Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 67 - Al-Mulk
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Mulk 67:1
Бузургвору бобаракат Худованде, ки фармонравой ба дасти Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност
Verse 2 — Surah Al-Mulk 67:2
он ки маргу зиндагиро биёфарид, то биёзмоядатон, ки кадом як аз шумо ба амал некӯтар аст ва Ӯст ғолибу бахшоянда
Verse 3 — Surah Al-Mulk 67:3
Он ки ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид. Дар офариниши Худои раҳмон ҳеҷ халалу беназмӣ намебинӣ. Пес бори дигар назар кун, оё дар осмон шикофе мебинӣ
Verse 4 — Surah Al-Mulk 67:4
Бори дигар низ чашм боз кун ва бингар. Нигоҳи ту хаставу дармонда ба назди ту бозхоҳад гашт
Verse 5 — Surah Al-Mulk 67:5
Мо осмони дунёро ба чароғҳое биёростем ва он чароғҳоро василаи сангсор кардани шаётин гардонидем ва барояшон азоби оташи сӯзон омода кардаем
Verse 6 — Surah Al-Mulk 67:6
Ва барои касоне, ки ба Парвардигорашон кофир шудаанд, азоби ҷаҳаннам бошад ва ҷаҳаннам бад ҷои бозгаштест
Verse 7 — Surah Al-Mulk 67:7
Чун дар ҷаҳаннам афканда шаванд, ба ҷӯш ояд ва бонги зишташро бишнаванд
Verse 8 — Surah Al-Mulk 67:8
Наздик аст, ки аз хашм пора-пора шавад. Ва чун гурӯҳеро дар он (афкананд, нигаҳбононаш гӯяндашон)
Verse 9 — Surah Al-Mulk 67:9
«Оё шуморо бимдиҳандае наёмад?» Гӯянд: «Чаро, бимдиҳанда омад, вале ӯро дурӯғ баровардем ва гуфтем; «Худо ҳеҷ чиз нозил накардааст, шумо дар гумроҳии бузурге ҳастед!»
Verse 10 — Surah Al-Mulk 67:10
Ва мегӯянд: «Агар мо мешунидем ё ақл мекардем, аҳли ин оташи сӯзанда намебудем»
Verse 11 — Surah Al-Mulk 67:11
Пас ба гуноҳи худ эътироф мекунанд. Эй лаънат бод бар онҳо, ки аҳли оташи сӯзандаанд
Verse 12 — Surah Al-Mulk 67:12
Барои касоне, ки нодида аз Парвардигорашон метарсанд бахшоишу музди фаровон аст
Verse 13 — Surah Al-Mulk 67:13
Чӣ пинҳон сухан гӯед ва чӣ ошкоро, Ӯ ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доност
Verse 14 — Surah Al-Mulk 67:14
Оё он кӣ офарида, намедонад? Ҳол он ки Ӯ борикбину огоҳ аст
Verse 15 — Surah Al-Mulk 67:15
Ӯст, ки заминро роми шумо гардонид Пас бар рӯи он сайр кунед, ва аз ризқи Худо бихӯред. Чун аз қабр берун оед, ба сӯи Ӯ меравед
Verse 16 — Surah Al-Mulk 67:16
Оё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ заминро ба ларзиш дароварад ва замин шуморо дар худ фурӯ барад
Verse 17 — Surah Al-Mulk 67:17
Ё аз он кӣ дар осмон аст, эмин нишастаед, ки ногоҳ боде ҳамроҳ бо сангрез бар сари шумо фиристад? Ба зуди хоҳед донист, ки бим додани Ман чӣ гуна аст
Verse 18 — Surah Al-Mulk 67:18
Албатта касоне, ки пеш аз онҳо буданд, паёмбаронро дурӯғ бароварданд. Пас азоби Ман чӣ гуна буд
Verse 19 — Surah Al-Mulk 67:19
Оё паррандагонеро, ки бол кушуда ва бол кашида бар болои сарашон дар парвозанд, надидаанд? Онҳоро ҷуз Худои раҳмон касе дар ҳаво нигоҳ натавонад дошт. Ӯст, ки ба ҳама чиз биност
Verse 20 — Surah Al-Mulk 67:20
Оё онон, ки ёрони шумоянд, тавонанд дар баробари Худо ёриатон кунанд? Кофирон дар фиребе беш нестанд
Verse 21 — Surah Al-Mulk 67:21
Оё кист он кӣ ба шумо рӯзӣ диҳад, агар Ӯ рӯзии худ боздорад? На! дар саркашиву дури аз ҳақ пойдор меистанд
Verse 22 — Surah Al-Mulk 67:22
Оё он касе, ки нагунсор (хамшуда) бар рӯй афтода роҳ меравад, ҳидоятёфтатар аст ё он ки бар пой истода ва ба роҳи рост меравад
Verse 23 — Surah Al-Mulk 67:23
Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо офаридааст ва гӯшу чашму дил додааст. Чӣ андак шукр мегузоред!»
Verse 24 — Surah Al-Mulk 67:24
Бигӯ: «Ӯст, ки шуморо дар замин офарид ва дар қиёмат назди Ӯ ҷамъ оварда мешавед»
Verse 25 — Surah Al-Mulk 67:25
Мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда чӣ вақт фаро мерасад?»
Verse 26 — Surah Al-Mulk 67:26
Бигӯ: «Илми он назди Худост ва ман бимдиҳандае ошкорам»
Verse 27 — Surah Al-Mulk 67:27
Кофирон чун аз наздикаш бингаранд, чеҳраашон гирифта шавад, Ва ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ ботилаш мехондед
Verse 28 — Surah Al-Mulk 67:28
Бигӯ: «Хабар диҳед, ки агар (фаразан) Худо марову ҳамроҳонамро ҳалок кунад ё бар мо раҳмат оварад, чӣ касе кофиронро аз азоби дардовар мераҳонад?»
Verse 29 — Surah Al-Mulk 67:29
Бигӯ: «Ӯ Худои раҳмон аст. Ба Ӯ имон овардем ва бар Ӯ таваккал кардем. Ва ба зуди, хоҳед донист, чӣ касе дар гумроҳии ошкор аст!»
Verse 30 — Surah Al-Mulk 67:30
Бигӯ: «Хабар диҳед, агар обатон дар замин фурӯ равад, чӣ касе шуморо оби равон хоҳад дод?»