Иброҳим ва касоне, ки бо вай буданд, он гоҳ ки ба қавми худ гуфтанд, ки мо аз шумо ва аз он чӣ ҷуз Худои якто мепарастед, безорем ва шуморо кофир мешуморем ва миёни мову шумо ҳамеша душманиву бадбинӣ хоҳад буд, то вақте ки ба Худои якто имон биёваред, бароятон некӯ муқтадое (пешвое) буданд. Магар он гоҳ ки Иброҳим падарашро гуфт, ки барои ту бахшоиш металабам, зеро наметавонам азоби Худоро аз ту дафъ кунам. Эй Парвардигори мо, бар Ту таваккал кардем ва ба Ту рӯй овардем ва ба сӯи туст бозгашт
Худо шуморо аз некӣ кардан ва адолат намудан бо онон, ки бо шумо дар дин наҷангидаанд ва аз сарзаминатон берун нарондаанд, бознамедорад. Худо касонеро, ки ба адолат рафтор. мекунанд, дӯст дорад
Фақат Худо аз дӯстӣ кардан бо касоне, ки бо шумо дар дин ҷангидаанд ва аз сарзамини худ берунатон рондаанд ё дар берун ронданатон ҳамдастӣ кардаанд, шуморо манъ мекунад. Ва ҳар кӣ бо онҳо дӯстӣ кунад, аз ситамкорон хоҳад буд
Ва агар яке аз занони шумо ба кофирон пайваст ва он гоҳ ба интиқом аз кофирон бархостед, ба касоне, ки занонашон рафтаанд, ба миқдори нафақае, ки кардаанд, бипардозед ва аз Худое, ки ба Ӯ имон овардаед, битарсед
Эй паёмбар, агар занони мӯъмин назди ту омаданд, то баъат (аҳду паймон) кунанд, ба ин шарт, ки ҳеҷ касро бо Худо шарик накунанд ва дуздӣ накунанд ва зино накунанд ва фарзандони худро накушанд ва фарзандеро, ки аз они шавҳарашон нест, ба дурӯғ ба ӯ нисбат надиҳанд ва дар корҳои нек нофармонии ту накунанд, бо онҳо байъат кун ва барояшон аз Худо бахшоиш бихоҳ, ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст