Back to Languages

Tajik - Chapter 56 - Al-Waqiah

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Waqiah 56:1

Чун қиёмат воқеъ шавад

Verse 2 — Surah Al-Waqiah 56:2

ки дар воқеъ шуданаш ҳеҷ дурӯғ нест

Verse 3 — Surah Al-Waqiah 56:3

гурӯҳеро пасткунанда аст ва гурӯрҳеро баландкунанда

Verse 4 — Surah Al-Waqiah 56:4

Он гоҳ, ки замин ба сахтӣ биларзад

Verse 5 — Surah Al-Waqiah 56:5

ва кӯҳҳо ба тамом реза-реза шаванд

Verse 6 — Surah Al-Waqiah 56:6

ва чун ғуборе пароканда гарданд

Verse 7 — Surah Al-Waqiah 56:7

шумо се гурӯҳ бошед

Verse 8 — Surah Al-Waqiah 56:8

яке аҳли саъодат. Аҳли саъодат чӣ ҳол доранд

Verse 9 — Surah Al-Waqiah 56:9

Дигар аҳли шақоват (бадбахт). Аҳли шақоват чӣ ҳол доранд

Verse 10 — Surah Al-Waqiah 56:10

Севумини онҳо, ки пешқадаму пешдаст буданд ва инак пеш раводанд (дар ҷаннат)

Verse 11 — Surah Al-Waqiah 56:11

Инҳо муқаррабонанд (наздиккардашудагонанд)

Verse 12 — Surah Al-Waqiah 56:12

дар биҳиштҳои пурнеъмат

Verse 13 — Surah Al-Waqiah 56:13

Гурӯҳе аз пешиниён

Verse 14 — Surah Al-Waqiah 56:14

ва андаке аз онҳо, ки аз пас омадаанд

Verse 15 — Surah Al-Waqiah 56:15

бар тахтҳои мурассаъ (зарбофт)

Verse 16 — Surah Al-Waqiah 56:16

рӯбарӯи ҳам бар онҳо такя задаанд

Verse 17 — Surah Al-Waqiah 56:17

Писароне ҳамеша ҷавон гирдашон мечарханд

Verse 18 — Surah Al-Waqiah 56:18

бо қадаҳҳову кӯзаҳо ва ҷомҳое аз шаробе, ки дар ҷӯйҳо ҷорист

Verse 19 — Surah Al-Waqiah 56:19

аз нушиданаш на сардард гиранд ва на беҳуш шаванд

Verse 20 — Surah Al-Waqiah 56:20

Ва меваҳое, ки худ интихоб мекунанд

Verse 21 — Surah Al-Waqiah 56:21

Ва гӯшти парранда, аз ҳар чӣ бихоҳанд

Verse 22 — Surah Al-Waqiah 56:22

Ва ҳурони дуруштчашм

Verse 23 — Surah Al-Waqiah 56:23

ҳамонанди марворидҳое дар садаф

Verse 24 — Surah Al-Waqiah 56:24

Ҳама ба мукофоти корҳое, ки мекардаанд

Verse 25 — Surah Al-Waqiah 56:25

Дар он ҷо на сухани беҳуда шунаванд ва на гуноҳолуд

Verse 26 — Surah Al-Waqiah 56:26

ҷуз як сухан: «Салом, салом!»

Verse 27 — Surah Al-Waqiah 56:27

Аммо аҳли саъодат, аҳли саъодат чӣ ҳол доранд

Verse 28 — Surah Al-Waqiah 56:28

Дар зери дарахти сидри бехор

Verse 29 — Surah Al-Waqiah 56:29

ва дарахти музе (банан), ки мевааш бар якдигар чида шуда

Verse 30 — Surah Al-Waqiah 56:30

ва сояе доим

Verse 31 — Surah Al-Waqiah 56:31

ва обе ҷорӣ

Verse 32 — Surah Al-Waqiah 56:32

ва мевае бисёр

Verse 33 — Surah Al-Waqiah 56:33

ки бепоён ва касро аз он бознадоранд

Verse 34 — Surah Al-Waqiah 56:34

Ва фаршҳои баланд

Verse 35 — Surah Al-Waqiah 56:35

Он занонро Мо биёфаридем, офариданӣ

Verse 36 — Surah Al-Waqiah 56:36

ва душизагон сохтем

Verse 37 — Surah Al-Waqiah 56:37

Маъшуқи ҳамсарони худанд

Verse 38 — Surah Al-Waqiah 56:38

барои аҳли саъодат

Verse 39 — Surah Al-Waqiah 56:39

гурӯҳе аз пешиниён

Verse 40 — Surah Al-Waqiah 56:40

ва гурӯҳе, ки аз пас омадаанд

Verse 41 — Surah Al-Waqiah 56:41

Аммо аҳли шақоват, аҳли шақоват (бадбахт) чӣ ҳол доранд

Verse 42 — Surah Al-Waqiah 56:42

Дар боди гарм ва оби ҷӯшонанд

Verse 43 — Surah Al-Waqiah 56:43

дар сояе аз дуди сиёҳ

Verse 44 — Surah Al-Waqiah 56:44

на сарду на хуш

Verse 45 — Surah Al-Waqiah 56:45

Инҳо пеш аз ин дар нозу неъмат буданд

Verse 46 — Surah Al-Waqiah 56:46

ва бар гуноҳони бузург исрор (давом) мекарданд

Verse 47 — Surah Al-Waqiah 56:47

ва мегуфтанд: «Оё замоне, ки мо мурдему хоку устухон шудем, боз ҳам моро зинда мекунанд

Verse 48 — Surah Al-Waqiah 56:48

ё ниёгони моро?»

Verse 49 — Surah Al-Waqiah 56:49

Бигӯ: «Ҳамаро, онон, ки аз ин пеш буданд ва онҳо, ки аз паяшон омада буданд

Verse 50 — Surah Al-Waqiah 56:50

ҳама дар ваъдагоҳи он рӯзи муъайян хоҳанд буд

Verse 51 — Surah Al-Waqiah 56:51

Он гоҳ шумо, эй гумроҳони дурӯғбароранда

Verse 52 — Surah Al-Waqiah 56:52

аз дарахтони заққум хоҳед хурд

Verse 53 — Surah Al-Waqiah 56:53

ва шикамҳои худро аз он пур хоҳед кард

Verse 54 — Surah Al-Waqiah 56:54

ва бар болои он оби ҷӯшон хоҳед нушид

Verse 55 — Surah Al-Waqiah 56:55

чунон менушед, ки шутури ташн, а об менӯшад

Verse 56 — Surah Al-Waqiah 56:56

Ин аст меҳмондориашон дар рӯзи ҷазо

Verse 57 — Surah Al-Waqiah 56:57

Мо шуморо офаридаем, пас чаро тасдиқ намекунед

Verse 58 — Surah Al-Waqiah 56:58

Оё он маниро, ки мерезед, дидаед

Verse 59 — Surah Al-Waqiah 56:59

Оё шумо ӯро меофаринед ё Мо офаринандаем

Verse 60 — Surah Al-Waqiah 56:60

Мо маргро бар шумо, муайян сохтем ва нотавон аз он нестом, ки

Verse 61 — Surah Al-Waqiah 56:61

ба ҷои шумо қавме монанди шумо биёварем ва шуморо ба сурате, ки аз он бехабаред, аз нав биёфаринем

Verse 62 — Surah Al-Waqiah 56:62

Шумо ай офариниши нахуст огоҳед, чаро ба ёдаш наёваред

Verse 63 — Surah Al-Waqiah 56:63

Оё чизеро, ки мекоред, дидаед

Verse 64 — Surah Al-Waqiah 56:64

Оё шумо мерӯёнедаш ё Мо рӯёнандаем

Verse 65 — Surah Al-Waqiah 56:65

Агар мехостем, хошокаш месохтем, то дар ҳайрат бимонед

Verse 66 — Surah Al-Waqiah 56:66

Гӯянд: «Мо зиён кардагонем

Verse 67 — Surah Al-Waqiah 56:67

мо бенасиб мондагонем»

Verse 68 — Surah Al-Waqiah 56:68

Оё оберо, ки менӯшед, дидаед

Verse 69 — Surah Al-Waqiah 56:69

Оё шумо онро аз абр фурӯд меоред ё Мо фурӯд орандагонем

Verse 70 — Surah Al-Waqiah 56:70

Агар мехостем онро талх мегардонидем. Пас чаро шукр намегӯед

Verse 71 — Surah Al-Waqiah 56:71

Оё он оташро, ки меафрузед дидаед

Verse 72 — Surah Al-Waqiah 56:72

Оё дарахташро шумо офаридаед ё Мо офаринандаем

Verse 73 — Surah Al-Waqiah 56:73

Мо онро хушдоре (аз дӯзах) ва барои мусофирони роҳнавард матоъе сохтем

Verse 74 — Surah Al-Waqiah 56:74

Ба номи Парвардигори бузурги худ тасбеҳ гӯй

Verse 75 — Surah Al-Waqiah 56:75

Пас савганд ба ғурубгоҳи ситорагон

Verse 76 — Surah Al-Waqiah 56:76

Ва ин савгандест, — агар бидонед, — бузург

Verse 77 — Surah Al-Waqiah 56:77

Албатта ин Қуръонест гиромиқадр

Verse 78 — Surah Al-Waqiah 56:78

дар китобе макнун

Verse 79 — Surah Al-Waqiah 56:79

ки ҷуз покон даст бар он назананд

Verse 80 — Surah Al-Waqiah 56:80

Нозилшуда аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониён аст

Verse 81 — Surah Al-Waqiah 56:81

Оё ин суханро дурӯғ меҳисобед

Verse 82 — Surah Al-Waqiah 56:82

Ва насиби худро дар дурӯғ ҳисобидани он қарор медиҳед

Verse 83 — Surah Al-Waqiah 56:83

Пас чаро он гоҳ ки ҷон ба гулӯ расад

Verse 84 — Surah Al-Waqiah 56:84

ва шумо дар ин ҳангом менигаред

Verse 85 — Surah Al-Waqiah 56:85

Мо аз шумо ба ӯ наздиктарем, вале шумо намебинед

Verse 86 — Surah Al-Waqiah 56:86

Агар қиёматро бовар надоред

Verse 87 — Surah Al-Waqiah 56:87

агар рост мегӯед, бозаш гардонед! (рӯҳро бар ҷасад)

Verse 88 — Surah Al-Waqiah 56:88

Аммо агар аз муқаррабон (наздикшудагон) бошад

Verse 89 — Surah Al-Waqiah 56:89

барои ӯст осоишу рӯзӣ ва биҳишти пурнеъмат

Verse 90 — Surah Al-Waqiah 56:90

Ва аммо агар аз аҳли саъодат бошад

Verse 91 — Surah Al-Waqiah 56:91

пас туро аз аҳли саъодат салом аст

Verse 92 — Surah Al-Waqiah 56:92

Ва аммо агар, аз такзибкунандагони (дурӯғ барорандагони) гумроҳ бошад

Verse 93 — Surah Al-Waqiah 56:93

ба оби ҷӯшон меҳмонаш кунанд

Verse 94 — Surah Al-Waqiah 56:94

ва ба дӯзахаш дароваранд

Verse 95 — Surah Al-Waqiah 56:95

Ин сухан сухане росту яқин аст

Verse 96 — Surah Al-Waqiah 56:96

Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ гӯй