Back to Languages

Tajik - Chapter 64 - At-Taghabun

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah At-Taghabun 64:1

Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва шукр сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност

Verse 2 — Surah At-Taghabun 64:2

Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад

Verse 3 — Surah At-Taghabun 64:3

Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид ва шуморо сурат баст ва некӯ сурат баст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст

Verse 4 — Surah At-Taghabun 64:4

Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон медоред, ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доно аст

Verse 5 — Surah At-Taghabun 64:5

Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати амалашонро чашиданд ва онҳорост азобе дардовар

Verse 6 — Surah At-Taghabun 64:6

Ин ба ҷазои он буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд, Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас кофир шуданд ва рӯйгардон гаштанд ва Худо беҳоҷат асту тавонгар ва сазовори ситоиш аст

Verse 7 — Surah At-Taghabun 64:7

Кофирон пиндоштанд, ки онҳоро зинда намекунанд. Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо зинда мекунанд, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳ, созанд. Ва ин бар Худо осон аст»

Verse 8 — Surah At-Taghabun 64:8

Пас ба Худову паёмбараш ва ин нур, ки нозил кардаем, имон биёваред. Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст

Verse 9 — Surah At-Taghabun 64:9

Рӯзе, ки ҳамаи шуморо дар маҳшар ҷамъ оварад, он рӯз рӯзи зиён аст. Ва ҳар ки ба Худо имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мерезад ва ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳанд буд. Ин комёбии бузургест

Verse 10 — Surah At-Taghabun 64:10

Ва онон, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ бароварданд, аҳли оташанд. Дар он ҷовидонаанд ва ҷаҳаннам бад бозгаштест

Verse 11 — Surah At-Taghabun 64:11

Ҳеҷ мусибате бе фармони Худо ба касе намерасад, Ва ҳар кӣ ба Худо имон биёварад, Худо қалбашро ҳидоят мекунад,. Ва Худо ба ҳар чизе доност

Verse 12 — Surah At-Taghabun 64:12

Худоро итоъат кунед ва паёмбарро итоъат кунед. Пас агар шумо рӯй гардонед, бар фиристодаи Мо вазифае ғайри расонидани паёми ошкор нест

Verse 13 — Surah At-Taghabun 64:13

Худо яктост, ки ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Мӯъминон, албатта, бар Худои якто таваккал кунанд

Verse 14 — Surah At-Taghabun 64:14

Эй касоне, ки имон овардаед, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кунед, Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашон пӯшида доред, Худо бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 15 — Surah At-Taghabun 64:15

Ҷуз ин нест, ки амволу авлоди шумо озмоише ҳастанд. Ва ҳол он ки музди фаровон назди Худост

Verse 16 — Surah At-Taghabun 64:16

То тавонед, аз Худо битарсед ва гӯш андозед ва итоъат кунед ва ба нафъи худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз ҳирси нафси худ дар амон мондаанд, наҷот ёфтагонанд

Verse 17 — Surah At-Taghabun 64:17

Агар ба Худо қарзулҳасана садақа дар роҳи Худо диҳед, бароятон ду 'баробараш хоҳад кард. Ва шуморо мебахшояд, ки Ӯ шукркунандаву бурдбор аст

Verse 18 — Surah At-Taghabun 64:18

Донои ниҳону ошкор аст, ғолибу ҳаким аст