Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 78 - An-Naba
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah An-Naba 78:1
Аз чӣ чиз (ҳамдигарро) мепурсанд
Verse 2 — Surah An-Naba 78:2
Аз он хабари бузург, (қиёмат)
Verse 3 — Surah An-Naba 78:3
ки дар он ихтилоф мекунанд
Verse 4 — Surah An-Naba 78:4
Оре, ба зудӣ хоҳад донист
Verse 5 — Surah An-Naba 78:5
Боз ҳам, оре, ба зудӣ хоҳанд донист
Verse 6 — Surah An-Naba 78:6
Оё Мо заминрро бистаре насохтем
Verse 7 — Surah An-Naba 78:7
Ва кӯҳҳоро мехҳое
Verse 8 — Surah An-Naba 78:8
Ва шуморо ҷуфт-ҷуфт офаридем
Verse 9 — Surah An-Naba 78:9
Ва хобатонро оссишатон гардонидем
Verse 10 — Surah An-Naba 78:10
Ва шабро пӯшишатон қарор додем
Verse 11 — Surah An-Naba 78:11
Ва рӯзро вақти талаби маъишат. (касб)
Verse 12 — Surah An-Naba 78:12
Ва бар болои саратон ҳафт осмони устувор бино кардем
Verse 13 — Surah An-Naba 78:13
Ва чароғе равшан офаридем. (офтоб)
Verse 14 — Surah An-Naba 78:14
Аз абрҳои боронзой обе фаровон нозил кардем
Verse 15 — Surah An-Naba 78:15
то бо он донаву набот бирӯёнем
Verse 16 — Surah An-Naba 78:16
ва бӯстонҳои анбӯҳ (сердарахт)
Verse 17 — Surah An-Naba 78:17
Албатта рӯзи доварӣ рӯзест муъайян
Verse 18 — Surah An-Naba 78:18
Рӯзе, ки дар сур дамида шавад, ва шумо гурӯҳгурӯҳ биёед
Verse 19 — Surah An-Naba 78:19
Осмон шикофта шавад ва ҳар шикоф даре бошад
Verse 20 — Surah An-Naba 78:20
Ва куҳҳо равон шаванд ва сароб гарданд
Verse 21 — Surah An-Naba 78:21
Ҷаҳаннам дар интизор бошад
Verse 22 — Surah An-Naba 78:22
Саркашонро бозгаштангоҳест
Verse 23 — Surah An-Naba 78:23
Замоне дароз дар он ҷо бошанд
Verse 24 — Surah An-Naba 78:24
На хунукӣ чашанду на об
Verse 25 — Surah An-Naba 78:25
фақат оби ҷӯшону хуну чирк. (нӯшанд)
Verse 26 — Surah An-Naba 78:26
Ин ҷазоест мувофиқи кирдор
Verse 27 — Surah An-Naba 78:27
Зеро онон ба рӯзи ҳисоб умед надоштанд
Verse 28 — Surah An-Naba 78:28
Ва оёти Моро ба сахтӣ дурӯғ мебароварданд
Verse 29 — Surah An-Naba 78:29
Ва Мо ҳама чизро дар, китобе шумора кардаем
Verse 30 — Surah An-Naba 78:30
Пас бичашед, ки фақат бар азоби шумо хоҳем афзуд
Verse 31 — Surah An-Naba 78:31
Парҳезгоронро ҷоест дар амон аз ҳар осеб
Verse 32 — Surah An-Naba 78:32
бӯстонҳову токистонҳо
Verse 33 — Surah An-Naba 78:33
ва духтароне ҳамсол бо пистонҳои баромада
Verse 34 — Surah An-Naba 78:34
ва ҷомҳои пур
Verse 35 — Surah An-Naba 78:35
На сухани беҳуда шунаванд ва на дурӯғ
Verse 36 — Surah An-Naba 78:36
ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат—
Verse 37 — Surah An-Naba 78:37
Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад
Verse 38 — Surah An-Naba 78:38
рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд
Verse 39 — Surah An-Naba 78:39
Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад
Verse 40 — Surah An-Naba 78:40
Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!»