Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 33 - Al-Ahzab
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Ahzab 33:1
Эй паёмбар, аз Худо битарс ва ба кофирону мунофиқон итоъат макун. Зеро Худо донову ҳаким аст
Verse 2 — Surah Al-Ahzab 33:2
Ба ҳар чӣ аз Парвардигорат ба ту ваҳй мешавад, итоъат кун. Зеро Худо ба он чӣ мекунед, огоҳ аст
Verse 3 — Surah Al-Ahzab 33:3
Ва бар Худо таваккал кун, зеро Худо корсозиро басанда аст
Verse 4 — Surah Al-Ahzab 33:4
Худо дар даруни ҳеҷ мярде ду қалб наниҳодааст. Ва занонатонро, ки модари худ мехонед, модаратон қарор надод ва фарзандхондагонатонро фарзандонатон насохт. Инҳо чизҳоест, ки ба забои мегӯед ва сухани ҳақ аз они Худост ва Ӯст, ки роҳ менамояд
Verse 5 — Surah Al-Ahzab 33:5
Писархондагонро ба номи падарашон бихонед, ки дар назди Худо мувофиқи инсоф аст. Агар падарашонро намешиносед, бародарони динӣ ва маволии (дӯстони) шумо бошанд. Агар пеш аз ин хатое кардаед, боке нест, магар он, ки ба қасди дил кунед. Ва Худо бахщояндаву меҳрубон аст
Verse 6 — Surah Al-Ahzab 33:6
Паёмбар ба мӯъминон аз худашон сазовортар аст ва занонаш модарони мӯъминон ҳастанд ва дар китоби Худо хешовандони насабӣ аз мӯъминону муҳоҷирон ба якдигар сазовортаранд, ғайри он, ки бихоҳед ба яке аз дӯстони худ некӣ кунед. Ва ин ҳукм дар китоби Худо мактуб аст
Verse 7 — Surah Al-Ahzab 33:7
Ва он ҳангом, ки аз паёмбарон паймон гирифтем ва аз туву аз Нӯҳ ва Иброҳим ва Мӯсо ва Исо бинни Марям ва аз ҳамаи онҳо паймоне сахт гирифтем
Verse 8 — Surah Al-Ahzab 33:8
то ростгӯёнро аз сидқашон бипурсад ва барои кофирон азобе дардовар муҳайё кардааст
Verse 9 — Surah Al-Ahzab 33:9
Эй касоне, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Худо ба шумо додааст, ёд кунед, ба он ҳангом, ки лашкарҳо бар сари шумо ҳуҷум карданд ва Мо бодро ва лашкарҳоеро, ки намедидед, бар сарашон фиристодем ва Худо ба он чӣ мекардед, бино буд
Verse 10 — Surah Al-Ahzab 33:10
Он гоҳ ки аз самти боло ва аз самти поин бар шумо тохтанд, чашмҳо хира шуд ва дилҳо ба гулӯ расида буд ва ба Худо гумонҳои гуногун мебурдед
Verse 11 — Surah Al-Ahzab 33:11
Дар он ҷо мӯъминон имтиҳон карда шуданд ва сахт такон хӯрданд
Verse 12 — Surah Al-Ahzab 33:12
Зеро мунофиқон ва онҳое, ки дар дилҳояшон беморист мегуфтанд: «Худо ва паёмбараш ғайри фиреб ба мо ваъдае надодаанд!»
Verse 13 — Surah Al-Ahzab 33:13
Ва гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд. Мегуфтанд: «Хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд
Verse 14 — Surah Al-Ahzab 33:14
Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоханд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва андаке ҳам мӯҳлат раво нахоҳанд гузаронд
Verse 15 — Surah Al-Ahzab 33:15
Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард
Verse 16 — Surah Al-Ahzab 33:16
Бигӯ: «Агар аз марг ё кушта шудан бигурегед, ҳаргиз гурехтан нафъатон надиҳад. Ва он гоҳ аз зиндагӣ ғайри андаке баҳраманд нахоҳед шуд»
Verse 17 — Surah Al-Ahzab 33:17
Бигӯ: «Агар Худо бароятон қасди баде дошта бошад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад?» Онҳо ғайри Худо барои худ дӯсту мададкоре нахоҳанд ёфт
Verse 18 — Surah Al-Ahzab 33:18
Худо медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз ҷанг бозмедоранд. 'Ва низ мешиносад касоноро, ки ба бародарони худ мегӯянд: «Ба назди мо биёед». Ва ғайри андаке ба ҷанг намеоянд
Verse 19 — Surah Al-Ahzab 33:19
Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва ҷуи тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси и марг) давр мезанад мисли касе, ки аз марг беҳуш туда бошад, Ва чун ваҳшат аз миён биревад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст
Verse 20 — Surah Al-Ahzab 33:20
Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд
Verse 21 — Surah Al-Ahzab 33:21
Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест, мебинед
Verse 22 — Surah Al-Ahzab 33:22
Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Худо ва паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва Худову паёмбараш рост гуфтаанд». Ва имон ва таслимашон зоид шуд
Verse 23 — Surah Al-Ahzab 33:23
Аз мӯъминон мардоне ҳастанд, ки ба паймоне, ки ба Худо баста буданд, вафо карданд. Баъзе бар сари паймони худ ҷон бохтанд ва баъзе чашм ба роҳанд ва ҳеҷ паймони худ дигаргун накардаанд
Verse 24 — Surah Al-Ahzab 33:24
То Худо ростгӯёнро ба сабаби ростии гуфторашон музд диҳад ва мунофиқонро агар хоҳад азоб кунад ё тавбаи онҳоро бипазирад, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст
Verse 25 — Surah Al-Ahzab 33:25
Худо кофирони хашмгирифтаро бозпас гардонид. Инҳо ба ҳеҷ ғанимате даст наёфтанд. Ва дар майдони ҷанг мӯъминонро Худо кифоя аст. Зеро Худо пуртавону ғолиб аст
Verse 26 — Surah Al-Ahzab 33:26
Аз аҳли китоб он гурӯҳро, ки ба ёриашон бархоста буданд, аз қалъаҳояшон фуруд овард ва дар дилҳояшон бим афканд. Гурӯҳеро куштед ва гурӯҳеро ба асорат гирифтед
Verse 27 — Surah Al-Ahzab 33:27
Худо замину хонаҳо ва молҳояшон ва заминҳоеро, ки бар онҳо пой наниҳодаед, ба шумо мерос гузошт. Ва Худо бар ҳар коре тавоност
Verse 28 — Surah Al-Ahzab 33:28
Эй паёмбар, ба занонат бигӯ: «Агар хоҳони зиндагии дунё ва зинатҳои он ҳастед, биёед, то шуморо баҳраманд созам ва ба тарзи некӯ раҳоятон кунам
Verse 29 — Surah Al-Ahzab 33:29
ва агар хоҳони Худову паёмбари Ӯ ва сарои охират ҳастед, Худо ба некӯкоронатон подоше (мукофоте) бузург хоҳад дод
Verse 30 — Surah Al-Ahzab 33:30
Эй занони паёмбар, ҳар кас аз шумо кори зишти сазовори уқубат, кунад. Худо азоби ӯро ду баробар мекунад. Ва ин бар Худо осон аст
Verse 31 — Surah Al-Ahzab 33:31
Ва ҳар кас аз шумо, ки ба фармонбардории Худо ва паёмбараш давом диҳад ва коре шоиста кунад, ду бор ба ӯ мукофот диҳем. Ва барои ӯ ризқе нек омода кардаем
Verse 32 — Surah Al-Ahzab 33:32
Эй занони паёмбаар, шумо монанди дигар занон. нестед, агар аз Худо' битарсед. Пас ба нармӣ сухан; нагӯед, то он марде, ки дар қалби ӯ маразе ҳаст, ба тамаъ афтад, Ва сухани писандида бигӯед
Verse 33 — Surah Al-Ahzab 33:33
Ва дар хонаҳои худ бимонед. Ва чунон ки дар замони пешини ҷоҳилият мекарданд, зинатҳои худро ошкор накунед. Ва намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед. Эй аҳли байт. Худо мехоҳад, палидиро аз шумо дур кунад ва шуморо пок дорад
Verse 34 — Surah Al-Ahzab 33:34
Он чиро дар хонаҳоятон аз оёти Худо ва ҳикмат тиловат мешавад,. ёд кунед, ки Худо борикбину огоҳ аст!»
Verse 35 — Surah Al-Ahzab 33:35
Худо барои, мардони мусалмон ва занони мусалмон ва мардони мӯъмину занони мӯъмин ва мардони аҳли тоъату занони аҳли тоъат ва мардони ростгӯву занони ростгӯй ва мардони босабру занони босабр ва мардони худотарсу занони худотарс ва мардони садақадиҳандаву занони садақадиҳанда ва мардони рӯзадору занони рӯзадор ва мардоне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва заноне, ки шармгоҳи худ ҳифз мекунанд ва мардоне, ки Худоро фаровон. ёд мекунанд ва заноне ки Худоро фаровон ёд мекунанд, бахшоиш ва музде бузург омода кардааст
Verse 36 — Surah Al-Ahzab 33:36
Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёр бошад. Ҳар ки ба Худову паёмбараш нофармонӣ кунад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст
Verse 37 — Surah Al-Ahzab 33:37
Ва ту ба он мард, ки Худо. неъматаш дода буд ва ту низ неъматаш дода будӣ, гуфтӣ: «Занатро барои худ нигаҳ дор ва аз Худой битарс». Дар ҳоле ки дар дили худ он чиро Худо ошкор сохт, махфӣ дошта буди ва аз мардум метарсидӣ, ҳол он ки Худо аз ҳар каси дигар сазоворгар буд, ки аз ӯ битарсӣ. Пас чун Зайд аз ӯ ҳоҷати худ барорад, ба ҳамсарии туаш даровардем, то мӯъминонро дар заношӯӣ бо занони фарзандхондагони худ, агар ҳоҷати худ аз ӯ бароварда бошанд, манъе набошад. Ва ҳукми Худованд шуданист
Verse 38 — Surah Al-Ahzab 33:38
Бар паёмбар дар анҷом додани он чӣ Худо ба ӯ муқаррар кардааст, ҳараҷе (гуноҳе) нест, ҳамчунон ки Худо барои паёмбарони пешин низ чунин суннате ниҳода буд ва фармони Худо фармонест бе ҳеҷ зиёдаву нуқсон
Verse 39 — Surah Al-Ahzab 33:39
Касоне, ки паёмҳои Худоро мерасонанд ва аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ғайри Ӯ наметарсанд, Худо барои ҳисоб кардани амалҳояшон кофист
Verse 40 — Surah Al-Ahzab 33:40
Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест. Ӯ расули Худо ва ҳотами (охирини) паёмбарон аст. Ва Худо ба ҳар чизе доност
Verse 41 — Surah Al-Ahzab 33:41
Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро фаровон ёд кунед
Verse 42 — Surah Al-Ahzab 33:42
Ва ҳар бомдоду шабонгоҳ тасбеҳаш гӯед
Verse 43 — Surah Al-Ahzab 33:43
Ӯст, ки Худ ва фариштагонаш бар шумо дурӯғ мефиристанд, то шуморо аз торикӣ ба равшанӣ барад, зеро Худованд ба мӯъминон меҳрубон аст
Verse 44 — Surah Al-Ahzab 33:44
Рӯзе, ки бо Ӯ дидор кунанд, дурудашон ин аст: «Салом!» Ва Худо барояшон мукофоте некӯ омода кардааст
Verse 45 — Surah Al-Ahzab 33:45
Эй паёмбар, Мо туро фиристодем то шоҳиду муждадиҳанда ва бимдиҳанда бошӣ
Verse 46 — Surah Al-Ahzab 33:46
Ва мардумро ба фармони Худо ба сӯи Ӯ даъват кунӣ ва чароғе тобнок бошӣ
Verse 47 — Surah Al-Ahzab 33:47
Ва мӯъминонро хушхабар деҳ, ки аз сӯи Худо барояшон фазилате бузург омадааст
Verse 48 — Surah Al-Ahzab 33:48
Ба кофирону мунофиқон итоъат макун ва озорашонро тарк кун ва бар Худо таваккал кун, ки Худо корсозиро кифоя аст
Verse 49 — Surah Al-Ahzab 33:49
Эй касоне, ки имон овардаед, чун занони мӯъминро никоҳ кардед, ва пеш аз он ки бо онҳо наздикӣ кунед, талоқашон гуфтед, шуморо бар онҳо иддае нест, ки бипоянд. Пас ононро ҳадя диҳед ва ба некӯтарин тарз раҳояшон кунед
Verse 50 — Surah Al-Ahzab 33:50
Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту ато намудааст, молик шудаӣ ва духтари амуҳо ва духтари аммаҳо ва духтари доиҳо (тағоҳо) ва духтари холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд, бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъминеро, ки худро ба паёмбар бахшида бошад ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад уро ба занӣ гирад. Ин ҳукми махсуси туст на дигар мӯьминон. Мо медонем дар борам занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкилие пеш наёяд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст
Verse 51 — Surah Al-Ahzab 33:51
Аз занони худ ҳар киро хоҳӣ ба навбат муаххар (ақиб) дор ва ҳар киро хоҳӣ, бо худ нигаҳ дор. Ва агар аз онҳо, ки дур доштаӣ, якеро биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин интихобу ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин нашавагд ва аз он чӣ ҳамагияшонро ато менамоӣ, бояд, ки хушнуд гарданд ва Худо медонад, ки дар дилҳои шумо чист. Ва Худост, ки донову бурдбор аст
Verse 52 — Surah Al-Ahzab 33:52
Баъд аз ин занон ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва низ зане ба ҷои ояҳо ихтиёр кардан, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, ғайри он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Худо назораткунандаи ҳар чизест
Verse 53 — Surah Al-Ahzab 33:53
Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил нашавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват кунанд, дохил шавед, ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед. Албатта ин корҳо паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад, Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед. Ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо набояд, ки паёмбари Худоро биёзоред ва на он ки занҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Ин корҳо дар назди Худо гуноҳе бузург аст
Verse 54 — Surah Al-Ahzab 33:54
Агар чизеро ошкор кунед ё махфӣ доред, дар ҳар ҳол Худо ба ҳар чизе огоҳ аст
Verse 55 — Surah Al-Ahzab 33:55
Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падару писар ва бародару бародарзода ва хоҳарзодаву занони ҳамдин ва ё канизони худ беҳиҷоб бошанд. Ва бояд аз Худо битарсед, ки Худо бар ҳар чизе нозир аст
Verse 56 — Surah Al-Ahzab 33:56
Худо ва фариштагонаш бар паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом кунед, саломе некӯ
Verse 57 — Surah Al-Ahzab 33:57
Ҳар оина (албатта) касонеро, ки Худо ва паёмбарашро озор медиҳанд, Худо дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азобе хоркунанда муҳайё кардааст
Verse 58 — Surah Al-Ahzab 33:58
Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гунохе, ки карда бошанд, меозоранд, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар душ мекашанд
Verse 59 — Surah Al-Ahzab 33:59
Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст
Verse 60 — Surah Al-Ahzab 33:60
Агар мунофиқон ва касоне, ки дар дилҳояшон маразест ва онҳо, ки дар Мадина шойеъа (овоза) мепарокананд, аз кори худ бознаистанд, туро бар онҳо ғолиб мегардонем, то аз он пас ҷуз андаке бо ту дар шаҳр ҳамсоя набошанд
Verse 61 — Surah Al-Ahzab 33:61
Инҳо лаънат шудагоизпд. Ҳар ҷо ёфта шаванд, бояд дастгир гарданд ва ба сахтӣ кушта шаванд
Verse 62 — Surah Al-Ahzab 33:62
Ин суннати Худовандист, ки дар миёни пешиниён низ буд ва дар суннатн Худо тағйире нахоҳӣ ёфт
Verse 63 — Surah Al-Ahzab 33:63
Мардум туро аз қиёмат мепурсанд, бигӯ: «Илми он назди Худост». Ва ту чӣ медонӣ, шояд қиёмат наздик бошад
Verse 64 — Surah Al-Ahzab 33:64
Худо кофиронро лаънат карда ва барояшон оташе сӯзон муҳайё кардааст
Verse 65 — Surah Al-Ahzab 33:65
ки дар он ҷовидонаанд ва ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт
Verse 66 — Surah Al-Ahzab 33:66
Рӯзе, ки суратҳояшонро (рӯйҳояшонро) дар оташ бигардонанд, мегӯянд: «Эй кош, Худоро итоъат карда будем ва расулро итоъат карда будем!»
Verse 67 — Surah Al-Ahzab 33:67
Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба сарварону бузургони худ итоъат кардем ва онон моро гумроҳ карданд
Verse 68 — Surah Al-Ahzab 33:68
Эй Парвардигори мо, азобашонро дучандон кун ва ба лаънати бузурге гирифторашон соз!»
Verse 69 — Surah Al-Ahzab 33:69
Эй касоне, ки имон овардаед, мабошед монанди он касон, ки Мӯсоро озурда карданд ва Худояш аз он айбе, ки гуфта буданд, покаш сохт ва назди Худо обрӯманд буд
Verse 70 — Surah Al-Ahzab 33:70
Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва сухани дуруст бигӯед
Verse 71 — Surah Al-Ahzab 33:71
Худо корҳои шуморо ба салоҳ оварад ва гуноҳонатонро бибахшояд. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ба комёбии (зафари) бузурге даст ёфтааст
Verse 72 — Surah Al-Ahzab 33:72
Мо ин амонатро бар осмонҳову замин ва кӯҳҳо арза доштем, аз таҳаммули он рӯй гардонданд ва аз он тарсиданд. Инсон он амонатро бар дӯш гирифт, кк ӯ ситамкору нодон буд
Verse 73 — Surah Al-Ahzab 33:73
то Худо мардони мунофиқу занони мунофиқ ва мардони мушрику занони мушрикро азоб кунад ва тавбаи мардони мӯъмину занони мӯъминро бипазирад, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст