Back to Languages

Tajik - Chapter 7 - Al-Araf

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Araf 7:1

Алиф, лом, мим, сод

Verse 2 — Surah Al-Araf 7:2

Китобест, ки бар ту нозил шуда, дар дили ту аз он шубҳае набошад, то ба он бим диҳӣ (тарсонӣ) ва мӯъминонро панде бошад

Verse 3 — Surah Al-Araf 7:3

Ба он чӣ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ғайри Ӯ аз худоёни дигар пайравӣ макунед! Шумо чӣ андак пандмегиред

Verse 4 — Surah Al-Araf 7:4

Чӣ бисёр деҳаҳое, ки мардумашро ба ҳалокат расонидем ва азоби мо шабҳангом ё он гоҳ ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба онон даррасид

Verse 5 — Surah Al-Araf 7:5

Чун азоби Мо ба онон даррасид, суханашон фақат ин буд, ки гуфтанд; «Мо ситамкор будем!»

Verse 6 — Surah Al-Araf 7:6

Албатта, аз мардуме, ки барояшон паёмбароне фиристода шуда ва низ аз паёмбароне, ки фиристода шудаанд, суол хоҳем кард

Verse 7 — Surah Al-Araf 7:7

Ва аз ҳар чӣ кардаанд, бо огоҳии тамом барояшон ҳикоят хоҳем кард, зеро Мо ҳаргиз ғоиб набудаем

Verse 8 — Surah Al-Araf 7:8

Дар он рӯз вазн кардан ба ҳақ хоҳад буд. Онҳо, ки тарозуяшон сангин (вазнин) аст, наҷот ёфтаанд

Verse 9 — Surah Al-Araf 7:9

Онон, ки тарозуи аъмолашон сабук гаштааст, касоне ҳастанд, ки ба оёти Мо имон наёварда буданд ва аз ин рӯ ба худ зиён расонидаанд

Verse 10 — Surah Al-Araf 7:10

Дар замнн ҷойгоҳатон додем ва роҳҳои маъишататонро дар он қарор додем. Ва чӣ андак шукр мегузоред

Verse 11 — Surah Al-Araf 7:11

Ва шуморо биёфаридем ва сурат бахшидем, он гоҳ ба фариштагон гуфтем: «Одамро саҷда кунед», ҳама ҷуз Иблис саҷда карданд ва Иблис дар шумори саҷдакунандагон набуд

Verse 12 — Surah Al-Araf 7:12

Худо гуфт: «Вақте туро ба саҷда фармон додам, чӣ чиз туро аз он боздошт?» Гуфт: «Мап аз ӯ беҳтарам, маро аз оташ офарндаӣ ва ӯро аз гил»

Verse 13 — Surah Al-Araf 7:13

Гуфт: «Аз ин мақом поён рав! Туро чӣ расад, ки дар он гарданкашӣ кунӣ? Берун рав, ки ту аз хоршудагонӣ?»

Verse 14 — Surah Al-Araf 7:14

Гуфт: «Маро то рӯзи қиёмат, ки зинда мешаванд, мӯҳлат деҳ»

Verse 15 — Surah Al-Araf 7:15

Гуфт: «Ту аз мӯҳлатёфтагонӣ»

Verse 16 — Surah Al-Araf 7:16

Гуфт; «Ҳоло ки маро ноумед сохтаӣ, ман ҳам онҳоро аз роҳи рости Ту мунҳариф (каҷ) мекунам

Verse 17 — Surah Al-Araf 7:17

Он гоҳ аз пешу аз пас ва аз чапу рост бар онҳо метозам. Ва бештаринашонро шукргузор нахоҳӣ ёфт»

Verse 18 — Surah Al-Araf 7:18

Гуфт: «Аз ин ҷо берун шав, манфури ронда! Аз касоне, ки пайравии ту мекунанд ва аз ҳамаи шумо ҷаҳаннамро хоҳам пур кард

Verse 19 — Surah Al-Araf 7:19

Эй одам, туву ҳамсарат дар биҳишт макон гиред. Аз ҳар ҷо, ки хоҳед, бихӯред, вале ба ин дарахт наздик машавед, ки дар қатори ба хеш ситамкунандагон хоҳед шуд!»

Verse 20 — Surah Al-Araf 7:20

Пас шайтон он дуро васваса кард, то шармгоҳашонро, ки аз онҳо пӯшида буд, дар назарашон ошкор кунад. Ва гуфт: «Парвардигоратон шуморо аз ин дарахт манъ кард, то мабод аз фариштагон ё ҷобидонон шавед»

Verse 21 — Surah Al-Araf 7:21

Ва барояшон савганд хӯрд, ки некхоҳи шумоям

Verse 22 — Surah Al-Araf 7:22

Ва он дуро фиребнд ва ба пастӣ андохт. Чун аз он дарахт хӯрданд, шармгоҳҳояшон ошкор шуд ва ба пӯшидани худ бо баргҳои биҳишт сар карданд. Парпардигорашон нидо кард: «Оё шуморо аз он дарахт манъ накарда будам ва нагуфта будам, ки шайтон ба ошкоро душмани шумост?»

Verse 23 — Surah Al-Araf 7:23

Гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, ба худ ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳмат накунӣ, аз зиёндидагон хоҳем буд»

Verse 24 — Surah Al-Araf 7:24

Гуфт: «Поён равед, баъзе душмани баъзе дигар ва то рӯзи қиёмат замин қароргоҳ ва ҷои манфиати шумо хоҳад буд»

Verse 25 — Surah Al-Araf 7:25

Гуфт: «Дар он ҷо зиндагӣ хоҳед кард ва дар он ҷо хоҳед мурд ва аз он берун оварда шавед»

Verse 26 — Surah Al-Araf 7:26

Эй фарзандони Одам, барои шумо ҷомае фиристодем то шармгоҳатонро бипушад ва низ ҷомаи зинат. Ва ҷомаи парҳезгорӣ аз хар ҷомае беҳтар аст. Ва ин яке аз оёти Худост, бошад, ки панд гиранд

Verse 27 — Surah Al-Araf 7:27

Эй фарзандони Одам, шайтон шуморо нафиребад, ҳамчунон, ки падару модаратонро аз биҳишт берун ронд, либос аз танашон канд, то шармгоҳашонро ба онҳо бинамоёнад. Ӯ ва қабилааш аз ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Мо шайтонҳоро дӯстони касоне қарор додем, ки имон намеоваранд

Verse 28 — Surah Al-Araf 7:28

Чун кори зиште кунанд, гӯянд: «Падарони худро низ чунин ёфтаем ва Худо моро ба он фармон додааст». Бигӯ: «Худо ба зишткорӣ фармон намедиҳад. Чаро дар бораи Худо чизҳое мегӯед, ки намедонед?»

Verse 29 — Surah Al-Araf 7:29

Бигӯ: «Парвардигори ман ба адл фармон додааст ва ба ҳангоми ҳар намоз рӯй ба ҷониби Ӯ доред, ва Ӯро бо имони холис бихонед. Ва ҳамчунон, ки шуморо офаридааст, бозмегардед

Verse 30 — Surah Al-Araf 7:30

Гурӯҳеро ҳидоят карда ва гурӯҳе гумроҳиро лоиқанд. Инҳо шайтонҳоро ба ҷои Худо ба дӯстӣ гирифтанд ва мепиндоранд, ки ҳидоят ёфтаанд»

Verse 31 — Surah Al-Araf 7:31

Эй фарзандони Одам, ба ҳангоми ҳар ибодат либоси худ бипӯшед. Ва низ бихӯреду биёшомед, вале исроф макунед, ки Худо исрофкоронро дӯст намедорад

Verse 32 — Surah Al-Araf 7:32

Бигӯ: «Чӣ касе либосҳоеро, ки Худо барои бандагонаш баровардааст ва хурданиҳои хуштаъмро ҳаром кардааст?». Бигӯ: «Ин чизҳо дар ин дунё барои касонест, ки имон овардаанд ва дар рӯки қиёмат низ хоси онҳо бошад». Оёти Худоро барои доноён инчунин батафсил баён мекунем

Verse 33 — Surah Al-Araf 7:33

Бигӯ: «Парвардигори ман, зишткориҳоро чӣ ошкор бошанд ва чӣ пинҳон ва низ гуноҳону афзунӣ ҷустан ба ноҳақро ҳаром кардааст ва низ ҳаром аст, чизеро шарики Худо созед, ки ҳеҷ далеле бар вуҷуди он нозил нашудааст ё дар бораи Худо чизҳое бигӯед, ки намедонед

Verse 34 — Surah Al-Araf 7:34

Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон фаро расад, як соат пешу пас нашаванд»

Verse 35 — Surah Al-Araf 7:35

Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, биме бар онҳо нест ва худ ғамгин намешаванд

Verse 36 — Surah Al-Araf 7:36

Ва онҳо, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва аз он сар баргофтаанд, аҳли ҷаҳанкаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд

Verse 37 — Surah Al-Araf 7:37

Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ барорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд, мепурсанд: «0н чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед. акиуи куҷоянд?. Гӯянд; «Нест шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шоҳидӣ диҳанд, ки кофир будаанд

Verse 38 — Surah Al-Araf 7:38

Гӯяд: «Ба миёни умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамдини худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!»

Verse 39 — Surah Al-Araf 7:39

Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, инак ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!»

Verse 40 — Surah Al-Araf 7:40

Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва аз онҳо сар тофтаанд, кушода намешаванд ва ба биҳишт намедароянд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сузан бигзарад. Ва осиёнро инчунин ҷазо медиҳем

Verse 41 — Surah Al-Araf 7:41

Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем

Verse 42 — Surah Al-Araf 7:42

Ба ҳеҷ кас ғайри андозаи тавонаш таклиф намекунем. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд

Verse 43 — Surah Al-Araf 7:43

Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Наҳрҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Шукр Худоро, ки моро ба ин роҳ раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи худ намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Ва он гоҳ онҳоро овоз диҳанд, ки ба ивази корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!»

Verse 44 — Surah Al-Araf 7:44

Биҳиштиён дузахиёнро овоз диҳанд, ки мо ба ҳақиқат ёфтем он чиро, ки Парвардигорамон ваъда дода буд, оё шумо низ ба ҳақиқат ёфтаед он чиро, ки Парвардигоратон ваъда дода буд? Гӯянд: «Оре». Он гоҳ овоздиҳандае дар он миён овоз диҳад, ки лаънати Худо бар кофирон бод

Verse 45 — Surah Al-Araf 7:45

Онон, ки аз роҳи Худо рӯй бармегардонанд ва онро каҷравӣ мепиндоранд ва ба қиёмат имон надоранд

Verse 46 — Surah Al-Araf 7:46

Ва миёнашон ҳиҷобест ва бар аъроф мардоне ҳастанд, ки ҳамаро ба нишонияшон мешиносанд ва аҳли биҳиштро овоз медиҳанд, ки салом бар шумо бод. Инҳо ҳарчанд тамаъя биҳишт доранд, вале ҳанӯз ба он дохил нашудаанд

Verse 47 — Surah Al-Araf 7:47

Чун чашм ба ҷониби дӯзахиён гардонанд, гӯянд: «Эй Парвардигори мо, моро дар шумори ситамкорон қарор мадеҳ!»

Verse 48 — Surah Al-Araf 7:48

Сокинони аъроф мардонеро, ки аз нишонияшон мешиносанд, овоз диҳанд ва гӯянд; «Он молҳо, ки ҷамъ оварда будед ва он ҳама саркашӣ, ки доштед, шуморо фоидае набахшид

Verse 49 — Surah Al-Araf 7:49

Оё инхо6 хамом касонанд, ки шумо7 савганд хурда будед, ки ра^мати Худованд насибашон намешавад? Дохил дар бих, ишт шавед8, на биме бар шумост ва на гамгин мешавед!»

Verse 50 — Surah Al-Araf 7:50

Дузахиён бихиштиёнро овоз диҳанд, ки андаке об ё аз чизҳое, ки Худо ба шумо арзонӣ кардааст, бар мо фурӯ резед! Гӯянд: «Худо онҳоро бар кофирон ҳаром кардааст

Verse 51 — Surah Al-Araf 7:51

Имрӯз онҳоро, ки дини хеш лаҳву бозича пиндоштанд ва зиндагии дунё фиребашон дода буд, фаромӯш мекунем, ҳамчунон, ки онҳо низ расидан ба мн рӯзро аз ёд бурда буданд ва оёти Моро дурӯғ мебароварданд

Verse 52 — Surah Al-Araf 7:52

Барои ҳидояти мӯъминон ва бахшоиш ба онҳо китобе овардем, ки дар он ҳар чизро аз рӯи дониш батафсил баён кардаем

Verse 53 — Surah Al-Araf 7:53

Оё ғайри натиҷаи амалҳоро интизоранд? Рӯзе, ки натиҷаи аъмол падидор шавад, касоне, ки он рӯзро аз ёд бурда буданд, мегӯянд: «Паёмбарони Парвардигори мо ба хақ омаданд. Оё шафеъоне ҳастанд, ки моро шафоъат кунанд? Ё он ки касе ҳаст, ки моро бозгардовад то корҳои дигаре ҷуз он корҳо, ки мекардем, анҷом диҳем?» Ба худ зиён расонданд ва он бутонро, ки ба дурӯғ сохта буданд, инак аз даст додаанд

Verse 54 — Surah Al-Araf 7:54

Парвардигори шумо Оллоҳ аст, ки осмонҳову заминро дар шаш рӯз офарид. Пас бар арш пардохт. Шабро дар рӯз мепушонад ва рӯз шитобон онро металабад. Ва офтобу моҳ ва ситорагон мусаххари фармони Ӯ ҳастанд. Огоҳ бошед, ки Ӯрост офаринишу фармонравоӣ. Худо, он Парвардигори ҷаҳониён, бағоят бузург аст

Verse 55 — Surah Al-Araf 7:55

Парвардигоратонрр бо тазаррӯъ (зорӣ) ва дар ниҳон бихонед, зеро Ӯ аз ҳадгузарандагони саркашро дӯст надорад

Verse 56 — Surah Al-Araf 7:56

Дар замин он гоҳ, ки ба салоҳ омадааст, фасод макунед! Ва Худоро аз рӯи тарсу умед бихонед! Ва раҳмати Худо ба некӯкорон наздик аст

Verse 57 — Surah Al-Araf 7:57

Ва Ӯст, ки пешопеши раҳмати худ бодҳоро хушхабар мефирстад. Чун бодҳо абрҳои гаронборро бардоранд, Мо онро ба сарзаминҳои мурда равон созем ва аз он борон мефиристем ва ба борон ҳар гуна меваҳоеро мерӯёнем. Мурдагонро низ инчунин зинда мегардонем, шояд панд гиред

Verse 58 — Surah Al-Araf 7:58

Ва сарзамини хуб — гиёҳи он ба фармони Парвардигораш мерӯяд ва замини бад — ҷуз андак гиёҳе аз он падид намеояд. Барои мардуме, ки шукр мегӯянд, сети Худоро инчунин гуногун баён мекунем

Verse 59 — Surah Al-Araf 7:59

Нӯҳро бар қавмаш ба рисолат фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо Худое ҷуз Ӯ нест, ман аз азоби рӯзе бузург бар шумо метарсам»

Verse 60 — Surah Al-Araf 7:60

[Бузургони қавмаш гуфтанд: «Ту] ро ба ошкоро дар гумроҳӣ мебинем»

Verse 61 — Surah Al-Araf 7:61

Гуфт: «Эй қавми ман, гумроҳиро дар ман роҳе нест, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори ҷаҳониёнам

Verse 62 — Surah Al-Araf 7:62

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо панд медиҳам ва аз Худо он медонам, ки шумо намедонед

Verse 63 — Surah Al-Araf 7:63

Оё аз ин ки бар марде аз худатон аз ҷониби Парвардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад ва парҳезгори кунед ва коре кунад, ки мавриди раҳмат қарор гиред, тааҷҷуб кардед?»

Verse 64 — Surah Al-Araf 7:64

Пас дурӯғ бароварданд ва Мо ӯву касонеро, ки бо ӯ дар киштӣ буданд, раҳонидем ва ононро, ки оёти Моро дурӯғ мепиндоштанд, ғарқ сохтем, ки мардуме кӯрдил буданд

Verse 65 — Surah Al-Araf 7:65

Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро биперастед, ки шуморо ғайри Ӯ худое нест ка чаро намепарҳезед?»

Verse 66 — Surah Al-Araf 7:66

Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгуён бошӣ»

Verse 67 — Surah Al-Araf 7:67

Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам

Verse 68 — Surah Al-Araf 7:68

Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо пандгӯе боваринокам

Verse 69 — Surah Al-Araf 7:69

Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Пар-вардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисм фузунӣ дод. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред, бошад, ки наҷот ёбед!»

Verse 70 — Surah Al-Araf 7:70

Гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Оллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»

Verse 71 — Surah Al-Araf 7:71

Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо воқеъ хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое; ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ҳусумат мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам»

Verse 72 — Surah Al-Araf 7:72

Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ бароварданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем

Verse 73 — Surah Al-Araf 7:73

Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт

Verse 74 — Surah Al-Araf 7:74

Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!»

Verse 75 — Surah Al-Araf 7:75

Бузургони қавмаш, ки гарданкашӣ мекарданд, ба забуншудагони қавм, ки имон оварда буданд, гуфтанд: «Оё медонед, ки Солеҳ аз ҷониби Парвардигораш омада аст?» Гуфтанд: «Мо ба дине, ки ба он амр шуда, имон дорем!»

Verse 76 — Surah Al-Araf 7:76

Гарданкашон гуфтанд: «Мо ба касе, ки шумо имон овардаед, имон намеоварем»

Verse 77 — Surah Al-Araf 7:77

Пас модашутурро қатл карданд ва аз фармони Парвардигорашон сар боззаданд ва гуфтанд: «Эй Солеҳ, агар паёмбар ҳастӣ, он чиро ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!»

Verse 78 — Surah Al-Araf 7:78

Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд

Verse 79 — Surah Al-Araf 7:79

Солеҳ аз онон рӯй баргардонид ва гуфт: «Эй қавми ман, рисолати Парвардигорамро ба шумо расонидам ва шуморо панд додам, вале шумо некхоҳонро дӯст надоред!»

Verse 80 — Surah Al-Araf 7:80

Ва Лутро фиристодем. Он гоҳ ба қавми худ гуфт: «Чаро коре зишт мекунед, ки ҳеҷ кас аз мардуми Ҷаҳон пеш аз шумо накардааст

Verse 81 — Surah Al-Araf 7:81

Шумо ба ҷои занон бо мардон шаҳват меронед. Шумо мардуме таҷовузкор ҳастед»

Verse 82 — Surah Al-Araf 7:82

Ҷавоби қавми ӯ ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Онҳоро аз деҳаи худ биронед, ки онон мардуме ҳастанд, ки аз кори мо безорӣ меҷӯянд

Verse 83 — Surah Al-Araf 7:83

Лут ва хонадонашро наҷот додем. Ғайри занаш, ки бо дигарон дар шаҳр монд

Verse 84 — Surah Al-Araf 7:84

Бар онҳо бороне боридем, бингар, ки оқибати муҷримон чӣ гуна буд

Verse 85 — Surah Al-Araf 7:85

Ва бар мардуми Мадян бародарашон Шуъайбро фирестодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Парвардигоратон нишонае равшан омадааст. Паймонаву тарозуро расо адо кунед ва ба мардум кам мафурӯшед ва аз он пас, ки замин ба салоҳ омадааст, дар он фасод макунед, ки агар имон овардаед, ин бароятон беҳтар аст

Verse 86 — Surah Al-Araf 7:86

Ва бар сари роҳҳо манишинед, то мӯъминони ба Худоро битарсонед ва аз роҳи Худо боздоред ва ба каҷравӣ водоред. Ва ба ёд оред он гоҳ ки андак будед, Худо бар шумори шумо афзуд. Ва бингаред, ки оқибати фасодкорон чӣ гуна будааст

Verse 87 — Surah Al-Araf 7:87

Агар гурӯҳе аз шумо ба он чӣ ман аз ҷониби Худо ба он мабъус шудаам, имон овардаанд ва гурӯҳе ҳанӯз имон наовардаанд, сабр кунед, то Худо миёни мо ҳукм куиад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст!»

Verse 88 — Surah Al-Araf 7:88

Бузургони қавмаш, ки саркашӣ пеша карда буданд, гуфтанд: «Эй Шуъайб, туву касонеро, ки ба ту имон овардаанд, аз деҳаи худ меронем, агар ба дини мо барнагардед». Гуфт: «Ва ҳарчанд аз он бадбинӣ дошта бошем?»

Verse 89 — Surah Al-Araf 7:89

Пас аз он ки Худо моро аз дини шумо раҳонидааст, агар ба он бозгардем, бар Худо дурӯғ баста бошем ва мо дигар бор ба он дин бознамегардем, магар он ки Худо, он Парвардигори мо хоста бошад. Зеро илми Парвардигори мо бар ҳама чиз иҳота дорад. Мо бар Худо таваккал мекунем. Эй Парвардигори мо, миёни мову қавми мо ба ҳақ роҳе бикшо, ки Ту беҳтарин роҳкушоён ҳастӣ!»

Verse 90 — Surah Al-Araf 7:90

Бузургони қавмаш, ки кофир буданд, гуфтанд: «Агар ба Шуъайб пайравӣ кунед, сахт зиён кардаед»

Verse 91 — Surah Al-Araf 7:91

Пас зилзилае сахт ононро фурӯ гирифт ва дар хонаҳои худ бар ҷой мурданд

Verse 92 — Surah Al-Araf 7:92

Онон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, гӯӣ, ки ҳаргиз дар он диёр набудаанд. Окон, ки Шуъайбро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд, худ зиён карданд

Verse 93 — Surah Al-Araf 7:93

Пас аз онҳо руйгардон шуд ва гуфт: «Эй қавми ман, албатта паёмҳои Парвардигорамро ба шумо расонидам ва пандатон додам. Чӣ гуна бар мардуме кофир андӯҳгин шавам?»

Verse 94 — Surah Al-Araf 7:94

Ва мо ҳеҷ паёмбареро ба ҳеҷ деҳае нафиристодем, магар он ки сокинонашро ба сахтиву беморӣ гирифтор кардем, бошад, ки зорӣ кунанд

Verse 95 — Surah Al-Araf 7:95

Он гоҳ ба ҷои балову меҳнат ба хушиву хубӣ супурдем, то шумораашон афзун шуд ва гуфтанд: Падарони мо ҳам бо сахтиву беҳрузӣ буданд». Ногаҳон ононро бехабар фурӯ гирифтем

Verse 96 — Surah Al-Araf 7:96

Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ пеша карда будакд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушудем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон муохазашон (уқубат) кардем

Verse 97 — Surah Al-Araf 7:97

Оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо шабҳангом, ки ба хоб рафтаанд, бар сари онҳо биёяд

Verse 98 — Surah Al-Araf 7:98

Ва оё мардуми деҳаҳо бепарвоанд, аз ин ки азоби мо ба ҳангоми чошт, ки ба бозӣ машғуланд, бар сари онҳо биёяд

Verse 99 — Surah Al-Araf 7:99

Оё пиндоштанд, ки аз макри Худо дар амонанд? Аз макри Худо ҷуз зиёнкорон эмин нанишинанд

Verse 100 — Surah Al-Araf 7:100

Оё барои онон, ки заминро аз пешиниён ба ирс бурдаанд, равшан нашудааст, ки агар бихоҳем, онҳоро низ ба ҷазои гуноҳонашон ба уқубат мерасонем ва бар дилҳояшон мӯҳр мениҳем, то шунидаи натавонанд

Verse 101 — Surah Al-Araf 7:101

Инхо деҳаҳоест, ки мо ахборашонро бар ту ҳиконт кунем. Паёмбаронашон бо далелҳои равшан омаданд. Ва ба он чизҳо, ки аз он пеш дурӯғ хонда буданд, имон наёварданд. Ва Худо бар дилҳои кофирон инчунин мӯҳр мениҳад

Verse 102 — Surah Al-Araf 7:102

Дар бештаринашон вафое ба аҳд наёфтем ва бештаринро ҷуз нофармонон надидем

Verse 103 — Surah Al-Araf 7:103

Баъд аз онҳо Мӯсоро бо оётамон бар Фиръавну қавмаш фиристодем. Ба оётамон кофир шуданд. Инак бингар, ки оқибати муфсидон чӣ гуна будааст

Verse 104 — Surah Al-Araf 7:104

Мӯсо гуфт: «Эй Фиръавн, ман паёмбаре аз ҷониби Парвардигори оламиёнам

Verse 105 — Surah Al-Araf 7:105

Шоиста аст, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯям. Ман ҳамроҳ бо мӯъҷизае аз ҷониби Парвардигоратон омадаам. Банӣ-Исроилро бо ман бифирист»

Verse 106 — Surah Al-Araf 7:106

Гуфт: «Агар рост мегӯӣ ва мӯъҷизае ба ҳамроҳ дорӣ, онро биёвар»

Verse 107 — Surah Al-Araf 7:107

Асояшро андохт, аждаҳое ростин шуд

Verse 108 — Surah Al-Araf 7:108

Ва дасташро берун овард, дар назари онон, ки медиданд сафеду дурахшон буд

Verse 109 — Surah Al-Araf 7:109

Бузургони қавми Фиръавн гуфтанд: «Ин ҷодугарест доно

Verse 110 — Surah Al-Araf 7:110

мехоҳад шуморо аз сарзаминатон берун кунад, чӣ мефармоед?»

Verse 111 — Surah Al-Araf 7:111

Гуфтанд: «Ӯ ва бародарашро нигаҳ дор ва касонеро ба шаҳрҳо бифирист

Verse 112 — Surah Al-Araf 7:112

то ҳамаи ҷодугарони доноро назди ту биёваранд»

Verse 113 — Surah Al-Araf 7:113

Ҷодугарон назди Фиръавн омаданду гуфтанд: «Агар ғалаба ёбем, моро мукофоте ҳает?»

Verse 114 — Surah Al-Araf 7:114

Гуфт: «Оре, ва шумо аз наздиконам хоҳед буд»

Verse 115 — Surah Al-Araf 7:115

Гуфтанд: «Эй Мӯсо, оё нахуст ту мепартоӣ ё мо партоем?»

Verse 116 — Surah Al-Araf 7:116

Гуфт; «Шумо бипартоед». Чун афканданд, дидагони мардумро ҷоду карданд ва онҳоро тарсониданд ва ҷодуе азим оварданд

Verse 117 — Surah Al-Araf 7:117

Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки асои худро бияфкан. Ба ногоҳ диданд, ки ҳамаи ҷодуҳояшонро фурӯ мебарад

Verse 118 — Surah Al-Araf 7:118

Пас ҳақ ба субут расид ва корҳои онон ботил шуд

Verse 119 — Surah Al-Araf 7:119

Дар ҳамон ҷо мағлуб шуданд ва хору забун бозгаштанд

Verse 120 — Surah Al-Araf 7:120

Ҷодугарои ба саҷда афтоданд

Verse 121 — Surah Al-Araf 7:121

Гуфтанд: «Ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем

Verse 122 — Surah Al-Araf 7:122

Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»

Verse 123 — Surah Al-Araf 7:123

Фиръавн гуфт: «Оё пеш аз он ки ман ба шумо рухсат диҳам, ба Ӯ имон овардед? Ин ҳиллаест, ки дар бораи ин шаҳр андешидаед, то мардумашро берун кунед. Ба зудӣ хоҳед донист

Verse 124 — Surah Al-Araf 7:124

Дастҳову пойҳоятонро ба хилофи якдигар хоҳам бурид ва ҳамагиятонро бар дор хоҳам кард!»

Verse 125 — Surah Al-Araf 7:125

Гуфтанд: «Мо ба назди Парвардигорамон бозмегардем

Verse 126 — Surah Al-Araf 7:126

Хашм бар мо мегирӣ, ба; рои оя ки чун нишонаҳои Парвардигорамон бар мо ошкор шуд, ба онҳо имон овардем. Эй Парвардигори мо, бар мо сабр бибор ва моро мусалмон бимирон

Verse 127 — Surah Al-Araf 7:127

Меҳтарони қавми Фиръавн гуфтанд: Оё Мӯсо ва қавмашро мегузорӣ, то дар замин фасод кунанд ва туву худоёнатро тарк гӯянд?» Гуфт: «Писаронашонро хоҳам кушт ва занонашонро зинда хоҳам гузошт. Мо болотар аз онҳоем ва бар онҳо ғалаба меёбем!»

Verse 128 — Surah Al-Araf 7:128

Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Аз Худо мадад ҷӯед ва сабр пеша созед, ки ин замин аз они Худост ва ба ҳар кас аз бандагонаш, ки бихоҳад, онро ба мерос медиҳад. Ва оқибати нек аз они парҳезгорон аст!»

Verse 129 — Surah Al-Araf 7:129

Гуфтанд: «Пеш аз он ки ту биёӣ, дар ранҷ будем ва пас аз он ки омадӣ, боз дар ранҷем». Гуфт: «Умед аст, ки Парвардигоратон душманатонро ҳалок кунад ва шуморо дар рӯи замин ҷонишини ӯ гардонад. Он гоҳ бингарад, ки чӣ мекунед!»

Verse 130 — Surah Al-Araf 7:130

Қавми Фиръавнро ба қаҳту нуқсони ҳосил мубтало кардем, шояд панд гиранд

Verse 131 — Surah Al-Araf 7:131

Чум некие насибашон мешуд, мегуфтанд: «Ҳаққи мост». Ва чун бадие ба онҳо мерасид, мегуфтанд: «Аз шумии Мӯсо ва пайравони ӯст.» Огоҳ бошед, он неку бад, ки ба онҳо расад, аз Худост, вале бештаринашон намедонанд

Verse 132 — Surah Al-Araf 7:132

Ва гуфтанд: «Ҳар гуна мӯъҷиза барои мо биёварӣ, ки моро ба он ҷоду кунӣ, ба ту имон нахоҳем овард

Verse 133 — Surah Al-Araf 7:133

Мо низ ба онҳо нишонаҳое ошкор ва гуногун чун тӯфону малах ва шапушу қурбоққа ва хун фиристодем. Боз саркашӣ карданд, ки мардуме гунаҳкор буданд

Verse 134 — Surah Al-Araf 7:134

Ва чун азоб бар онҳо фурӯд омад, гуфтанд: «Эй Мӯсо, ба он аҳде, ки Худоро бо ту ҳаст, ӯро бихон, ки агар ин азоб аз мо дур кунӣ, ба ту имон меоварем ва банӣ-Исроилро бо ту мефиристем»

Verse 135 — Surah Al-Araf 7:135

Чун то он замон, ки қарор ниҳода буданд, азобро аз онҳо дур кардем, паймони худро шикастанд

Verse 136 — Surah Al-Araf 7:136

Пас аз онҳо интиком гирифтем ва дар дарё ғарқашон кардем. Зеро оёти Моро дурӯғ донистанд ва аз онҳо ғафлат карданд

Verse 137 — Surah Al-Araf 7:137

Ва ба он мардуме, ки ба нотавонӣ афтода буданд, шарқу ғарби он сарзаминро, ки баракат дода будем, ба мерос додем ва ваъдаи некӯе, ки Парвардигори ту ба банӣ—Исроил дода буд, ба он сабаб, ки сабр намуда буданд, ба камол расид ва ҳар чиро Фиръавну қавмаш месохтанд ва қасрҳоеро, ки бармеафроштанд, вайрон кардем

Verse 138 — Surah Al-Araf 7:138

Ва банӣ-Исроилро аз дарё гузаронидем. Бар қавме гузаштанд, ки ба парастиши бутҳои худ дил баста буданд. Гуфтанд: «Эй Мӯсо, ҳамон тавр, ки онҳоро худоёнест, барон мо ҳам худое бисоз». Гуфт: «Шумо мардуме бехирад ҳастед

Verse 139 — Surah Al-Araf 7:139

Он чӣ инҳо дар онанд, нобудшаванда ва коре, ки мекунанд, ботил аст»

Verse 140 — Surah Al-Araf 7:140

Гуфт: «Оё ҷуз Оллоҳ бароятон худое биҷӯям ва ҳол он ки Ӯст, ки шуморо бар ҷаҳониён бартарӣ бахшид?»

Verse 141 — Surah Al-Araf 7:141

Ва шуморо аз оли Фиръавн раҳонидем. Ба азобҳои сахтарин меозурданд, писаронатонро мекуштанд ва занонатонро зинда мегузоштанд ва дар ин аз ҷониби Парвардигоратон озмоише бузург буд

Verse 142 — Surah Al-Araf 7:142

Сӣ шаб бо Мӯсо ваъда ниҳодем ва даҳ шаби дигар бар он афзудем, то ваъдаи Парвардигораш чиҳил шаби комил шуд. Ва Мӯсо ба бародараш Ҳорун гуфт: «Бар қавми ман ҷонишини ман бош ва роҳи салоҳ пеш гир ва ба тариқи фасодкорон марав»

Verse 143 — Surah Al-Araf 7:143

Чун Мӯсо ба миъодгоҳи (ваъдагоҳи) мо омад ва Парвардигораш бо ӯ сухан гуфт, гуфт: Эй Парвардигори ман, бинамой, то дар ту назар кунам». Гуфт: Ҳаргиз Маро нахоҳӣ дид. Ба он кӯҳ бингар. Агар бар ҷои худ қарор ёфт, ту низ Маро хоҳӣ дид». Чун Парвардигорзш бао кӯҳ таҷаллӣ кард, кӯҳро ба замин яксон кард ва Мӯсо беҳуш бияфтод. Чун ба хуш омад, гуфт: «Ту покӣ, ба Ту бозгаштам ва ман гахустини мӯъминонам»

Verse 144 — Surah Al-Araf 7:144

Гуфт: «Эй Мӯсо, Ман туро ба паёмҳоям ва сухан гуфтанам аз миёни мардум интихобидам, пас он чиро ба ту додаам, фаро гир ва аз сипосгузорон бош!»

Verse 145 — Surah Al-Araf 7:145

Барои ӯ дар он алвоҳ ҳар гуна панд ва тафсили ҳар чизро навиштем. Пас гуфтем: «Онро ба нерӯмандӣ бигир ва қавматро бифармоӣ, то ба беҳтарини он амал кунанд, ба зудӣ ҷойгоҳи нофармононро ба шумо нишон диҳам

Verse 146 — Surah Al-Araf 7:146

Он касонеро, ки ба ноҳақ дар замин саркашӣ мекунанд, ба зудӣ аз оёти хеш рӯйгардон созам, чунон ки ҳар оятеро, ки бубинанд, имон наёваранд ва агар тариқи ҳидоят бубинанд, ба он нараванд ва агар тариқи гумроҳӣ бубинанд, бо он бираванд. Зеро онҳо оётро дурӯғ бароварданд ва аз он ғафлат карданд

Verse 147 — Surah Al-Araf 7:147

Ва корҳои онон, ки оёти Мо ва дидори қисматро дурӯғ донистанд, ночиз шуд. Оё ҷуз дар муқобили кирдорашон ҷазо хоҳанд дид

Verse 148 — Surah Al-Araf 7:148

Қавми Мӯсо баъд аз ӯ аз зеварҳояшон шакли гӯсолае сохтанд, ки овоз мекард. Оё намебинанд, ки он гӯсола бо онҳо сухан намегӯяд ва онҳоро ба хеҷ роҳе ҳидоят намекунад?» Онро ба худоӣ гирифтанд ва бар худ ситам карданд

Verse 149 — Surah Al-Araf 7:149

Ва чун аз он кор пушаймон шуданд ва диданд, ки дар гумроҳӣ афтодаанд, гуфтанд: «Агар Парвардигорамон ба мо раҳм накунад ва моро наёмурзад, дар зумраи зиёнкардагон хоҳем буд»

Verse 150 — Surah Al-Araf 7:150

Чун Мӯсо хашмгину андӯҳнок назди қавми худ бозгашт, гуфт: «Дар ғайбати ман чӣ бад ҷонишиноне будед. Чаро бар фармони Парвардигори худ шитоб кардед? Ва алвоҳро бар замин афканд ва мӯи бародарашро гирифту ба сӯи худ кашид. Ҳорун гуфт: «Эй писари модарам, ин қавм маро забун ёфтанд ва наздик буд, ки маро бикушанд, душманонро хурсанд макун ва дар шумори ситамкорон маёвар!»

Verse 151 — Surah Al-Araf 7:151

Гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро ва бародарамро бибахшо ва моро дар раҳмати худ дохил кун, ки Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ

Verse 152 — Surah Al-Araf 7:152

Онон, ки гӯсоларо интихобиданд, ба зудӣ ба ғазаби Парвардигорашон гирифтор хоҳанд шуд ва дар зиндагонии инҷаҳонӣ ба хори хоҳанд афтод. Дурӯғсозонро инчунин ҷазо мадиҳем

Verse 153 — Surah Al-Araf 7:153

Онон, ки содиркунандаи корҳои бад шуданд, он гоҳ тавба карданд ва имон оварданд, бидонанд, ки Парвардигори ту пас аз тавба бахшояндаву меҳрубон аст

Verse 154 — Surah Al-Araf 7:154

Чун хашми Мӯсо фурӯ нишаст, тахтаҳоро баргирифт. Ва дар навиштаҳои он барои онҳое, ки аз Парвардигорашон метарсанд, ҳидоят ва раҳмат буд

Verse 155 — Surah Al-Araf 7:155

Мӯсо барои ваъдагоҳи Мо аз миёни қавмаш ҳафтод мардро бигирифт. Чун зилзила онҳоро фурӯ гирифт, гуфт: «Эй Парвардигори ман, агар мехостӣ онҳоро ва маро пеш аз ин ҳалок мекардӣ. Оё ба хотири корҳое, ки бехирадони мо анҷом додаанд, моро ба ҳалокат мерасонӣ? Ва ин ҷуз имтиҳони Ту нест. Ҳар касро бихоҳӣ, ба он гумроҳ мекунӣ ва ҳар касро бихоҳӣ, ҳидоят. Ту ёвари мо ҳастӣ, моро биёмурз ва бар мо бибахшой, ки Ту беҳтарини бахшояндагонӣ

Verse 156 — Surah Al-Araf 7:156

Барои мо дар дунё ва охират некӣ бинавис! Мо ба сӯи ту бозгаштаем». Гуфт: «Азоби худро ба ҳар кас, ки бихоҳам, мерасонам ва раҳмати ман ҳама чизро дар бар мегирад, Онро барои касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд ва закот медиҳанд ва ба оёти Мо имон меоваранд, муқаррар хоҳам дошт

Verse 157 — Surah Al-Araf 7:157

онон, ки аз ин расул, ин паёмбари уммӣ, ки номашро дар Тавроту Инҷили худ навишта меёбанд, пайравӣ мекунанд — он кӣ ба некӣ фармонашон медиҳад ва аз ношоист бозашон медорад ва чизҳои покизаро бар онҳо ҳалол мекунад ва чизҳои нопокро ҳаром ва бори гаронашонро аз дӯшашон бармедорад ва банду занҷирашонро мекушояд. Пас касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ҳурматашро нигоҳ доштанд ва ёриаш карданд ва аз он китоб, ки ба ӯ нозил кардаем, пайравӣ карданд, наҷот ёфтагонанд!»

Verse 158 — Surah Al-Araf 7:158

Бигӯ: «Эй мардум, ман фиристодаи Худо бар ҳамаи шумо ҳастам. Он Худое, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Ӯст ва ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Зинда мекунад ва мемиронад. Пас ба Худо ва расули Ӯ — он паёмбари уммӣ, ки ба Худову калимоти Ӯ имон дорад, имон биёваред ва аз Ӯ пайравӣ кунед, бошад, ки ҳидоят шавед!»

Verse 159 — Surah Al-Araf 7:159

Гурӯҳе аз қавми Мӯсо ҳастанд, ки мардумро ба хақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд

Verse 160 — Surah Al-Araf 7:160

Бакӣ-Исроилро ба дувоздаҳ сибт таисим кардем. Ва чун қавми Мӯсо аз ӯ об хостанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки асоятро бар санг бизан. Аз он санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ва ҳар гурӯҳ ҷои оби хешро бишинохт. Ва абрро соябонашон сохтем ва барояшон «манна ва салво» нозил кардем. Бихӯред аз ин чизҳои покиза, ки бар шумо рӯзӣ додаем! Ва онон ба мо ситам накарданд, балки ба худашон ситам мекарданд

Verse 161 — Surah Al-Araf 7:161

Ва ба онон гуфта шуд, ки дар ин деҳа сукунат кунед ва ҳар ҷо ҳар чӣ хоҳед, бихӯред ва бигӯед, ки гуноҳони моро бирез ва саҷдакунон аз дарвоза дохил шавед, то гуноҳонатонро биёмурзем. Ба мукофоти некӯкорон хоҳем афзуд

Verse 162 — Surah Al-Araf 7:162

Аз миёни онон он гурӯҳ, ки бар худ ситам карда буданд, суханеро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, дигар карданд. Пас ба ҷазои ситаме, ки мекарданд, барояшон аз осмон азоб фиристодем

Verse 163 — Surah Al-Araf 7:163

Дар бораи он деҳаи наздик ба даре аз онҳо Бипурс. Он гоҳ ки дар рӯзи шанбе суннат мешикастанд. Зеро дар рӯзе, ки шанбе мекарданд, моҳиён ошкор бар рӯи об меомаданд ва рӯзе, ки шанбе намекарданд, намеомаданд. Инҳоро, ки мардуме нофармон буданд, инчунин меозмудем

Verse 164 — Surah Al-Araf 7:164

Ва он гоҳ ки гурӯҳе аз онҳо гуфтанд; «Чаро қавмеро панд медиҳед, ки Худо ҳалокашон хоҳад кард ва ба азобе дарднок мубтало хоҳад сохт?» Гуфтанд: «То моро назди Парвардигоратон узре бошад. Ва шояд, ки парҳезгор шаванд»

Verse 165 — Surah Al-Araf 7:165

Чун пандеро, ки ба онҳо дода шуда буд, фаромӯш карданд, ононро, ки аз бадӣ парҳез мекарданд, наҷот додем ва гунаҳкоронро ба сабаби гуноҳашон ба азобе сахт фурӯ гирифтем»

Verse 166 — Surah Al-Araf 7:166

Ва чун аз тарки чизе, ки аз он манъашон: карда буданд, сарпечӣ карданд, гуфтем: «Бӯзинагоне хоршуда шавед!»

Verse 167 — Surah Al-Araf 7:167

Ва Парвардигори ту эълом кард, ки касеро бар онон бифиристад, ки то ба рӯзи қиёмат ба азобе ногувор азобашон гардонад. Албатта Парвардигори ту зуд уқубат мекунад ва низ омурзандаву меҳрубон аст

Verse 168 — Surah Al-Araf 7:168

Ононро гурӯҳ-гурӯҳ дар замин тақсим кардем, баъзе некӯкор ва баъзе ғайри он-Ва ба некиҳову бадиҳо озмудем, шояд бозгарданд

Verse 169 — Surah Al-Araf 7:169

Баъд аз инҳо гурӯҳе ба ҷояшон нишастанд ва вориси он китоб шуданд, ки ба матоъи дунявӣ дил бастанд ва гуфтанд, ки ба зудӣ омурзида мешавем. Ва агар монанди он боз ҳам матоъо биёбанд, баргиранд. Оё аз онҳо паймон нагирифтаанд, ки дар бораи Худо ҷуз ба ростӣ сухан нагӯянд, ҳол он ки он чӣ дар-он китоб омада буд, хонда буданд? Сарое охират барои касоне, ки мепарҳезанд, беҳтар аст. Оё ақл намекунед

Verse 170 — Surah Al-Araf 7:170

Онҳое, ки ба китоби Худо пойбандӣ меҷӯянд ва намоз мегузоранд, бидонанд, ки подоши некӯкоронро бекор намесозем

Verse 171 — Surah Al-Araf 7:171

Ва кӯҳро бар болои сарашон чун соябоне нигоҳ доштем ва мепиндоштанд, ки акнун бар сарашон хоҳад афтод. Китоберо, ки ба шумо додаем, бо нерӯмандӣ бигиред ва ҳар чиро, ки дар он омадааст, ба ёд доред, шояд, ки парҳезгор шавед

Verse 172 — Surah Al-Araf 7:172

Ва Парвардигори ту аз пушти банӣ-Одам фарзандонашро берун овард. Ва ононро бар худашон гувоҳ гирифт ва пурсид: «Оё Ман Парвардигоратон нестам?» Гуфтанд: «Оре, гувоҳӣ медиҳем». То дар рӯзи қиёмат нагӯед, ки мо аз он бехабар будем

Verse 173 — Surah Al-Araf 7:173

Ё нагӯед, ки падарони мо пеш аз ин мушрик буданд ва мо насле будем баъд аз онҳо ва оё ба сабаби коре, ки гумроҳон карда буданд, моро ба ҳалокат мерасонӣ

Verse 174 — Surah Al-Araf 7:174

Оятҳоро инчунин ба равшанӣ баён мекунем, шояд бозгарданд

Verse 175 — Surah Al-Araf 7:175

Хабари он мардро бар онҳо бихон, ки оёти хешро ба ӯ ато карда будем ва ӯ аз он илм маҳрум гашт ва шайтон дар паяш афтод ва дар зумраи гумроҳон даромад

Verse 176 — Surah Al-Araf 7:176

Агар хоста будем, ба сабаби он илм, ки ба ӯ дода будем, мартабаи баландаш мебахшидем, вале ӯ дар замин бимонд ва аз паи ҳавои хеш рафт. Сифати ӯ чун сифати он саг аст, ки агар ба ӯ ҳамла кунӣ, забон аз даҳон берун орад ва агар раҳояш кунӣ, боз ҳам забон аз даҳон берун орад. Мисоли он, он, ки оётро дурӯғ шумориданд, низ чунин аст. Қиссаро бигӯй, шояд ба андеша фурӯ раванд

Verse 177 — Surah Al-Araf 7:177

Бад аст мисоли мардуме, ки оёти Моро дурӯғ шумориданд ва ба худ ситам раво медоштанд

Verse 178 — Surah Al-Araf 7:178

Ҳар касро, ки Худо роҳ намояд, роҳи хеш биёбад. Ва ононро, ки гумроҳ созад, зиёнкор шаванд

Verse 179 — Surah Al-Araf 7:179

Барои ҷаҳаннам бисёре аз ҷинну инсро биёфаридем. Онҳоро дилҳоест, ки ба он намефаҳманд ва чашмҳоест, ки ба он намебинанд ва гушҳоест, ки ба он намешунаванд. Инҳо ҳамонанди чорпоёнанд, ҳатто гумроҳтар аз онҳоянд. Инҳо худ ғофилонанд

Verse 180 — Surah Al-Araf 7:180

Аз они Худованд аст некӯтарин номҳо. Ба он номҳояш бихонед. Онҳоро, ки ба номҳои Худо каҷравӣ меварзанд, бигузоред. Инҳо ба ҷазои аъмоли худ хоҳанд расид

Verse 181 — Surah Al-Araf 7:181

Аз офаридагони мо гурӯҳе ҳастанд, ки ба ҳақ роҳ менамоянд ва ба адолат рафтор мекунанд

Verse 182 — Surah Al-Araf 7:182

Ва ононро, ки оёти моро дурӯғ шумориданд, аз роҳе, ки худ намедонанд, ба тадриҷ хорашон месозем

Verse 183 — Surah Al-Araf 7:183

Ва ба онҳо мӯҳлат диҳам, ки тадбири Ман устувор аст

Verse 184 — Surah Al-Araf 7:184

Оё фикр накардаанд, ки дар ёрашон нишоне аз девонагӣ нест ва Ӯ ба ошкоро тарсонанда аст

Verse 185 — Surah Al-Araf 7:185

Оё дар мулки осмонҳову замин ва чизҳое, ки Худо офаридааст, намеандешанд? Ва шояд, ки маргашон наздик бошад. Ва баъд аз Қуръон кадом суханро бовар доранд

Verse 186 — Surah Al-Araf 7:186

Ҳар касро, ки Худо гумроҳ кунад, ҳеҷ роҳнамое барояш нест. Ва ононро вомегузорад, то ҳамчунон дар саркашии хеш саргардон бимонанд

Verse 187 — Surah Al-Araf 7:187

Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки чӣ вақт фаро мерасад. Бигӯ: «Илми он назди Парвардигори ман аст. Танҳо Ӯст, ки чун замонаш фаро расад, ошкораш месозад. Фаро расидани он бар осмониёну заминиён пӯшида аст, ба ногаҳон бар шумо ояд», Чунон аз ту мепурсанд, ки гӯӣ ту аз он огоҳӣ. Бигӯ: «Илми он назди Худост, вале бештари мардум намедонанд»

Verse 188 — Surah Al-Araf 7:188

Бигӯ; «Ман молики нафъу зиёни худ нестам. Ғайри он чӣ Худо бихоҳад. Ва агар илми ғайб медонистам, ба хайри худ хеле меафзудам ва ҳеҷ шарре ба ман намерасид. Ман касе ҷуз бимдиҳанда ва муждадиҳандае барои мӯъминон нестам»

Verse 189 — Surah Al-Araf 7:189

Ӯст, ки ҳамаи шуморо аз як тан биефарид. Ва аз он як тан занашро низ биёфарид то ба ӯ оромиш ёбад. Чун бо ӯ якҷоя шуд, ба боре еабук ҳомила шуд ва муддате бо он гузаронд. Ва чун бор сангин гардид, он ду Оллоҳ Парвардигори худро бихонданд, ки агар моро фарзанде солеҳ диҳӣ, аз свпосгузорон хоҳем буд

Verse 190 — Surah Al-Araf 7:190

Чун Худо он дуро фарзанде солеҳ дод, барои Ӯ дар он чӣ ба онҳо ато карда буд, шариконе қоил шуданд, ҳол он ки Худо аз ҳар чӣ бо Ӯ шарик месозанд, болотар аст

Verse 191 — Surah Al-Araf 7:191

Оё шарики Худо месозанд чизҳоеро, ки наметавонанд ҳеҷ чиз биёфаринанд ва худ махлуқ ҳастанд

Verse 192 — Surah Al-Araf 7:192

На метавонанд ёрияшон кунанд ва на метавонанд ба ёрии худ бархезанд

Verse 193 — Surah Al-Araf 7:193

Агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, ба шумо пайравӣ нахоҳанд кард. Бароятон яксон аст, чӣ даъваташон кунед ва чӣ хомуш бошед

Verse 194 — Surah Al-Araf 7:194

Онҳое, ки ҷуз Оллоҳ ба худоӣ мехонед, бандагоне чун шумоянд. Агар рост мегӯед, онҳоро бихонед, бояд шуморо иҷобат кунанд

Verse 195 — Surah Al-Araf 7:195

Оё онҳоро поҳое ҳаст, ки бо он роҳ бираванд ё онҳоро дастҳое ҳаст, ки бо он ҳамла кунанд ё чашмҳое ҳаст, ки бо он бубинанд ё гушҳое ҳаст, ки бо он бишнаванд? Бигӯ: «Шариконатро бихонед ва бар зидди ман тадбир кунед ва маро мӯҳлат надиҳед

Verse 196 — Surah Al-Araf 7:196

Ёвари ман Оллоҳ аст, ки ин китобро нозил карда ва Ӯ дӯсти шоистагон аст

Verse 197 — Surah Al-Araf 7:197

Ононро, ки ба ҷои Оллоҳ ба худоӣ мехонед, на шуморо метавонанд ёрӣ кунанд ва на худро

Verse 198 — Surah Al-Araf 7:198

Ва агар онҳоро ба роҳи ҳидоят бихонӣ, намешунаванд ва мебинӣ, ки ба ту менигаранд, вале гӯӣ, ки намебинанд

Verse 199 — Surah Al-Araf 7:199

Афвро пеша кун ва ба некӣ фармон деҳ ва аз ҷоҳилон рӯй гардон

Verse 200 — Surah Al-Araf 7:200

Ва агар аз ҷониби шайтон дар ту васвасае падид омад, ба Худо паноҳ бибар, зеро Ӯ шунаво ва доност

Verse 201 — Surah Al-Araf 7:201

Касоне, ки парҳезгорӣ мекунанд, чун аз шайтон васвасае ба онҳо бирасад, Худоро ёд мекунанд ва ногаҳон бино шаванд

Verse 202 — Surah Al-Araf 7:202

Ва бародаронашон онҳоро ба гумроҳӣ мекашанд ва аз амали хеш бознамеистанд

Verse 203 — Surah Al-Araf 7:203

Чун ояе барояшон наоварӣ гуянд: «Чаро аз худ чизе намегӯӣ?» Бигӯ: «Ман пайрави чизе ҳастам, ки аз Парвардигорам ба ман ваҳй мешавад. Ва ин ҳуҷҷатҳоест аз ҷониби Парвардигоратон ва раҳнамуду раҳмат аст барои мардуме, ки имон меоваранд

Verse 204 — Surah Al-Araf 7:204

Чун Қуръон хонда шавад, ба он гӯш фаро диҳед ва хомӯш бошед, шояд шомили раҳмати Худо шавед

Verse 205 — Surah Al-Araf 7:205

Парвардигоратро дар дили худ ба зориву тарс бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун ва аз ғофилон мабош

Verse 206 — Surah Al-Araf 7:206

Албатта онон, ки дар назди Парвардигори ту ҳастанд, аз парастиши Ӯ сар наметобанд ва тасбеҳаш мегӯянд ва барояш саҷда мекунанд! Сачдаи тиловат