Back to Languages

Tajik - Chapter 34 - Saba

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Saba 34:1

Ситоиш аз они Худоест, ки ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. аз они Ӯст. Ва дар он ҷаҳон низ ситоиш аз они Ӯст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст

Verse 2 — Surah Saba 34:2

Ҳар чиро, ки дар замин фурӯ шавад ва ҳар чиро, ки аз замин берун ояд ва ҳар чиро, ки аз осмон фуруд ояд ва ҳар чиро, ки бар осмон боло равад, медонад. Ва Ӯ меҳрубону бахшоянда аст

Verse 3 — Surah Saba 34:3

Кофирон гуфтанд,: «Моро қиёмат нахоҳад омад!» Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам — он донои ғайб савганд, ки шуморо хоҳад омад. Ба қадри заррае ё кучактар аз он ва ё бузургтар аз он дар осмонҳову замин аз Худо пинҳон нест ва ҳама дар китоби мубин омадааст

Verse 4 — Surah Saba 34:4

то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, музд диҳад. Барои онҳост бахшоиш ва ризқи некӯ

Verse 5 — Surah Saba 34:5

Ва онон, ки ба оёти Мо дарафтоданд, то Моро ба нотавонӣ оранд, барояшон аэобест сахт дардовар

Verse 6 — Surah Saba 34:6

Онон, ки аз дониш баҳрамандӣ ёфтаанд, медонанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шуда аст, ҳақ аст ва ба роҳи Худои ғолибу сутуданӣ роҳ менамояд

Verse 7 — Surah Saba 34:7

Кофирон гуфтанд: «Оё мехоҳед ба марде далолататон кунем, ки шуморо мегӯяд: «Он гоҳ ки порапора шавед ва рез-рез, аз лав офарида хоҳед шуд

Verse 8 — Surah Saba 34:8

Оё бар Худо дурӯғ мебандад, ё девона аст?» На, онон, ки ба охират имон надоранд, дар азобанд ва сахт аз роҳ дуранд

Verse 9 — Surah Saba 34:9

Оё ба паши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем, ё қитъае аз осмонро бар сарашон меафканем. Ва дар ин барои ҳар бандае, ки ба Худо бозмегардад, ибратест

Verse 10 — Surah Saba 34:10

Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш нарм кардем

Verse 11 — Surah Saba 34:11

ки зиреҳҳои баланд бисоз ва дар бофтани зиреҳ андозаҳоро нигаҳ дор. Ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳоятон биноам

Verse 12 — Surah Saba 34:12

Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ба чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Парвардигораш барояш кор мекарданд ва ҳар кӣ аз онон сар аз фармони Мо мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем

Verse 13 — Surah Saba 34:13

Барои вай ҳар чӣ мехост, аз биноҳои баланд ва суратҳо ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками барҷой, месохтанд. Эй хонадони Довуд, барои шукр гузорӣ коре кунед ва андаке аз бандагони Ман шукргузоранд

Verse 14 — Surah Saba 34:14

Чун ҳукми маргро бар ӯ рондем, ҳашарае аз ҳашароти замин мардумро бар маргаш огоҳ кард, асояшро (як сол) хоид. Чун фурӯ афтод, дегҳо дарёфтанд, ки агар илми ғайб медонистанд, дар он азоби хоркунанда намемонданд

Verse 15 — Surah Saba 34:15

Мардуми Саборо дар масканҳояшон ибрате буд: ду бӯстон доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре бахшоянда

Verse 16 — Surah Saba 34:16

Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду бӯстонашонро ба ду бӯстон бадал кардем бо мевае талх ва шӯрагаз ва андаке сидр (номи дарахт)

Verse 17 — Surah Saba 34:17

Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем, Оё Мо ғайри носипосонро ҷазо мекунем

Verse 18 — Surah Saba 34:18

Миёни онон ва қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, деҳаҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар мӯъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!»

Verse 19 — Surah Saba 34:19

Бар хештан ситам карданд ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, манзилгоҳҳои моро аз ҳам, дур гардон!» Мо низ афсонаи рӯзгорашон гардонидем ва сахт парокандаашон сохтем ва дар ин ибратҳост барои сабркунандагони шукргузор

Verse 20 — Surah Saba 34:20

Шайтон гумони худро дар бораи онҳо дуруст ёфт. Ва ғайри гурӯҳе аз мӯъминон дигарон аз ӯ пайравӣ карданд

Verse 21 — Surah Saba 34:21

Ва шайтонро бар онон ғолибияте набуд, магар он ки мехостем маълум дорем, ки чӣ касоне ба қиёмат имон доранд ва чӣ касоне аз он дар шак ҳастанд. Ва Парвардигори ту нигаҳбони ҳар чизест

Verse 22 — Surah Saba 34:22

Бигӯ: «Бихонед касонеро, ки ҷуз Худои якто худо мепиндоред!» Молики заррае дар осмонҳову замин нестанд ва дар офариниши он ду ширкате надоштаанд ва Худоро аз миёни онҳо ёригаре набудааст

Verse 23 — Surah Saba 34:23

Шафоъат назди Худо нафъ накунад, магар дар бораи касе, ки Ӯ худ иҷозат диҳад, Ва чун бим аз дилҳояшон биравад, гӯянд: «Парвардигоратон чӣ гуфт?» Гӯянд: «Сухани ҳақ гуфт. Ва Ӯ баландмартабаву бузург аст!»

Verse 24 — Surah Saba 34:24

Бигӯ: «Аз осмонҳову замин чӣ касе, ба шумо рӯзӣ медиҳад?» Бигӯ: «Худои якто». Инак мову шумо ё дар тариқи ҳидоят ҳастем ё дар гумроҳии ошкор». (Саҷда)

Verse 25 — Surah Saba 34:25

Бигӯ: Агар мо гуноҳе кунем, шуморо пурсиш намекунанд ва агар шумо гуноҳе кардед моро пурсиш нахоҳанд кард»

Verse 26 — Surah Saba 34:26

Бигӯ: «Парвардигори мо мову шуморо гирд меоварад, сипас миёни мо ба ҳақ доварӣ мекунад. Зеро Ӯст ҳукмкунандаву доно!»

Verse 27 — Surah Saba 34:27

Бигӯ: «Онҳоеро, ки шарики Худо пиндоштед, ба ман нишон бидиҳед! Ҳаргиз, Ӯст Худои ғолибу ҳаким!»

Verse 28 — Surah Saba 34:28

Туро ба паёмбарӣ фиристодем, бар ҳамаи мардум; муждадиҳандаву бимдиҳанда. Вале бештари мардум намедонанд

Verse 29 — Surah Saba 34:29

Ва мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда (қиёмат) чӣ вақт фаро расад?»

Verse 30 — Surah Saba 34:30

Бигӯ: «Он рӯз, ки меъоде (ваъдагоҳи) шумост, на соъате таъхир кунед ва на соъате пеш афтед»

Verse 31 — Surah Saba 34:31

Ва кофирон гуфтанд: «Мо на ба ин Қуръон имон меоварем ва на ба китобҳои пеш аз он!» Агар бубинӣ он рӯз, ки ситамкоронро ба пешгоҳи Парвардигорашон нигоҳ доранд, ҳар кас гуноҳи худ ба гардани дигаре андозад. Забуншудагон пайравон ба қудратмандон (сардорон) гӯянд: «Агар шумо набудед, мо имон оварда будем»

Verse 32 — Surah Saba 34:32

Қудратмандон ба забуншудагон гӯянд: «Оё аз он пас, ки шуморо ба роҳи ҳидоят даъват карданд, мо шуморо боздоштем? На, шумо худ гунаҳкор будед!»

Verse 33 — Surah Saba 34:33

Забуншудагон ба қудратмандон гӯянд: «На, шумо шабу рӯз ҳила мекардед, он гоҳ ки моро фармон медодед, ки ба Худои якто кофир шавем ва барои Ӯ шариконе қарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, дар дил пушаймонӣ кунанд. Ва Мо гулҳоро бар гардани кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари амалҳояшон ҷазо дода мешаванд

Verse 34 — Surah Saba 34:34

Мо кадом бимдиҳандае ба деҳае фиристодем, тавонгарони бо айшу ишраташ гуфтанд: «Мо ба он чӣ шуморо ба он фиристодаанд, имон намеоварем»

Verse 35 — Surah Saba 34:35

Ва гуфтанд: «Молҳову авлоди мо аз ҳама бештар аст ва касе моро азоб накунад»

Verse 36 — Surah Saba 34:36

Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ва бар ҳар кӣ бихоҳад, танг мегирад. Вале бештари мардум намедонанд»

Verse 37 — Surah Saba 34:37

Молҳову авлодатон чизе нест, ки шуморо ба Мо наздик созад. Ғайри онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, ки музди инҳо ба сабаби амалҳояшон ду баробар аст ва эмин дар ғурфаҳои биҳишт ҳастанд

Verse 38 — Surah Saba 34:38

Онҳое, ки ба оёти Мо метозанд ва мепиндоранд, ки аз Мо мегурезанд, тӯъмаи азобанд

Verse 39 — Surah Saba 34:39

Бигӯ: «Парвардигори ман аст, ки рӯзии ҳар кӣ аз бандагонашро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро ба тангӣ меафканад». Ва агар чизе садақа кунед, ивазашро хоҳад дод ва Ӯ беҳтарини рӯзидиҳандагон аст

Verse 40 — Surah Saba 34:40

Рӯзе, ки ҳамаро ҷамъ оварад, он гоҳ малоикаро гӯяд: «Оё инҳо буданд, ки шуморо мепарастиданд?»

Verse 41 — Surah Saba 34:41

Мегӯянд; «Ту покӣ. Туӣ валии мо, на онҳо. Инҳо ҷинҳоро мепарастиданд ва бештарин ба онҳо имон доштанд»

Verse 42 — Surah Saba 34:42

Он рӯз ба якдигар ҳеҷ суду зиёне натавонед расонд. Ва ба ситамкорон гӯем: «Бичашед азоби оташро, ки дурӯғаш мепиндоштед!»

Verse 43 — Surah Saba 34:43

Чун оёти равшани Мо бар онон хонда шуд, гуфтанд: «Ин мардест, ки мехоҳад шуморо аз он чӣ падаронатон мепарастиданд, боздорад». Ва гуфтанд: «Ин ғайри дурӯғе ба ҳам бофта чизи дигаре нест!» Ва касоне, ки ба Худо кофир шуда буданд, чун сухани ҳақ бар онҳо нозил шуд, гуфтанд: «Ин чизе ғайри ҷодуе ошкор нест!»

Verse 44 — Surah Saba 34:44

Пеш аз ин китобе, ки онро бихонанд, ба онҳо надодаем ва пеш аз ту бимдиҳандае бар онҳо нафиристодаем

Verse 45 — Surah Saba 34:45

Ва касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро такзиб (дурӯғ) кардаанд ва инҳо худ ба даҳяки он чӣ ба онҳо дода будем, нарасидаанд ва бо ин ҳол паёмбарони Маро дурӯғ бароварданд. Пас уқубати Ман чӣ сахт буд

Verse 46 — Surah Saba 34:46

Бигӯ: «Шуморо ба як чиз панд медиҳам: ду-ду ва як-як барои (ибодати) Худо бархезед. Сипас бияндешед, то бидонед, ки дар ёри шумо девонагие нест. Ӯст, ки шуморо аз омадани азобе сахт метарсонад!»

Verse 47 — Surah Saba 34:47

Бигӯ: «Ҳар музде, ки аз шумо талабидаам, аз они худатон бод. Музди ман танҳо бар ӯҳдаи Худост. Ӯст, ки бар ҳар коре нозир аст!»

Verse 48 — Surah Saba 34:48

Бигӯ: «Парвардигори ман илҳомбахши сухани ҳақ аст. Донои ғайбҳост!»

Verse 49 — Surah Saba 34:49

Бигӯ: «Ҳақ (Қуръон) омад ва ботил зоҳир намешавад ва бознамегардад!»

Verse 50 — Surah Saba 34:50

Бигӯ: «Агар ман гумроҳ шавам, зиёнаш бар ман аст ва агар ба роҳи ҳидоят равам, ба он сабаб аст, ки Парвардигори ман ба ман ваҳй мекунад. Ӯ шунавову наздик аст!»

Verse 51 — Surah Saba 34:51

Агар бубинӣ, он гоҳ ки сахт битарсанд ва халосиашон набошад ва аз маконе наздик гирифторашон созанд

Verse 52 — Surah Saba 34:52

Гӯянд: «Инак ба расул имон овардем». Аммо аз он ҷои дур чӣ сон ба он даст ёбанд

Verse 53 — Surah Saba 34:53

Пеш аз ин ба Ӯ кофир шуда буданд ва ба гумони худ ба Ӯ тӯҳмат мезаданд

Verse 54 — Surah Saba 34:54

Миёни онҳо ва он орзу, ки доранд, ҷудоӣ афтод. Ҳамчунон ки бо дигарон, ки чунин меандешиданд ва сахт дар шубҳа буданд, низ чунин шуд