Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 69 - Al-Haqqah
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Haqqah 69:1
Он рӯзи барҳақ
Verse 2 — Surah Al-Haqqah 69:2
Чист он рӯзи барҳақ
Verse 3 — Surah Al-Haqqah 69:3
Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист
Verse 4 — Surah Al-Haqqah 69:4
Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд
Verse 5 — Surah Al-Haqqah 69:5
Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд
Verse 6 — Surah Al-Haqqah 69:6
Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд
Verse 7 — Surah Al-Haqqah 69:7
Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд
Verse 8 — Surah Al-Haqqah 69:8
Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад
Verse 9 — Surah Al-Haqqah 69:9
Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд
Verse 10 — Surah Al-Haqqah 69:10
Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт
Verse 11 — Surah Al-Haqqah 69:11
Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем
Verse 12 — Surah Al-Haqqah 69:12
то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад
Verse 13 — Surah Al-Haqqah 69:13
Чун як бор дар сур дамида шавая
Verse 14 — Surah Al-Haqqah 69:14
ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд
Verse 15 — Surah Al-Haqqah 69:15
он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
Verse 16 — Surah Al-Haqqah 69:16
ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад
Verse 17 — Surah Al-Haqqah 69:17
Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд
Verse 18 — Surah Al-Haqqah 69:18
Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад
Verse 19 — Surah Al-Haqqah 69:19
Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед
Verse 20 — Surah Al-Haqqah 69:20
Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид»
Verse 21 — Surah Al-Haqqah 69:21
Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
Verse 22 — Surah Al-Haqqah 69:22
дар биҳиште олӣ
Verse 23 — Surah Al-Haqqah 69:23
ки меваҳояш наздикшаванда бошад
Verse 24 — Surah Al-Haqqah 69:24
Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!»
Verse 25 — Surah Al-Haqqah 69:25
Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд
Verse 26 — Surah Al-Haqqah 69:26
ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист
Verse 27 — Surah Al-Haqqah 69:27
Эй кош, ҳамон марг мебуду бас
Verse 28 — Surah Al-Haqqah 69:28
Дороии ман маро фоида набахшид
Verse 29 — Surah Al-Haqqah 69:29
қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
Verse 30 — Surah Al-Haqqah 69:30
«Бигиредаш, занҷираш кунед
Verse 31 — Surah Al-Haqqah 69:31
Ва ба ҷаҳаннамаш дараред
Verse 32 — Surah Al-Haqqah 69:32
Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед
Verse 33 — Surah Al-Haqqah 69:33
Зеро ба Худои бузург имон надошт
Verse 34 — Surah Al-Haqqah 69:34
ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард
Verse 35 — Surah Al-Haqqah 69:35
Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт
Verse 36 — Surah Al-Haqqah 69:36
Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест
Verse 37 — Surah Al-Haqqah 69:37
Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд
Verse 38 — Surah Al-Haqqah 69:38
Пас савганд ба он чи мебинед
Verse 39 — Surah Al-Haqqah 69:39
ва он чӣ намебинед
Verse 40 — Surah Al-Haqqah 69:40
ки ин сухани фиристодае бузургвор аст
Verse 41 — Surah Al-Haqqah 69:41
на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад
Verse 42 — Surah Al-Haqqah 69:42
Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред
Verse 43 — Surah Al-Haqqah 69:43
Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст
Verse 44 — Surah Al-Haqqah 69:44
Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт)
Verse 45 — Surah Al-Haqqah 69:45
бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем
Verse 46 — Surah Al-Haqqah 69:46
сипас раги дилашро пора, мекардем
Verse 47 — Surah Al-Haqqah 69:47
ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад
Verse 48 — Surah Al-Haqqah 69:48
Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест
Verse 49 — Surah Al-Haqqah 69:49
Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд)
Verse 50 — Surah Al-Haqqah 69:50
Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст
Verse 51 — Surah Al-Haqqah 69:51
Ва он сухани ҳақ ва яқин аст
Verse 52 — Surah Al-Haqqah 69:52
Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй)