Back to Languages

Tajik - Chapter 43 - Az-Zukhruf

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Az-Zukhruf 43:1

Verse 2 — Surah Az-Zukhruf 43:2

Савганд ба ин китоби равшангар

Verse 3 — Surah Az-Zukhruf 43:3

Мо ин китобро Қуръоне арабӣ қарор додем, бошад, ки ба ақл дарёбед

Verse 4 — Surah Az-Zukhruf 43:4

Ва он дар уммулкитоб аст дар назди Мо: китобе арҷманду ҳикматомез

Verse 5 — Surah Az-Zukhruf 43:5

Оё ба он сабаб, ки мардуме аз ҳад гузашта ҳастед, аз шумо рӯй гардонем ва Қуръонро аз шумо дареғ дорем

Verse 6 — Surah Az-Zukhruf 43:6

Ба миёни пешиниён паёмбарони бисёре фиристодем

Verse 7 — Surah Az-Zukhruf 43:7

Ва ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода намешуд, ки масхарааш накарда бошанд

Verse 8 — Surah Az-Zukhruf 43:8

Онҳоро, ки аз онҳо боқувваттар буданд, ҳалок кардем. Ва достони пешиниён гузашт

Verse 9 — Surah Az-Zukhruf 43:9

Агар аз онҳо бипурсӣ: «Чӣ касе осмонҳову заминро офаридааст?» Мегӯянд: «Онҳоро он ғолиби доно офаридааст!»

Verse 10 — Surah Az-Zukhruf 43:10

Он ки заминро бисоти шумо сохт ва бароятон роҳҳо дар он падид овард, бошад, ки ҳидоят шавед

Verse 11 — Surah Az-Zukhruf 43:11

Ва он ки аз осмон об фиристод ба миқдор. Ва ба он сарзамини мурдаро зинда кардем. Шумо низ инчунин аз гӯрҳо берун оварда шавед

Verse 12 — Surah Az-Zukhruf 43:12

ва он ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид. Ва бароятон аз киштиҳо ва чорпоён маркабҳо сохт, ки савор шавед

Verse 13 — Surah Az-Zukhruf 43:13

Ва чун бар пушти онҳо қарор гирифтед, неъмати Парвардигоратонро ёд кунед ва бигӯед: «Пок аст он кас, ки инҳоро роми мо кард, вагарна моро тавони он набуд

Verse 14 — Surah Az-Zukhruf 43:14

Ва мо ба сӯи Парвардигорамон бозмегардем»

Verse 15 — Surah Az-Zukhruf 43:15

Ва барон Ӯ аз миёни бандагонаш фарзанде қоил шуданд. Одамӣ ба ошкоро носипос (ношукр) аст

Verse 16 — Surah Az-Zukhruf 43:16

Оё Ӯ аз миёни махлуқонаш барои Худ духтарон баргирифта ва писаронро хоси шумо кардааст

Verse 17 — Surah Az-Zukhruf 43:17

Ва чун ба яке аз онҳо муждаи таваллуди ҳамон чизеро диҳанд, ки ба Худои раҳмон нисбат дода, рӯяш сиёҳ гардад ва пур аз хашм шавад

Verse 18 — Surah Az-Zukhruf 43:18

Оё он ки ба ороиш парвариш ёфта (яъне духтар) ва дар ҳангоми ҷидол ошкор намегардад, аз они Худост

Verse 19 — Surah Az-Zukhruf 43:19

Ва фариштагонро, ки бандагони Худоянд, зан пиндоштанд. Оё ба ҳангоми офаринишашон он ҷо ҳозир будаанд? Ба зудӣ ин шоҳидиашонро менависанд ва аз онҳо бозхост мешавад

Verse 20 — Surah Az-Zukhruf 43:20

Гуфтанд: «Агар Худои раҳмон мехост, мо фариштагонро намепарастидем». Он чӣ мегӯянд, аз рӯи нодонист ва ғайри ба дурӯғ сухан намегӯянд

Verse 21 — Surah Az-Zukhruf 43:21

Оё пеш аз Қуръон китобе барояшон нозил кардаем, ки акнун ба он ҷанг мезананд? (пайравӣ мекунанд)

Verse 22 — Surah Az-Zukhruf 43:22

На, мегӯянд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо аз паи онҳо меравем»

Verse 23 — Surah Az-Zukhruf 43:23

Ва он тавр пеш аз ту ба кадом деҳае бимдиҳандае фиристодем, мутанаъимонаш (соҳибнеъматонаш) гуфтанд: «Падаронамонро бар дине ёфтем ва мо ба амалҳои онҳо иқтидо (панравӣ) мекунем»

Verse 24 — Surah Az-Zukhruf 43:24

Гуфт: «Ҳатто агар барои шумо чизе биёварам, ки аз он чӣ падаронатонро бар он ёфта будед, ҳидояткунандатар бошад?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки шуморо ба он фиристодаанд, беимонем»

Verse 25 — Surah Az-Zukhruf 43:25

Пас аз онҳо интиқом гирифтем. Ва бингар, ки оқибати дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст

Verse 26 — Surah Az-Zukhruf 43:26

Ва Иброҳим ба падару қавмаш гуфт: «Ман аз он чӣ шумо мепарастед, безорам

Verse 27 — Surah Az-Zukhruf 43:27

ғайри он ки маро офарида, ки Ӯ роҳнамоиям хоҳад кард»

Verse 28 — Surah Az-Zukhruf 43:28

Ва ин суханро дар фарзандони худ сухане поянда кард, бошад, ки ба Худо бозгарданд

Verse 29 — Surah Az-Zukhruf 43:29

Ва Ман инҳову падаронашонро аз зиндагӣ баҳраманд кардам, то он гоҳ ки ҳақ ва паёмбаре равшангар ба сӯяшон омад

Verse 30 — Surah Az-Zukhruf 43:30

Чун ҳақ бар онҳо ошкор шуд, гуфтанд: «Ин ҷодуст ва мо ба он имон намеоварем»

Verse 31 — Surah Az-Zukhruf 43:31

Гуфтанд: «Чаро ин Қуръон бар марде аз бузургмардони он ду деҳа нозил нашудааст?»

Verse 32 — Surah Az-Zukhruf 43:32

Оё онон раҳмати Парвардигоратро тақсим мекунанд? Хол он ки мо рузии онҳоро дар ин зиндагии дунё миёнашон тақсим мекунем. Ва баъзеро ба мартаба болотар аз баъзе дигар қарор додаем, то баъзе баъзи дигарро ба хидмат гиранд. Ва раҳмати Парвардигорат аз он чӣ онҳо ҷамъ меоваранд, беҳтар аст

Verse 33 — Surah Az-Zukhruf 43:33

Ва агар на он буд, ки ҳамаи мардум як уммат намешуданд, сақфҳои хонаҳои касонеро, ки Худои раҳмонро бовар надоранд, аз нуқра мекардем ва бар онҳо нардбонҳое, мениҳодем, то бар он боло раванд

Verse 34 — Surah Az-Zukhruf 43:34

Ва барои хонаҳояшон низ дарҳое аз нуқра мекардем ва тахтҳое, ки бар онҳо такя зананд

Verse 35 — Surah Az-Zukhruf 43:35

ва аз ҳар гуна зинат. Ва ҳамаи инҳо баҳрамандии ночизи дунявист, ҳол он ки охират дар назди Парвардигори ту барои парҳезгорон аст

Verse 36 — Surah Az-Zukhruf 43:36

Ҳар кас, ки аз ёди Худои раҳмон рӯй гардонад, шайтоне бар ӯ обаста мекунем,, ки ҳамеоша ҳамроҳаш бошад

Verse 37 — Surah Az-Zukhruf 43:37

Ва он шайтонҳо ононро аз роҳи Худо бозмегардонанд, вале пиндоранд, ки ҳидоятёфтагонанд

Verse 38 — Surah Az-Zukhruf 43:38

То он гоҳ ки назди Мо ояд, мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту (мисли) дурии машриқу мағриб буд. Ва ту чӣ ҳамроҳи баде буди»

Verse 39 — Surah Az-Zukhruf 43:39

Чун ситам кардед, он рӯз пушаймонӣ фоида накунад ва ҳар ду дар азоб шарик бошед

Verse 40 — Surah Az-Zukhruf 43:40

Оё ту мехоҳӣ ба карон сухан бишунавонӣ ё курон ва онҳоеро, ки дар гумроҳии ошкор ҳастанд, роҳ нишон диҳӣ

Verse 41 — Surah Az-Zukhruf 43:41

Ва агар туро бибарем, аз онҳо интиқом мегирем

Verse 42 — Surah Az-Zukhruf 43:42

Ё он азоберо, ки ба онҳо ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, ки Мо бар онҳо тавоно ҳастем

Verse 43 — Surah Az-Zukhruf 43:43

Пас дар он чӣ ба ту ваҳй шудааст, ҷанг бизан, (пайравӣ кун), ки ту бар роҳи рост ҳастӣ

Verse 44 — Surah Az-Zukhruf 43:44

Ва Қуръон сабаби баландовоза гаштани ту ва қавми туст ва ба зудӣ бозхост шавед

Verse 45 — Surah Az-Zukhruf 43:45

Аз паёмбарони Мо, ки пеш аз ту фиристодаем, бипурс: «Оё ғайри Худои раҳмон дигареро барои парастиши онҳо қарор дода будем?»

Verse 46 — Surah Az-Zukhruf 43:46

Ва албатта Мӯсоро ҳамроҳ бо оёти Худ бар Фиръавн ва раисони қавмаш фиристодем ва гуфт: «Ман фиристодаи Парвардигори ҷаҳониёнам!»

Verse 47 — Surah Az-Zukhruf 43:47

Чун оёти Моро бар онон арза дошт, ба ногоҳ ҳама аз он ба ханда афтоданд

Verse 48 — Surah Az-Zukhruf 43:48

Ва ҳар мӯъҷизае, ки ба онҳо нишон додем, аз мӯъҷизаи дигар азимтар буд. Он гоҳ ҳамаро ба азоб гирифтор кардем, бошад, ки бозгарданд

Verse 49 — Surah Az-Zukhruf 43:49

Гуфтанд: «Эй ҷодугар, Парвардигоратро бо он номҳое, ки бо ту ваҳй кардааст, баром мо бихон, ки мо ҳидоятшудагонем»

Verse 50 — Surah Az-Zukhruf 43:50

Чун азобро аз онҳо бардоштем, паймони худро шикастанд

Verse 51 — Surah Az-Zukhruf 43:51

Фиръавн дар миёни мардумаш нидо дод, ки эй қавми ман, оё подшоҳии Мисру ин ҷӯйборон, ки аз зери пои ман ҷорӣ ҳастанд, аз они ман нестанд? Оё намебинед

Verse 52 — Surah Az-Zukhruf 43:52

Оё ман беҳтарам ё ин марди хори залил, ки дуруст сухан гуфтан натавонад

Verse 53 — Surah Az-Zukhruf 43:53

Чаро дастҳояшро ба дастбандҳои тилло наёростаанд? Ва чаро гурӯҳе аз фариштагон ҳамроҳаш наёмадаанд

Verse 54 — Surah Az-Zukhruf 43:54

Пас Фиръавн қавми худро гумроҳ сохт, то ба ӯ итоъат карданд, ки мардуме табаҳ кор буданд

Verse 55 — Surah Az-Zukhruf 43:55

Чун Моро ба хашм оварданд, аз онҳо интиқом гирифтем ва ҳамагонро ғарқ сохтем

Verse 56 — Surah Az-Zukhruf 43:56

Ононро дар шумори гузаштагон ва достон барои ояндагон кардем

Verse 57 — Surah Az-Zukhruf 43:57

Ва чун достони писари Марям оварда шуд, қавми ту ба шодмонӣ фарёд заданд

Verse 58 — Surah Az-Zukhruf 43:58

ва гуфтан, д: «Оё худоёни мо беҳтаранд ё Ӯ?» Ва ин суханро фақат барои ҷидол бо ту гуфтаанд, ки мардуме хусумат кунандаанд

Verse 59 — Surah Az-Zukhruf 43:59

Ӯ фақат бандае буд, ки Мо неъматаш ато кардем ва мояи ибрати банӣ- Исроилаш гардонидем

Verse 60 — Surah Az-Zukhruf 43:60

Агар мехостем, ба ҷои шумо фариштагоне падид меовардем, то дар рӯи замин ҷонишини шумо гарданд

Verse 61 — Surah Az-Zukhruf 43:61

Ва бешубҳа ӯ (Исо) нишонаи фаро расидани қиёмат аст. Дар ин шак макунед ва ба Ман пайравӣ кунед! Ин аст роҳи рост

Verse 62 — Surah Az-Zukhruf 43:62

Шайтон шуморо аз роҳ бознагардонад, зеро ӯ душмани ошкори шумост

Verse 63 — Surah Az-Zukhruf 43:63

Ва чун Исо бо далелҳои равшани худ омад, гуфт: «Бароятон ҳикмат овардаам ва омадаам, то чизҳоеро, ки дар он ихтилоф мекунед, баён кунам. Пас аз Худо битарсед ва ба ман итоъат кунед

Verse 64 — Surah Az-Zukhruf 43:64

Худои якто Парвардигори ману Парвардигори шумост. Ӯро бипарастед. Роҳи рост ин аст»

Verse 65 — Surah Az-Zukhruf 43:65

Гурӯҳҳо бо ҳам ихтилоф карданд. Пас вой бар ситамкорон аз азоби дардовари қиёмат

Verse 66 — Surah Az-Zukhruf 43:66

Оё чашм ба роҳи чизе ҷуз қиёматанд, ки ногоҳ ва бехабар бар онҳо биёяд

Verse 67 — Surah Az-Zukhruf 43:67

Дар он рӯз дӯстон, — ғайр аз парҳезгорон, — душмани якдигаранд

Verse 68 — Surah Az-Zukhruf 43:68

Эй бандагони Ман, дар он рӯз биме бар шумо нест ва шумо ғамгин намешавед

Verse 69 — Surah Az-Zukhruf 43:69

Он касон, ки ба оёти Мо имон овардаанд ва таслими амри Мо шудаанд

Verse 70 — Surah Az-Zukhruf 43:70

шумо ва ҷуфтҳоятон бо шодкомӣ ба биҳишт дохил шавед

Verse 71 — Surah Az-Zukhruf 43:71

Қадаҳҳои заррин ва кӯзаҳоро дар миёнашон ба гардиш меоваранд. Дар он ҷост ҳар чи нафс орзу кунад ва дида аз он лаззат бибарад. Ва дар он ҷо ҷовидона хоҳед буд

Verse 72 — Surah Az-Zukhruf 43:72

Ин биҳиштест, ки ба ивази корҳое, ки кардаед, ба меросаш мебаред

Verse 73 — Surah Az-Zukhruf 43:73

Дар он ҷо бароятон меваҳои бисёр ҳаст, ки аз онҳо мехӯред

Verse 74 — Surah Az-Zukhruf 43:74

Гунаҳкорон дар азоби ҷаҳаннам ҷовидонанд

Verse 75 — Surah Az-Zukhruf 43:75

Азобашон кам намешавад ва онҳо аз ноумедӣ хомуш бошанд

Verse 76 — Surah Az-Zukhruf 43:76

Мо ба онҳо зулме накардаем, онҳо худ ба худашон ситам кардаанд

Verse 77 — Surah Az-Zukhruf 43:77

Фарёд бароваранд, ки эй молики дӯзах кош Парвардигори ту моро бимиронад. Мегӯяд: «На, шумо дар ин ҷо монданӣ ҳастед»

Verse 78 — Surah Az-Zukhruf 43:78

Мо шуморо бо ҳақ ошно кардем, вале бештаратон ҳақро бад дидед

Verse 79 — Surah Az-Zukhruf 43:79

Оё онҳо дар эътиқоди худ пой фишурдаанд? Мо ҳам пой фишурдаем

Verse 80 — Surah Az-Zukhruf 43:80

Оё мепиндоранд, Мо розу наҷво (суханони пинҳониашонро) намешунавем? Оре, расулони Мо назди онҳо ҳастанд ва менависанд

Verse 81 — Surah Az-Zukhruf 43:81

Бигӯ: «Агар Худои раҳмонро фарзанде мебуд, ман аз нахустин парастандагон мебудам

Verse 82 — Surah Az-Zukhruf 43:82

Пок аст Парвардигори осмонҳову замин ва Парвардигори арш аз он нисбатҳо, ки ба Ӯ медиҳенд

Verse 83 — Surah Az-Zukhruf 43:83

Пас бигузорашон, то ба ҳамон суханони ботил машғул бошанд ва ба бозича саргарм, то он рӯзе, ки онҳоро ваъда додаанд, бирасад

Verse 84 — Surah Az-Zukhruf 43:84

Ӯст, ки ҳам дар осмон Худост ва ҳам дар замин Худост ва ҳакиму доност

Verse 85 — Surah Az-Zukhruf 43:85

Бартару бузургвортар аст он кас, ки фармонравоии осмонҳову замин ва ҳар чӣ дар миёни онҳост, аз они Ӯст ва илми фаро расидани қиёмат хоси Ӯст ва ба Ӯ бозгардонида мешавед

Verse 86 — Surah Az-Zukhruf 43:86

Касоне ғайри Ӯро, ки ба худоӣ мехонанд, қодир ба шафоъати касе нестанд. Ғайри касоне, ки аз рӯи илм ба ҳақ шоҳидӣ дода бошанд

Verse 87 — Surah Az-Zukhruf 43:87

Агар аз онҳо бипурсӣ, ки чӣ касе онҳоро офаридааст, мегӯянд: «Оллоҳ». Пас чаро аз ҳақ рӯй мегардонанд

Verse 88 — Surah Az-Zukhruf 43:88

Гуфтори пайёмбар ин буд: «Эй Парвардигори ман, инҳо мардуме ҳастанд, ки имон намеоваранд

Verse 89 — Surah Az-Zukhruf 43:89

Пас, аз онҳо даргузар ва бигӯ: «Саломат бошед!» Оре, ба зуди хоҳанд донист