Verse 1 — Surah Nuh 71:1
Мо Нӯҳро ба сӯи қавмаш фиристодем, ки қавми худро пеш аз он ки азобе дардовар бар сарашон фуруд ояд, бим деҳ
Verse 2 — Surah Nuh 71:2
Гуфт: «Эй қавми ман, ман бимдиҳандае равшангарам
Verse 3 — Surah Nuh 71:3
Худоро бипарастед ва аз Ӯ битарсед ва ба ман итоъат кунед
Verse 4 — Surah Nuh 71:4
то гуноҳонатонро бибахшояд ва шуморо то муддате муъайян мӯҳлат диҳад, зеро он муддати худо вақте ояд, — агар бидонед, — дигар ба дер наяфтад»
Verse 5 — Surah Nuh 71:5
Гуфт: «Эй Парвардигори ман, ман қавми худро шабу рӯз даъват кардам
Verse 6 — Surah Nuh 71:6
ва датъвати ман ҷуз ба фирорашон наяфзуд
Verse 7 — Surah Nuh 71:7
Ва ман, ҳар бор, ки даъваташон кардам, то Ту онҳоро бибахшоӣ, ангуштҳо дар гӯшҳои худ карданд ва ҷома дар сар кашиданд ва пой фишурданд ва ҳар чӣ бештар саркашӣ карданд
Verse 8 — Surah Nuh 71:8
Пас онҳоро ба овози баланд даъват кардам
Verse 9 — Surah Nuh 71:9
Боз ба ошкор гуфтам ва дар ниҳон гуфтам
Verse 10 — Surah Nuh 71:10
Сипас гуфтам: «Аз Парвардигоратон бахшоиш бихоҳед, ки Ӯ бахшоянда аст
Verse 11 — Surah Nuh 71:11
то аз осмон бароятон пай дар пай борон фиристад
Verse 12 — Surah Nuh 71:12
ва шуморо ба'молҳову фарзандон мадад кунад ва бароятон бӯстонҳову наҳрҳо биёфаринад
Verse 13 — Surah Nuh 71:13
Шуморо чӣ мешавад, ки аз шукӯҳи Худованд наметарсед
Verse 14 — Surah Nuh 71:14
ҳол он ки шуморо ба гунаҳои мухталиф биёфарид
Verse 15 — Surah Nuh 71:15
Оё намебинед, ки чӣ гуна Худо ҳафт осмони табақа-табақаро биёфарид
Verse 16 — Surah Nuh 71:16
Ва моҳро равшании онҳо ва хуршедро чароғашон гардонид
Verse 17 — Surah Nuh 71:17
Ва Худо шуморо чун наботе аз замин бирӯёнид
Verse 18 — Surah Nuh 71:18
Боз шуморо ба он бозмегардонад ва боз аз он берун меоварад
Verse 19 — Surah Nuh 71:19
Ва Худо заминро чун фарше бароятон бигустурд
Verse 20 — Surah Nuh 71:20
то бар роҳҳои паҳновари он биравед»
Verse 21 — Surah Nuh 71:21
Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, онҳо фармони ман набурданд ва ба касе пайравӣ карданд, ки молу фарзандаш ҷуз ба зиёнаш наяфзуд
Verse 22 — Surah Nuh 71:22
Макр карданд — макре бузург
Verse 23 — Surah Nuh 71:23
Ва гуфтанд: «Худоёнатонро тарк накунед:, Вадд ва Сувоъ ва Яғус ва Яъуқ ва Насрро* тарк накунед!»
Verse 24 — Surah Nuh 71:24
Бисёреро гумроҳ карданд ва ту ҷуз бар гумроҳии ситамкорон наяфзой!»
Verse 25 — Surah Nuh 71:25
Ба ҷазои гуноҳонашон ғарк шуданд ва ба оташ рафтанд ва ҷуз Худо барои худ ёваре наёфтанд
Verse 26 — Surah Nuh 71:26
Ва Нӯҳ гуфт: «Эй Парвардигори ман, бар рӯи замин ҳеҷ як аз кофиронро магузор
Verse 27 — Surah Nuh 71:27
ки агар бигузорияшон, бандагонро гупроҳ мекунанд ва ҷуз фарзандоне фоҷиру кофир наёваранд
Verse 28 — Surah Nuh 71:28
Эй Парвардигори ман, марову падару модарамро ва ҳар киро бо имон ба хонаи ман ворид шавад ва низ мардони мӯъмину занони мӯъминро бибахшо ва ситамкоронро ҷуз ба ҳалокаташон маяфзой!»