Back to Languages

Tajik - Chapter 40 - Ghafir

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Ghafir 40:1

Verse 2 — Surah Ghafir 40:2

Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолиби доност

Verse 3 — Surah Ghafir 40:3

бахшояндаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби ниъам (неъматҳо). Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст

Verse 4 — Surah Ghafir 40:4

Фақат кофирон дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Пас омаду рафташон дар шаҳрҳо туро нафиребад

Verse 5 — Surah Ghafir 40:5

Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз эшон буданд, паёмбарашонро такзиб карданд. Ва ҳар уммате оҳанги он кард, ки паёмбарашро дастгир кунад ва ба ботил ба хусумат бархост, то ҳақро аз миён бардорад. Аммо Ман онҳоро ба уқубат фурӯ гирифтам ва уқубати Ман чӣ сахт буд

Verse 6 — Surah Ghafir 40:6

Ба ин тарз ҳукми Парвардигори ту бар кофирон воҷиб шуд, ки аҳли ҷаҳаннаманд

Verse 7 — Surah Ghafir 40:7

Онон, ки аршро мебардоранд ва онон, ки бар гирди он ҳастанд, ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ, мегӯянд ва ба Ӯ имон доранд ва аз Ӯ барои мӯъминон бахшоиш мехоҳанд: «Эй Парварднгори мо, раҳмату илми Ту ҳама чизро фаро гирифтааст. Пас ононро, ки тавба кардаанд ва ба роҳи ту омадаанд, бибахш ва аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ дор

Verse 8 — Surah Ghafir 40:8

Ва эй Парвардигори мо, ононро ва ҳар кӣ солеҳ бошад, аз падарону ҳамсарон ва фарзандонашон ба биҳиштҳои ҷовидонӣ, ки ба онҳо ваъда додаӣ, дохил кун, ки Ту ғолибу ҳакими

Verse 9 — Surah Ghafir 40:9

Ононро аз азобҳо ҳифз куд, ки ҳар киро дар он рӯз аз азобҳо ҳифз кунӣ, бар ӯ раҳмат овардаӣ ва он комёбии бузургест!»

Verse 10 — Surah Ghafir 40:10

Кофиронро нидо медиҳанд, ки душмании Худо бо шумо аз душмании шумо бо худатон, он гоҳ ки ба имонатон даъват мекарданд ва роҳи куфр пеш мегирифтед, бузургтар аст

Verse 11 — Surah Ghafir 40:11

Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро ду бор мирондӣ ва, ду бор зинда сохтӣ ва мо ба гуноҳонамон иқрор кардаем. Оё берун шуданро роҳе ҳаст?»

Verse 12 — Surah Ghafir 40:12

Ин азоб ба он сабаб аст, ки чун Худоро ба яктоӣ мехонданд, шумо инкор мекардед ва агар барои Ӯ шарике қарор медоданд, шумо ба он шарик имон меовардед. Пас фармон фармони Худои баландмартабаи бузург аст

Verse 13 — Surah Ghafir 40:13

Ӯст, он ки оёти Худро ба шумо нишон дод ва бароятон аз осмон рӯзӣ фиристод. Танҳо касе панд мегирад, ки рӯй ба Худо оварад

Verse 14 — Surah Ghafir 40:14

Пас Худоро бихонед, дар ҳоле ки танҳо барои Ӯ дар дин ихлос мекунед, агарчи кофиронро нохуш ояд

Verse 15 — Surah Ghafir 40:15

Баландкунандаи мартабаҳо, соҳиби арш, ки бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, ба фармони Худ ваҳй мефиристад, то мардумро аз рӯзи қиёмат битарсонад

Verse 16 — Surah Ghafir 40:16

Он рӯз, ки ҳамагон ошкор шаванд, ҳеҷ чиз аз онҳо бар Худо пушида намонад. Дар он рӯз фармонравоӣ аз они кист? Аз они Худои яктои қаҳҳор

Verse 17 — Surah Ghafir 40:17

Он рӯз ҳар касро монанди амалаш ҷазо медиҳанд ва ба кас ситаме намеравад. Ва Худо зуд ҳисобкунанда аст

Verse 18 — Surah Ghafir 40:18

Аз рӯзи қиёмат битарсонашон. Он гоҳ ки дилҳо лабрез аз андӯҳ наздики ҳанҷарҳо (гулӯҳо) расад. Ситамкоронро дар он рӯз на хешованде бошад ва на шафеъе, (пуштибон) ки суханашро бишнаванд

Verse 19 — Surah Ghafir 40:19

Назарҳои дуздидаро ва ҳар чӣ дилҳо ниҳон доштаанд, медонад

Verse 20 — Surah Ghafir 40:20

Худо ба ҳақ доварӣ мекунад. Вале касоне, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонанд, ҳеҷ довари натавонанд, зеро Худо мешунавад ва мебинад

Verse 21 — Surah Ghafir 40:21

Оё дар замин сайр намекунанд, то бингаранд, ки оқибати пешиниёнашон чӣ гуна будааст? Тавоноии онҳо ва ёдгориҳое, ки дар рӯи замин падид оварда буданд, аз инҳо беш буд. Ва Худо онҳоро ба ҷазои куфрашон фурӯ гирифт ва аз қаҳри Худовандашон нигаҳдорандае набуд

Verse 22 — Surah Ghafir 40:22

Ин ба он сабаб буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан наздашон омаданд, вале инкор карданд ва Худо ҳам ононро фурӯ гирифт. Ва Худо нерӯманд аст ва ба сахтӣ уқубат мекунад

Verse 23 — Surah Ghafir 40:23

Мо Мӯсоро бо оёти Худ ва ҳуҷҷате ошкор фиристодем

Verse 24 — Surah Ghafir 40:24

ба сӯи Фиръавну Ҳомон ва Қорун. Ва гуфтанд, ки ӯ ҷодугаре дурӯғгӯст

Verse 25 — Surah Ghafir 40:25

Чун дини ҳақро аз ҷониби Мо бар онҳо арза дошт, гуфтанд: «Писарони касонеро, ки ба Ӯ имон овардаанд, бикушед ва занонашонро зинда бигузоред!» Ва ҳиласозии кофирон дар тариқи барбодӣ бошад

Verse 26 — Surah Ghafir 40:26

Фиръавн гуфт: «Бигузоред, Мӯсоро бикушам ва ӯ Худои худро ба ёрӣ талабад, Метарсам динатонро дигаргун кунад ё дар ин сарзамин фасоде бархезонад

Verse 27 — Surah Ghafir 40:27

Мӯсо гуфт: «Ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо аз ҳар худписанде, ки ба рӯзи хисоб бовар надорад, паноҳ мебарам!»

Verse 28 — Surah Ghafir 40:28

Ва марде мӯъмин аз хонадони Фиръавн, ки имонашро пинҳон дошта буд, гуфт: «Оё мардеро, ки мегӯяд, ки Парвардигори ман Худои яктост ва бо далелҳои равшан аз ҷониби Парвардигоратон омадааст, мекушед? Агар дурӯғ мегӯяд, гуноҳи дурӯғаш бар гардани худи ӯст ва агар рост мегӯяд, баъзе аз ваъдаҳое, ки додааст, ба шумо хоҳад расид, Албатта Худо ҳеҷ исрофкори дурӯғгӯеро ҳидоят намекунад

Verse 29 — Surah Ghafir 40:29

Эй қавми ман, имрӯз фармонравоӣ аз они шумост. Бар ин сарзамин ғалаба доред. Вале агар азоби Худо бар сари мо ояд, чӣ касе ёриямон хоҳад кард?» Фиръавн гуфт: «Шуморо ғайри он чи худ маслиҳат додаам, роҳе нишон надиҳам ва ба ғайри роҳи савоб роҳнамоӣ накунам»

Verse 30 — Surah Ghafir 40:30

Он ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, бар шумо аз он чӣ бар сари он қавмҳои дигар омадааст, бимнокам (метарсам)

Verse 31 — Surah Ghafir 40:31

Ҳамонанди қавми Нӯҳ ва Од ва Самуд ва касоне, ки аз он пас омаданд. Ҳол он ки Худо барои бандагонаш хостори зулм нест

Verse 32 — Surah Ghafir 40:32

Эй қавми ман, аз он рӯз, ки якдигарро ба фарёд бихонед, бар шумо бимнокам

Verse 33 — Surah Ghafir 40:33

Он рӯз, ки ҳамагӣ пушт карда бозмегардед ва ҳеҷ кас шуморо аз азоби Худо нигоҳ намедорад. Ва ҳар кас, ки Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳнамое надорад

Verse 34 — Surah Ghafir 40:34

Юсуф пеш аз ин бо далоили равшан бар шумо мабъус (фиристода) шуд ва шумо аз он чӣ оварда буд, ҳамчунон дар шак мебудед. Чун Юсуф бимурд, гуфтед: «Худо пас аз ӯ дигар паёмбаре нахоҳад фиристод!» Худо таҷовузкори шаковарандаро ин гуна гумроҳ месозад

Verse 35 — Surah Ghafir 40:35

Касоне, ки бе ҳеҷ ҳуҷате, ки дар даст дошта бошанд, дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Кори онон назди Худову мӯъминон сахт нописанд аст. Худо бар дили ҳар мутакаббири (худро аз дигарон болотар донандаи) ҷабборе инчунин мудр мениҳад

Verse 36 — Surah Ghafir 40:36

Фиръавн гуфт: «Эй Ҳомон, барои ман қалъаи баланде бисоз, шояд ба он дарҳо даст ёбам

Verse 37 — Surah Ghafir 40:37

дарҳои осмонҳо. Ва Худои Мӯсоро бубинам, зеро пиндорам, ки дурӯғ мегӯяд». Ба ин сон кирдори зишти Фиръавн дар назараш ороста шуд ва ӯ аз роҳ бозмонд ва чораҷӯии ӯ ғайри зиён ҳеҷ набуд

Verse 38 — Surah Ghafir 40:38

Он марде, ки имон оварда буд, гуфт: «Эй қавми ман, аз паи ман биёед, то ба роҳи савоб ҳидоятатон кунам

Verse 39 — Surah Ghafir 40:39

Эй қавми ман, ин зиндагии дунё беарзишу таъайюшест (хушгузарониест). Ва охират сарои бақост (боқӣ)

Verse 40 — Surah Ghafir 40:40

Ҳар кас кори баде бикунад, фақат монанди амалаш ҷазо ёбад. Ва ҳар кас аз марду зан, ки мӯъмин бошад ва амали солеҳе ба ҷой орад, ба биҳишт дохил шавад ва беҳисоб рӯзиаш диҳанд

Verse 41 — Surah Ghafir 40:41

Эй қавми ман, чист, ки ман шуморо ба наҷот мехонам ва шумо маро ба оташ даъват мекунед

Verse 42 — Surah Ghafir 40:42

Маро даъват мекунед, ки ба Худо кофир шавам ва чизеро, ки намешиносам, шарики Ӯ қарор диҳам, ҳол он ки ман шуморо ба Худои ғолиби бахшоянда даъват мекунам

Verse 43 — Surah Ghafir 40:43

Бешак он чӣ шумо маро ба он даъват мекунед, тавонои онаш нест, ки дар дунёву охират касеро ба сӯи худ хонад, ҳол он ки бозгашти мо ба сӯи Худои яктост ва таҷовузкорон дар ҷаҳаннам бошанд

Verse 44 — Surah Ghafir 40:44

Ба зуди он чиро, ки акнун мегӯям, ба ёд хоҳед овард. Ва ман кори худ ба Худо ҳавола кардам, зеро Ӯ бандагонашро мебинад!»

Verse 45 — Surah Ghafir 40:45

Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва он азоби ногувор хонадонӣ Фиръавнро дар миён гирифт

Verse 46 — Surah Ghafir 40:46

Оташ. Ҳар субҳу шом бар он арза шаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, нидо диҳанд ки хонадонӣ Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!»

Verse 47 — Surah Ghafir 40:47

Ва он гоҳ дар даруни оташ бо якдигар ба муҷодала бархезанд ва нотавонон ба гарданкашон гӯянд, ки мо пайравони шумо будем, оё метавонед андаке аз ин оташе, ки насиби мо шудааст, кам кунед

Verse 48 — Surah Ghafir 40:48

Онон, ки саркашӣ карда буданд, мегӯянд: «Ҳамаи мо дар оташем. Ва Худост, ки миёни бандагонаш довари кардааст!»

Verse 49 — Surah Ghafir 40:49

Ва онон, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо кам кунад»

Verse 50 — Surah Ghafir 40:50

Мегӯянд: «Оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд?» Мегӯянд: «Бале». Мегӯянд: «Пас дуъо кунед». Ва дуъои кофирон, ғайри он ки барбод равад, чизе дигар нахоҳад буд

Verse 51 — Surah Ghafir 40:51

Мо паёмбаронамон ва мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи қиёмат, ки шоҳидон барои шоҳидӣ рост меистанд, ёрӣ мекунем

Verse 52 — Surah Ghafir 40:52

дар рӯзе, ки ситамкоронро пузиш (узр) хостан нафъ надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва он сарои (макони) бад

Verse 53 — Surah Ghafir 40:53

Мо ба Мӯсо мартабаи ҳидоят додем ва он китобро (тавротро) ба банӣ-Исроил мерос додем

Verse 54 — Surah Ghafir 40:54

Китобе, ки худ ҳидоят аст ва барои хирадмандон андарз (панд)

Verse 55 — Surah Ghafir 40:55

Сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст. Барои гуноҳат бахшоиш бихоҳ ва ҳар шомгоҳу бомдод ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯй

Verse 56 — Surah Ghafir 40:56

Онон, ки бе ҳеҷ ҳуҷҷате, ки аз осмон омада бошад, дар бораи оёти Худо муҷодала мекунанд, дар дилашон ғайри ҳаваси бузургӣ нест, вале ба он нахоҳанд расид. Пас ба Худо паноҳ бибар, ки Ӯ шунавову биност

Verse 57 — Surah Ghafir 40:57

Офариниши осмону замин аз офариниши мардум бузургтар аст, вале бештари мардум намедонанд

Verse 58 — Surah Ghafir 40:58

Нобинову бино баробар нестанд. Низ онҳое, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, бо зишткорон яксон набошанд. Чӣ андак панд мегиред

Verse 59 — Surah Ghafir 40:59

Қиёмат меояд ва дар он шӯбҳае нест, вале бештари мардум имон намеоваранд

Verse 60 — Surah Ghafir 40:60

Парвардигоратон гуфт: «Дуову илтиҷо кунед Маро, то шуморо иҷобат кунам. Онҳое, ки аз парастиши Ман саркашӣ мекунанд, ба зуди дар айни хори ба ҷаҳаннам дароянд!»

Verse 61 — Surah Ghafir 40:61

Худост, он ки шабро бароятон офарид, то дар он биёромед ва рӯзро равшаноӣ бахшид. Худо фазли худ ба мардум арзонӣ медорад. Вале бештари мардум шукркунанда нестанд

Verse 62 — Surah Ghafir 40:62

Ин аст Худои якто — Парвардигори шумо, офаридгорн ҳар чизе. Худое ғайри Ӯ нест. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд

Verse 63 — Surah Ghafir 40:63

Ҳамчунин инҳо, ки оёти Худоро инкор мекунанд, аз имон рӯй бармегардонанд

Verse 64 — Surah Ghafir 40:64

Худост, ки заминро қароргоҳи шумо сохт ва осмонро чун биное бардошт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт. Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Худои якто — Парвардигори шумо. Бартару бузургвор аст Худо — он Парвардигори ҷаҳониён

Verse 65 — Surah Ghafir 40:65

Ӯ зинда аст, Худое ғайри Ӯ нест. Ӯро ибодат кунед, дар ҳоле, ки дини Ӯро ба ихлос пазируфта бошед, ки ситоиш (шукру зикри нек) аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст

Verse 66 — Surah Ghafir 40:66

Бигӯ: «Маро манъ кардаанд, ки чизҳоеро, ки ба ҷои Худо мепарастед, парастиш кунам, дар ҳоле, ки аз ҷониби Парвардигорам барои ман далоиле равшан омадааст. Ва ба ман фармон додаанд, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслим бошам»

Verse 67 — Surah Ghafir 40:67

Ӯст он Худое, ки шуморо аз хок, сипас аз нутфа, сипас аз лахтаи хуне биёфаридааст. Он гоҳ шуморо, дар сурати кӯдаке баровард, то ба синни ҷавонӣ бирасед ва пир шавед. Баъзе аз шумо пеш аз пирӣ бимиред ва баъзе ба он замони муъайян мерасед ва шояд ба ақл дарёбед

Verse 68 — Surah Ghafir 40:68

Ӯст, ки зинда мекунад ва мемиронад. Ва чун иродаи чизе кунад, мегӯядаш: «Мавҷуд шав!» Пас мавҷуд мешавад

Verse 69 — Surah Ghafir 40:69

Оё надидаӣ онҳое, ки дар оёти Худо кашмакаш мекунанд, чӣ гуна каҷрав мешаванд

Verse 70 — Surah Ghafir 40:70

Касоне, ки ин китобро дурӯғ мешуморанд ва он чиро, ки ба василаи паёмбарон фиристодаем, такзиб мекунанд (дурӯғ мебароранд), ба зуди хоҳанд донист

Verse 71 — Surah Ghafir 40:71

он гоҳ ки тавқҳоро ба гарданашон андозанд ва бо занчирҳо бикашандашон

Verse 72 — Surah Ghafir 40:72

дар оби ҷӯшон, сипас дар оташ афрӯхта шаванд

Verse 73 — Surah Ghafir 40:73

Он гоҳ ба онҳо гуфта шавад: «Он шарикон, ки барои Худо мегирифтед, куҷо ҳастанд?»

Verse 74 — Surah Ghafir 40:74

Мегӯянд: «Онҳоро аз даст додаем, балки пеш аз ин чизеро ба худоӣ намехондаем». Худо кофиронро ба ин тарз гумроҳ мекунад

Verse 75 — Surah Ghafir 40:75

Ин ба он сабаб аст, ки ба ноҳақ дар замин шодмонӣ мекардед ва нозу карашма мекардед

Verse 76 — Surah Ghafir 40:76

Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед. Ҳамеша дар он ҷо бимонед. Ва ҷойгоҳи саркашон чӣ бад чойгоҳест

Verse 77 — Surah Ghafir 40:77

Пас сабр кун, албатта, ваъдаи Худо рост аст. Е баъзе аз он чизҳоро, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем ё туро бимиронем ва онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд

Verse 78 — Surah Ghafir 40:78

Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем. Достони баъзеро бароят гуфтаем ва достони баъзеро нагуфтаем. Ва ҳеҷ паёмбареро нарасад, ки ояте биёварад, магар ба фармони Худо. Ва чун фармони Худо даррасад, ба ҳақ довари гардад ва онон, ки бар ботил будаанд, он ҷо, зиён хоҳанд дид

Verse 79 — Surah Ghafir 40:79

Худост, ки чорпоёнро бароятон офарид, то бар баъзе савор шавед ва аз баъзе бихӯред

Verse 80 — Surah Ghafir 40:80

Ва шуморо дар он манфиатҳост ва метавонед бо онҳо ба ҳоҷате, ки дар назар доред, бирасед. Ва бар онҳо ва бар киштиҳо савор шавед

Verse 81 — Surah Ghafir 40:81

Оёти худро бар шумо менамоёнад. Пас кадом як аз оёти Худоро инкор мекунед

Verse 82 — Surah Ghafir 40:82

Оё дар замин сайр накардаанд, то бингаранд, ки оқибати касоне, ки пеш аз онҳо мезистаанд, чӣ гуна будааст? Мардуме, ки қувваташон бештар ва осорашон дар рӯи замин фаровонтар буд. Пас он чизҳое, ки ба даст меоварданд, фоида набахшид

Verse 83 — Surah Ghafir 40:83

Чун паёмбаронашон бо далелҳои равшан ба сӯяшон омаданд, ба дониши худ дилхуш буданд, то он чизе, ки масхарааш мекарданд, онҳоро дар миён гирифт

Verse 84 — Surah Ghafir 40:84

Ва чун азоби Моро диданд, гуфтанд: «Ба Худои якто имон овардем ва ба он чизҳое, ки шарики Худо қарор дода будем кофир шудем»

Verse 85 — Surah Ghafir 40:85

Аммо ба он ҳангом, ки азоби Моро диданд, дигар имонашон барояшон суде набахшид, Ин суннати Худост дар рафтор бо бандагонаш. Ва кофирон дар он рӯз зиён карданд