Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 51 - Adh-Dhariyat
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Adh-Dhariyat 51:1
Савганд ба бодҳое, ки хок пароканда мекунанд
Verse 2 — Surah Adh-Dhariyat 51:2
савганд, ба абрҳои гаронбор
Verse 3 — Surah Adh-Dhariyat 51:3
савганд ба киштиҳое, ки ба осонӣ равонанд
Verse 4 — Surah Adh-Dhariyat 51:4
ва савганд ба фариштагоне, ки тақсимкунандаи корҳоянд
Verse 5 — Surah Adh-Dhariyat 51:5
ки он чӣ шуморо ваъда медиҳанд, рост аст
Verse 6 — Surah Adh-Dhariyat 51:6
ва рӯзи ҷазо омаданист
Verse 7 — Surah Adh-Dhariyat 51:7
Ва савганд ба осмон, ки ба ситорагон ороста аст
Verse 8 — Surah Adh-Dhariyat 51:8
ки шумо (дар хусуси пайғамбар) сухани гуногун мегӯед
Verse 9 — Surah Adh-Dhariyat 51:9
Аз ҳақ бозгардонида шавад, он ки бозгардониданашро хостаанд
Verse 10 — Surah Adh-Dhariyat 51:10
Марг бод бар он дурӯғгӯён
Verse 11 — Surah Adh-Dhariyat 51:11
онон ки ба ғафлат дар ҷаҳл фурӯ рафтаанд
Verse 12 — Surah Adh-Dhariyat 51:12
Мепурсанд: «Рӯзи ҷазо кай хоҳад буд?»
Verse 13 — Surah Adh-Dhariyat 51:13
Рӯзест, ки бар оташ азобашон мекунанд
Verse 14 — Surah Adh-Dhariyat 51:14
«Азоби худро бичашед! Ин аст он чизе, ки ба шитоб металабидед!»
Verse 15 — Surah Adh-Dhariyat 51:15
Парҳезгорон дар боғҳову канори чашмасорон бошанд
Verse 16 — Surah Adh-Dhariyat 51:16
Он чиро Худо ба онҳо додааст, гирифтаанд. Зеро пеш аз он некӯкор буданд
Verse 17 — Surah Adh-Dhariyat 51:17
андаке аз шабро мехобиданд
Verse 18 — Surah Adh-Dhariyat 51:18
ва ба ҳангоми саҳар истиғфор (тавба) мекарданд
Verse 19 — Surah Adh-Dhariyat 51:19
ва дар молҳояшон барои пурсандаву маҳрум хаққе буд
Verse 20 — Surah Adh-Dhariyat 51:20
Ва дар замин барои ахли яқин ибратҳоест
Verse 21 — Surah Adh-Dhariyat 51:21
ва низ дар вуҷуди худатон. Оё намебинед
Verse 22 — Surah Adh-Dhariyat 51:22
Ва ризқи шумо ва ҳар чӣ ба шумо ваъда шуда, дар осмон аст
Verse 23 — Surah Adh-Dhariyat 51:23
Пас савганд ба Парвардигори осмонаҳову замин, ки ин сухан ончунон ки сухан мегӯянд, ҳақ ва рост аст
Verse 24 — Surah Adh-Dhariyat 51:24
Оё достони меҳмонони гиромии Иброҳим ба ту расидааст
Verse 25 — Surah Adh-Dhariyat 51:25
Он гоҳ ки назди ӯ омаданду гуфтанд: «Салом!» Гуфт: «Салом! Шумо мардуми ношинохтаед!»
Verse 26 — Surah Adh-Dhariyat 51:26
Дар ниҳон ва шитобон назди касони худ рафт ва гӯсолаи фарбеҳе овард
Verse 27 — Surah Adh-Dhariyat 51:27
Таъомро ба наздашон гузошту гуфт: «Чаро намехӯред?»
Verse 28 — Surah Adh-Dhariyat 51:28
Ва аз онҳо бимнок шуд. Гуфтанд: «Матарс!» Ва ӯро ба фарзанде доно хушхабар доданд
Verse 29 — Surah Adh-Dhariyat 51:29
Ва занаш фарёдзанон омад ва бар рӯй заду гуфт: Ман пиразане нозоям»
Verse 30 — Surah Adh-Dhariyat 51:30
Гуфтанд: «Парвардигори ту инчунин гуфтааст. Ва ӯ ҳакиму доност!»
Verse 31 — Surah Adh-Dhariyat 51:31
Гуфт: «Эй расулон, ба чӣ кор омадаед?»
Verse 32 — Surah Adh-Dhariyat 51:32
Гуфтанд: «Моро бар мардуме табаҳкор фиристодаанд
Verse 33 — Surah Adh-Dhariyat 51:33
то тиккаҳои сангҳои гили бар сарашон биборем
Verse 34 — Surah Adh-Dhariyat 51:34
ки бар он сангҳо аз ҷониби Парвардигорат барои аз ҳад, гузаштаҳо нишон гузоштаанд»
Verse 35 — Surah Adh-Dhariyat 51:35
Пас ҳамаи касонеро, ки имон оварда буданд, берун бурдем
Verse 36 — Surah Adh-Dhariyat 51:36
Ва дар он шаҳр ғайри як хона ва фармонбардорон наёфтем
Verse 37 — Surah Adh-Dhariyat 51:37
Ва дар он сарзамин барои касоне, ки аз азоби дардовар метарсанд, нишоне боқӣ гузоштем
Verse 38 — Surah Adh-Dhariyat 51:38
Ва ибратест дар Мӯсо, он гоҳ ки ӯро бо ҳуҷҷате ошкор назди Фиръавн фиристодем
Verse 39 — Surah Adh-Dhariyat 51:39
Ва Ӯ бо ҳамаи қуввааш рӯй гардонду гуфт: «Ҷодугарест ё девонае!»
Verse 40 — Surah Adh-Dhariyat 51:40
Ӯ ва лашкарҳояшро гирифтем ва ба дарё партофтем. Ва ӯ муставҷиби (сазовори) маломат буд
Verse 41 — Surah Adh-Dhariyat 51:41
Ва низ ибратест дар қавми Од, он гоҳ, ки боди ақимро бар онҳо фиристодем
Verse 42 — Surah Adh-Dhariyat 51:42
Бар ҳар чизе вазид, фақат устухоне пӯсидааш бар ҷой гузошт
Verse 43 — Surah Adh-Dhariyat 51:43
Ва низ ибратест дар қавми Самуд, он гоҳ ки ба онҳо гуфта шуд: «То замоне чанд бархурдор шавед»
Verse 44 — Surah Adh-Dhariyat 51:44
Онон аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва ҳамчунон ки менигаристанд, раъди тунде фурӯ гирифташон
Verse 45 — Surah Adh-Dhariyat 51:45
Истодан натавонистанд ва тавони интиқом надоштанд
Verse 46 — Surah Adh-Dhariyat 51:46
Ва аз пеш қавми Нӯҳро ҳалок кардем, ки қавме нофармон буданд
Verse 47 — Surah Adh-Dhariyat 51:47
Ва осмонро ба қувват барафроштем ва ҳаққо, ки Мо тавоноем
Verse 48 — Surah Adh-Dhariyat 51:48
Ва заминро густурдем ва чӣ некӯ густарандагонем
Verse 49 — Surah Adh-Dhariyat 51:49
Ва аз ҳар чиз ҷуфте биёфаридаем, шояд, ки ибрат гиред
Verse 50 — Surah Adh-Dhariyat 51:50
Пас ба сӯи Худованд бигрезед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам
Verse 51 — Surah Adh-Dhariyat 51:51
Ва бо Худои якто худои дигароро мапарастед. Ман шуморо аз ҷониби Ӯ бимдиҳандае ошкорам
Verse 52 — Surah Adh-Dhariyat 51:52
Ҳамчунин бар онҳое, ки аз ин пеш буданд, ҳар паёмбаре, ки фиристода шуд, гуфтанд: «Ҷодугарест ё девонаест!»
Verse 53 — Surah Adh-Dhariyat 51:53
Оё ба ин кор якдигарро васият карда буданд? На, худ мардуме тоғӣ (саркаш) буданд
Verse 54 — Surah Adh-Dhariyat 51:54
Пас аз онҳо рӯйгардон шав. Кас туро маломат нахоҳад кард
Verse 55 — Surah Adh-Dhariyat 51:55
Андарз (панд) бидеҳ, ки андарз мӯъминонро манфиат дорад
Verse 56 — Surah Adh-Dhariyat 51:56
Ҷинну инсро фақат ва фақат барои парастиши Худ офаридаам
Verse 57 — Surah Adh-Dhariyat 51:57
Аз онҳо ризқе намехоҳам ва намехоҳам, ки маро итъом кунанд (хӯронанд)
Verse 58 — Surah Adh-Dhariyat 51:58
Худост рӯзидиҳанда. Ва Ӯст соҳиби қуввате сахт устувор
Verse 59 — Surah Adh-Dhariyat 51:59
Ин ситамкоронро аз азоб баҳраест монанди баҳрае, ки ёронашон доштанд. Пас ба шитоб чизе (азоб) аз Ман нахоҳанд
Verse 60 — Surah Adh-Dhariyat 51:60
Вой бар кофирон, аз он рӯз, ки онҳоро ваъда додаанд