Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 37 - As-Saffat
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah As-Saffat 37:1
Савганд ба он фариштагон, ки барои Худо саф бастаанд
Verse 2 — Surah As-Saffat 37:2
савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро меронанд
Verse 3 — Surah As-Saffat 37:3
савганд ба он фариштагон, ки зикри Худоро мехонанд
Verse 4 — Surah As-Saffat 37:4
ки Худои шумо Худои яктост
Verse 5 — Surah As-Saffat 37:5
Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машрикҳост
Verse 6 — Surah As-Saffat 37:6
Мо осмони дунёро ба зинати ситорагон биёростем
Verse 7 — Surah As-Saffat 37:7
Ва аз ҳар шайтони нофармон нигаҳ доштем
Verse 8 — Surah As-Saffat 37:8
То сухани сокинони олами болоро нашнаванд ва аз ҳар сӯй ронда шаванд
Verse 9 — Surah As-Saffat 37:9
То дур гарданд ва барои онҳост азобе доим
Verse 10 — Surah As-Saffat 37:10
Ғайри он шайтон, ки ногаҳон чизе бирабояд ва ногаҳон шӯълаи сӯзандае дунболаш кунад
Verse 11 — Surah As-Saffat 37:11
Пас, аз кофирон бипурс, ки оё офариниши онҳо душвортар аст ё он чӣ Мо офаридаем. Мо онҳоро аз гиле часпанда офаридаем
Verse 12 — Surah As-Saffat 37:12
Ту дар тааҷҷуб шудӣ ва онҳо масхара мекунанд
Verse 13 — Surah As-Saffat 37:13
Ва чун ба онҳо панд дода шавад, панд, намепазиранд
Verse 14 — Surah As-Saffat 37:14
Ва чун ояе бубинанд, аз якдигар мехоҳанд, то онро ба масхара гиранд
Verse 15 — Surah As-Saffat 37:15
Ва мегӯянд: «Ин чизе ғайри ҷодуи ошкор нест
Verse 16 — Surah As-Saffat 37:16
оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухон шудем, моро зинда мекунанд
Verse 17 — Surah As-Saffat 37:17
ё падарони моро?»
Verse 18 — Surah As-Saffat 37:18
Бигӯ: «Бале, ва шумо хору бечора мешавед!»
Verse 19 — Surah As-Saffat 37:19
Ва онон худ хоҳанд дид, ки ба як фармон ҳамаро зинда мекунанд
Verse 20 — Surah As-Saffat 37:20
Мегӯянд: «Вой бар мо, ин ҳамон рӯзи ҷазост!»
Verse 21 — Surah As-Saffat 37:21
Ин ҳамон рӯзи довари аст, ки дурӯғаш мепиндоштед
Verse 22 — Surah As-Saffat 37:22
Ононро, ки зулм мекарданд ва ҳамроҳонашонро ва онҳоеро, ки ба ҷои Худои якто мепарастиданд, ҷамъ оваред
Verse 23 — Surah As-Saffat 37:23
Ҳамаро ба роҳи ҷаҳаннам роҳ нишон диҳед
Verse 24 — Surah As-Saffat 37:24
Ва нигаҳ доредашон, бояд бозхост шаванд
Verse 25 — Surah As-Saffat 37:25
«Чаро якдигарро ёрӣ намекунед?»
Verse 26 — Surah As-Saffat 37:26
На, имрӯз ҳама таслимшавандагонанд
Verse 27 — Surah As-Saffat 37:27
Ва он гоҳ рӯй ба якдигар кунанд ва бипурсанд
Verse 28 — Surah As-Saffat 37:28
Гӯянд: «Шумо будед, ки аз дари некхоҳӣ бар мо медаромадед»
Verse 29 — Surah As-Saffat 37:29
Гӯянд: «На, шумо имон наёварда будед
Verse 30 — Surah As-Saffat 37:30
Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд. Шумо худ мардумоне нофармон будед
Verse 31 — Surah As-Saffat 37:31
Гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷид шуд. Акнун бояд бичашем
Verse 32 — Surah As-Saffat 37:32
Мо шуморо гумроҳ кардем ва худ низ гумроҳ будем»
Verse 33 — Surah As-Saffat 37:33
Дар он рӯз ҳама дар азоб шариканд
Verse 34 — Surah As-Saffat 37:34
Мо бо гунаҳкорон чунин мекунем
Verse 35 — Surah As-Saffat 37:35
Чун ба онон гуфта мешуд, ки ғайри Худои якто худое нест, такаббур мекарданд
Verse 36 — Surah As-Saffat 37:36
ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае худоёнамонро тарк гӯем?»
Verse 37 — Surah As-Saffat 37:37
На, он паёмбар ҳақро овард ва паёмбарони пешинро тасдиқ кард
Verse 38 — Surah As-Saffat 37:38
Шумо азоби дардоварро хоҳед чашид
Verse 39 — Surah As-Saffat 37:39
Дар баробари амалҳоятон ҷазо хоҳед дид
Verse 40 — Surah As-Saffat 37:40
Ғайри бандагони мухлиси Худо
Verse 41 — Surah As-Saffat 37:41
ки онҳоро ризқе муъайян аст
Verse 42 — Surah As-Saffat 37:42
аз меваҳо, ва гиромӣ доштагонанд
Verse 43 — Surah As-Saffat 37:43
дар биҳиштҳои пурнеъмат
Verse 44 — Surah As-Saffat 37:44
бар тахтҳое, ки рӯбарӯи ҳаманд
Verse 45 — Surah As-Saffat 37:45
Ва ҷоме аз чашмаи хушгувор миёнашон ба гардиш дарояд
Verse 46 — Surah As-Saffat 37:46
сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш
Verse 47 — Surah As-Saffat 37:47
на дарди сар орад ва на нӯшанда маст шавад
Verse 48 — Surah As-Saffat 37:48
Заноне фарохчашм, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд, ҳамдами онҳоянд
Verse 49 — Surah As-Saffat 37:49
Ҳамонанди тухми мурғҳое дур аз дастрас
Verse 50 — Surah As-Saffat 37:50
Рӯ ба якдигар кунанд ва гуфтугӯ кунанд
Verse 51 — Surah As-Saffat 37:51
Яке аз онҳо гӯяд: «Маро ҳамнишине буд
Verse 52 — Surah As-Saffat 37:52
ки мегуфт: «Оё ту аз онҳо ҳастӣ, ки тасдиқ мекунанд
Verse 53 — Surah As-Saffat 37:53
Оё он гоҳ, ки мурдему хоку устухон шудем, ҷазоямон медиҳанд?»
Verse 54 — Surah As-Saffat 37:54
Гӯянд: «Метавонед аз боло бинигаред?»
Verse 55 — Surah As-Saffat 37:55
Аз боло бинигарад ва ӯро дар миёни оташи дӯзах бинад
Verse 56 — Surah As-Saffat 37:56
Гуядаш: «Ба Худо савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ
Verse 57 — Surah As-Saffat 37:57
Ва агар мавҳибати (бахшиши) Парвардигорам набуд, ман низ аз ҳозиршудагони азоб мебудам
Verse 58 — Surah As-Saffat 37:58
Оё моро марге нест
Verse 59 — Surah As-Saffat 37:59
ҷуз он марги нахустин? Ва дигар азобамон намекунанд?»
Verse 60 — Surah As-Saffat 37:60
Ҳар оина (албатта) ин аст комёбии бузург
Verse 61 — Surah As-Saffat 37:61
Амалкунандагон бояд барои чунин мукофоте амал кунанд
Verse 62 — Surah As-Saffat 37:62
Оё хӯришро ин беҳтар ё дарахти заққум
Verse 63 — Surah As-Saffat 37:63
Мо он дарахтро барои ибтилои (гирифтории) ситамкорон падид овардаем
Verse 64 — Surah As-Saffat 37:64
Дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд
Verse 65 — Surah As-Saffat 37:65
Мевааш монанди сари шайтонҳо аст
Verse 66 — Surah As-Saffat 37:66
дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд
Verse 67 — Surah As-Saffat 37:67
ва бар сари он омехтае аз оби сӯзон менушанд
Verse 68 — Surah As-Saffat 37:68
Сипас бозгашташон ба ҳамон ҷаҳаннам аст
Verse 69 — Surah As-Saffat 37:69
Онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ёфтанд
Verse 70 — Surah As-Saffat 37:70
ва аз паи онҳо шитобон мераванд
Verse 71 — Surah As-Saffat 37:71
Ва пеш аз онҳо бештар пешиниён гумроҳ шуданд
Verse 72 — Surah As-Saffat 37:72
Ва Мо бимдиҳандагоне ба миёнашон фиристодем
Verse 73 — Surah As-Saffat 37:73
Пас бингар, ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд
Verse 74 — Surah As-Saffat 37:74
Ғайри бандагони мухлиси Худо
Verse 75 — Surah As-Saffat 37:75
Нӯҳ Моро нидо кард ва Мо чӣ нек посухдиҳандае будем
Verse 76 — Surah As-Saffat 37:76
Ӯ ва касонашро аз андӯҳи бузург наҷот додем
Verse 77 — Surah As-Saffat 37:77
Ва фарзандонашро боқӣ гузоштем
Verse 78 — Surah As-Saffat 37:78
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ ниҳодем
Verse 79 — Surah As-Saffat 37:79
Салом бар Нӯҳ бод дар саросари ҷаҳон
Verse 80 — Surah As-Saffat 37:80
Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем
Verse 81 — Surah As-Saffat 37:81
Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
Verse 82 — Surah As-Saffat 37:82
Сипас дигаронро ғарқ сохтем
Verse 83 — Surah As-Saffat 37:83
Иброҳим аз пайравони ӯ буд
Verse 84 — Surah As-Saffat 37:84
Он гоҳ ки бо диле холи аз шубҳа рӯй ба Парвардигораш овард
Verse 85 — Surah As-Saffat 37:85
Ба падараш ва қавмаш гуфт: «Чӣ мепарастед
Verse 86 — Surah As-Saffat 37:86
Оё ба ҷои Худои якто худоёни дурӯғинро мехоҳед
Verse 87 — Surah As-Saffat 37:87
Ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?»
Verse 88 — Surah As-Saffat 37:88
Нигоҳе ба ситорагон кард
Verse 89 — Surah As-Saffat 37:89
ва гуфт: «Ман беморам!»
Verse 90 — Surah As-Saffat 37:90
Аз ӯ рӯйгардон шуданд ва бозгаштанд
Verse 91 — Surah As-Saffat 37:91
Пинҳонӣ назди худоёнашон омад ва гуфт: «Чизе намехӯред
Verse 92 — Surah As-Saffat 37:92
Чаро сухан намегӯед?»
Verse 93 — Surah As-Saffat 37:93
Ва дар ниҳон дасте бақувват бар онҳо зад
Verse 94 — Surah As-Saffat 37:94
Қавмаш шитобон наздаш омаданд
Verse 95 — Surah As-Saffat 37:95
Гуфт: «Оё чизҳоеро, ки худ метарошед, мепарастед
Verse 96 — Surah As-Saffat 37:96
Худои яктост, ки шумо ва ҳар чӣ месозед, офаридааст»
Verse 97 — Surah As-Saffat 37:97
Гуфтанд: «Барояш биное оозед ва дар оташаш андозед»
Verse 98 — Surah As-Saffat 37:98
Хостанд то бадандешӣ кунанд, Мо низ онҳоро зердаст (хору мағлуб) гардонидем
Verse 99 — Surah As-Saffat 37:99
Гуфт: «Ман ба сӯи Парвардигорам меравам. Ӯ маро роҳнамоӣ хоҳад кард
Verse 100 — Surah As-Saffat 37:100
Эй Парвардигори ман, маро фарзанде солеҳ ато кун!»
Verse 101 — Surah As-Saffat 37:101
Пас ӯро ба писаре бурдбор хушхабар додем
Verse 102 — Surah As-Saffat 37:102
Чун бо падар ба ҷое расид, ки бояд ба кор сар кунанд, гуфт: «Эй писаракам, дар хоб дидаам, ки туро забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ». Гуфт: «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ, амал кун, ки агар Худо бихоҳад, маро аз собирон (сабркунандагон) хоҳӣ ёфт»
Verse 103 — Surah As-Saffat 37:103
Чун ҳар ду таслим шуданд ва ӯро ба пешонӣ хобонид
Verse 104 — Surah As-Saffat 37:104
Мо нидояш додем: «Эй Иброҳим
Verse 105 — Surah As-Saffat 37:105
хобатро ба ҳақиқат паивастӣ», Ва Мо некӯкоронро чунин мукофот медиҳем
Verse 106 — Surah As-Saffat 37:106
Ин озмоише ошкор буд
Verse 107 — Surah As-Saffat 37:107
Ва ӯро ба забҳе бузург бозхаридем
Verse 108 — Surah As-Saffat 37:108
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
Verse 109 — Surah As-Saffat 37:109
Салом бар Иброҳим
Verse 110 — Surah As-Saffat 37:110
Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
Verse 111 — Surah As-Saffat 37:111
Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
Verse 112 — Surah As-Saffat 37:112
Ӯро ба Исҳок — паёмбаре шоиста мужда додем
Verse 113 — Surah As-Saffat 37:113
Ӯ на Исҳоқро баракат додем. Ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор ҳастанд ва баъзе ба ошкоро бар худ ситамкор
Verse 114 — Surah As-Saffat 37:114
Мо ба Мӯсо ва Ҳорун неъмат додем
Verse 115 — Surah As-Saffat 37:115
Он ду ва мардумашонро аз ранҷе бузург наҷот бахшидем
Verse 116 — Surah As-Saffat 37:116
Ононро ёрӣ додем, то ғолиб шуданд
Verse 117 — Surah As-Saffat 37:117
Ва китобе равшангарашон додем
Verse 118 — Surah As-Saffat 37:118
Ва ба роҳи рост ҳидояташон кардем
Verse 119 — Surah As-Saffat 37:119
Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
Verse 120 — Surah As-Saffat 37:120
Салом бар Мӯсо ва Ҳорун
Verse 121 — Surah As-Saffat 37:121
Мо некӯкоронро инчунин мукофот медиҳем
Verse 122 — Surah As-Saffat 37:122
Он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд
Verse 123 — Surah As-Saffat 37:123
Ва Илёс аз паёмбарон буд
Verse 124 — Surah As-Saffat 37:124
Ба мардуми худ гуфт: «Оё аз Худо наметарсед
Verse 125 — Surah As-Saffat 37:125
Оё Баълро ба худои мехонед ва Он беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед
Verse 126 — Surah As-Saffat 37:126
Парварднгори шумо ва Парвардигори падаронатон Худои яктост»
Verse 127 — Surah As-Saffat 37:127
Пас дурӯғаш бароварданд ва онон аз ҳозиркардагонанд, (дар азоб)
Verse 128 — Surah As-Saffat 37:128
Ғайри бандагони мухлиси Худо
Verse 129 — Surah As-Saffat 37:129
Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем
Verse 130 — Surah As-Saffat 37:130
Салом бар хонадони Илёс
Verse 131 — Surah As-Saffat 37:131
Мо некӯкоронро инчунин подош (мукофот) медиҳем
Verse 132 — Surah As-Saffat 37:132
Ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд
Verse 133 — Surah As-Saffat 37:133
Ва Лут аз паёмбарон буд
Verse 134 — Surah As-Saffat 37:134
Ӯ ва ҳамаи касонашро наҷот додем
Verse 135 — Surah As-Saffat 37:135
Ғайри пиразане, ки бо мардуми шаҳр бимонд
Verse 136 — Surah As-Saffat 37:136
Сипас дигаронро ҳалок кардем
Verse 137 — Surah As-Saffat 37:137
Шумо бар (маскани) онҳо мегузаред бомдодон
Verse 138 — Surah As-Saffat 37:138
ва шомгоҳон. Оё ақл намекунед
Verse 139 — Surah As-Saffat 37:139
Ва Юнус аз паёмбарон буд
Verse 140 — Surah As-Saffat 37:140
Чун ба он киштии пур аз мардум гурехт
Verse 141 — Surah As-Saffat 37:141
қуръа заданд ва ӯ дар қуръа мағлуб шуд
Verse 142 — Surah As-Saffat 37:142
Моҳӣ фурӯ бурдаш ва ӯ лоиқи сарзаниш буд
Verse 143 — Surah As-Saffat 37:143
Пас агар аз тасбеҳ гуён намебуд
Verse 144 — Surah As-Saffat 37:144
то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ мемонд
Verse 145 — Surah As-Saffat 37:145
Пас ӯро, ки бемор буд, ба хушкӣ афкандем
Verse 146 — Surah As-Saffat 37:146
Ва бар болои сараш бӯтаи кадуе рӯёнидем
Verse 147 — Surah As-Saffat 37:147
Ва ӯро ба пайғамбарӣ бар сад ҳазор кас ва бештар фиристодем
Verse 148 — Surah As-Saffat 37:148
Онҳо имон оварданд ва то зинда буданд, бархурдорияшон додем
Verse 149 — Surah As-Saffat 37:149
Аз онҳо бипурс; «Оё духтарон аз они Парвардигори ту бошанд ва писарон аз они онҳо?»
Verse 150 — Surah As-Saffat 37:150
Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо медиданд
Verse 151 — Surah As-Saffat 37:151
Огоҳ бош, ки аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд
Verse 152 — Surah As-Saffat 37:152
«Худо соҳиби фарзанд аст». Дурӯғ мегӯянд
Verse 153 — Surah As-Saffat 37:153
Оё Худо духтаронро бар писарон бартарӣ дод
Verse 154 — Surah As-Saffat 37:154
Шуморо чӣ мешавад? Чӣ гуна ҳукм мекунед
Verse 155 — Surah As-Saffat 37:155
Оё намеандешед
Verse 156 — Surah As-Saffat 37:156
Ё бар даъвои худ далели равшане доред
Verse 157 — Surah As-Saffat 37:157
Агар рост мегӯед, китобатонро биёваред
Verse 158 — Surah As-Saffat 37:158
Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд. (дар азоб)
Verse 159 — Surah As-Saffat 37:159
Аз он сифат, ки меоварданд, Худо пок аст
Verse 160 — Surah As-Saffat 37:160
ғайри бандагони мухлиси Худо
Verse 161 — Surah As-Saffat 37:161
Шумо ва бутоне, ки мепарастед
Verse 162 — Surah As-Saffat 37:162
натавонистед гумроҳ кунед
Verse 163 — Surah As-Saffat 37:163
магар он касро, ки роҳии ҷаҳаннам бошад
Verse 164 — Surah As-Saffat 37:164
«Ва ҳар кас аз мо ҷое муъайян дорад
Verse 165 — Surah As-Saffat 37:165
Албатта мо сафзадагонем
Verse 166 — Surah As-Saffat 37:166
Ва албатта мо тасбеҳгӯяндагонем»
Verse 167 — Surah As-Saffat 37:167
Агарчи мегуфтанд
Verse 168 — Surah As-Saffat 37:168
«Агар аз пешиниён назди мо китобе монда буд
Verse 169 — Surah As-Saffat 37:169
мо аз бандагони мухлиси Худо мебудем»
Verse 170 — Surah As-Saffat 37:170
Онҳо ба он китоб кофир шуданд ва ба зуди, ки хоҳанд фаҳмид
Verse 171 — Surah As-Saffat 37:171
Мо дар бораи бандагонамон, ки ба пайғамбарӣ мефиристем, аз пеш тасмим гирифтаем
Verse 172 — Surah As-Saffat 37:172
ки албатта онон ёрӣ мешаванд
Verse 173 — Surah As-Saffat 37:173
Ва лашкари Мо худ ғолибанд
Verse 174 — Surah As-Saffat 37:174
Пас то муддате аз онҳо рӯй бигардон
Verse 175 — Surah As-Saffat 37:175
Оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид
Verse 176 — Surah As-Saffat 37:176
Оё азоби Моро ба шитоб металабанд
Verse 177 — Surah As-Saffat 37:177
Чун азоб ба майдонашон фарояд, ин бимдодашудагон чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт
Verse 178 — Surah As-Saffat 37:178
Аз онҳо то чанде рӯй бигардон
Verse 179 — Surah As-Saffat 37:179
Пас оқибаташонро бубин, онҳо низ хоҳанд дид
Verse 180 — Surah As-Saffat 37:180
Муназзаҳ (покаст) аст Парвардигори ту — он Парвардигори пирӯзманд — аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ мегӯянд
Verse 181 — Surah As-Saffat 37:181
Ва салом бар паёмбарон
Verse 182 — Surah As-Saffat 37:182
Ва ҳамд аз они Парвардигори ҷаҳониён аст