Back to Languages

Tajik - Chapter 38 - Sad

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Sad 38:1

Сод. Савганд ба Қуръони шарифи соҳиби панд

Verse 2 — Surah Sad 38:2

ки кофирон ҳамчунон дар саркашиву зиддият

Verse 3 — Surah Sad 38:3

Чӣ бисёр мардумеро, ки пеш аз онҳо ба ҳалокат расонидем. Онон фарёд мебароварданд, вале гурезгоҳе набуд

Verse 4 — Surah Sad 38:4

Дар тааҷҷуб шуданд аз ин ки бимдиҳандае аз миёни худашон бархост. Ва кофирон гуфтанд: «Ин ҷодугаре дурӯғгӯст

Verse 5 — Surah Sad 38:5

Оё ҳамаи худоёнро як худо гардонида аст? Ва ин чизе аҷиб аст!»

Verse 6 — Surah Sad 38:6

Бузургонашон ба роҳ афтоданду гуфтанд: «Биравед ва бар парастиши худоёни худ пойдорӣ кунед, ки ин аст чизе, ки аз шумо хоста шуда

Verse 7 — Surah Sad 38:7

Мо дар ин охирин дин чунин сухане нашунидаем ва ин ғайри дурӯғ ҳеҷ нест

Verse 8 — Surah Sad 38:8

Оё аз миёки ҳамаи мо ваҳй бар ӯ нозил шудааст?» Балки онҳо аз ваҳйи Ман дар шубҳаанд ва ҳанӯз азоби Маро начашидаанд

Verse 9 — Surah Sad 38:9

ё он ки хазинаҳои раҳмати Парвардигори ғолиби бахшандаат дар назди онҳост

Verse 10 — Surah Sad 38:10

Ё фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни он дуст, аз они онҳост? Пас бо нардбонҳое худро ба осмон кашанд

Verse 11 — Surah Sad 38:11

Он ҷо лашкарест ночиз аз чанд гурӯҳи шикастхӯрдаи (бар зидди пайрамбарон) ҷамъшуда

Verse 12 — Surah Sad 38:12

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва Од ва Фиръавн, ки мардумро ба чаҳормех мекашид, паёмбаронро дурӯғ мебароварданд

Verse 13 — Surah Sad 38:13

Ва низ қавми Самуд ва қавми Лут ва мардуми Айка аз он ҷамоъатҳо буданд

Verse 14 — Surah Sad 38:14

Аз инҳо касе набуд, ки паёмбаронро дурӯғ набаровард ва уқубати Ман воҷиб омад

Verse 15 — Surah Sad 38:15

Инҳо низ бонге сахтро интизори доранд, чунон ки онро дигар таваққуфе (бозистодане) набошад

Verse 16 — Surah Sad 38:16

Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, номаи аъмоли моро пеш аз фаро расидани рӯзи ҳисоб ба дасти мо бидеҳ!»

Verse 17 — Surah Sad 38:17

Бар ҳарчӣ мегӯянд, сабр кун. Ва аз бандаи Мо Довуди қудратманд, ки ҳамеша ба даргоҳи Мо тавба мекард, ёд овар

Verse 18 — Surah Sad 38:18

Мо кӯҳҳоро ром кардем ва кӯҳҳо ҳар шомгоҳу бомдодон бо ӯ тасбеҳ мекарданд

Verse 19 — Surah Sad 38:19

Ва паррандагон бар ӯ ҷамъ меомаданд. Ҳама фармонбари ӯ буданд

Verse 20 — Surah Sad 38:20

Фармонравоияшро устуворӣ бахшидем ва ӯро ҳикмату фасоҳат дар сухан ато кардем

Verse 21 — Surah Sad 38:21

Оё хабари он хусуматкунандагонро шунидаӣ, он гоҳ ки аз девори қаср ба масҷид даромаданд

Verse 22 — Surah Sad 38:22

Бар Довуд дохил шуданд. Довуд аз онҳо тарсид. Гуфтанд: «Матарс, мо ду даъвогар ҳастем, ки яке бар дигаре ситам кардааст. Миёни мо ба ҳақ довари кун ва пой аз адолат берун манеҳ ва моро ба рохи рост ҳидоят кун

Verse 23 — Surah Sad 38:23

Ин бародари ман аст. Ӯро наваду нӯҳ меш (гӯсфанд) аст ва маро як меш. Мегӯяд: «Онро ҳам ба ман бидеҳ» ва дар даъво бар ман ғалаба ёфтааст»

Verse 24 — Surah Sad 38:24

Довуд гуфт: «Ӯ, ки меши туро аз ту мехоҳад то ба мешҳои худ бияфзояд, ба ту ситам мекунад. Ва бисёре аз шарикон ғайри касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд — ва инҳо низ андак ҳастанд — бар якдигар ситам мекунанд». Ва Довуд донист, ки ӯро озмудем. Пас аз Парвардигораш бахшоиш хост ва ба руқӯъ дарафтоду тавба кард. (Саҷда)

Verse 25 — Surah Sad 38:25

Мо ин хатояшро бахшидем. Ӯро ба даргоҳи Мо тақарруб (наздикӣ) аст ва бозгаште некӯ

Verse 26 — Surah Sad 38:26

Эй Довуд, Мо туро халифаи рӯи замин гардонидем. Дар миёни мардум ба ҳақ довари кун ва аз паи ҳавои нафс марав, ки туро аз роҳи Худо бероҳ созад. Онон, ки аз роҳи Худо каҷрав шаванд, ба он сабаб, ки рӯзи ҳисобро аз ёд бурдаанд, ба азобе сахт гирифтор мешаванд

Verse 27 — Surah Sad 38:27

Мо ин осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ба ботил наёфаридаем. Ин гумони касонест, ки кофир шуданд. Пас вой бар кофирон аз оташ

Verse 28 — Surah Sad 38:28

Оё касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, монанди фасокунандагон дар замин қарор хоҳем дод? Ё парҳезгоронро чун гуноҳкорон

Verse 29 — Surah Sad 38:29

Китобе муборак аст, ки онро бар ту нозил кардаем, то дар оятҳояш бияндешанд ва хирадмандон аз он панд гиранд

Verse 30 — Surah Sad 38:30

Сулаймонро ба Довуд ато кардем. Чӣ бандае некӯе буд ва рӯй ба Худо дошт

Verse 31 — Surah Sad 38:31

Он гоҳ ки ба ҳангоми аср аспони тезравро, ки истода буданд, ба ӯ нишон доданд

Verse 32 — Surah Sad 38:32

гуфт: «Ман дӯстии ин аспонро бар ёди Парвардигорам бигзидам, то офтоб дар пардаи ғуруб пушида шуд (яъне намози аср қазо шуд)

Verse 33 — Surah Sad 38:33

он аспонро назди ман бозгардонед». Пас ба буридани соқҳо ва гарданашон оғоз кард

Verse 34 — Surah Sad 38:34

Мо Сулаймонро озмудем ва бар тахти ӯ ҷасадеро афкандем ва ӯ рӯй ба Худо овард

Verse 35 — Surah Sad 38:35

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро бибахш ва маро мулке ато кун, ки пас аз ман касе сазовори он набошад, ки ту бахшояндаӣ»

Verse 36 — Surah Sad 38:36

Пас бодро роми ӯ кардем, ки ба нармӣ ҳар ҷо, ки мехост, ба фармони ӯ мерафт

Verse 37 — Surah Sad 38:37

Ва девонро, ки ҳам бинокор буданду ҳам ғаввос (шиновар)

Verse 38 — Surah Sad 38:38

Ва гурӯҳе дигарро, ки ҳама баста дар занҷири ӯ буданд

Verse 39 — Surah Sad 38:39

Ин атои беҳисоби Мост, хоҳӣ онро бидеҳ ва хоҳӣ нигаҳ дор

Verse 40 — Surah Sad 38:40

Ӯрост назди Мо тақаррубу (наздик шудану) бозгаште некӯ

Verse 41 — Surah Sad 38:41

Ва аз бандаи Мо Айюб ёд кун, он гоҳ ки Парвардигорашро нидо кард, ки маро шайтон ба ранҷу азоб афканда аст

Verse 42 — Surah Sad 38:42

«Поятро бар замин бикӯб: ин обест барои шустушӯй ва сард барои ошомидан»

Verse 43 — Surah Sad 38:43

Ва ба ӯ хонаводааш ва ҳамчанди он аз дигар ёронро ато кардем ва ин худ раҳмате аз Мо буд ва барои хирадмандон андарзе (панде)

Verse 44 — Surah Sad 38:44

«Дастае аз чубҳои борик ба даст гир ва бо он (занатро) бизан ва савганди худро машикан». Ӯро бандае собир ёфтем, Ӯ, ки ҳамеша рӯй ба даргоҳи Мо дошт, чӣ некӯ бандае буд

Verse 45 — Surah Sad 38:45

Бандагони Мо Иброҳиму Исҳоқ ва Яъқуб он мардони қудратманду бо илмро ёд кун

Verse 46 — Surah Sad 38:46

Ононро хислати покдилӣ бахшидем, то ёди қиёмат кунанд

Verse 47 — Surah Sad 38:47

Онҳо дар назди Мо интихобшудагону неконанд

Verse 48 — Surah Sad 38:48

Ва Исмоил ва Алясаъ ва Зулкифлро ёд кун, ки ҳама аз неконанд

Verse 49 — Surah Sad 38:49

Ин Қуръон пандест ва парҳезгоронро бозгаште некӯст

Verse 50 — Surah Sad 38:50

бихиштҳои ҷовидон, ки дари он ба рӯяшон кушода аст

Verse 51 — Surah Sad 38:51

Дар он ҷо такя задаанд ва ҳар гуна меваву нӯшиданӣ, ки бихоҳанд, металабанд

Verse 52 — Surah Sad 38:52

Заноне ҳамсол аз он гуна, ки ғайри шӯи худ ба касе назар надоранд, назди онҳоянд

Verse 53 — Surah Sad 38:53

Ин аст он чизҳое, ки барои рӯзи ҳисоб ба шумо ваъда додаанд

Verse 54 — Surah Sad 38:54

Ин ризқи Мост, ки поён наёфтанист

Verse 55 — Surah Sad 38:55

чунин аст. Ва саркашонро бадтарин бозгаштхост

Verse 56 — Surah Sad 38:56

Ба ҷаҳаннам мераванд, ки бад ҷойгоҳест

Verse 57 — Surah Sad 38:57

Бояд оби ҷӯшону чирк ва хунобаи дӯзахиёнро бинӯшанд

Verse 58 — Surah Sad 38:58

Ва азобҳои дигар аз ҳар навъ

Verse 59 — Surah Sad 38:59

Ин гурӯҳ бо шумо (эй гумроҳкунандаҳо) ба оташ медароянд. Хушомадашон мабод, ки ба оташ меафтанд

Verse 60 — Surah Sad 38:60

Гӯянд: «На, хушомад шуморо набод. Шумо ин азобро пешопеш барои мо фиристода будед, чӣ бад ҷойгоҳест!»

Verse 61 — Surah Sad 38:61

Гӯянд: «Эй Парвардигори мо, ҳар кас, ки ин азобро пешопеш барои мо омода кардааст, азобашро дар оташ дучандон зиёда кун!»

Verse 62 — Surah Sad 38:62

Ва гӯянд: «Чаро мардонеро, ки аз ашрор (бадкорон). мешумурдем, акнун намебинем

Verse 63 — Surah Sad 38:63

Ононро ба масхара мегирифтем. Оё аз назарҳо дур мондаанд?»

Verse 64 — Surah Sad 38:64

Ин баҳсу ҷидоли аҳли ҷаҳаннам бо якдигар чизест, ки ба ҳақиқат воқеъ шавад

Verse 65 — Surah Sad 38:65

Бигӯ: «Фақат ҳамин аст, ки ман бимдиҳандае ҳастам ва ҳеҷ худое ғайри Худои яктои каҳҳор нест

Verse 66 — Surah Sad 38:66

Он пирӯзманду бахшоянда, Парвардигори осмонҳову замин ва ҳар чӣ миёни онҳост»

Verse 67 — Surah Sad 38:67

Бигӯ: «Ин хабаре бузург аст

Verse 68 — Surah Sad 38:68

ки шумо аз он рӯй мегардонед

Verse 69 — Surah Sad 38:69

Ҳангоме ки бо якдигар ҷидол (баҳс) мекарданд, ман хабаре аз сокинони олами боло надоштам

Verse 70 — Surah Sad 38:70

Танҳо аз он рӯй ба ман ваҳй мешавад, ки бимдиҳандае равшангар ҳастам»

Verse 71 — Surah Sad 38:71

Парвардигорат ба фариштагон гуфт: «Ман башареро аз гил меофаринам

Verse 72 — Surah Sad 38:72

Чун тамомаш кардам ва дар он аз рӯҳи худ дамидам, ҳама саҷдааш кунед!»

Verse 73 — Surah Sad 38:73

Ҳама фариштагон саҷда карданд

Verse 74 — Surah Sad 38:74

Ғайри Иблис, ки саркашӣ карду аз кофирон шуд

Verse 75 — Surah Sad 38:75

Гуфт: «Эй Иблис, чӣ чиз туро аз саҷда кардан дар баробари он чӣ Ман бо ду дасти худ офаридаам, манъ кард? Оё бузургӣ намудӣ ё мақоме арҷманд доштӣ?»

Verse 76 — Surah Sad 38:76

Гуфт: «Ман аз ӯ беҳтарам. Маро аз оташ офаридаи ва ӯро аз гил»

Verse 77 — Surah Sad 38:77

Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, ки ту рондашудаӣ

Verse 78 — Surah Sad 38:78

Ва то рӯзи қиёмат лаънати Ман бар туст»

Verse 79 — Surah Sad 38:79

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро то рӯзе, ки аз нав зинда шаванд, мӯҳлат деҳ»

Verse 80 — Surah Sad 38:80

Гуфт: «Ту аз мӯҳлатёфтагонӣ

Verse 81 — Surah Sad 38:81

то он рӯзи муъайяни маълум»

Verse 82 — Surah Sad 38:82

Гуфт: «Ба иззати Ту савганд, ки ҳамагонро гумроҳ кунам

Verse 83 — Surah Sad 38:83

ғайри онҳо, ки аз бандагони мухлиси Ту бошанд»

Verse 84 — Surah Sad 38:84

Гуфт: «Ҳақ аст ва он чӣ мегӯям, рост аст

Verse 85 — Surah Sad 38:85

ки ҷаҳаннамро аз туву аз ҳамаи пайравонат пур кунам»

Verse 86 — Surah Sad 38:86

Бигӯ: «Ман аз шумо музде наметалабам ва нестам аз онон, ки ба дурӯғ чизе бар худ мебофанд»

Verse 87 — Surah Sad 38:87

Ва ии ғайри панде барои мардуми ҷаҳон нест

Verse 88 — Surah Sad 38:88

Ва ту баъд аз ин аз хабари он огох хоҳӣ шуд