah As-Sajdah 32:25
Албатта Парвардигори ту дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф мекарданд, миёнашон довари хоҳад кард
Verse 26 — Surah As-Sajdah 32:26
Оё он ҳама мардумеро, ки пеш аз онҳо ҳалок кардем ва акнун инҳо дар хонаҳояшон роҳ мераванд, сабаби ҳидояташон нашуд? Дар ин ибратҳост, чаро намешунаванд
Verse 27 — Surah As-Sajdah 32:27
Оё намебинанд, ки обро ба замини хушку бегиёҳ равона месозем, то киштзорҳо бирӯёнем ва чорпоён ва худашон аз он бихӯранд? Чаро намебинанд
Verse 28 — Surah As-Sajdah 32:28
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, пирӯзӣ чӣ вақт хоҳад буд?»
Verse 29 — Surah As-Sajdah 32:29
Бигӯ: «Дар рӯзи пирӯзӣ, имон овардани кофирон фоидаашон надиҳад ва мӯҳлаташон надиҳад»
Verse 30 — Surah As-Sajdah 32:30
Пас аз онҳо рӯй гардон ва мунтазир бош, ки онҳо низ дар интизоранд