Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 44 - Ad-Dukhan
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ad-Dukhan 44:1
Verse 2 — Surah Ad-Dukhan 44:2
Савганд ба ин китоби равшангар
Verse 3 — Surah Ad-Dukhan 44:3
Мо онро дар шаби мубораке нозил кардем. Мо бимдиҳанда будаем
Verse 4 — Surah Ad-Dukhan 44:4
Дар он шаб ҳар фармоне мувофиқи ҳикмат содир мешавад
Verse 5 — Surah Ad-Dukhan 44:5
фармоне аз ҷониби Мо. Ва фиристандаи он будаем
Verse 6 — Surah Ad-Dukhan 44:6
Раҳматест аз ҷониби Парвардигорат ва албатта Ӯст шунавову доно
Verse 7 — Surah Ad-Dukhan 44:7
Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни ин ду аст, агар шумо яқинкунандаед
Verse 8 — Surah Ad-Dukhan 44:8
Нест Худое ғайри Ӯ. Зннда мекунаду мемиронад. Парвардигори шумову Парвардигори падарони пешини шумост
Verse 9 — Surah Ad-Dukhan 44:9
На, онҳо ҳамчунон ба шакки худ дилхушанд
Verse 10 — Surah Ad-Dukhan 44:10
Пас мунтазири рӯзе бош, ки осмон ба ошкоро дуд биёварад
Verse 11 — Surah Ad-Dukhan 44:11
Ва он дуд ҳамаи мардумро дар худ фурӯ гирад. Ва ин азобест дардовар
Verse 12 — Surah Ad-Dukhan 44:12
«Эй Парвардигори мо, ин азобро аз мо дур гардон, ки мо имон овардаем»
Verse 13 — Surah Ad-Dukhan 44:13
Куҷо панд мегиранд? Ҳол он ки чун паёмбари равшангар бар онҳо фиристода шуд
Verse 14 — Surah Ad-Dukhan 44:14
аз ӯ рӯйгардон шуданд ва гуфтанд: «Девонаест таълимёфта!»
Verse 15 — Surah Ad-Dukhan 44:15
Азобро андаке бармедорем ва шумо боз ба дини худ бозмегардед
Verse 16 — Surah Ad-Dukhan 44:16
Рӯзе онҳоро ба савлате (ҳамлае) сахт фурӯ гирем, ки Мо интиқомгирандаем
Verse 17 — Surah Ad-Dukhan 44:17
Пеш аз онҳо қавми Фиръавнро озмудем ва паёмбаре бузургвор наздашон омад
Verse 18 — Surah Ad-Dukhan 44:18
«ки бандагони Худоро ба ман таслим кунед, ки ман паёмбаре аминам
Verse 19 — Surah Ad-Dukhan 44:19
Ва низ бар Худо саркашӣ макунед, ки ман бо ҳуҷҷате равшан назди шумо омадаам
Verse 20 — Surah Ad-Dukhan 44:20
Ва агар бихоҳед бар ман санг бизанед, ман ба Парвардигори худ ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам
Verse 21 — Surah Ad-Dukhan 44:21
ва агар ба ман имон намеоварад, аз ман канор гиред»
Verse 22 — Surah Ad-Dukhan 44:22
Пас Парвардигорашро дуо кард, ки инҳо мардуме муҷриманд (гунаҳгоранд)
Verse 23 — Surah Ad-Dukhan 44:23
Бандагони Маро шабҳангом равона кун, то аз паи шумо биёянд
Verse 24 — Surah Ad-Dukhan 44:24
Дарёро ором пушти сар гузор, ки он лашкар ғарқшудагонанд
Verse 25 — Surah Ad-Dukhan 44:25
Баъд аз худ чӣ боғҳову чашмасорҳо бар ҷой гузоштанд
Verse 26 — Surah Ad-Dukhan 44:26
ва киштзорҳову хонаҳои некӯ
Verse 27 — Surah Ad-Dukhan 44:27
ва неъмате, ки дар он ғарқи шодмонӣ буданд
Verse 28 — Surah Ad-Dukhan 44:28
Ҳамчунин шуд ва Мо он неъматҳоро ба мардуме дигар мерос гузоштем
Verse 29 — Surah Ad-Dukhan 44:29
На осмон бар онҳо гирист ва на замин ва на ба онҳо мӯҳлат дода шуд
Verse 30 — Surah Ad-Dukhan 44:30
Ва мо банӣ-Исроилро аз он азоби хоркунанда халос кардем
Verse 31 — Surah Ad-Dukhan 44:31
аз азоби Фиръавни саркаши аз ҳад гузаранда
Verse 32 — Surah Ad-Dukhan 44:32
ва аз рӯи илм бар аҳли ҷаҳонашон баргузидем
Verse 33 — Surah Ad-Dukhan 44:33
Ва оёте ба онҳо ато кардем, ки дар он имтиҳоне ошкор буд
Verse 34 — Surah Ad-Dukhan 44:34
Албатта инҳо мегӯянд
Verse 35 — Surah Ad-Dukhan 44:35
«Поёни кор ҷуз ҳамин марги нахустин нест ва мо дигар бор зинда намешавем
Verse 36 — Surah Ad-Dukhan 44:36
Ва агар рост мегӯед, падарони моро ба ҷаҳон бозоваред»
Verse 37 — Surah Ad-Dukhan 44:37
Оё инҳо беҳтаранд ё қавми Туббаъ ва касоне, ки пеш аз он қавм буданд? Ҳамаро ҳалок кардем, ки муҷримон (гунаҳгорон) буданд
Verse 38 — Surah Ad-Dukhan 44:38
Мо ин осмонҳову замин ва он чиро миёни онҳост, ба бозича наёфаридаем
Verse 39 — Surah Ad-Dukhan 44:39
Онҳоро ба ҳақ офаридаем, вале бештарин намедонанд
Verse 40 — Surah Ad-Dukhan 44:40
Ваъдагоҳи ҳама дар рӯзи доварӣ қиёмат аст
Verse 41 — Surah Ad-Dukhan 44:41
Рӯзе, ки ҳеҷ дӯсте аз дӯсти худ чизеро дафъ накунад ва аз сӯи касе ёрӣ нашавад
Verse 42 — Surah Ad-Dukhan 44:42
ғайри касе, ки Худо бар ӯ бубахшояд, зеро Ӯст ғолибу меҳрубон
Verse 43 — Surah Ad-Dukhan 44:43
Ҳар оина (Албатта) дарахти зуккум
Verse 44 — Surah Ad-Dukhan 44:44
таъоми гуноҳкорон аст
Verse 45 — Surah Ad-Dukhan 44:45
Монанди миси гудохта дар шикамҳо меҷушад
Verse 46 — Surah Ad-Dukhan 44:46
Монанди ҷӯшидани оби ҷӯшон
Verse 47 — Surah Ad-Dukhan 44:47
Бигиредаш ва ба сахтӣ ба миёни ҷаҳаннамаш бикашед
Verse 48 — Surah Ad-Dukhan 44:48
ва бар сараш оби ҷӯшон бирезед, то шиканҷа шавад
Verse 49 — Surah Ad-Dukhan 44:49
Бичаш, ки ту ғолибу бузуррворӣ
Verse 50 — Surah Ad-Dukhan 44:50
Ин ҳамон чизест, ки дар он шак мекардед
Verse 51 — Surah Ad-Dukhan 44:51
Парҳезкорон дар ҷои амне ҳастанд
Verse 52 — Surah Ad-Dukhan 44:52
дар боғҳову чашмасорҳо
Verse 53 — Surah Ad-Dukhan 44:53
либосҳое аз сундусу истабрақ мепушанд ва рӯбарӯи ҳам мешинанд
Verse 54 — Surah Ad-Dukhan 44:54
Ҳамчунин ҳурулъайнро (ҳурони фарохчашм) ба ҳамсарияшон дароварем
Verse 55 — Surah Ad-Dukhan 44:55
Дар осоиштагӣ ҳар меваеро, ки бихоҳанд, металабанд
Verse 56 — Surah Ad-Dukhan 44:56
Дар он ҷо таъми маргро намечашанд, ғайри ҳамон марги аввалин. Ва онҳоро Худо аз азоби ҷаҳаннам нигоҳ доштааст
Verse 57 — Surah Ad-Dukhan 44:57
Ин бахшишест аз ҷониби Парвардигорат ва ин пирӯзии бузургест
Verse 58 — Surah Ad-Dukhan 44:58
Мо адои сухани худ бар забони ту осон кардем, бошад, ки панд гиранд
Verse 59 — Surah Ad-Dukhan 44:59
Ту мунтазир бош, ки онҳо низ мунтазиранд