Back to Languages

Tajik - Chapter 53 - An-Najm

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah An-Najm 53:1

Қасам ба он ситора, чун пинҳон шуд

Verse 2 — Surah An-Najm 53:2

ки ёри шумо на гумроҳ шуда ва на ба роҳи каҷ рафтааст

Verse 3 — Surah An-Najm 53:3

Ва сухан аз рӯи ҳаво (ҳавас) намегӯяд

Verse 4 — Surah An-Najm 53:4

Ин сухан фақат он чизест, ки ба ӯ ваҳй мешавад

Verse 5 — Surah An-Najm 53:5

Ӯро он фариштаи пурқувват таълим додааст

Verse 6 — Surah An-Najm 53:6

соҳибнерӯе, ки рост истод

Verse 7 — Surah An-Najm 53:7

ва Ӯ ба канораи балаыди осмон буд

Verse 8 — Surah An-Najm 53:8

сипас наздик шуд ва бисёр наздик шуд

Verse 9 — Surah An-Najm 53:9

то ба қадри ду камон ё наздиктар

Verse 10 — Surah An-Najm 53:10

Ва Худо ба бандаи худ ҳар чӣ бояд, ваҳй кунад, ваҳй кард

Verse 11 — Surah An-Najm 53:11

Дил он чиро, ки, дид, дурӯғ нашумурд

Verse 12 — Surah An-Najm 53:12

Оё дар он чӣ мебинад, бо Ӯ ҷидол (баҳс) мекунед

Verse 13 — Surah An-Najm 53:13

Ӯро дигар бор ҳам бидид

Verse 14 — Surah An-Najm 53:14

назди сидратулмунтаҳо

Verse 15 — Surah An-Najm 53:15

ки оромгоҳи биҳишт назди он дарахт аст

Verse 16 — Surah An-Najm 53:16

Вақте ки сидраро чизе (нурҳои файзи илоҳӣ) дар худ мепӯшид

Verse 17 — Surah An-Najm 53:17

чашм хато накард ва аз ҳад дарнагузашт

Verse 18 — Surah An-Najm 53:18

Албатта баъзе аз оёти бузурги Парвардигорашро бидид

Verse 19 — Surah An-Najm 53:19

Оё Лот ва Уззоро дидаед

Verse 20 — Surah An-Najm 53:20

Ва Манот он бути саввуми дигарро

Verse 21 — Surah An-Najm 53:21

Оё шуморо писар бошад ва Ӯро духтар

Verse 22 — Surah An-Najm 53:22

Ин тақсимест ғайри одилона

Verse 23 — Surah An-Najm 53:23

Инҳо чизе нестанд ғайри номҳое, ки худ ва падаронатон ба онҳо додаед. Ва Худованд ҳеҷ далеле бар онҳо нафиристодааст. Танҳо аз паи гумону ҳавои нафси худ мераванд ва хол он ки аз ҷониби Худо роҳнамоияшон кардаанд

Verse 24 — Surah An-Najm 53:24

Оё ҳарчи одами орзу кунад, барояш ҳосил аст

Verse 25 — Surah An-Najm 53:25

Ҳам охират ва ҳам дунё аз они Худост

Verse 26 — Surah An-Najm 53:26

Ва чӣ бисёр фариштагон дар осмонанд, ки шафоъаташон ҳеҷ нафъ надиҳад, лекин аз он пас, ки Худо барои ҳар кӣ хоҳад, рухсат диҳад ва хушнуд бошад. (нафъ кунад)

Verse 27 — Surah An-Najm 53:27

Онон, ки ба охират имон надоранд, фариштагонро ба номҳои занон меноманд

Verse 28 — Surah An-Najm 53:28

Инҳоро ба он чӣ мегӯянд, ҳеҷ донише нест. Танҳо аз гумони худ пайравӣ мекунанд ва гумон барои шинохти ҳақиқат кофӣ нест

Verse 29 — Surah An-Najm 53:29

Пас ту низ аз касе, ки аз сухани Мо рӯйгардон мешавад ва ғайри зиндагии дунявиро намеҷӯяд, рӯй гардон

Verse 30 — Surah An-Najm 53:30

Ниҳояти донишашон ҳамин аст. Парвардигори ту ба он касе ки аз роҳи Ӯ гумроҳ мешавад ё ба роҳи ҳидоят меафтад, донотар аст

Verse 31 — Surah An-Najm 53:31

Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст, то бадкоронро дар баробари корҳояшон ҷазо диҳад ва некӯкоронро ба кирдори некашон мукофот диҳад

Verse 32 — Surah An-Najm 53:32

Касоне, ки аз гуноҳони бузургу зиштиҳо парҳез мекунанд, — ғайри он ки гуноҳе кӯчак аз онҳо сар занад, — бидонанд, ки бахшоиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба шумо он гоҳ ки аз замин биёфаридатон ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Худатонро бегуноҳ надонед. Ӯст, ки парҳезгорро беҳтар мешиносад

Verse 33 — Surah An-Najm 53:33

Оё онро, ки аз ту рӯйгардои шуд, дидӣ

Verse 34 — Surah An-Najm 53:34

Андак мебахшид ва дар садақа бахилӣ мекард

Verse 35 — Surah An-Najm 53:35

Оё илми ғайб дораду мебинад

Verse 36 — Surah An-Najm 53:36

Ё аз он чӣ дар саҳифаҳои Мӯсо омада, бехабар мондааст

Verse 37 — Surah An-Najm 53:37

Ё аз Иброҳим, ки ҳаққи пайғамбариро адо кард

Verse 38 — Surah An-Najm 53:38

Ки ҳеҷ кас бори гуноҳи, дигареро барнадорад

Verse 39 — Surah An-Najm 53:39

Ва ин ки: барои мардум музде ғайри он чӣ худ кардаанд, нест

Verse 40 — Surah An-Najm 53:40

Ва ба зудӣ, ки кушиши ӯ дар назар ояд (рӯзи қиёмат)

Verse 41 — Surah An-Najm 53:41

Сипас ба ӯ ҷазое комил диҳанд

Verse 42 — Surah An-Najm 53:42

Ва поёни роҳи ҳама Парвардигори туст

Verse 43 — Surah An-Najm 53:43

Ва Ӯст, ки механдонаду мегирёнад

Verse 44 — Surah An-Najm 53:44

Ва Ӯст, ки мемиронаду зинда мекунад

Verse 45 — Surah An-Najm 53:45

Ва Ӯст, ки ҷуфтҳои нару модаро офаридааст

Verse 46 — Surah An-Najm 53:46

аз дутфа, он гоҳ, ки дар раҳм рехта мешавад

Verse 47 — Surah An-Najm 53:47

Ва бар Худованд аст, ки онро бори дигар зинда кунад

Verse 48 — Surah An-Najm 53:48

Ва Ӯст, ки тавонгар кунад ва рӯзӣ диҳад

Verse 49 — Surah An-Najm 53:49

Ва Ӯст Парвардигори ситораи Шиъро

Verse 50 — Surah An-Najm 53:50

Ва Ӯст, ки Од — он қавми пешинро ҳалок кард

Verse 51 — Surah An-Najm 53:51

ва аз Самуд ҳеҷ боқӣ нагузошт

Verse 52 — Surah An-Najm 53:52

Ва пеш аз онҳо қавми Нӯҳро, ки ситамкортару саркаштар буданд

Verse 53 — Surah An-Najm 53:53

ва низ Мӯътафикаро нобуд кард

Verse 54 — Surah An-Najm 53:54

Ва фурӯ пӯшид он қавмро, ҳар чӣ бояд фурӯ пӯшад (сангборон кард)

Verse 55 — Surah An-Najm 53:55

Пас ба кадом як аз неъматҳои Парвардигорат шак мекунӣ

Verse 56 — Surah An-Najm 53:56

Ин бимдиҳандаест монанди бимдиҳандагони пешин

Verse 57 — Surah An-Najm 53:57

Қиёмат фаро расид

Verse 58 — Surah An-Najm 53:58

Кас ҷуз Худованд ошкораш накунад

Verse 59 — Surah An-Najm 53:59

Оё аз ин сухан дар ҳайрат афтодаед

Verse 60 — Surah An-Najm 53:60

Ва механдеду намегирйед

Verse 61 — Surah An-Najm 53:61

Ва шумо ғофил шудаед

Verse 62 — Surah An-Najm 53:62

Пас Худоро саҷда кунед ва Ӯро бипарастед