Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 75 - Al-Qiyamah
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Qiyamah 75:1
Қасам мехӯрам ба рӯзи қиёмат
Verse 2 — Surah Al-Qiyamah 75:2
ва қасам мехӯрам ба нафси маломатгар
Verse 3 — Surah Al-Qiyamah 75:3
Оё одамӣ мепиндорад, ки Мо устухонҳояшро гирд нахоҳем овард
Verse 4 — Surah Al-Qiyamah 75:4
Оре, мо қодир ҳастем, ки сарангуштҳояшро баробар кунем
Verse 5 — Surah Al-Qiyamah 75:5
Балки одамӣ мехоҳад, ки дар оянда низ ба корҳои ношоиста пардозад
Verse 6 — Surah Al-Qiyamah 75:6
Мепурсад: «Рӯзи қиёмат чӣ вақт хоҳад буд?»
Verse 7 — Surah Al-Qiyamah 75:7
Рӯзе, ки чашмҳо хира шавад
Verse 8 — Surah Al-Qiyamah 75:8
ва моҳ тира шавад
Verse 9 — Surah Al-Qiyamah 75:9
ва офтобу моҳ дар як ҷой ҷамъ оянд
Verse 10 — Surah Al-Qiyamah 75:10
Инсон дар он рӯз мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
Verse 11 — Surah Al-Qiyamah 75:11
Ҳаргиз паноҳгоҳе нест
Verse 12 — Surah Al-Qiyamah 75:12
Қароргоҳи ҳама дар ин рӯз назди Парвардигори туст
Verse 13 — Surah Al-Qiyamah 75:13
Дар ин рӯз одамиро аз ҳар чӣ пешопеш фиристода ва баъд аз худ гузоштааст, хабар медиҳанд
Verse 14 — Surah Al-Qiyamah 75:14
Балки одамӣ худро нек мешиносад
Verse 15 — Surah Al-Qiyamah 75:15
ҳарчанд ба забон узрҳо оварад
Verse 16 — Surah Al-Qiyamah 75:16
Ба шитоб забон ба хондани Қуръон наҷунбон
Verse 17 — Surah Al-Qiyamah 75:17
ки ҷамъ овардану хонданаш бар ӯҳдаи Мост
Verse 18 — Surah Al-Qiyamah 75:18
Чун хондемаш, ту он хонданро пайравӣ кун
Verse 19 — Surah Al-Qiyamah 75:19
Сипас баёни он бар ӯҳдаи Мост
Verse 20 — Surah Al-Qiyamah 75:20
Оре, шумо ин ҷаҳони зудгузарро дӯст медоред
Verse 21 — Surah Al-Qiyamah 75:21
ва охиратро тарк мекунед
Verse 22 — Surah Al-Qiyamah 75:22
Дар он рӯз рӯйҳое ҳаст зебову дурахшон
Verse 23 — Surah Al-Qiyamah 75:23
ки сӯи Парвардигорашон назар мекунанд
Verse 24 — Surah Al-Qiyamah 75:24
ва рӯйҳое ҳаст гирифтаву турш
Verse 25 — Surah Al-Qiyamah 75:25
ки медонад он азоби камаршикан бар ӯ фуруд ояд
Verse 26 — Surah Al-Qiyamah 75:26
Оре, чун ҷон ба гулӯ расад
Verse 27 — Surah Al-Qiyamah 75:27
ва гуфта шавад, ки чӣ касест, ки афсун бихонад
Verse 28 — Surah Al-Qiyamah 75:28
Ва яқин кунад, ки замони ҷудоӣ фаро расида
Verse 29 — Surah Al-Qiyamah 75:29
ва соқҳои по дар ҳам печида шаванд
Verse 30 — Surah Al-Qiyamah 75:30
он рӯз рӯзи ронданаш ба сӯи Парвардигори туст
Verse 31 — Surah Al-Qiyamah 75:31
На тасдиқ кардааст ва на намоз гузоридааст
Verse 32 — Surah Al-Qiyamah 75:32
Аммо дурӯғ бароварда ва рӯй гардондааст
Verse 33 — Surah Al-Qiyamah 75:33
Он гоҳ хиромон назди касонаш рафтааст
Verse 34 — Surah Al-Qiyamah 75:34
Вой бар ту, пас вой бар ту
Verse 35 — Surah Al-Qiyamah 75:35
Боз ҳам вой бар ту, пас вой бар ту
Verse 36 — Surah Al-Qiyamah 75:36
Оё инсон мепиндорад, ки ӯро ба ҳоли худ, вогузоштаанд
Verse 37 — Surah Al-Qiyamah 75:37
Оё ӯ нутфае аз манӣ, ки дар раҳме рехта шуда, набудааст
Verse 38 — Surah Al-Qiyamah 75:38
Сипас лахтае хун? Он гоҳ ба андоми дурусташ биёфарид
Verse 39 — Surah Al-Qiyamah 75:39
Ва онҳоро ду синф кард: нару мода
Verse 40 — Surah Al-Qiyamah 75:40
Оё Худованд қодир нест, ки мурдагонро зинда созад