Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 55 - Ar-Rahman
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Ar-Rahman 55:1
Худои раҳмон
Verse 2 — Surah Ar-Rahman 55:2
Қуръонро таълим дод
Verse 3 — Surah Ar-Rahman 55:3
инсонро биёфарид
Verse 4 — Surah Ar-Rahman 55:4
ба ӯ гуфтан омӯхт
Verse 5 — Surah Ar-Rahman 55:5
Офтобу моҳ ба ҳисобе муқаррар дар ҳаракатанд
Verse 6 — Surah Ar-Rahman 55:6
Ва гиёҳу дарахт саҷдааш мекунанд
Verse 7 — Surah Ar-Rahman 55:7
Осмонро барафрохт ва тарозуро барниҳод
Verse 8 — Surah Ar-Rahman 55:8
то дар тарозу таҷовуз накунед
Verse 9 — Surah Ar-Rahman 55:9
Вазн карданро ба адолат риъоят кунед ва камфурӯшӣ макунед
Verse 10 — Surah Ar-Rahman 55:10
Заминро барои мардум қарор дод
Verse 11 — Surah Ar-Rahman 55:11
Дар он меваҳост ва дарахтони хурмо бо хӯшаҳое, ки дар ғилофанд
Verse 12 — Surah Ar-Rahman 55:12
Ва донаҳое, ки ҳамроҳ бо команд ва низ гиёҳони хушбӯ
Verse 13 — Surah Ar-Rahman 55:13
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 14 — Surah Ar-Rahman 55:14
Одамиро аз гили хушкшудае чун сафол биёфарид
Verse 15 — Surah Ar-Rahman 55:15
Ва ҷинро аз шӯълае бедуд
Verse 16 — Surah Ar-Rahman 55:16
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 17 — Surah Ar-Rahman 55:17
Парвардигори ду машриқ ва Парвардигори ду мағриб
Verse 18 — Surah Ar-Rahman 55:18
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 19 — Surah Ar-Rahman 55:19
Ду дарёро пеш ронд, то ба ҳам расиданд
Verse 20 — Surah Ar-Rahman 55:20
миёнашон пардаест то ба ҳам омехта нашаванд
Verse 21 — Surah Ar-Rahman 55:21
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигорагонро дурӯғ мешуморед
Verse 22 — Surah Ar-Rahman 55:22
Аз он ду марвориду марҷон берун меояд
Verse 23 — Surah Ar-Rahman 55:23
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 24 — Surah Ar-Rahman 55:24
Ва Ӯрост киштиҳое монанди кӯҳ, ки дар дарё мераванд
Verse 25 — Surah Ar-Rahman 55:25
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 26 — Surah Ar-Rahman 55:26
Ҳар чӣ бар рӯи замин аст, фонӣ (тамом) шуданист
Verse 27 — Surah Ar-Rahman 55:27
Ва зоти Парвардигори соҳиби бузургӣ ва икроми туст, ки боқӣ мемонад
Verse 28 — Surah Ar-Rahman 55:28
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 29 — Surah Ar-Rahman 55:29
Ҳар кас, ки дар осмонҳову замин аст, пурсандаи даргоҳи Ӯст ва Ӯ ҳар рӯз дар корест
Verse 30 — Surah Ar-Rahman 55:30
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 31 — Surah Ar-Rahman 55:31
Эй ҷинниёну одамиён, ба ҳисоби шумо хоҳем расид
Verse 32 — Surah Ar-Rahman 55:32
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 33 — Surah Ar-Rahman 55:33
Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед, берун равед! Вале берун натавонед рафт, магар бо доштани қудрате
Verse 34 — Surah Ar-Rahman 55:34
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 35 — Surah Ar-Rahman 55:35
Бар шумо шӯълае аз оташ фиристода шавад ё дуде низ пас бо ӯ муқобала натавонед кард
Verse 36 — Surah Ar-Rahman 55:36
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 37 — Surah Ar-Rahman 55:37
Он гоҳ, ки осмон шикофта шавад, ранге сурх чун ранги чарм хоҳад дошт
Verse 38 — Surah Ar-Rahman 55:38
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 39 — Surah Ar-Rahman 55:39
Пас дар он рӯз аз гуноҳи ҳеҷ ҷинневу одамие напурсанд
Verse 40 — Surah Ar-Rahman 55:40
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 41 — Surah Ar-Rahman 55:41
Кофиронро ба нишони қиёфаашон мешиносанд ва аз мӯи ҷилави сар ва пойҳояшон мегиранд
Verse 42 — Surah Ar-Rahman 55:42
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 43 — Surah Ar-Rahman 55:43
Ин ҳамон ҷаҳаннамест, ки гунаҳкорон дурӯғаш мепиндоштанд
Verse 44 — Surah Ar-Rahman 55:44
Ва акнун дар миёни он ва оби ҷӯшон, мегарданд
Verse 45 — Surah Ar-Rahman 55:45
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 46 — Surah Ar-Rahman 55:46
Ҳ, ар касро, ки аз истодан ба пешгоҳи Парвардигораш тарсида бошад, ду биҳишт аст
Verse 47 — Surah Ar-Rahman 55:47
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 48 — Surah Ar-Rahman 55:48
Он ду пур аз дарахтонанд
Verse 49 — Surah Ar-Rahman 55:49
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 50 — Surah Ar-Rahman 55:50
Дар он ду, ду чашма ҷорист
Verse 51 — Surah Ar-Rahman 55:51
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 52 — Surah Ar-Rahman 55:52
Дар он ҷо аз ҳар гуна мевае ду қисм аст
Verse 53 — Surah Ar-Rahman 55:53
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 54 — Surah Ar-Rahman 55:54
Бар бистарҳое, ки астарашон аз истабрақ аст, такя задаанд ва меваҳои он ду биҳишт дар наздикашон бошад
Verse 55 — Surah Ar-Rahman 55:55
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 56 — Surah Ar-Rahman 55:56
Дар он ҷост заноне, ки ҷуз ба шавҳари худ нанигаранд ва пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамиву ҷинне ба ояҳо даст назадааст
Verse 57 — Surah Ar-Rahman 55:57
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 58 — Surah Ar-Rahman 55:58
Гӯй, ки он ҳурон монанди ёқуту марҷонанд
Verse 59 — Surah Ar-Rahman 55:59
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморад
Verse 60 — Surah Ar-Rahman 55:60
Мукофоти некӣ некисту бас
Verse 61 — Surah Ar-Rahman 55:61
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 62 — Surah Ar-Rahman 55:62
Ва ғайри онҳо ду биҳишти дигар аст
Verse 63 — Surah Ar-Rahman 55:63
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 64 — Surah Ar-Rahman 55:64
Аз шиддати сабзӣ моил ба сиёҳианд
Verse 65 — Surah Ar-Rahman 55:65
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 66 — Surah Ar-Rahman 55:66
Дар он ду, ду чашмаи ҷӯшанда ҳаст
Verse 67 — Surah Ar-Rahman 55:67
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 68 — Surah Ar-Rahman 55:68
Дар он ду мева ҳаст ва дарахти хурмо ҳасту анор ҳаст
Verse 69 — Surah Ar-Rahman 55:69
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 70 — Surah Ar-Rahman 55:70
Дар он ҷо занонест нексирату зеборӯй
Verse 71 — Surah Ar-Rahman 55:71
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигаратонро дурӯғ мешуморед
Verse 72 — Surah Ar-Rahman 55:72
Ҳуроне нигаҳдошташуда дар хаймаҳо
Verse 73 — Surah Ar-Rahman 55:73
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 74 — Surah Ar-Rahman 55:74
Пеш аз биҳиштиён ҳеҷ одамеву ҷинне ба онҳо даст назадааст
Verse 75 — Surah Ar-Rahman 55:75
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 76 — Surah Ar-Rahman 55:76
Бар болишҳои сабзу фаршҳои, некӯ такя мезананд
Verse 77 — Surah Ar-Rahman 55:77
Пас кадом як аз неъматҳои Парвардигоратонро дурӯғ мешуморед
Verse 78 — Surah Ar-Rahman 55:78
Бузург аст номи Парвардигори ту — он соҳиби бузургиву икром