Back to Languages

Tajik - Chapter 76 - Al-Insan

Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink

Verse 1 — Surah Al-Insan 76:1

Дар ҳақиқат бар инсон муддате аз замон гузашт ва ӯ чизе зикршуда набуд

Verse 2 — Surah Al-Insan 76:2

Мо одамиро аз нутфае омехта биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем. Ва шунавову бинояш сохтаем

Verse 3 — Surah Al-Insan 76:3

Роҳро ба ӯ нишон додаем. Ё шукргузор бошад ё ношукр

Verse 4 — Surah Al-Insan 76:4

Мо барои кофирон занҷирҳову ғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем

Verse 5 — Surah Al-Insan 76:5

Некон аз ҷомҳое менӯшанд, ки омехта ба кофур аст

Verse 6 — Surah Al-Insan 76:6

чашмае, ки бандагони Худо аз он менушанд ва онро ба ҳар ҷое, ки мехоҳанд, равон месозанд

Verse 7 — Surah Al-Insan 76:7

Ба назр вафо мекунанд ва аз рӯзе, ки шарри он ҳама ҷоро гирифтааст, метарсанд

Verse 8 — Surah Al-Insan 76:8

Ва таъомро дар ҳоле, худ дӯсташ доранд, ба мискину ятим ва асир мехӯронанд

Verse 9 — Surah Al-Insan 76:9

шуморо фақат барои Худо таъом медиҳем ва аз шумо на музде мехоҳем на шукре

Verse 10 — Surah Al-Insan 76:10

Мо аз Парвардигори худ метарсем, дар рӯзе, ки он рӯз рӯйҳо турш мешавад ва тарснок аст

Verse 11 — Surah Al-Insan 76:11

Худо онҳоро аз бадии он рӯз нигаҳ дошт ва ононро таровату шодмонӣ бахшид

Verse 12 — Surah Al-Insan 76:12

Ба мукофоти сабре, ки кардаанд, биҳишту ҳарир дод

Verse 13 — Surah Al-Insan 76:13

Дар он ҷо бар тахтҳо такя задаанд на ҳеҷ офтобе мебинанд ва на хунукии сахте

Verse 14 — Surah Al-Insan 76:14

Сояҳои дарахтонаш бар сарашон афтода ва меваҳояш ба фармонашон бошад

Verse 15 — Surah Al-Insan 76:15

Косаҳои нуқрагину кӯзаҳои шароб миёнашон ба гардиш дармеояд

Verse 16 — Surah Al-Insan 76:16

Кӯзаҳое аз нуқра, ки онҳоро ба андоза пур кардаанд

Verse 17 — Surah Al-Insan 76:17

Дар он ҷо ҷоме бинӯшонандашон, ки омехта бо занҷабил бошад

Verse 18 — Surah Al-Insan 76:18

аз чашмае, ки онро салсабил мегӯянд

Verse 19 — Surah Al-Insan 76:19

Ва писароне ба гирдашон мечарханд, ки чун онҳоро бубинӣ, пиндорӣ марвориди парокандаанд

Verse 20 — Surah Al-Insan 76:20

Чун бингарӣ, ҳар чи бингари неъмат фаровон аст ва фармонравоии бузург

Verse 21 — Surah Al-Insan 76:21

Бар танашон ҷомаҳоест аз сундуси сабз ва истабрақ. Ва ба дастбандҳое аз нуқра зинат шудаанд ва онҳоро Парвардигорашон шароби пок бинӯшонад

Verse 22 — Surah Al-Insan 76:22

Ин мукофоти шумост ва аз кӯшишатон шукргузорӣ шудааст

Verse 23 — Surah Al-Insan 76:23

Мо Қуръонро бар ту нозил кардем, нозил кардане некӯ

Verse 24 — Surah Al-Insan 76:24

Дар баробари фармони Парвардигорат собир бош ва аз ҳеҷ гуноҳкор ё носипосе итоъат макун

Verse 25 — Surah Al-Insan 76:25

Ва бомдодну шамгоҳон номи Парвардигоратро бар забон биёвар

Verse 26 — Surah Al-Insan 76:26

Дар қисме аз шаб саҷдааш кун ва дар ҳамаи дарозии шаб тасбеҳаш гӯй

Verse 27 — Surah Al-Insan 76:27

Инҳо ин дунёи зудгузарро дӯст доранд ва он рӯзи душворро паси пушт мепартоянд

Verse 28 — Surah Al-Insan 76:28

Мо одамиёнро офаридем ва аъзову пайвандҳояшонро нерӯманд гардонидем ва агар хоҳем, ба ҷои онҳо қавме монандашон биёварем

Verse 29 — Surah Al-Insan 76:29

Ин пандест. Пас ҳар кӣ хоҳад роҳе ба сӯи Парвардигори худ интихоб кунад

Verse 30 — Surah Al-Insan 76:30

Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад зеро Худо донову ҳаким аст

Verse 31 — Surah Al-Insan 76:31

Ҳар касро, ки бихоҳад, шомили раҳмати худ созад ва барои ситамкорон азобе дардовар омода кардааст