Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 72 - Al-Jinn
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Jinn 72:1
Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш андохтанду гуфтанд,- ки мо Қуръоне аҷиб шунидем
Verse 2 — Surah Al-Jinn 72:2
ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем
Verse 3 — Surah Al-Jinn 72:3
Азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад, ва на фарзанде дорад
Verse 4 — Surah Al-Jinn 72:4
Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт
Verse 5 — Surah Al-Jinn 72:5
Ва мо мепиндоштем, ки одамиву ҷин дар бораи Худо дурӯғ намегӯянд
Verse 6 — Surah Al-Jinn 72:6
Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд
Verse 7 — Surah Al-Jinn 72:7
Ҳамчунон ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо ҳеҷ касро дубора зинда намесозад
Verse 8 — Surah Al-Jinn 72:8
Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (чароғ, оташак) ёфтем
Verse 9 — Surah Al-Jinn 72:9
Мо дар он ҷойҳо, ки метавон гӯш андохт, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун (ба) гӯш нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад
Verse 10 — Surah Al-Jinn 72:10
Аз ин рӯй намедонем, ки оё барои касоне, ки дар рӯи замин ҳастанд, бадӣ тақдир мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад
Verse 11 — Surah Al-Jinn 72:11
Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем
Verse 12 — Surah Al-Jinn 72:12
Мо медонем, ки Худоро дар замин нотавон намекунем ва бо гурехтан' низ нотавонаш насозем
Verse 13 — Surah Al-Jinn 72:13
Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз зулм
Verse 14 — Surah Al-Jinn 72:14
Ва баъзе аз мо мусалмонанд ва баъзе аз ҳак, дур. Ва онон, ки ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд
Verse 15 — Surah Al-Jinn 72:15
Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд»
Verse 16 — Surah Al-Jinn 72:16
Ва агар бар тариқаи рост пойдорӣ кунанд аз обе фаровон ба онҳо менушонем
Verse 17 — Surah Al-Jinn 72:17
то онҳоро биёзмоем. Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе душвор меандозад
Verse 18 — Surah Al-Jinn 72:18
Ва масҷидҳо аз ояи Худост. Ва бо вуҷуди Худои якто касе дигарро ба худоӣ махонед
Verse 19 — Surah Al-Jinn 72:19
Чун бандаи Худо барои парастиши Ӯ бар пой истод, гирли ӯро гирифтанд
Verse 20 — Surah Al-Jinn 72:20
Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамро ибодат мекунам ва ҳеҷ касро шарики Ӯ намесозам»
Verse 21 — Surah Al-Jinn 72:21
Бигӯ: «Ман наметавонам ба шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам»
Verse 22 — Surah Al-Jinn 72:22
Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ғайри Ӯ паноҳгоҳе намеёбам
Verse 23 — Surah Al-Jinn 72:23
он чӣ метавонам фақат расондани паёми Ӯ ва анҷом додани рисолатҳои Ӯ аст. Ва ҳар кӣ Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, насиби ӯ оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд
Verse 24 — Surah Al-Jinn 72:24
то он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас хоҳанд донист, чӣ касеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст»
Verse 25 — Surah Al-Jinn 72:25
Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне нисҳодааст
Verse 26 — Surah Al-Jinn 72:26
Ӯ донои ғайб аст ва ғайби худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад
Verse 27 — Surah Al-Jinn 72:27
магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад
Verse 28 — Surah Al-Jinn 72:28
то бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад (бо илми худ) ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст»