Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 52 - At-Tur
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah At-Tur 52:1
Қасам ба кӯҳи Тур
Verse 2 — Surah At-Tur 52:2
ва қасам ба китоби навишташуда
Verse 3 — Surah At-Tur 52:3
дар сафҳае кушода (Қуръон)
Verse 4 — Surah At-Tur 52:4
ва қасам ба байтулмаъмур
Verse 5 — Surah At-Tur 52:5
ва қасам ба ин, сақфи барафрошта (осмон)
Verse 6 — Surah At-Tur 52:6
ва қасам ба дарёи моломол, (пур)
Verse 7 — Surah At-Tur 52:7
ки азоби Парвардигорат воқеъ шуданист
Verse 8 — Surah At-Tur 52:8
Ва онро дафъкунандае нест
Verse 9 — Surah At-Tur 52:9
Рӯзе, ки осмон сахт бичархад
Verse 10 — Surah At-Tur 52:10
ва кӯҳҳо ба шитоб равон шаванд
Verse 11 — Surah At-Tur 52:11
пас дар он рӯз вой бар дурӯғбарорандагон
Verse 12 — Surah At-Tur 52:12
онон, ки саргарми кордон ботили худанд
Verse 13 — Surah At-Tur 52:13
Рӯзе, ки онҳоро ба қаҳр ба ҷониби ҷаҳаннам кашанд
Verse 14 — Surah At-Tur 52:14
Ин аст он оташе, ки дурӯғаш мешумурдед
Verse 15 — Surah At-Tur 52:15
Оё ин ҷодуст ё шумо намебинед
Verse 16 — Surah At-Tur 52:16
Ба оташ дароед. Хоҳ бар он сабр кунед ё сабр накунад, фарқе накунад. Шуморо дар баробари корҳое, ки мекардаед, ҷазо медиҳанд
Verse 17 — Surah At-Tur 52:17
Парҳезгорон дар биҳиштҳо ва неъматанд
Verse 18 — Surah At-Tur 52:18
Аз он чӣ Парвардигорашон ба онҳо додааст, шодмонанд ва Худо онҳоро аз азоби ҷаҳаннам нигаҳ доштааст
Verse 19 — Surah At-Tur 52:19
Ба музди корҳое, ки кардаед, бихӯреду биёшомед. Гувороятон бод
Verse 20 — Surah At-Tur 52:20
Бар он тахтҳои канори ҳам чида такя мезананд. Ҳуриёнро ҳамсарашон мегардонем
Verse 21 — Surah At-Tur 52:21
Касоне, ки худ имон оварданд ва фарзандонашон дар имон пайравияшон карданд. Фарзандонашонро бо онҳо якҷоя мекунем ва аз музди амалашон ҳеҷ кам намекунем, ки дар касе дар гарави кори худ аст
Verse 22 — Surah At-Tur 52:22
Ва пайваста аз ҳар гуна, ки бихоҳанд, меваву гӯшт атояшон мекунем
Verse 23 — Surah At-Tur 52:23
Дар он ҷо ҷоми май диҳанд ва ҷоми май ситонанд, ки дар он на сухани беҳуда бошад ва на гуноҳ кардан
Verse 24 — Surah At-Tur 52:24
Ғуломонашон чун марвориди пинҳон дар садаф ба гирдашон мечарханд
Verse 25 — Surah At-Tur 52:25
Пурсишкунон рӯй ба якдигар мекунанд
Verse 26 — Surah At-Tur 52:26
Мегӯянд: «Пеш аз ин дар миёни касонамон танҳо мо аз Худо метарсидем
Verse 27 — Surah At-Tur 52:27
Пас Худо бар мо миннат ниҳод ва моро аз азоби самум нигаҳ дошт
Verse 28 — Surah At-Tur 52:28
Мо пеш аз ин Ӯро (бо дуъову илтиҷо) мехондем, ки Ӯ эҳсонкунандаву меҳрубон аст!»
Verse 29 — Surah At-Tur 52:29
Пандашон деҳ, ки ту ба баракати неъмати Парвардигорат на коҳин (ҷодугар) ҳастиву на маҷнун
Verse 30 — Surah At-Tur 52:30
Ё мегӯянд: «Шоиресту мо барои вай мунтазири ҳаводиси рӯзгорем». (ки шояд бимирад)
Verse 31 — Surah At-Tur 52:31
Бигӯ: «Шумо мунтазир бимонед, ки ман низ бо шумо интизор мекашам»
Verse 32 — Surah At-Tur 52:32
Оё ононро рӯъёҳояшон (хобҳояшон) ба ин пиндорҳо кашонида ё худ, мардуме саркаш ҳастанд
Verse 33 — Surah At-Tur 52:33
Ё мегӯянд: «Қуръонро худ сохтааст!» На, онҳо имон намеоваранд
Verse 34 — Surah At-Tur 52:34
Агар рост мегӯянд, сухане монанди он биёваранд
Verse 35 — Surah At-Tur 52:35
Оё бе ҳеҷ холиқе офарида шуданд, ё худ холиқи худанд
Verse 36 — Surah At-Tur 52:36
Ё осмонҳову заминро ҳал кардаанд? На, ба яқин нарасидаанд
Verse 37 — Surah At-Tur 52:37
Ё хазинаҳои Парвардигорат назди онҳост? Ё бар чизе тасаллут ёфтаанд? (ҳукумат ёфтаанд)
Verse 38 — Surah At-Tur 52:38
Ё нардбоне доранд, ки аз он боло мераванд ва гӯш меандозанд? Пас он касе, ки гӯш андохта бошад, ҳуҷҷате ошкор биёварад
Verse 39 — Surah At-Tur 52:39
Ё худовандро духтарон асту шуморо писарон
Verse 40 — Surah At-Tur 52:40
Ё аз онҳо музде металабӣ ва пардохти музд бар онҳо душвор аст
Verse 41 — Surah At-Tur 52:41
Ё илми ғайб медонанду менависанд
Verse 42 — Surah At-Tur 52:42
Ё мехоҳанд ҳилае кунанд? Аммо кофирон худ ба ҳила гирифторанд
Verse 43 — Surah At-Tur 52:43
ё онҳоро худоест ғайри Худои якто? Пок аст Худои якто аз ҳар чӣ шарикаш месозанд
Verse 44 — Surah At-Tur 52:44
Агар бингаранд, ки қитъае аз осмон фурӯ меафтад, мегӯянд: «Абрест мутароким (қабат-қабат ҷамъшуда)»
Verse 45 — Surah At-Tur 52:45
Пас онҳоро вогузор, то рӯзеро, ки дар оя ба ҳалокат мерасанд, бингаранд
Verse 46 — Surah At-Tur 52:46
рӯзе, ки макрашон ҳеҷ ба ҳолашон фоидае накунад ва кас ба ёрияшон барнахезад
Verse 47 — Surah At-Tur 52:47
Барои касоне, ки зулм мекунанд, боз ҳам азобест ғайри ин азоб, вале бештаринашон намедонанд
Verse 48 — Surah At-Tur 52:48
Дар баробари фармони Парвардигорат босабр бош, ки ту таҳти назари Моӣ! Ва ҳангоме ки бархостӣ, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй
Verse 49 — Surah At-Tur 52:49
Ва тасбҳ гӯй дар қисме аз шаб ва ба ҳангоми нопадид шудани ситорагон