Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 74 - Al-Muddaththir
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Muddaththir 74:1
Эй ҷома дар сар кашида
Verse 2 — Surah Al-Muddaththir 74:2
бархезу бим деҳ
Verse 3 — Surah Al-Muddaththir 74:3
Ва Парвардигоратро такбир гӯй
Verse 4 — Surah Al-Muddaththir 74:4
Ва ҷомаатро покиза дор
Verse 5 — Surah Al-Muddaththir 74:5
Ва аз палидӣ дурӣ ҷӯй
Verse 6 — Surah Al-Muddaththir 74:6
Ва чизе мадеҳ ки беш аз он умед дошта бошӣ
Verse 7 — Surah Al-Muddaththir 74:7
Барои Парвардигорат сабркунанда бош
Verse 8 — Surah Al-Muddaththir 74:8
Ва он гоҳ ки дар сур дамида шавад
Verse 9 — Surah Al-Muddaththir 74:9
он рӯз рӯзе сахт хоҳад буд
Verse 10 — Surah Al-Muddaththir 74:10
Ва барои кофирон душвор
Verse 11 — Surah Al-Muddaththir 74:11
Маро бо он ки танҳояш офаридаам, вогузор
Verse 12 — Surah Al-Muddaththir 74:12
Ӯро моле бисёр додам
Verse 13 — Surah Al-Muddaththir 74:13
Ва писароне ҳама дар назди ӯ ҳозир
Verse 14 — Surah Al-Muddaththir 74:14
ва корҳои ӯро ба некӯтар тарзе вусъат додам
Verse 15 — Surah Al-Muddaththir 74:15
Он гоҳ тамаъ мебандад, ки зиёдат кунам
Verse 16 — Surah Al-Muddaththir 74:16
Не, не! Ӯ дар баробари оёти Мо ситеза ҷӯст
Verse 17 — Surah Al-Muddaththir 74:17
Ӯро ба машаққате меандозам
Verse 18 — Surah Al-Muddaththir 74:18
Ӯ андешид ва тарҳе афканд (нақшае кашид)
Verse 19 — Surah Al-Muddaththir 74:19
Марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд
Verse 20 — Surah Al-Muddaththir 74:20
Боз ҳам марг бар ӯ бод, чӣ гуна тарҳе афканд
Verse 21 — Surah Al-Muddaththir 74:21
Он гоҳ нигарист
Verse 22 — Surah Al-Muddaththir 74:22
Сипас рӯй турш кард ва пешонӣ дар ҳам кашид
Verse 23 — Surah Al-Muddaththir 74:23
Сипас рӯй гардониду гарданкашӣ кард
Verse 24 — Surah Al-Muddaththir 74:24
гуфт: «Ин ғайри ҷодуе, ки дигаронаш омӯхтанд, ҳеҷ нест
Verse 25 — Surah Al-Muddaththir 74:25
Ин ғайри сухани одамӣ ҳеҷ нест»
Verse 26 — Surah Al-Muddaththir 74:26
Ба зудӣ ӯро ба сақар бияфканем
Verse 27 — Surah Al-Muddaththir 74:27
Чӣ чиз огоҳат сохт, ки сақар чист
Verse 28 — Surah Al-Muddaththir 74:28
На ҳеҷ боқӣ мегузорад ва на чизеро тарк кунад
Verse 29 — Surah Al-Muddaththir 74:29
Сӯзонандаи пӯст аст
Verse 30 — Surah Al-Muddaththir 74:30
Нуздаҳ фаришта бар он вазифадоранд
Verse 31 — Surah Al-Muddaththir 74:31
Вазифадорони дузахро фақат аз фариштагон қарор додем. Ва шумори онҳо фақат барои имтиҳони кофирон аст. То аҳли китоб яқин кунанд ва бар имони мӯъминон бияфзояд ва аҳли китобу мӯъминон шак накунанд. Ва то онон, ки дар дилҳояшон маразест, нагӯянд: «Худо аз ин мисол чӣ мехостааст?» Худо инчунин ҳар касро, ки бихоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар касро, ки бихоҳад, роҳ менамояд. Ва шумори лашкари Парвардигоратро ғайри Ӯ надонад. Ва ин сухан фақат панде аз барои мардум аст
Verse 32 — Surah Al-Muddaththir 74:32
Оре, савганд ба моҳ
Verse 33 — Surah Al-Muddaththir 74:33
Ва савганд ба шаб, чун рӯй ба рафтан орад
Verse 34 — Surah Al-Muddaththir 74:34
ва савганд ба субҳ чун парда барафканад
Verse 35 — Surah Al-Muddaththir 74:35
ки ин яке аз ҳодисаҳои бузург аст
Verse 36 — Surah Al-Muddaththir 74:36
Тарсонандаи одамиён аст
Verse 37 — Surah Al-Muddaththir 74:37
Барои ҳар кас аз шумо, ки хоҳад, пеш ояд (бо амали нек) ё аз пай равад (бо куфру нофармонӣ)
Verse 38 — Surah Al-Muddaththir 74:38
Ҳар кас гаравгони корест, ки кардааст
Verse 39 — Surah Al-Muddaththir 74:39
ғайри аҳли саъодат
Verse 40 — Surah Al-Muddaththir 74:40
ки дар биҳиштҳо нишастаанд ва мепурсанд
Verse 41 — Surah Al-Muddaththir 74:41
аз гуноҳкорон
Verse 42 — Surah Al-Muddaththir 74:42
ки чӣ чиз шуморо ба ҷаҳаннам кашонид
Verse 43 — Surah Al-Muddaththir 74:43
Мегӯянд: «Мо аз намозгузорон набудем
Verse 44 — Surah Al-Muddaththir 74:44
ва ба дарвешон таъом намедодем
Verse 45 — Surah Al-Muddaththir 74:45
ва бо онон, ки сухани ботил мегуфтанд, ҳамовоз мешудем
Verse 46 — Surah Al-Muddaththir 74:46
ва рӯзи қиёматро дурӯғ мешуморидем
Verse 47 — Surah Al-Muddaththir 74:47
то марги мо фаро расид»
Verse 48 — Surah Al-Muddaththir 74:48
Пас шафоъати шафоъаткунандагон фоидаашон набахшад
Verse 49 — Surah Al-Muddaththir 74:49
Чӣ шудааст, ки аз ин панд рӯй мегардонанд
Verse 50 — Surah Al-Muddaththir 74:50
Монанди харони рамида
Verse 51 — Surah Al-Muddaththir 74:51
ки аз шер мегурезанд
Verse 52 — Surah Al-Muddaththir 74:52
балки ҳар як аз онҳо мехоҳад, ки номаҳое ку шода ба ӯ дода шавад
Verse 53 — Surah Al-Muddaththir 74:53
Оре, ки аз охират наметарсанд
Verse 54 — Surah Al-Muddaththir 74:54
Оре, ки ин Қуръон пандест
Verse 55 — Surah Al-Muddaththir 74:55
ҳар ки хоҳад онро бихонад
Verse 56 — Surah Al-Muddaththir 74:56
Ва панд намегиранд, бе он ки Худо хоҳад. Ӯ шоёни он аст, ки аз Ӯ битарсанд. Ва ӯ шоёни бахшоидан аст