Back to Languages

Tajik - Chapter 73 - Al-Muzzammil

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Muzzammil 73:1

Эй ҷома бар худ печида

Verse 2 — Surah Al-Muzzammil 73:2

Шабро зинда бидор, магар андакеро

Verse 3 — Surah Al-Muzzammil 73:3

нимае аз онро ё андаке аз нима кам кун

Verse 4 — Surah Al-Muzzammil 73:4

ё андаке бар нима бияфзой ва Қуръонро оҳиставу равшан бихон

Verse 5 — Surah Al-Muzzammil 73:5

Мо ба ту сухане душворро илқо (андохтан, омӯхтан) хоҳем кард

Verse 6 — Surah Al-Muzzammil 73:6

Албатта шабҳангом аз бистар бархостан мувофиқати забону дилро афзояндатар аст ва баёни суханро устувор дорандатар

Verse 7 — Surah Al-Muzzammil 73:7

ки корҳои ту дар рӯз бисёр аст

Verse 8 — Surah Al-Muzzammil 73:8

Ва номи Парвардигоратро ёд кун ва аз ҳама бибур ва ба Ӯ бипайванд

Verse 9 — Surah Al-Muzzammil 73:9

Парвардигори машриқу мағриб. Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Ӯро корсози худ интихоб кун

Verse 10 — Surah Al-Muzzammil 73:10

Ва бар он чӣ мегӯянд, сабр кун ва ба ваҷҳе писандида аз онҳо дурӣ ҷӯй

Verse 11 — Surah Al-Muzzammil 73:11

Дурӯғбарорандагони соҳибнеъматро ба Ман бигузор. Ва андаке мӯҳлаташон деҳ

Verse 12 — Surah Al-Muzzammil 73:12

Назди Мост бандҳои вазнин ва дӯзах

Verse 13 — Surah Al-Muzzammil 73:13

ва таъоме гулӯгиру азобе дардовар

Verse 14 — Surah Al-Muzzammil 73:14

рӯзе, ки замину кӯҳҳо ба ларза оянд ва кӯҳҳо теппае аз реги равон гарданд

Verse 15 — Surah Al-Muzzammil 73:15

Мо бар шумо паёмбаре фиристодем, ки бар амалҳоятон гувоҳ аст, ҳамон тавр, ки ба Фиръавн ҳам паёмбаре фиристодем

Verse 16 — Surah Al-Muzzammil 73:16

Ва Фиръавн ба паёмбар фармон набурд. Мо низ ӯро ба сахтӣ фурӯ гирифтем

Verse 17 — Surah Al-Muzzammil 73:17

Агар кофир бошед, дар рӯзе, ки кӯдаконро пир мегардонад, чӣ гуна дар амон монед

Verse 18 — Surah Al-Muzzammil 73:18

Дар он рӯз осмон бишикофад ва ваъдаи Худо ба вуқӯъ пайвандад

Verse 19 — Surah Al-Muzzammil 73:19

Ин пандест. Пас ҳар кӣ бихоҳад, роҳе ба сӯи Парвардигораш оғоз кунад

Verse 20 — Surah Al-Muzzammil 73:20

Парвардигори ту медонад, ки ту ва гурӯҳе аз онон, ки бо ту ҳастанд, наздик ба ду сеяки шабу нимшаб ва сеяки шабро ба намоз меистед. Ва Худост, ки андозаи шабу рӯзро муъайян мекунад. Ва медонад, ки шумо ҳаргиз ҳисоби онро натавонед дошт. Пас тавбаи шуморо қабул кард. Ва ҳар чӣ муяссар шавад, аз Қуръон бихонед. Медонад чӣ касоне аз шумо бемор хоҳанд шуд ва гурӯҳе дигар ба талаби рӯзии Худо ба сафар мераванд ва гурӯҳи дигар дар роҳи Худо ба ҷанг мераванд. Пас ҳар чӣ муяссар шавад, аз он бихонед. Намоз бигузореду закот бидиҳед ва ба Худо қарзи некӯ диҳед. Ва ҳар хайреро, ки барои худ пешопеш бифиристед, онро назди Худо хоҳед ёфт. Ва он мукофоти беҳтар аст ва музде бузургтар аст. Ва аз Худо бахшоиш бихоҳед, зеро Худо бахшояндаву меҳрубон аст