Эй мардум, битарсед аз Парвардигоратон, он, ки шуморо аз як тан биёфарид ва аз он як тан ҳамсари ӯро ва аз он ду мардону занони бисёр падид овард. Ва битарсед аз он Худое, ки бо савганд ба номи Ӯ аз якдигар чизе мехоҳед ва зинҳор аз хешовандон мабуред. Албатта Худо назораткукандаи шумост
Агар шуморо бими он аст, ки дар кори ятимон адолат накунед, аз занон ҳар чӣ шуморо писанд афтад, ду-ду ва се-се ва чаҳор-чаҳор ба никоҳ, дароваред. Ва агар бими он доред, ки ба адолат рафтор накунед, танҳо як зан бигиред ё ҳар чӣ молики он шавед. Ин роҳе беҳтар аст то ки зулму ситам накунед
Ятимонро биёзмоед, то он гоҳ, ки ба синни заношӯӣ расанд, пас агар дар онон рушде ёфтед, молҳояшонро ба худашон бисупоред, Ва аз бими он, ки мабод ба синни рушд расанд, молҳояшонро ба ноҳақ ва шитоб мехӯред. Ҳар кӣ тавонгар аст, бипарҳезад ва ҳар кӣ бенавост, ба он миқдор, ки урф тасдиқ кунад, бихӯрад. Ва чун амволашонро таслимашон кардед, касонеро бар онон ба шоҳидӣ гиред ва Худо барои ҳисоб кардан кофист
Аз ҳар чӣ падару модар ва хешопандон ба мерос мегузоранд, мардонро насибест. Ва аз он чӣ падару модар ва хешовандон ба мерос мегузоранд, чӣ андак ва чӣ бисёр занонро низ насибест. Насибе муайян
Бояд аз Худо битарсанд касоне, ки агар пас аз худ фарзандоне нотавон бар ҷой мегузоранд, аз сарнавишти онҳо тарсонанд. Бояд, ки аз Худо битарсанд ва сухани одилона ва басавоб гӯянд
Худо дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад, ки саҳми писар баробари сахми ду духтар аст. Ва агар духтар бошанд ва беш аз ду тан, ду саввуми мерос аз онҳост. Ва агар як духтар бувад, нисф барад ва агар мурдаро фарзанде бошад, ҳар як аз падару модар як шашуми меросро барад. Ва агар фарзанде надошта бошад ва меросбарон танҳо падару модар бошанд, модар як саввуми дороиро барад. Аммо агар бародарон дошта бошад, саҳми модар пас аз анҷоми васийяте, ки карда ва баъди пардохти қарзи ӯ як шашум бошад. Ва шумо намедонед, ки аз падарону писаронатон кадом як шуморо фоиданоктар аст. Инҳо ҳукми Худост, ки Худо донову ҳаким аст
Агар занонатон фарзанде надоштанд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардаанд ва пас аз пардохти қарзи онҳо нисфи меросашон аз они шумост. Ва агар фарзанде доштанд, як чаҳоруми он. Ва агар шуморо фарзанде набуд, пас аз анҷом додани васияте, ки кардаед ва пас аз пардохти қарзҳоятон як чаҳоруми меросатон аз они занонатон аст. Ва агар дорои фарзанде будед, як ҳаштуми он. Ва агар марде ё зане бимирад ва меросбари вай на падар бошад ва на фарзанди ӯ, агар ӯро бародар ё хоҳаре бошад, ҳар як аз он ду як шашум барад. Ва агар беш аз яке буданд, ҳама дар як саввуми мол — пас аз анҷом додани васияте, ки кардааст, бе он ки барои ворисатон зиёнманд бошад ва низ пас аз адои қарзашон — шарик ҳастанд. Ин пандест аз Худо ба шумо ва Худо донову бурдбор аст
Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест
Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда
Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст
Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, ғайри он ки гуноҳи фаҳши исботшуда карда бошанд. Ва бо онон ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад
Модаронатон ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳоятон ва холаҳоятон ва духтарони бародарон ва духтарони хоҳаронатон ва заноне, ки шуморо шир додаанд ва хоҳарони шириятон ва модарони занонатон бар шумо ҳаром шудаанд. Ва духтарони занонатон, ки дар канори шумо ҳастанд, ҳар гоҳ бо он занон ҳамбистар шудаед, бар шумо ҳаром шудаанд. Вале агар ҳамбистар нашудаед, гуноҳе муртакиб нашудаед. Ва низ занони писароне, ки аз пушти шумо ҳастанд, бар шумо ҳаром шудаанд. Ва набояд ду хоҳарро дар як замон ба занӣ гиред, ғайри он ки пеш аз ин чунин карда бошед. Албатта Худо омурзарда ва меҳрубон аст
Ва низ занони шавҳардор бар шумо ҳаром шудаанд, магар онҳо, ки ба тасарруфи шумо даромада бошанд. Аз китоби Худо пайравӣ кунед. Ва ҷуз инҳо занони дигар ҳар гоҳ дар талаби онон аз моли хеш маҳре бипардозед ва онҳоро ба никоҳ дароваред на ба зино, бар шумо ҳалол шудаанд. Ва занонеро, ки аз онҳо лаззат мегиред, воҷиб аст, ки маҳрашонро бидиҳед. Ва пас аз маҳри муъайян дар қабули ҳар чӣ ҳар ду ба он ризо бидиҳед, гуноҳе нест. Ҳар оина Худо донову ҳаким аст
Орзӯ макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чӣ кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст
Барон ҳама, дар он чӣ падару модар ва хешовандони наздик ба мерос мегузоранд, меросбароне қарор додаем. Ва насиби ҳар касро, ки бо ӯ қароре кардаед, бипардозед, ки Худо бар ҳар чизе гувоҳ аст
Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш нагиред. Ва Худо баландпояву бузург аст
Агар аз нотинҷии миёни зану шӯй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан бифиристед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат пайдо мекунад, ки Худо донову огоҳ аст
Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул фармон набурданд, орзӯ кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард
Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, гирди намоз магардед, то бидонед, ки чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз макони қазои ҳочат бозгаштаед, ё бо занон ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рую дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Албатта Худо авфкунанда ва омурзанда аст
Баъзе аз ҷуҳудон калимоти Худоро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ва кош ношунаво гардӣ ва «роъино». Ба луғати хеш забон мегардонанд ва ба дини ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «Унзурно»", барояшон беҳтару басавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд
Ва ононро, ки имон оварда ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварем, то абад дар он ҷо хоханд буд. Ва дар он ҷо соҳиби занони поку беайб шаванд ва дар сояҳои пайваста ва хунук ҷояшон медиҳем
Оё ононро намебинӣ, ки мепиндоранд, ки ба он чӣ бар ту нозил шуда ва он чӣ пеш аз ту нозил шудааст, имон овардаанд, вале мехоҳанд, ки бутро довар қарор диҳанд, дар ҳоле ки ба онон гуфтаанд, ки бутро рад кунанд. Шайтон мехоҳад гумроҳашон созад ва аз ҳақ дур гардонад
Ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, ҷуз он ки дигарон ба амри Худо бояд мутеъи фармони Ӯ шаванд. Ва агар ҳангоме, ки гуноҳе содир карданд, назди ту омада буданд ва аз Худо омурзиш хоста буданд ва паёмбар барояшон омурзиш хоста буд. Худоро тавбапазир ва меҳрубон меёфтанд
На, савганд ба Парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, ҳеҷ нохушнуд нашаванд ва саросар таслими он гарданд
Ва агар ба онон фармон дода будем, ки худро бикушед ё аз хонаҳоятон берун равед, андаке аз онон фармон мебурданд. Ва ҳол он ки агар пандеро, ки ба онон дода шудааст, кор мебастанд, барояшон беҳтар ва бар асосе устувортар буд
Ва ҳар кӣ аз Худову паёмбараш итоъат кунад, ҳамроҳ бо касоне хоҳад буд, ки Худо неъматашон додааст, чун анбиё ва сиддиқон ва шаҳидону солеҳон ва инҳо чӣ некӯ рафиқонанд
Ҳар хайре, ки ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар шаре, ки ба ту расад, аз ҷониби худи туст. Туро ба пайғамбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва Худо ба шоҳидӣ кифоя аст
Мегӯянд: «Фармонбардорем!» Ва чун аз назди ту берун шаванд, гурӯҳе аз онҳо ба шаб зндди он чӣ ту мегӯӣ, андешае дар дил мепарваранд. Ва Худо он чиро шаб дар хотир гирифтаанд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва бар Худой таваккал кун, ки Ӯ корсозиро кофист
Ва чун хабаре, чӣ эминӣ ва чӣ тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Ва ҳол он ки агар дар он ба паёмбар ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз онок дармеёфтанд, Ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, ҷуз акдаке ҳамагон ба шайтон пайравӣ мекардед
Дӯст доранд ҳамчунон, ки худ ба роҳи куфр мераванд, шумо низ кофир шавед, то баробар гардед. Пас бо ҳеҷ як аз онон дӯстӣ макунед, то он гоҳ ки дар роҳи Худо муҳоҷират кунанд. Ва агар рӯй гардонанд, дар ҳар ҷо ки онҳоро биёбед, бигиреду бикушед ва ҳеҷ як аз онҳоро ба дӯстиву ёрӣ интихоб накунед
Ҳеҷ мӯъминеро нарасад, ки мӯъмини дигарро ҷуз ба хато бикушад. Ва ҳар кас, ки мӯьминеро ба хато бикушад, бояд ки бандае мӯъминро озод кунад ва хунбаҳояшро ба хонаводааш таслим кунад, магар он, ки хунбаҳоро бибахшанд. Ва агар кушташуда мӯъмин ва аз қавмест, ки душмани шумост, фақат бандаи мӯъминеро озод кунад ва агар аз қавмест, ки бо шумо паймон бастаанд, хунбаҳо ба хонаводааш пардохт шавад ва бандаи мӯъминеро озод кунад ва ҳар кас, ки бандае наёбад, барои тавба ду моҳ пай дар пай рӯза бигирад. Ва Худо донову ҳаким аст
Ва ҳар мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои у ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гирад ва лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад
Он кас, ки дар роҳи Худо тарки ватан кунад, дар рӯи замин бархӯрдориҳои бисёр ва кушоишҳо хоҳад ёфт. Ва ҳар кас, ки аз хонаи хеш берун ояд, то ба сӯи Худо ва расулаш ҳиҷрат кунад ва он гоҳ марг ӯро дарёбад, муздаш бар ӯҳдаи Худост ва Худо омурзандаву меҳрубон аст
Ва чун ту дар миёнашон бошӣ ва барояшон намоз барпо кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хеш бардоранд. Ва чун саҷда ба поён бурданд, баробари душман шаванд, то гурӯҳи дигар, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд. Онон низ ҳушёр бошанд ва силоҳҳои хеш бигиранд. Зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе, содир накардаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзорэд, вале ҳушёрона дар фикри душман бошед. Албатта Худо барои кофирон азобе хсркунанда омода сохтааст
Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем, то ба он чизе, ки Худо ба ту омӯхтааст, миёни мардум доварӣ кунӣ ва ба нафъи хоинон ба мухосамат (хусумат) бармахез
Аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худо пинҳон намедоранд, зеро он гоҳ ки шабҳангом суханоне, ки Худо аз он нохушнуд бувад, мегуфтанд, Худо бо онҳо буд ва Худо бар ҳар чӣ мекарданд, иҳота дошт. (яъне медонист)
Агар фазлу раҳмати Худо шомили ҳоли ту набуд, гурӯҳе аз кофирон қасди он доштанд, ки туро гумроҳ кунанд, вале онон ҷуз худро гумроҳ накунанд ва хеҷ зиёне ба ту нарасонанд. Ва Худо бар ту китобу ҳикмат нозил кард ва чизҳое ба ту омӯхт, ки аз ин пеш намедонистӣ ва лутфи Худо бар ту бузург аст
Ҳар кӣ пас аз ошкор шудани роҳи ҳидоят бо паёмбар мухолифат варзад ва аз роҳе ғайри роҳи мӯъминон пайравӣ кунад, ба он сӯе, ки писанди ӯст, бигардонем ва ба ҷаҳаннамаш партоем. Ва ҷаҳанрам саранҷоми бадест
Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намебахшад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, мебахшад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст
Ва албатта гумроҳашон мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меафканам ва ба онон фармон медиҳам то гушҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Худоро дигаргун созанд». Ва ҳар кас, ки ба ҷои Худо шайтонро ба дӯстӣ қабул кунад, зиёне ошкор кардааст
Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое медароварем, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи барҳаққи Худованд аст ва чӣ касе аз Ӯ ростгӯйтар аст
Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чӣ зан ва чӣ мард, агар мӯъмин бошад, ба биҳишт меравад ва ба қадри он пӯсте, ки бар пушти донаи хурмост, ба кас ситам намешавад
Дини чӣ касс беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Худо кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кард? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид (гирифт)
Агар зане дарёфт, ки шавҳараш бо ӯ бемеҳр ва аз ӯ безор шудааст, боке нест, ки ҳар ду дар миёни худ тарҳи оштӣ афкананд, ки оштӣ беҳтар аст. Ва бахиливу мумсиқӣ бар нафсҳои мардум ғалаба дорад. Ва агар некӣ ва парҳезгорӣ кунед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст
Аз они Худост он чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ва албатта аҳли китобро, ки пеш аз шумо буданд ва низ шуморо супориш кардем, ки аз Худо битарсед, агар ҳам куфр варзед, боз ҳам он чӣ дар осмонҳо ва он чӣ дар замин аст, аз они Худост ва Ӯст бениёз ва лоиқи ситоиш
Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст
Аҳли китоб аз ту мехоҳанд, ки барояшон китобе аз осмон нозил кунӣ. Инҳо бузургтар аз инро аз Мӯсо талаб карданд ва гуфтанд: «Худоро ба ошкор ба мо нишон деҳ». Ба сабаби ин сухани куфромезашон оташак онҳоро фурӯ гирифт. Ба пас аз он ки мӯъҷизаҳое барояшоя омада буд, гӯсолаеро ба худоӣ гирифтанд ва Мо ононро бахшидем ва Мӯсоро мӯъҷизае ошкор додем
Ва ба хотири паймоне, ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бидоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон аз он дар дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад нагузаред». Ва аз онҳо паймоне сахт гирифтем
Ва низ ба сабаби рибохорияшон ва ҳол он ки аз он манъ шуда буданд ва хӯрдани молҳои мардумро ба ботил. Ва мо барои кофиронашон азобе дардовар муҳайё кардаем
Вале донишмандонашон ва он мӯъминонеро, ки ба он чӣ бар ту ва ба он чӣ пеш аз ту нозил шуда, имон доранд ва намозгузорону закотдиҳандагон ва мӯъминон ба Худову рӯзи қиёматро аҷри бузурге хоҳем дод
Мо ба ту ваҳй кардем, ҳамчунон ки ба Нӯҳ ва паёмбарони баъд аз ӯ ваҳй кардаем ва ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва наберагони Яъқуб ва Исо ва Айюб ва Юнус ва Ҳорун ва Сулаймон ваҳй кардаем ва ба Довуд «Забур»-ро арзонӣ доштем
Ва паёмбароне, ки пеш аз ин достонҳояшонро барои ту гуфтаем ва онон, ки достонҳояшонро барои ту нагуфтаем. Ва Худо бо Мӯсо сухан гуфт, сухан гуфтане бевосита
Эй мардум, паёмбаре ба ҳақ аз ҷониби Худо бар шумо фиристода шуд, пас ба ӯ имон биёваред, ки хайри шумо дар он аст. Ва агар ҳам кофир шавед, аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯ донову ҳаким аст
Аз ту фатво мехоҳанд, бигӯй, ки Худо дар бораи калола бароятон фатво медиҳад: Ҳар гоҳ марде, ки фарзанде надошта бошад, бимирад ва ӯро хоҳаре бошад, ба он хоҳар нисфи мероси ӯ мерасад. Агар хоҳарро низ фарзанде набошад, бародар аз ӯ мерос мебарад. Агар он хоҳарон ду тан буданд, ду сеяки дороиро мерос мебаранд. Ва агар чанд бародару хоҳар буданд, ҳар мард баробари ду зан мебарад. Худо барои шумо баён мекунад то гумроҳ нашавед ва Ӯ аз ҳар чизе огоҳ аст