Back to Languages

Tajik - Chapter 45 - Al-Jathiyah

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Jathiyah 45:1

Verse 2 — Surah Al-Jathiyah 45:2

Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолибу ҳаким аст

Verse 3 — Surah Al-Jathiyah 45:3

Албатта дар осмонҳову замин нишонаҳои ибратест барои мӯъминон

Verse 4 — Surah Al-Jathiyah 45:4

Ва дар офариниши шумо ва пароканда шудани ҷунбандагон ибратҳост барои аҳли яқин. (имон)

Verse 5 — Surah Al-Jathiyah 45:5

Омадушуди шабу рӯз ва ризқе, ки Худо аз осмон мефиристад ва замини мурдаро ба он зинда мекунад ва низ дар вазиши бодҳо ибратҳост барои оқилон

Verse 6 — Surah Al-Jathiyah 45:6

Инҳо оёти Худост, ки ба ростӣ бар ту тиловат мекунем. Ғайри Худову оёташ ба кадом сухан имон меоваранд

Verse 7 — Surah Al-Jathiyah 45:7

Вой бар ҳар дурӯғбофи гунаҳкоре

Verse 8 — Surah Al-Jathiyah 45:8

Оёти Худоро, ки бар ӯ хонда мешавад, мешунавад. Он гоҳ ба гарданкашӣ сахт меистад, чунон ки гӯӣ ҳеҷ нашунидааст. Пас ба азобе дардовараш башорат (хушхабар) деҳ

Verse 9 — Surah Al-Jathiyah 45:9

Чун чизе аз оёти Моро фаро гирад, ба масхарааш мегирад, инҳо сазовори азобе хоркунандаанд

Verse 10 — Surah Al-Jathiyah 45:10

Пеши рӯяшон ҷаҳаннам аст. Ва моле, ки ба даст овардаанд ва касоне, ки ғайри Худои якто ба худоӣ гирифтаанд, ба ҳолашон фоида накунад. Онҳорост азобе бузург

Verse 11 — Surah Al-Jathiyah 45:11

Ин раҳнамоиест. Ва онон, ки ба оёти Парвардигорашон имон намеоваранд, барояшон азобест ва сахттарин азобҳои дардовар

Verse 12 — Surah Al-Jathiyah 45:12

Худост, ки дарёро роми шумо кард, то дар он ба фармони Ӯ киштиҳо равон бошанд ва талаби маъишат кунед, бошад, ки шукргузор бошед

Verse 13 — Surah Al-Jathiyah 45:13

Роми шумо сохт он чӣ дар осмонҳост ва он чӣ дар замин аст. Ҳама аз они Ӯст. Дар ин барои фикркунандагон ибратҳоест

Verse 14 — Surah Al-Jathiyah 45:14

Ба касоне, ки имон овардаанд, бигӯ: «Аз хатои касоне, ки ба рӯзҳои Худо бовар надоранд, даргузаред, то худ он мардумро ба ҷазои амалҳое, ки муртакиб шудаанд (кардаанд), ҷазо диҳад

Verse 15 — Surah Al-Jathiyah 45:15

Ҳар кас кори шоистае кунад, ба нафъи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед

Verse 16 — Surah Al-Jathiyah 45:16

Мо ба банӣ-Исроил китоб ва илми довариву паёмбарӣ ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рузияшон кардем. Ва бар ҷаҳониён бартарияшон (беҳтариашон) додем

Verse 17 — Surah Al-Jathiyah 45:17

Ва онҳоро дар бораи он амр далоиле равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф карданд, он гоҳ, ки дониш ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф (зиддият) мекарданд, довари хоҳад кард

Verse 18 — Surah Al-Jathiyah 45:18

Пас туро ба роҳи дин андохтем. Бо он роҳ бирав ва аз паи хоҳиши нодонон марав

Verse 19 — Surah Al-Jathiyah 45:19

Инҳо туро ҳеҷ аз азоби Худо дафъ намекунанд ва золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст

Verse 20 — Surah Al-Jathiyah 45:20

Ин Қуръон далелҳои равшани мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин

Verse 21 — Surah Al-Jathiyah 45:21

Оё окон, ки кунандаи бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд

Verse 22 — Surah Al-Jathiyah 45:22

Ва Худо осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, ҷазо диҳад ва ба онҳо ситам нашавад

Verse 23 — Surah Al-Jathiyah 45:23

Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо аз рӯи илм гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? Чаро панд намегиред

Verse 24 — Surah Al-Jathiyah 45:24

Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ғайри даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва фақат дар пиндоре ҳастанд

Verse 25 — Surah Al-Jathiyah 45:25

Ва чун оёти равшани Мо бар онҳо тиловат шавад, ҳуҷҷаташон ин аст, ки мегӯянд: «Агар рост мегӯед, падарони моро зинда кунед»

Verse 26 — Surah Al-Jathiyah 45:26

Бигӯ: «Худост, ки шуморо зинда мекунад, пас мемиранад ва сипас ҳамаро дар рӯзи қиёмат, — ки шаке дар он нест, — ҷамъ меоварад. Вале бештари мардум намедонанд!»

Verse 27 — Surah Al-Jathiyah 45:27

Аз они Худованд аст фармонравоии осмону замин. Ва он рӯз, ки қиёмат барпо шавад, аҳли ботил зиён хоҳанд кард

Verse 28 — Surah Al-Jathiyah 45:28

Ҳар умматеро бубинӣ, ки ба зону даромадааст ва ҳар умматеро барои гирифтани номаи аъмолаш бихонанд. Дар чунин рӯзе дар баробари амалҳое, ки кардаед, ҷазо мебинед

Verse 29 — Surah Al-Jathiyah 45:29

Ин навиштаи Мост, ки ба ҳақ сухан мегӯяд, зеро Мо корҳоеро, ки мекардаед, менавиштаем

Verse 30 — Surah Al-Jathiyah 45:30

Аммо касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста мекунанд. Парвардигорашон дохил дар раҳмати Худ мекунад ва ин зафари ошкор аст

Verse 31 — Surah Al-Jathiyah 45:31

Аммо, эй онон, ки имон наёвардаед, магар оёти Мо бар шумо хонда намешуд ва шумо такаббур менамудед ва мардуме гуноҳкор будед

Verse 32 — Surah Al-Jathiyah 45:32

Чун гуфта мешуд, ки ваъдаи Худо ҳақ аст ва дар қиёмат шакке нест, мегуфтед: «Мо намедонем қиёмат чист? Фақат андак гумоне мебарем ва ба яқин (имони қавӣ) нарасидаем»

Verse 33 — Surah Al-Jathiyah 45:33

Амалҳои зишташон дар баробарашон ошкор шуд ва он чизе, ки масхарааш мекарданд гирд бар гирдашонро бигирифт

Verse 34 — Surah Al-Jathiyah 45:34

Ба онҳо гуфта шавад: «Имрӯз фаромушатон мекунем, ҳамчунон, ки шумо дидори чунин рӯзатонро фаромӯш карда будед. Ҷойгоҳатон дар оташ аст ва шуморо ҳеҷ ёваре нест

Verse 35 — Surah Al-Jathiyah 45:35

Ва, ин ба ҷазои он аст, ки оёти Худоро ба масхара мегирифтед ва зиндагии дунявӣ шуморо бифирефт». Пас имрӯз аз ин оташ касе берунашон набарад ва касе узрашонро қабул накунад

Verse 36 — Surah Al-Jathiyah 45:36

Ситоиш аз они Худост — Парвардигори осмонҳову Парвардигори замин ва Парвардигори ҷаҳониён

Verse 37 — Surah Al-Jathiyah 45:37

Бузургворӣ дар осмонҳову замин хоси Ӯст ва Ӯст ғолибу ҳаким