То Худо гуноҳи туро, он чӣ пеш аз ин буда ва он чӣ пас аз ин бошад, барои ту бибахшояд ва неъмати худро бар ту комил кунад ва туро ба роҳи рост роҳ намояд
Ва то мардону занони мӯъминро ба биҳиштҳое дохил кунад, ки дар он наҳрҳо ҷорист ва дар он ҷо ҷовидонанд ва гуноҳонашонро нест кунад. Ва ин дар назди Худо комёбии бузургест
Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, 'азоб кунад. Бар онҳо бод мусибати бад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи бадест
Онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, ба зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад
Бар кӯр ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг хараҷе нест ва бар бемор хараҷе нест. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовараш азоб мекунад
Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик мукофоташон дод
Муҳаммад — паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Ононро бинӣ, ки руқӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд ва талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро ба ҳайрат водорад, то он ҷо ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд, ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоиш ва мукофоте бузург ваъда додааст