Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 6 - Al-Anam
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Anam 6:1
Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд
Verse 2 — Surah Al-Anam 6:2
Ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа мекунед
Verse 3 — Surah Al-Anam 6:3
Дар осмонҳову замин Ӯст, ки Худованд аст. Ниҳону ошкоратонро медонад ва аз кирдоратон огоҳ аст
Verse 4 — Surah Al-Anam 6:4
Ва ҳеҷ ояе аз оёти Парвардигорашон барояшон нозил нашуд, ҷуз он ки аз он рӯйгардон шуданд
Verse 5 — Surah Al-Anam 6:5
Чун сухани ҳақ бар онҳо арза шуд, дурӯғ бароварданд. Пас ба зудӣ хабари чизҳое, ки масхараашон мекарданд, ба онҳо хоҳад расид
Verse 6 — Surah Al-Anam 6:6
Оё надидаанд, ки пеш аз онҳо чӣ мардумеро ҳалок кардаем? Мардуме, ки дар, замин қудраташон дода будем, ончунон қудрате, ки ба шумо надодаем. Ва барояшон аз осмон боронҳои пайдарпай фиристодем ва рӯдҳо аз зери пояшон равон сохтем. Он гоҳ ба ҷазои гуноҳонашон ҳалокашон кардем ва пас аз онҳо мардуме дигар падид овардем
Verse 7 — Surah Al-Anam 6:7
Ҳатто агар китобе навишта бар рӯи коғаз бар ту нозил мекардем ва онро бо дасти хеш ламс мекарданд, боз ҳам он кофирон мегуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкоро нест
Verse 8 — Surah Al-Anam 6:8
Ва гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст?» Агар фариштае мефиристодем, кор ба поён мерасид ва ба онҳо ҳеҷ мӯҳлате дода намешуд
Verse 9 — Surah Al-Anam 6:9
Ва агар он паёмбарро аз миёни фариштагон меинтихобидем, боз ҳам ӯро ба сурати марде мефиристодсм ва ни халту (омезишу) иштибоҳ, ки пайдо карданд, нигоҳ медоштем
Verse 10 — Surah Al-Anam 6:10
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, масхара мекарданд. Пас масхаракунандагонро азобе, ки барои масхара карданашон буд, фурӯ шрифт
Verse 11 — Surah Al-Anam 6:11
Бигӯ: «Дар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори дурӯғбарорандагон чӣ гуна будааст»
Verse 12 — Surah Al-Anam 6:12
Бигӯ: «Аз они кист он чӣ дар осмонҳову замин аст?» Бигӯ: «Аз они Худост! Бахшоишро бар худ муқаррар дошта, ҳамаи шуморо дар рӯзи қиёмат, ки дар он шубҳае нест, гирд меоварад. Онон, ки ба зиёни хеш кор кардаанд, имон намеоваранд
Verse 13 — Surah Al-Anam 6:13
Аз они Ӯст ҳар чӣ дар шабу рӯз ҷой дорад ва Ӯст шунавову доно!»
Verse 14 — Surah Al-Anam 6:14
Бигӯ; «Оё дигаре ғайри Худо ба дӯстӣ гирам, ки офаринандаи осмонҳову замин аст ва мехӯронад ва ба таъом мӯтоҷ нест?» Бигӯ; Албатта ман фармон шудаам, ки нахустин касе бошам, ки таслими амри Худо шуда бошад. Пас аз мушрикон мабош!»
Verse 15 — Surah Al-Anam 6:15
Бигӯ: «Аз азоби он рӯзи бузург метарсам, агар аз Парвардигорам фармон на барам!»
Verse 16 — Surah Al-Anam 6:16
Дар он рӯз азобро аз ҳар кӣ бигардонанд, мавриди раҳмати Худо воқеъ шудааст ва ин комёбии ошкорест
Verse 17 — Surah Al-Anam 6:17
Агар Худо ба ту зараре бирасонад, ҳеҷ кас ҷуз Ӯ дафъаш натавонад кард ва агар ба ту хайре бирасонад, бар ҳар коре тавоност
Verse 18 — Surah Al-Anam 6:18
Ва Ӯст ғолибе болотар аз ҳамаи бандагони хеш ва донову огоҳ аст
Verse 19 — Surah Al-Anam 6:19
Бигӯ: Шоҳиди чӣ касе аз ҳар шоҳидӣ бузургтар аст?» Бигӯ: «Худо миёни ману шумо гувоҳ аст ва ин Қуръон бар ман ваҳй шудааст, то шуморо ва ҳар касро, ки ба Ӯ бирасад, бим диҳад. Оё шоҳидӣ медиҳед, ки: бо Оллоҳ худоёни дигаре ҳам ҳастанд?» Бигӯ: «Ман шоҳидӣ намедиҳам». Бигӯ: «Ҷуз ин нест, ки Ӯ худоест яктову аз он чӣ бо Ӯ шарик месозед, безорам!»
Verse 20 — Surah Al-Anam 6:20
Аҳли китоб ӯро чунон мешиносанд, ки фарзандони худро, инҳо, ки ба худ зиён мерасонанд, имон намеоваранд
Verse 21 — Surah Al-Anam 6:21
Чӣ касест ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ мебандад ё оёти Ӯро дурӯғ мебарорад? Албатта ситамкоронро наҷотёбӣ нест
Verse 22 — Surah Al-Anam 6:22
Рӯзе ҳамаро гирд оварем, сипас ба онҳо, ки ширк овардаанд, бигӯем: «Он касон, ки мепиндоштед, ки шарикони Худоянд, акнун куҷоянд?»
Verse 23 — Surah Al-Anam 6:23
Узре, ки меоваранд, ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Савганд ба Худо, Парвардигори мо, ки мо мушрик набудаем!»
Verse 24 — Surah Al-Anam 6:24
Бингар, ки чӣ гуна бар худ дурӯғ бастанд ва он дурӯғҳо, ки сохта буданд, ночиз гардид
Verse 25 — Surah Al-Anam 6:25
Баъзе аз онҳо ба сухани ту гӯш медиҳанд, вале Мо бар дилҳояшон пардаҳо афкандаем, то онро дарнаёбанд ва гушҳояшонро вазнин кардаем. Ва ҳар мӯъҷизаеро, ки бингаранд, ба он имон намеоваранд. Ва чун назди ту оянд, бо ту ба мунозара сар кунанд. Кофирон мегӯянд, ки инҳо чизе ҷуз афсонаҳои пешиниён нест
Verse 26 — Surah Al-Anam 6:26
Инҳо мардумро аз паёмбар бозмедоранд ва худ аз ӯ канора меҷӯянд ва ҳол он, ки намедонанд, ки танҳо хештанро ба ҳалокат мерасонанд
Verse 27 — Surah Al-Anam 6:27
Агар онҳоро дар он рӯз, ки баробари оташ нигоҳашон доштаанд, бингарӣ, мегӯянд: «Эй кош, моро бозгардонанд, то оёти Парвардигорамонро дурӯғ нагӯем ва аз мӯъминон бошем!»
Verse 28 — Surah Al-Anam 6:28
На, он чиро, ки аз ин пеш пӯшида медоштанд, акнун бар онҳо ошкор шуда, агар онҳоро ба дунё бозгардонанд, боз ҳам ба ҳамон корҳо, ки манъашон карда буданд, бозмегарданд, инҳо дурӯғгӯёнанд
Verse 29 — Surah Al-Anam 6:29
Ва гуфтанд: «Ғайри ин зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест ва мо дигар бор зинда нахоҳем шуд»
Verse 30 — Surah Al-Anam 6:30
Ва агар бубинӣ он ҳангомро, ки дар баробари Парвардигорашон истодаанд. Худо мегӯяд: «Оё ин ба ҳақ набувад?» Гӯянд: «Оре, савганд ба Парвардигорамон!» Гӯяд,: «Ба ҷазои он, ки кофир будаед, азоби Худоро бичашед!»
Verse 31 — Surah Al-Anam 6:31
Зиён карданд онҳое, ки дидор бо Худоро дурӯғ пиндоштанд. Ва чун қиёмат ба ногаҳон фаро расад, гӯянд; «Эй ҳасрато, бар мо ба хотири кӯтоҳие, ки кардем». Инҳо бори гуноҳашонро бар пушт мекашанд. Хон, чӣ бад бореро бар дӯш мекашанд
Verse 32 — Surah Al-Anam 6:32
Ва зиндагии дунё чизе ҷуз бозичаву лаҳв нест ва парҳезгоронро сарои охират беҳтар аст. Оё ба ақл намеёбед
Verse 33 — Surah Al-Anam 6:33
Медонем, ки суханашон туро андӯҳгин месозад, вале инон танҳо тӯро дурӯғ мебароранд, балки ин ситамкорон сухани Худоро инкор мекунанд
Verse 34 — Surah Al-Anam 6:34
Паёмбаронеро ҳам, ки пеш аз ту буданд, дурӯғгуфтанд, вале онҳо бар он дурӯғу озор сабр карданд, то ёрии мо фаро расидашон. Ва суханони Худоро тағйирдиҳандае нест. Ва албатта баъзе аз ахбори паёмбарон бар ту нозил шудааст
Verse 35 — Surah Al-Anam 6:35
Агар рӯй гардондани онҳо бар ту гарон аст, хоҳӣ нақбе дар замин биҷӯй ё нардбоне бар осмон бинеҳ то мӯъҷизае бар онҳо биёварӣ. Агар Худо бихоҳад, ҳамаро ба роҳи рост барад. Пас аз нодонон мабош
Verse 36 — Surah Al-Anam 6:36
Албатта танҳо онҳое, ки мешунаванд, мепазиранд. Ва мурдагонро Худо зинда мекунад ва сипас ҳама ба назди Ӯ бозгардонда мешаванд
Verse 37 — Surah Al-Anam 6:37
Ва гуфтанд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашуда?» Бигӯ: «Худо қодир аст, ки мӯъҷизае фурӯ фиристад. Вале бештаринашон намедонанд!»
Verse 38 — Surah Al-Anam 6:38
Ҳеҷ ҷунбандае дар рӯи замин нест ва ҳеҷ паррандае бо болҳои худ дар ҳаво намепарад, магар он ки чун шумо умматҳое ҳастанд. Мо дар ин китоб ҳеҷ чизеро тарк накардаем. Ва сипас ҳамаро дар назди Парвардигорашон гирд меоваранд
Verse 39 — Surah Al-Anam 6:39
Онҳое, ки оёти моро дурӯғ гуфтаанд, каронанду гунгонанд ва дар торикиҳоянд. Худо ҳар киро хоҳад, гумроҳ кунад ва ҳар киро хоҳад, ба роҳи рост андозад
Verse 40 — Surah Al-Anam 6:40
Бигӯ; «Хабар диҳед, ки агар бар шумо азоби Худо фурӯд ояд ё қиёмат даррасад, агар рост мегӯед, боз ҳам ғайри Худоро мехонед?»
Verse 41 — Surah Al-Anam 6:41
На, танҳо Ӯро мехонед ва агар бихоҳад он ранҷеро, ки Худоро ба хотири он мехонед, аз миён мобарад ва шумо шарикеро, ки барои Ӯ сохтаед, ао ёд мебаред
Verse 42 — Surah Al-Anam 6:42
Албатта бар умматҳое, ки пеш аз ту буданд, паёмбароне фиристодем ва ононро ба сахтиҳову офатҳо дучор кардем, то магар зорӣ кунанд
Verse 43 — Surah Al-Anam 6:43
Пас чаро ҳангоме, ки азоби мо ба онҳо расид, зорӣ накарданд? Зеро дилҳояшонро қасоват (сахтӣ) фаро гирифта ва шайтон амалҳояшонро дар назарашон ороста буд
Verse 44 — Surah Al-Anam 6:44
Чун ҳамаи пандҳоеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ҳамаи дарҳоро ба рӯяшон кушодем, то аз он чӣ ёфта буданд, шодмон гаштанд, пас ба ногоҳ фурӯ гирифтемашон ва ҳамагон ноумед гардидаид
Verse 45 — Surah Al-Anam 6:45
Пас шукр Парварднгори ҷаҳониёнро, ки решаи ситамкорон барканда шуд
Verse 46 — Surah Al-Anam 6:46
Бигӯ: «Оё медонед, ки агар Оллоҳ гӯшу чашмони шуморо бозситонад ва бар дилҳоятон мӯҳр ниҳад, чӣ худое ғайри Оллоҳ онҳоро ба шумо бозмегардонад? Бингар, ки оёти Худоро чӣ гуна ба шеваҳои гуногун баён мекунем. Боз ҳам рӯй барметобанд»
Verse 47 — Surah Al-Anam 6:47
Бигӯ; «Хабар диҳед, агар азоби Худо ба ногоҳ ё ошкоро бар шумо фурӯд ояд, оё ғайри ситамкорон ҳалок мешаванд?»
Verse 48 — Surah Al-Anam 6:48
Мо паёмбаронро ҷуз барои мужда додан ё бим кардан намефиристем. Пас ҳар кас, ки имон овард ва кори шоистае кард, бимнок ва ғамгин намешавад
Verse 49 — Surah Al-Anam 6:49
Ва ба касоне, ки оёти моро дурӯғ гуфтанд, ба ҷазои нофармонияшон азоб хоҳад расид
Verse 50 — Surah Al-Anam 6:50
Бигӯ; «Ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Худо назди ман аст. Ва илми ғайб ҳам намедонам. Ва намегӯям, ки фариштае ҳастам. Танҳо ба чизе пайравӣ мекунам, ки бар ман ваҳй шудааст». Бигӯ: «Оё нобинову бино яксонанд? Чаро намеандешед?»
Verse 51 — Surah Al-Anam 6:51
Огоҳ соз ба ин китоб касонеро, ки аз гирд омадан бар остони Парвардигорашон ҳаросноканд, ки онҳоро ғайри Ӯ ҳеҷ ёвареву шафеъе нест. Бошад, ки парҳезгорӣ кунанд
Verse 52 — Surah Al-Anam 6:52
Касонеро, ки ҳар бомдод ва шабонгоҳ Парвардигори хешро мехонанд ва хостори хушнудии Ӯ ҳастанд, аз назди худ дур макун. На чизе аз ҳисоби онҳо бар ӯҳдаи туст ва на чизе аз ҳисоби ту бар ӯҳдаи онҳо. Агар онҳоро дур кунӣ, дар гурӯҳи ситамкорон дароӣ
Verse 53 — Surah Al-Anam 6:53
Ҳамчунин баъзеро ба баъзе озмудем, то бигӯянд: «Оё аз миёни мо инҳо буданд, кн Худо ба онҳо неъмат дод?» Оё Худо ба шукргузорон донотар нест
Verse 54 — Surah Al-Anam 6:54
Чун имоновардагон ба оёти Мо назди ту омаданд, бигӯ: «Салом бар шумо! Худо бар хеш муқаррар карда, ки шуморо раҳмат кунад. Зеро ҳар кас аз шумо, ки аз рӯи нодонӣ коре бад кунад, он гоҳ тавба кунад ва некӯтар шавад, бидонад, ки Худо бахшандаву меҳрубон аст»
Verse 55 — Surah Al-Anam 6:55
Ва ин чунин оётро батафсил баён мекунем, то роҳу расми гунаҳгорон ошкор гардад
Verse 56 — Surah Al-Anam 6:56
Бигӯ: «Маро манъ кардаакд, ки он худоёнро, ки ғайри Оллоҳ мехонед, парастиш кунам». Бигӯ; «Ба ҳавасҳои шумо пайравӣ намекунам, то мабодо гумроҳ шавам ва аз ҳидоятёфтагон набошам»
Verse 57 — Surah Al-Anam 6:57
Бигӯ: «Ман аз Парвардигорам далеле равшан дорам ва шумо он далелро дурӯғ мехонед. Он кӣ ба ин шитоб металабед, ба дасти ман нест. Ҳукм танҳо ҳукми Худост. Хақиқатро баён мекунад ва Ӯ беҳтарини доварон (ҳукмкунандагон) аст»
Verse 58 — Surah Al-Anam 6:58
Бигӯ: «Агар он чиро, ки бад-ин шитоб металабед, ба дасти ман буд, миёни ману шумо кор ба поён мерасид, зеро Худо ба ситамкорон донотар аст»
Verse 59 — Surah Al-Anam 6:59
Калидҳои ғайб назди Ӯст. Ғайри Ӯ касеро аз ғайб огоҳӣ кест. Ҳар чиро, ки дар хушкиву дарёст, медонад. Ҳеҷ барге аз дарахте намеафтад, магар он ки аз он огоҳ аст, Ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тареву хушке нест, ҷуз он ки дар китоби мубин Лавҳул маҳфуз омада аст
Verse 60 — Surah Al-Anam 6:60
Ва Ӯст, ки шуморо шабҳангом мемиронад ва ҳар чӣ дар рӯз кардаед, медонад, он гоҳ бомдодон шуморо зинда месозад, то он ҳангом, ки муддати муайяни умратон ба поён расад. Сипас бозгаштатон ба назди Ӯст ва шуморо аз он чӣ кардаед, огоҳ мекунад
Verse 61 — Surah Al-Anam 6:61
Ӯст ғолиб дар болои бандагонаш. Нигаҳбононе бар шумо мефиристад, то чун яке аз шуморо марг фаро расад, фиристодагони Мо бе ҳеҷ кӯтоҳиву гузаште ҷони ӯ бигиранд
Verse 62 — Surah Al-Anam 6:62
Сипас ба назди Худо — мавлои ҳақиқии хеш бозгардонида шаванд. Бидон, ки ҳукм ҳукми Ӯст ва Ӯ босуръаттаринн ҳисобгарон аст
Verse 63 — Surah Al-Anam 6:63
Бигӯ: «Чӣ касе шуморо аз ваҳшатҳои хушкиву даре мерахонад? Ӯро ба зорӣ ва дар ниҳон мехонед, ки агар аз ин маҳлака моро бираҳонад, мо низ аз шукргузорон хоҳем буд»
Verse 64 — Surah Al-Anam 6:64
Бигӯ: «Худост, ки шуморо аз он маҳлака ва аз ҳар андӯҳе мераҳонад, боз ҳам ба Ӯ ширк меоваред»
Verse 65 — Surah Al-Anam 6:65
Бигӯ; «Ӯ қодир ба он аст, ки аз болои саратон ё аз зери поҳоятон азобе бар шумо бифиристад ё шуморо гурӯҳ-гурӯҳ ба ҳам биомезад ва хашму қини гурӯҳеро ба гурӯҳи дигар бичашонад». Бингар, ки оётро чӣ гуна гуногун баён мекунем. Бошад ки ба фаҳм дарёбанд
Verse 66 — Surah Al-Anam 6:66
Қавми ту Қуръонро дурӯғ мешумурданд, дар ҳоле ки суханест барҳақ. Бигӯ: «Ман корсози шумо нестам»
Verse 67 — Surah Al-Anam 6:67
Ба зудӣ хоҳед донист, ки барои ҳар хабаре замоне муайян аст
Verse 68 — Surah Al-Anam 6:68
Ва чун бубинӣ, ки дар оёти Мо аз рӯи масхара гуфтугӯ мекунанд, аз онҳо рӯйгардон шав, то ба сухане ғайри он сар кунанд. Ва агар шайтон туро ба фаромӯшӣ афканад, чун ба ёдат омад, бо он мардуми ситамкора манишин
Verse 69 — Surah Al-Anam 6:69
Касоне, ки парҳезгорӣ пеша кардаанд, ба гуноҳи кофирон бозхост нахоҳанд шуд, вале бояд ононро панд диҳанд. Шояд, ки парҳезгор шаванд
Verse 70 — Surah Al-Anam 6:70
Ва тарк кун он касонеро, ки дини худ бозичаву лаҳв гирифтаанд ва зиндагонии дунё фиребашон дод. Ва ба Қуръон пандашон деҳ мабодо бар ҷазои амалҳои хеш гирифтор ояид. Ғайри Худо додрасу шафеъе надоранд. Ва агар барои раҳоии хеш ҳар гуна фидя диҳанд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо ба уқубати аъмоли худ гирифтор ва ба ҷазои он ки кофир шудаанд, барояшон шаробе аз оби ҷӯшон ва азобе дардовар муҳайё шудааст
Verse 71 — Surah Al-Anam 6:71
Бигӯ: «Оё ғайри Оллоҳ касеро бихонем, ки на моро нафъ медиҳад ва на зиён мерасонад? Ва оё пас аз он ки Худо моро ҳидоят кардааст, монанди он кас, ки шайтон гумроҳаш сохта ва ҳайрон бар рӯи замин раҳояш карда, аз дин бозгардем? Ӯро ёронест, ки ба ҳидоят нидояш медиҳанд, ки назди мо бозгард». Бигӯ: «Ҳидояте, ки аз сӯи Худо бошад, ҳидояти воқеъист. Ва ба мо фармон расида, ки дар баробари Парвардигори ҷаҳониён таслем шавем»
Verse 72 — Surah Al-Anam 6:72
Ва намоз бихонед ва аз Ӯ битарсед. Ӯст, он ки ҳамагон наздаш ҷамъ мешавед
Verse 73 — Surah Al-Anam 6:73
Ва Ӯст, он ки осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид. Ва рӯзе, ки бигӯяд;. «Мавҷуд шав», пас мавҷуд мешавад. Гуфтори Ӯ хақ аст. Ва дар он рӯз, ки дар сур дамида шавад, фармонравоӣ аз они Ӯст. Донои ниҳону ошкор аст ва Ӯ ҳакиму огоҳ аст
Verse 74 — Surah Al-Anam 6:74
Ва Иброҳим падараш Озарро гуфт: «Оё бутонро ба худоӣ мегирӣ? Ту ва қавматро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинам»
Verse 75 — Surah Al-Anam 6:75
Ба ин тарз ба Иброҳим корхонаи осмонҳову заминро нишон додем, то аз аҳли яқин гардад
Verse 76 — Surah Al-Anam 6:76
Чун шаб ӯро фаро гирифт, ситорае дид. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман!» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Фӯрушавандагонро дӯст надорам»
Verse 77 — Surah Al-Anam 6:77
Он гоҳ моҳро дид, ки тулӯъ мекунад. Гуфт: «Ин аст Парвардигори ман?» Чун ғоиб шуд, гуфт; «Агар Парвардигори ман маро роҳ нанамояд, аз гумроҳон хоҳам буд»
Verse 78 — Surah Al-Anam 6:78
Ва чун хуршедро дид, ки тулӯъ мекунад, гуфт: «Ин аст Парвардигори ман, ин бузургтар аст!» Ва чун ғоиб шуд, гуфт: «Эй қавми ман, ман аз он чӣ шарики Худояш медонед, безорам
Verse 79 — Surah Al-Anam 6:79
Ман аз рӯи ихлос рӯй ба сӯи касе овардам, ки осмонҳову заминро офарида аст ва ман аз мушрикон нестам»
Verse 80 — Surah Al-Anam 6:80
Ва қавмаш бо ӯ ба баҳс бархостанд. Гуфт; «Оё дар бораи Оллоҳ бо ман баҳс мекунед ва ҳол он ки Ӯ маро ҳидоят кардааст? Ман аз он чизе, ки шарики Ӯ меҳисобед, наметарсам. Магар он ки Парвардигори ман чизеро бихоҳад. Илми Парвардигори ман ҳама чизро дар бар гирифтааст. Оё панд намегиред
Verse 81 — Surah Al-Anam 6:81
Чаро аз он чизе, ки шарики Худояш сохтаед, битарсам, дар ҳоле ки шумо чизҳоеро, ки ҳеҷ далеле дар бораи онҳо нозил накардааст, мепарастед ва биме ба дил роҳ намедиҳед? Агар медонед, бигӯед, ки кадом як аз ин ду гурӯҳ ба эминӣ сазовортаранд?»
Verse 82 — Surah Al-Anam 6:82
Касоне, ки имон овардаанд, ва имони худро ба ширк намеолоянд эминӣ аз онҳо аст ва онҳо ҳидоятёфтагонанд
Verse 83 — Surah Al-Anam 6:83
Ин бурҳони мо буд, ки онро ба Иброҳим ато намудем, дар баробари қавмаш. Ҳар киро бихоҳем, ба дараҷоте боло мебарем. Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност
Verse 84 — Surah Al-Anam 6:84
Ва ба ӯ Исхоқ ва Яъқубро бахшидем ва ҳамагиро ҳидоят кардем. Ва Нӯҳро пеш аз ин ҳидоят карда будем ва аз фарзандони Иброҳим Довуду Сулаймон ва Айюбу Юсуф ва Мӯсову Ҳорунро ҳидоят кардем. Ва некӯкоронро ин гуна подош диҳем
Verse 85 — Surah Al-Anam 6:85
Ва Закариёву Яҳё ва Исову Илёс, ки ҳама аз солеҳон буданд
Verse 86 — Surah Al-Anam 6:86
Ва Исмоилу Алясаъ ва Юнусу Лут, ки ҳамаро бар ҷаҳониён бартарӣ додем
Verse 87 — Surah Al-Anam 6:87
Ва аз падаронашону фарзандонашон ва бародаронашон баъзеро ҳидоят кардем ва онҳоро баргузидем ва ба роҳи рост роҳ намудем
Verse 88 — Surah Al-Anam 6:88
Ин аст ҳидояти Худо. Ҳар киро аз бандагонаш хоҳад, ба он ҳидоят мекунад ва агар ширк оварда буданд, амалҳое, ки анҷом дода буданд, нобуд мегардид
Verse 89 — Surah Al-Anam 6:89
Инҳо касоне ҳастанд, ки ба онҳо китобу фармон ва нубувват додаем. Агар ин қавм ба он имон наёваранд, қавми дигареро бар он вакил кардаем, ки инкораш намекунанд
Verse 90 — Surah Al-Anam 6:90
Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон кардааст пас ба равиши онҳо пайравӣ кун. Бигӯ; «Дар баробари он ҳеҷ музде аз шумо наметалабам, ин китоб ҷуз панде барои мардуми ҷаҳон пест»
Verse 91 — Surah Al-Anam 6:91
Вақте ки мегӯянд, ки Худо бар ҳеҷ инсоне чизе нозил накардааст, Худоро ончунон, ки лоиқи Ӯст, нашинохтаанд, бигӯ: «Китоберо, ки Мӯсо барои рӯшноӣ ва ҳидояти мардум овард, чӣ касе бар ӯ нозил карда буд? Онро бар коғазҳо навиштед, порае аз онро ошкор месозед, вале бештаринро пинҳон медоред. Ба шумо чизҳо омӯхтанд, ки аз ин пеш на шумо медонистед ва на падаронатон медонистанд. Бигӯ: «Он Оллоҳ аст!» Он гоҳ раҳояшон соз, то ҳамчунон ба ботили худ дилхуш бошанд
Verse 92 — Surah Al-Anam 6:92
Ин аст китобе муборак, ки нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми уммулқуро ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо ҳифзкунандаи намозҳои хешанд
Verse 93 — Surah Al-Anam 6:93
Кист ситамкортар аз он кас, ки ба Худо дурӯғ баст ё гуфт, ки ба ман ваҳй шуда ва ҳол он ки ба ӯ ҳеҷ чиз ваҳй нашуда буд ва он кас, ки гуфт: «Ман низ монанди оёте, ки Худо нозил кардаст, нозил хоҳам кард?» Агар бубинӣ, он гоҳ, ки ин ситамкорон дар сакароти марг гирифторанд ва малоика бар онҳо даст кушодаанд, ки ҷони хеш берун кунед, имрӯз шуморо ба азобе хоркунанда азоб мекунанд ва ин ба ҷазои он аст, ки дар бораи Худо ба ноҳақ сухан мегуфтед ва аз оёти Ӯ сарпечӣ мекардед
Verse 94 — Surah Al-Anam 6:94
Албатта танҳо-танҳо, он тавр ки дар оғоз "шуморо биёфаридем, назди мо омадаед, дар ҳоле ки ҳар чиро, ки арзонатом дошта будем, пушти сар ниҳодаед ва ҳеҷ як аз шафеъонатонро, ки мепиндоштед, бо шумо шариканд, ҳамроҳатон намебинем. Аз ҳам бурида шудаед ва пиндори худро гумгашта ёфтаед
Verse 95 — Surah Al-Anam 6:95
Худост, ки донаву хастаро мешикофад ва зиндаро аз мурда берун меоварад ва мурдаро аз зинда берун меоварад. Ин аст Худои якто. Пас чӣ гуна аз ҳақ гумроҳатон мекунанд
Verse 96 — Surah Al-Anam 6:96
Шукуфандаи субҳгоҳон аст ва шабро барои оромиш қарор дод ва хуршеду моҳро барои ҳисоб кардани вақт. Ин аст тақдири Худои пирӯзманди доно
Verse 97 — Surah Al-Anam 6:97
Ӯст Худое, ки ситорагонро бароятон офарид, то ба онҳо дар торикиҳои хушкиву дарё роҳи худро биёбед. Оётро барои онон, ки медонанд, батафсил баён кардаем
Verse 98 — Surah Al-Anam 6:98
Ва Ӯст Худованде, ки шуморо аз як тан биёфарид. Сипас шуморо қароргоҳест ва вадиъат (амонат) ҷоест. Оётро барои онон, ки мефаҳманд, батафсил баён кардаем
Verse 99 — Surah Al-Anam 6:99
Ӯст Худое, ки аз осмон борон фиристод ва бо он борон ҳар гуна гиёҳеро руёнидем ва аз он гиёҳ танае сабз ва аз он донаҳое бар якдигар чида ва низ аз навдаҳои нахл хӯшаҳое сар бароварда падид овардем ва низ бӯстонҳое аз токҳо ва зайтуну анор монанду номонаяд! Ба меваҳояш, он гоҳ ки падид меоянд ва он гоҳ ки мерасанд, бингаред, ки дар онҳо ибратҳост барои онон, ки имон меоваранд
Verse 100 — Surah Al-Anam 6:100
Барои Худо шариконе аз ҷин қарор доданд ва ҳол он ки ҷинро Худо офаридааст. Ва бе ҳеҷ донише ба дурӯғ духтароневу писароне барои Ӯ тасаввур карданд. Ӯ пок аст ва болотар аст аз он чӣ васфаш мекунанд
Verse 101 — Surah Al-Anam 6:101
Падидоварандаи осмонҳову замин аст. Чӣ гуна Ӯро фарзанде бошад ва ҳол он ки Ӯро ҳамсаре нест. Ҳар чизеро Ӯ офаридааст ва ба ҳар чизе доност
Verse 102 — Surah Al-Anam 6:102
Ин аст Худои якто, ки Парвардигори шумост. Худое ҷуз Ӯ нест. Офаринандаи ҳар чизест. Пас Ӯро бипарастед, ки нигоҳбони ҳар чизест
Verse 103 — Surah Al-Anam 6:103
Чашмҳо Ӯро намебинанд ва Ӯ бинандагонро мебинад. Дақиқу огоҳ аст
Verse 104 — Surah Al-Anam 6:104
Аз сӯи Парвардигоратон барои шумо нишонаҳои равшан омад. Ҳар кӣ аз рӯи ибрат менигарад, ба нафъи ӯст ва ҳар кӣ чашми ибрат барҳам пӯшад, ба зиёни ӯст. Ва ман нигоҳдорандаи шумо нестам
Verse 105 — Surah Al-Anam 6:105
Оёти Худоро инчунин гуногун баён мекунем, то мабод, ки бигӯянд, ки аз касе дарс гирифтаӣ ва мо ин оётро барои аҳли дониш баён мекунем
Verse 106 — Surah Al-Anam 6:106
Ба ҳар чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту ваҳй шудааст, пайравӣ кун. Ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Ва аз мушрикон рӯй гардон
Verse 107 — Surah Al-Anam 6:107
Агар Худо мехост онон ширк намеоварданд ва мо туро нигаҳбонашон насохтаем ва ту корсозашон нестӣ
Verse 108 — Surah Al-Anam 6:108
Чизҳоеро, ки онон ба ҷои Оллоҳ мехонанд, дашном мадиҳед, ки онон низ бе ҳеҷ донише аз ҳад гузашта ба Оллоҳ дашном диҳанд. Инчунин амали ҳар қавмеро дар чашмашон оростаем. Пас бозгашти ҳамагон ба Парвардигорашон аст ва Ӯ ҳамаро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ месозад
Verse 109 — Surah Al-Anam 6:109
То он ҷо, ки тавонистанд, ба сахттарин қасамҳо ба Худо савганд ёд карданд, ки агар мӯъҷизае бар онҳо нозил шавад, ба он имон оварданд. Бигӯ: «Ҳамаи мӯъҷизаҳо назди Худост ва шумо аз куҷо медонед, ки агар мӯъҷизае нозил шавад, имон намеоваранд»
Verse 110 — Surah Al-Anam 6:110
Ва ҳамчунон, ки дар оғоз ба он имон наёварданд, ин бор низ дар дилҳову дидагонашонро гумроҳ мекунем ва ононро саргардон дар гумроҳиашон раҳо месозем
Verse 111 — Surah Al-Anam 6:111
Ва агар мо фариштагонро бар онҳо нозил карда будем ва мурдагон бо онҳо сухан мегуфтанд ва ҳар чизеро даста-даста казди онон гирд меовардем, боз ҳам имон намеоварданд, магар ин ки Худо бихоҳад. Валек бештарашон ҷоҳиланд
Verse 112 — Surah Al-Anam 6:112
Ва ҳамчунин барои ҳар паёмбаре душманоне аз шаётини инсу ҷин қарор додем. Барои фиреби якдигар суханони ороста ваҳй мекунанд. Агар Парвардигорат мехост, чунин намекарданд. Пас бо тӯҳмате, ки мезананд, раҳояшон соз
Verse 113 — Surah Al-Anam 6:113
то онон, ки ба қиёмат имон надоранд, гӯши дилро ба он супоранд ва нисандашон афтад ва ҳар чӣ анҷом медиҳанд, анҷом диҳанд
Verse 114 — Surah Al-Anam 6:114
Оё қозии дигаре ҷуз Худо талаб кунам ва ҳол ок ки Ӯст, ки ин китоби равшанро бар шумо нозил кардааст? Ва аҳли китоб медонанд, ки ба ҳақ аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст. Пас аз так оварандагон мабош
Verse 115 — Surah Al-Anam 6:115
Ва каломи Парвардигори ту дар ростиву адолат ба ҳадди камол аст. Ҳеҷ кас дигаргункунандаи сухани Ӯ нест ва Ӯст шунавову доно
Verse 116 — Surah Al-Anam 6:116
Агар аз бисёриҳое, ки дар ин сарзаминанд, пайравӣ кунӣ, туро аз роҳи Худо гумроҳ созанд. Зеро фақат аз паи гумон мераванд ва фақат ба дурӯғ сухан мегӯянд
Verse 117 — Surah Al-Anam 6:117
Парвардигори ту ба касоне, ки аз роҳи Вай дур мегарданд, огоҳтар аст ва ҳидоятёфтагонро беҳтар мешиносад
Verse 118 — Surah Al-Anam 6:118
Агар ба оёти Худо имон доред, аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд шудааст, бихӯред
Verse 119 — Surah Al-Anam 6:119
Чаро аз он чӣ номи Худо бар он ёд шудааст, намехӯред ва Худо чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шудааст, батафсил баён кардааст, ғайри он гоҳ ки ночор гардед? Бисёре бе ҳеҷ донише, дигаронро гумроҳи гумонҳои худ кунанд. Албатта Парвардигори ту ба таҷовузкорон аз ҳад донотар аст
Verse 120 — Surah Al-Anam 6:120
Ва гуноҳро, чӣ ошкор бошад ва чӣ пинҳон, тарк гӯед. Онон, ки гуноҳ мекунанд, ба ҷазои амалҳои худ хоҳанд расид
Verse 121 — Surah Al-Anam 6:121
Аз забҳе, ки номи Худо бар он ёд нашудааст, нахӯред, ки худ нофармонист. Ва шаётин ба дӯстони худ ваҳй мекунанд, ки бо шумо муҷодала кунанд; агар аз онҳо пайравӣ кунед, аз мушриконед
Verse 122 — Surah Al-Anam 6:122
Оё он касе, ки мурда буд ва Мо зиндааш сохтем ва нуре дар роҳаш доштем, то ба он дар миёни мардум роҳи худро биёбад, монанди касест, ки ба торикӣ гирифтор аст ва роҳи берун шуданро намедонад? Амалҳои кофирон дар назарашон инчунин ороста гардидааст
Verse 123 — Surah Al-Anam 6:123
Ва ба ин тавр дар ҳар деҳае гунаҳкоронашонро бузургонашон қарор додем, то дар он ҷо макр кунанд, вале намедонанд, ки ҷуз бо худ макр намеварзанд
Verse 124 — Surah Al-Anam 6:124
Чун ояе бар онҳо нозил шуд, гуфтанд, ки мо имон намеоварем, то он гоҳ, ки ҳар чӣ ба паёмбарони Худо дода шуда, ба мо низ дода шавад. Бигӯ «Худо донотар аст, ки рисолати худро дар куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба гунаҳгорон ба ҷазои макре, ки мекарданд, аз ҷониби Худо хориву азобе сахт хоҳад расид!»
Verse 125 — Surah Al-Anam 6:125
Ҳар, касро Худо хоҳад, ки ҳидоят кунад, дилашро барои ислом мекушояд ва ҳар касро, ки хоҳад гумроҳ кунад, қалбашро чунон фурӯ мебандад, ки гӯё мехоҳад, ки ба осмон боло равад. Ба ин тавр Худо ба онҳое, ки имон намеоваранд, палидӣ мениҳад
Verse 126 — Surah Al-Anam 6:126
Ин аст роҳи рости Парвардигорат. Оётро барои мардуме, ки панд мегиранд, батафсил баён кардаем
Verse 127 — Surah Al-Anam 6:127
Барои онҳо дар назди Парпардигорашон хонаи оромиш аст. Ва ба савоби кирҳое, ки мекунанд, Худо дӯстдори онҳост
Verse 128 — Surah Al-Anam 6:128
Ва рӯзе, ки ҳамагонро гирд оварад ва гӯяд: «Эй гурӯҳи ҷинниён, шумо бисёре аз одамиёнро пайрави худ сохтед». Ёронашон аз миёни одамиён гӯянд: «Эй Парвардигори мо, мо аз якдигар баҳраманд мешудем ва ба поёни замоне, ки барои зистани мо қарор дода будӣ, расидем». Гӯяд: «Ҷойгоҳи шумо оташ аст, ҷовидона дар он ҷо хоҳед буд, магар он чӣ Худо бихоҳад». Албатта Парвардигори ту ҳакиму доност
Verse 129 — Surah Al-Anam 6:129
Ва ба ин тарз ситамкоронро ба ҷазои корҳое, ки мекарданд, ба якдигар вомегузорем
Verse 130 — Surah Al-Anam 6:130
Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, оё бар шумо паёмбароне аз худатон фиристода нашуда, то оёти Маро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидори чунин рӯзе битарсонанд? Гӯянд: «Мо ба зиёни худ гувоҳӣ медиҳем». Зиндагии дунёӣ ононро бифирефт ва ба зиёни худ гувоҳӣ доданд, ки аз кофирон буданд
Verse 131 — Surah Al-Anam 6:131
Ва ин ба он сабаб аст, ки Парвардигори ту мардуми ҳеҷ деҳаеро ки бехабар буданд, аз рӯи ситам ҳалок намекард
Verse 132 — Surah Al-Anam 6:132
Барои ҳар як баробари корҳое, ки анҷом додаанд, дараҷотест, ки Парвардигори ту аз он чӣ мекунанд, ғофил нест
Verse 133 — Surah Al-Anam 6:133
Ва Парвардигори ту бениёзу меҳрубон аст. Ва ҳамчунон ки шуморо аз насли мардумони дигар биёфарида аст, агар бихоҳад, шуморо мебарад ва пас аз шумо ҳар чиро, ки бихоҳад, ҷонишинатон месозад
Verse 134 — Surah Al-Anam 6:134
Ҳарчи ба шумо ваъда додаанд, хоҳад омад ва шуморо роҳи гурезе нест
Verse 135 — Surah Al-Anam 6:135
Бигӯ: «Эй қавми ман, ҳар чӣ аз дастатон бармеояд, бикунед, ки ман низ мекунам; ба зудӣ хоҳед донист, ки поёни ин зиндагӣ ба нафъи кӣ хоҳад буд, Албатта ситамкорон растагор намешаванд!»
Verse 136 — Surah Al-Anam 6:136
Барои Худо аз киштаҳову чорпоёне, ки офаридааст, насибе муъайян карданд ва ба хаёли худ гуфтанд, ки ин аз они Худост ва ин аз они бутони мост. Пас он чӣ аз они бутонашон буд, ба Худо намерасид ва он чӣ аз они Худо буд, ба бутонашон мерасид. Ба тарзе бад доварӣ мекарданд
Verse 137 — Surah Al-Anam 6:137
Ҳамчунин коҳинон куштани фарзандро дар назари бисёре аз мушрикон биёростанд, то ҳалокашон кунанд ва дар бораи динашон ба шакку иштибохашон андозанд. Агар Худо мехост, чунин намекарданд. Пас бо дурӯғе, ки мебофанд, таркашои соз
Verse 138 — Surah Al-Anam 6:138
Аз рӯи пиндор гуфтанд: «Инҳо чорпоёну киштзорони мамнӯъ аст. Ҳеҷ кас ҷуз он, ки мо бихоҳем, набояд аз онҳо бихӯрад». Ва инҳо чорпоёнест, ки савор шуданашон ҳаром аст ва инҳо чорпоёнест, ки номи Худоро бар онҳо ёд накунанд, ба Худо дурӯғ мебанданд ва ба зудӣ ба ҷазои дурӯғе, ки мебастаанд, ҷазояшонро хоҳад дод
Verse 139 — Surah Al-Anam 6:139
Ва гуфтанд: «Он чӣ дар шиками ин чорпоён аст, барои мардони мо ҳалол ва барои занонамон ҳаром аст». Ва агар мурдор бошад, зану мард дар он шариканд. Худо ба сабаби ин гуфтор ҷазояшон хоҳад кард. Албатта Ӯ ҳакиму доност
Verse 140 — Surah Al-Anam 6:140
Зиён карданд касоне, ки ба беақлӣ бе ҳеҷ ҳуҷҷате фарзандони худро куштанд ва ба Худо дурӯғ бастанд ва он чиро ба онҳо рӯзӣ дода буд, ҳаром карданд. Инон гумроҳ шудаанд ва роҳи ҳидоятро наёфтаанд
Verse 141 — Surah Al-Anam 6:141
Ва Ӯст, ки боғҳое офарид мӯҳтоҷ ба поя ва низ худ танадор ва дарахти хурмову киштзор бо таъмҳои гуногун ва зайтуну анор, монанд, дар (мазаашон) номонанд. Чун самара оварданд, аз онҳо бихӯред ва дар рӯзи дарав ҳаққи онро низ бипардозед ва исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст надорад
Verse 142 — Surah Al-Anam 6:142
Ва низ чорпоёне, ки бор мебаранд ё (барои куштан) хобонида шаванд. Аз он чӣ Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва ба шайтон пайравӣ макунед, ки ӯ душмани ошкори шумост
Verse 143 — Surah Al-Anam 6:143
Ҳашт ҷуфт аз гӯсфанд — нару мода ва аз буз—нару мода. Бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Агар рост мегӯед, аз рӯи илм ба ман хабар диҳед»
Verse 144 — Surah Al-Anam 6:144
Ва аз шутур нару мода ва аз гов нару мода, бигӯ: «Оё он ду нарро ҳаром кардааст ё он ду модаро ё он чиро, ки дар шиками модагон аст? Оё он ҳангом, ки Худо чунин фармон медод, шумо он ҷо будед?» Пас чӣ касс ситамкортар аз он касест, ки ба Худо дурӯғ мебофад, то аз рӯи бехабарӣ мардумро гумроҳ кунад? Албатта Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад
Verse 145 — Surah Al-Anam 6:145
Бигӯ: «Дар миёни он чӣ бар ман ваҳй шудааст, чизеро, ки хӯрдани он ҳаром бошад, намеёбам ҷуз мурдор ё хуни рехта, ё гӯшти хук, ки палид аст ё ҳайвоне, ки дар куштанаш аз ҷиҳати нофармонӣ кардан, бе гуфтани номи Оллоҳ забҳаш кунанд». Агар касе ночор ба хӯрдан гардад, ҳар гоҳ бемайлй ҷӯяд ва аз хад нагузаронад; бидонад, ки Худо бахшанда ва меҳрубон аст
Verse 146 — Surah Al-Anam 6:146
Ва бар яҳуд ҳаром кардем ҳар ҳайвони соҳибнохунеро ва аз гову гӯсфанд чарбуи он дуро ҷуз он чӣ бар пушти онҳост ё бар чарби рудаи онҳост ё ба устухонашон часпида бошад. Ба сабаби ситамкорияшон инчунин ҷазояшон додем ва Мо ростгӯёнем
Verse 147 — Surah Al-Anam 6:147
Агар туро дурӯғ бароранд, бигӯ; «Парвардигори шумо соҳиби раҳмате васеъ аст ва хашму азобаш аз гунаҳгорон боздошта нахоҳад шуд»
Verse 148 — Surah Al-Anam 6:148
Мушрикон хоҳанд гуфт: «Агар Худо мехост, мо ва падаронамон мушрик намешудем ва чизеро ҳаром намекардем». Ҳамчунин касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд ва хашму азоби Моро чашиданд. Бигӯ: «Агар шуморо донише ҳаст, онро барои мо ошкор созед. Вале шумо танҳо аз гумони хеш пайравӣ мекунед ва дурӯғгуёне беш нестед!»
Verse 149 — Surah Al-Anam 6:149
Бигӯ: «Хоси Худост далели маҳкаму расо, агар мехост ҳамаи шуморо ҳидоят мекард»
Verse 150 — Surah Al-Anam 6:150
Бигӯ: «Гувоҳонатонро, ки гувоҳӣ медиҳанд, ки Худо ин ё онро ҳаром кардааст, биёваред!» Пас агар гувоҳӣ доданд, ту бо опон гувоҳӣ надеҳ ва аз хостаҳои онҳое, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва ба охират имон надоранд ва касонеро бо Парвардигорашон баробар медоранд, пайравӣ макун
Verse 151 — Surah Al-Anam 6:151
Бигӯ: «Биёед, то он чиро, ки Парвардигоратон бар шумо ҳаром кардааст, бароятон бихонам. Ин, ки ба Худо ширк наёваред! Ва ба падару модар некӣ кунед! Ва аз бими дарвешӣ фарзандони худро накушед! Мо ба шумо ва онҳо рӯзӣ медиҳем. Ва ба корҳои зишт чӣ пинҳону чӣ ошкоро наздик нашавед! Ва касеро, ки Худо куштанашро ҳаром кардааст, ғайри ба хақ макушед! Инхост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, бошад, ки ба ақл дарёбед
Verse 152 — Surah Al-Anam 6:152
Ба моли ятим наздик машавед, магар ба некӯтарин ваҷҳе, ки ба салоҳи ӯ бошад то ба синни булуғ расад. Ва паймонаву вазнро аз рӯи адл комил кунед! Мо ба касе ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намекунем. Ва ҳар гоҳ сухан гӯед, одилона гӯед, ҳарчанд ба зиёни хешовандон бошад. Ва ба аҳди Худо вафо кунед! Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд, ки панд гиред
Verse 153 — Surah Al-Anam 6:153
Ва ин аст роҳи рости Ман. Аз он пайравӣ кунед ва ба роҳҳои гуногун маравед, ки шуморо аз роҳи Худо пароканда месозад. Инҳост он чӣ Худо шуморо ба он супориш мекунад, шояд парҳезгор шавед!»
Verse 154 — Surah Al-Anam 6:154
Сипас ба Мӯсо китоб додем, то бар касе, ки некӯкор будааст, неъматро пурра кунем ва барои баёни ҳар чизе ва низ барои роҳнамоиву раҳмат. Шояд, ки ба дидори Парвардигорашон имон биёваранд
Verse 155 — Surah Al-Anam 6:155
Ин китобест муборак. Онро нозил кардаем. Пас ба он пайравӣ кунед ва парҳезгор бошед, шояд ки мавриди раҳмат қарор гиред
Verse 156 — Surah Al-Anam 6:156
То нагӯед, ки танҳо бар ду гурӯҳе, ки пеш аз мо буданд, китоб нозил шуда ва мо аз омӯхтани онҳо ғофил будаем
Verse 157 — Surah Al-Anam 6:157
Ё нагӯед, ки агар бар мо низ китоб нозил мешуд, беҳтар аз онон ба роҳи ҳидоят мерафтем. Бар шумо низ аз ҷониби Парвардигоратон далели равшан ва ҳидояту раҳмат фаро расид. Пас чӣ касе ситамкортар аз он кас аст, ки оёти Худоро дурӯғ пиндошт ва аз онҳо рӯйгардон шуд? Ба зудӣ касонеро, ки аз оёти Мо рӯйгардон шудаанд, ба сабаби ин рӯйгардониашон ба азобе бад ҷазо хоҳем дод
Verse 158 — Surah Al-Anam 6:158
Оё интизори он доранд, ки фариштагон наздашон биёянд? Ё Парвардигорат? "Ё нишонае аз нишонаҳои Худо бар онҳо зоҳир шавад. Рӯзе, ки баъзе нишонаҳои Худо ошкор шавад, имони касе, ки пеш аз он имон наёварда ё ба ҳангоми имон кори неке анҷом надодааст, барои ӯ суде нахоҳад дошт. Бигӯ: «Чашм ба роҳ бошед, мо низ чашм бароҳем»
Verse 159 — Surah Al-Anam 6:159
Туро бо онҳо, ки дини хеш фирқа-фирқа карданд ва даста-даста шуданд, коре нест. Кори онҳо бо Худост. Ва Худо ононро ба корҳое, ки мекарданд, огоҳ месозад
Verse 160 — Surah Al-Anam 6:160
Ҳар кас кори неке анҷом диҳад, даҳ баробар ба ӯ подош диҳанд ва ҳар кӣ кори баде анҷом диҳад танҳо монанди он ҷазо бинад, то ситаме бар онҳо нарафта бошад
Verse 161 — Surah Al-Anam 6:161
Бигӯ: «Парвардигори ман маро ба роҳи рост ҳидоят кардааст, ба дине ҳамеша устувор, дини ҳанифи Иброҳим. Ва ӯ аз мушрикон набуд»
Verse 162 — Surah Al-Anam 6:162
Бигӯ: «Намози ману қурбонии ман ва зиндагии ману марги ман барои Худо — он Парвардигори ҷаҳониён аст
Verse 163 — Surah Al-Anam 6:163
Ӯро шарике нест. Ба ман чунин амр шудаст ва ман аз нахустин мусалмононам»
Verse 164 — Surah Al-Anam 6:164
Бигӯ: «Оё ҷуз Оллоҳ Парвардигоре ҷӯям?» Ӯ Парвардигори ҳар чизест ва ҳар кас танҳо ҷазои кори худро мебинад. Ва касе бори гуноҳӣ дигареро бар душ намекашад. Сипас бозгашти ҳамаи шумо ба назди Парвардигоратон аст ва Ӯ шуморо ба он чизҳое, ки дар он ихтилоф меварзидед огоҳ мекунад
Verse 165 — Surah Al-Anam 6:165
Ӯст Худое, ки шуморо халифагони замин кард ва баъзеро бар баъзи дигар ба дараҷаҳо бартарӣ дод, то шуморо дар чизе, ки атоятон кардааст, биёзмояд. Албатта Парвардигорат зуд ҷазо медиҳад ва Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст