Эй касоне, ки имон овардаед, шиорҳои Худо ва моҳи ҳарому қурбониро чӣ холӣ аз қилода ва чӣ бо қилода (гарданбанд) ҳурмат нашканед ва озори ононро, ки ба талаби рӯзӣ ва хушнудии Парвардигорашон нияти байтулҳаром кардаанд, раво мадоред. Ва чун аз эҳром берун омадед, сайд кунед ва бадбинӣ бо қавме, ки шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд, водоратон насозад, ки аз ҳадди хеш таҷовуз кунед ва дар некӯкорӣ ва парҳез ҳамкорӣ кунед, на дар гуноҳу таҷовуз. Ва аз Худой битарсед, ки Ӯ ба сахтӣ уқубат мекунад
Ҳаром шуд бар шумо мурда ва хун ва гӯшти хук ва ҳар ҳайвоне, ки ба ҳангоми куштанаш номи дигаре ҷуз Оллоҳро бар ӯ бигӯянд ва он чӣ хафа шуда бошад ё ба санг зада бошанд ё аз боло дарафтода бошад ё ба шохи ҳайвоне дигар бимирад ё даррандагон аз он хӯрда бошанд, ғайри он ки забҳаш кунед. Ва низ ҳар чӣ бар пои бутон забҳ шавад ва он чӣ ба воситаи тирҳои қимор қисмат кунед, ки ин кор худ нофармонист. Имрӯз кофирон аз бозгашти шумо аз дини хеш ноумед шудаанд. Аз онҳо матарсед, аз Ман битарсед. Имрӯз дини шуморо ба камол расонидам ва неъмати худ бар шумо тамом кардам ва исломро дини шумо баргузидам. Пас ҳар кӣ дар гуруснагӣ бечора монад, бе он ки қасди гуноҳ дошта бошад, бидонад, ки Худа омурзанда ва меҳрубон аст
Аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳое бар онҳо ҳалол шудааст. Бигӯ: «Чизҳои покиза бар шумо ҳалол шуда ва низ хӯрдани сайди он ҳайвон, ки ба он сайд кардан омӯхтаед, чун паррандагони шикорӣ ва сагони шикорӣ, ҳар гоҳ онҳоро ба он сон, ки Худоятон омӯхтааст, таълим дода бошед. Аз он сайд, ки бароятон мегиранд ва нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Худоро бар он бихонед ва аз Худо битарсед, ки Ӯ зудҳисобкунанда аст
Имрӯз чизҳои покиза бар шумо ҳалол шудааст. Таъоми аҳли китоб бар шумо ҳалол аст ва таъоми шумо низ бар онҳо ҳалол аст. Ва низ занони солеҳи мӯъмина ва занони солеҳи аҳли китоб ҳар гоҳ маҳрашонро бипардозед, ба таври заношӯӣ на зинокорӣ ва дӯстгирӣ бар шумо ҳалоланд. Ва ҳар кас, ки ба ислом кофир шавад, амалаш ночиз шавад ва дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд
Эй касоне, ки имон овардаед, чун ба намоз бархостед, рӯйҳову дастҳоятонро то оринч бишӯед ва сари худро масҳ кашед, поҳоятонро то қузак (буҷулак) бишӯед. Ва агар ҷунуб (олуда) будед, худро пок созед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз ҷои қазои хоҷат омада будед, ё бо занон наздикӣ карда будед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва сурату дастҳоятонро бо он маҳе кунед. Худо намехоҳад шумо дар ранҷ афтед, балки мехоҳад, ки шуморо покиза созад ва неъматашро бар шумо комил кунад, бошад, ки шукр кунед
Эй касоке, ки имон овардаед, аз неъмате, ки Худо ба шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он гоҳ ки гурӯҳе қасди он карданд, то бар шумо даст ёзанд, ва Худо дасти ононро аз шумо кӯтоҳ кард. Аз Худо битарсед. Ва мӯъминон бар Худо таваккал мекунанд
Худованд аз банӣ-Исроил паймон гирифт ва аз миёни онон дувоздаҳ нақиб ҷудо кардем. Ва Худо гуфт: «Агар намоз бихонед ва закот бидиҳед ва ба паёмбарони ман имон биёваред ва ёриашон кунед ва ба Худо қарзи нек бидиҳед, ман бо шумоям. Бадиҳоятонро мезудоям ва шуморо ба биҳиштҳое дохил мекунам, ки дар он наҳрҳо равон бошад. Ва ҳар кас аз шумо, ки аз он пас кофир шавад, роҳи ростро гум кардааст»
Ва аҳли китоб, ҷуз андаке аз онҳо, чун паймонашонро шикастанд, лаънаташон кардем ва дилҳояшонро сахт гардонидем. Калимотро аз маънии худ тағйир месозанд ва аз он панд, ки ба онҳо дода шуда буд, насиби хеш фаромӯш кардаанд ва ҳамеша аз корҳои хоинонаашон огоҳ мешавӣ. Афвашон кун ва аз гуноҳашон даргузар, ки Худо некӯкоронро дӯст медорад
Эй аҳли китоб, паёмбари Мо назди шумо омад, то бисёре аз китоби Худоро, ки пинҳон медоштед, бароятон баён кунад ва аз бисёре даргузарад ва аз ҷониби Худо нуре ва китобе зоҳиру ошкор бар шумо нозил шудааст
То Худо бо он ҳар касро, ки дар паи хушнудии ӯст, ба роҳҳои саломат ҳидоят кунад ва ба фармони худ аз торикӣ ба рӯшноияшон бубарад ва ононро ба роҳи рост ҳидоят кунад
Яҳудиён ва масеҳиён гуфтанд, ки мо фарзандону дӯстони Худо ҳастем. Бигӯй: «Пас чаро шуморо ба ҷазои гуноҳонатон азоб мекунад? Балки шумо инсонҳое аз ҷумлаи офаридагон ҳастед». Ҳар касро, ки бихоҳад, мебахшад ва ҳар касро, ки бихоҳад, азоб мекунад ва аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ дар миёни онҳост ва бозгаштн ҳама ба назди Ӯст
Эй аҳли китоб, фиристодаи Мо дар замоне, ки паёмбароне набуданд, фирпстода шуд, то ҳақро бар шумо ошкор кунад ва нагӯед, ки муждадиҳанда ва бимдиҳандае бар мо фиристода нашудааст. Инак, он муждадиҳанда ва бимдиҳанда омадааст ва Худо бар ҳар чиз тавоност
Гуфтанд; «Эй Мӯсо, дар он ҷо мардуме пурзӯранд ва мо ба он сарзамин дарнаёем, то он гоҳ, ки он пурзӯрон берун шаванд. Агар онҳо аз он сарзамин берун шаванд, ба он дохил шавем»
Ду мард аз онон, ки парҳезгорӣ пеша доштанд ва Худо неъматашон ато карда буд, гуфтанд: «Аз ин дарвоза бар онҳо дохил шавед. Ва чун ба шаҳр даромадед, шумо пирӯз хоҳед шуд, Ва бар Худо таваккал кунед, агар аз мӯъминон ҳастед!»
Аз ин рӯ бар банӣ-Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва албатта паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд
Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, он аст, ки кушта шаванд ё бар дор гарданд ё дастҳову поҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Инҳо расвоияшон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азобе бузург гирифтор оянд
Онҳое, ки кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд
Шунавандагони дурӯғанд, хӯрандагони ҳароманд. Пас агар назди ту омаданд, миёнашон ҳукм кун ё аз онҳо рӯйгардон шав ва агар рӯйгардон шавӣ, ҳеҷ ба ту зиёне нарасонанд. Ва агар миёнашон ҳукм кунӣ, ба адолат ҳукм кун, ки Худо адолатпешагонро дӯст дорад
Мо Тавротро, ки дар он ҳидоят ва рӯшноист, нозил кардем. Паёмбароне, ки таслими фармон буданд, мувофиқи он барон яҳуд ҳукм карданд ва низ худошиносону донишмандон, ки ба ҳифзи китоби Худо маъмур буданд ва бар он гувоҳӣ доданд, пас аз мардум натарсед, аз Ман битарсед ва оёти маро ба баҳои андак мафурӯшед. Ва ҳар кӣ мувофиқи оёте, ки Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, кофир аст
Ва дар Таврот бар онон муқаррар доштем, ки шахс дар баробари шахс ва чашм дар баробари чашм ва бинӣ дар баробари бинӣ ва гӯш дар баробари гӯш ва дандон дар баробари дандон ва ҳар захмеро қасосест. Ва ҳар кӣ аз қасос даргузарад, гуноҳашро кафорае (товоне) хоҳад буд. Ва ҳар кӣ ба он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз ситамкорон аст
Ва аз паи онҳо Исо — писари Марямро фиристодем, ки тасдиқкунандаи Тавроте буд, ки пеш аз ӯ фиристода будем ва Инҷилро, ки тасдиқкунандаи Таврот пеш аз ӯ буд, ба ӯ додем, ки дар он ҳидоят ва рӯшноие бувад ва барои парҳезгорон ҳидоят ва панде
Ва бояд, ки аҳли Инҷил мувофиқи он чӣ Худо дар он китоб нозил кардааст, ҳукм кунанд. Зеро ҳар кас ба он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм накунад, аз нофармонон аст
Ва ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кард ем; тасдиқкунанда ва ҳоким бар китобҳоест, ки пеш аз он будаанд. Пас мувофиқи он чӣ Худо нозил кардааст, дар миёнашон ҳукм кун ва аз паи хоҳишҳояшон марав, то он чиро аз ҳақ бар ту нозил шудааст, тарк кунӣ. Барон ҳар гурӯҳе аз шумо шариъат ва равише ниҳодем. Ва агар Худо мехост, ҳамаи шуморо як уммат месохт. Вале хост дар он чӣ бар шумо арзонӣ доштааст, биёзмоядатон. Пас дар некиҳо бар якдигар пешӣ гиред. Ҳамагӣ бозгаштатон ба Худост, то аз он чӣ дар он ихтилоф мекардед, огоҳатон созад
Миёнашон мувофиқи он чӣ Худо нозил кардааст, ҳукм кун ва аз хостҳошон пайравӣ макун ва аз онҳо бипарҳез, ки мабодо бифиребандат, то аз баъзе аз чизҳое, ки Худо бар ту нозил кардааст, рӯй гардонӣ. Ва агар рӯйгардон шуданд бидон, ки Худо мехоҳад онҳоро ба ҷазои баъзе гуноҳонашон уқубат кунад ва албатта бисёре аз мардум нофармонанд
Эй касоне, ки имон овардаед, аҳли китобро, ки дини шуморо ба масхара ва бозӣ мегиранд ва низ кофиронро ба дӯстӣ нагиред. Ва агар имон овардаед, аз Худо битарсед
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, оё моро сарзаниш мекунед? Ба он сабаб, ки мо ба Худо ва он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ пеш аз ин нозил шудааст, имон овардаем ва шумо бештарин нофармон ҳастед?»
Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Худо ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам: Касоне, ки Худояшон лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро бӯзинаву хук гардонидааст ва худ бут парастидаанд? Инҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаранд
Ва чун назди шумо омаданд, гуфтанд, ки имон овардем ва ҳол он ки бо куфр дохил шуданд ва бо куфр хориҷ гаштанд ва Худо ба он чӣ пинҳон медоранд, огоҳтар аст
Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бисёрашон бадкирдоранд
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо ҳеҷ нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештаринашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош
Албатта аз миёни онон, ки имон овардаанд ва яҳуд ва собион ва насоро, — ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад ва кори шоиста кунад, — биме бар ӯ нест ва ғамгин намешавад
Ва пиндоштанд, ки уқубате нахоҳад буд. Пас кӯру кар шуданд. Он гоҳ Худо тавбаашон қабул кард. Боз бисёре аз онҳо кӯру кар шуданд. Ҳар чӣ мекунанд, Худо мебинад
Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба ноҳақ дар дини хеш ғулувв макунед ва ба хоҳишҳои он мардуме, ки аз пеш гумроҳ шуда буданд ва бисёреро гумроҳ карданд ва худ аз роҳи рост каҷравӣ кардаанд, пайравӣ макунед»
Чун он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, ва ҳақикатро дарёбанд, чашмонашон пур аз ашк мешавад. Мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи шаҳодатдиҳандагон бинавис
Бар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ куканд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва некӣ, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад
Шикори дарёӣ ва хӯрдани он ба ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шуда аст. Ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар эҳром ҳастед, бар шумо ҳадом шуда. Аз Худованде, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед
Худо Каъба, байтулҳаромро бо моҳи ҳаром ва қурбонии беқилода ва қурбонии боқилода қивоми кори мардум гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чӣро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст
Ва ҳар гоҳ маълум шавад, ки он ду шоҳид муртакиби гуноҳи хиёнат шудаанд, ду шоҳидӣ дигар, ки авлотар аз он ду бошанд, ҷои онҳоро бигиранд. Он ду ба Худо қасам хӯранд, ки шоҳидии мо аз шоҳидии он ду дурусттар аст ва мо аз ҳақ таҷовуз накунем, ҳар гоҳ чунин кунем, аз ситамкорон бошем
Ин ҳукм наздиктар ба он аст, ки ҳам шоҳидиро бар ваҷҳи худ адо кунанд ё пас аз савганд хӯрдан аз радди савгандҳояшон битарсанд. Аз Худо битарсед. Ва гӯш доред. Худо мардуми нофармонро ҳидоят намекунад
Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат ато намудаам, ёд кун. Он замон, ки ба рӯҳулқудус ёриат кардам, то ту чӣ дар гаҳвора ва чӣ дар бузургсолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам. Ва он гоҳ ки ба амри Ман аз гил чизе чун парранда сохтӣ ва дар он дамидӣ ва ба амри Ман паррандае шуд ва кӯри модарзоду песӣ гирифтаро ба фармони Ман шифо додӣ ва мурдагонро ба фармони Ман зинда берун овардӣ ва чун бо ин далоили равшан назди банӣ-Исроил омадӣ, Ман ононро аз осеб расондан ба ту боздоштам ва аз миёнашон касоне, ки кофир буданд, гуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!»
Ва ҳавориён пурсиданд: «Эй Исо бинни Марям, оё Парварднгори ту метавонад, ки барои мо аз осмон моидае фиристад?» Гуфт; Агар имон овардаед, аз Худо битарсед»
Исо бинни Марям гуфт: «Бор Худое, эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз оомон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ»
Худо гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам»
Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Оллоҳ — Парвардигори маро ва Парвардигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаашон будам ва чун маро миронидӣ, Ту худ нигаҳбони акидаташон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ
Худо гуфт: «Ин рӯзест, ки ростгуёнро ростии гуфторашон нафъ диҳад. Аз они онҳост биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Ва ин комёбии бузургест