Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 54 - Al-Qamar
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Qamar 54:1
Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид
Verse 2 — Surah Al-Qamar 54:2
Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!»
Verse 3 — Surah Al-Qamar 54:3
Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст
Verse 4 — Surah Al-Qamar 54:4
Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст
Verse 5 — Surah Al-Qamar 54:5
Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд
Verse 6 — Surah Al-Qamar 54:6
Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав
Verse 7 — Surah Al-Qamar 54:7
Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд
Verse 8 — Surah Al-Qamar 54:8
Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
Verse 9 — Surah Al-Qamar 54:9
Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд
Verse 10 — Surah Al-Qamar 54:10
Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
Verse 11 — Surah Al-Qamar 54:11
Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем
Verse 12 — Surah Al-Qamar 54:12
Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад
Verse 13 — Surah Al-Qamar 54:13
Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем
Verse 14 — Surah Al-Qamar 54:14
Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт
Verse 15 — Surah Al-Qamar 54:15
Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст
Verse 16 — Surah Al-Qamar 54:16
Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
Verse 17 — Surah Al-Qamar 54:17
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Verse 18 — Surah Al-Qamar 54:18
Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
Verse 19 — Surah Al-Qamar 54:19
Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем
Verse 20 — Surah Al-Qamar 54:20
ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд
Verse 21 — Surah Al-Qamar 54:21
Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
Verse 22 — Surah Al-Qamar 54:22
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Verse 23 — Surah Al-Qamar 54:23
Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд
Verse 24 — Surah Al-Qamar 54:24
Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем
Verse 25 — Surah Al-Qamar 54:25
Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст»
Verse 26 — Surah Al-Qamar 54:26
Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист
Verse 27 — Surah Al-Qamar 54:27
Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун
Verse 28 — Surah Al-Qamar 54:28
Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад
Verse 29 — Surah Al-Qamar 54:29
Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт
Verse 30 — Surah Al-Qamar 54:30
Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд
Verse 31 — Surah Al-Qamar 54:31
Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд
Verse 32 — Surah Al-Qamar 54:32
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Verse 33 — Surah Al-Qamar 54:33
Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд
Verse 34 — Surah Al-Qamar 54:34
Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем
Verse 35 — Surah Al-Qamar 54:35
Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем
Verse 36 — Surah Al-Qamar 54:36
Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд
Verse 37 — Surah Al-Qamar 54:37
Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро
Verse 38 — Surah Al-Qamar 54:38
Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад
Verse 39 — Surah Al-Qamar 54:39
Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед
Verse 40 — Surah Al-Qamar 54:40
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст
Verse 41 — Surah Al-Qamar 54:41
Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд
Verse 42 — Surah Al-Qamar 54:42
Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат
Verse 43 — Surah Al-Qamar 54:43
Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед
Verse 44 — Surah Al-Qamar 54:44
Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем
Verse 45 — Surah Al-Qamar 54:45
Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд
Verse 46 — Surah Al-Qamar 54:46
Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст
Verse 47 — Surah Al-Qamar 54:47
Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд
Verse 48 — Surah Al-Qamar 54:48
Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)
Verse 49 — Surah Al-Qamar 54:49
Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем
Verse 50 — Surah Al-Qamar 54:50
Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест
Verse 51 — Surah Al-Qamar 54:51
Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст
Verse 52 — Surah Al-Qamar 54:52
Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост
Verse 53 — Surah Al-Qamar 54:53
Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст
Verse 54 — Surah Al-Qamar 54:54
Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд
Verse 55 — Surah Al-Qamar 54:55
дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно