Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 79 - An-Naziat
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah An-Naziat 79:1
Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд
Verse 2 — Surah An-Naziat 79:2
ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд
Verse 3 — Surah An-Naziat 79:3
ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд
Verse 4 — Surah An-Naziat 79:4
ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон)
Verse 5 — Surah An-Naziat 79:5
ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд
Verse 6 — Surah An-Naziat 79:6
ки он рӯз, ки нахустин нафхаи қиёмат (дамидани дар сур) заминро биларзонад
Verse 7 — Surah An-Naziat 79:7
ва нафхаи дуввум аз паси он биёяд
Verse 8 — Surah An-Naziat 79:8
дар он рӯз дилҳое дар ҳарос бошанд
Verse 9 — Surah An-Naziat 79:9
ва нишони хушӯъ (хорӣ) дар дидагон намоён
Verse 10 — Surah An-Naziat 79:10
Мегӯянд: «Оё мо ба ҳолати нахустин бозмегардем
Verse 11 — Surah An-Naziat 79:11
он гоҳ ки устухонҳое пӯсида будем?»
Verse 12 — Surah An-Naziat 79:12
Гӯянд: «Ин бозгашти мо бозгаштест зиёновар
Verse 13 — Surah An-Naziat 79:13
Фақат ин аст, ки танҳо як бонг бармеояд
Verse 14 — Surah An-Naziat 79:14
ва онҳо худро дар он саҳро хоҳанд ёфт
Verse 15 — Surah An-Naziat 79:15
Оё достони Мӯсо ба ту расидааст
Verse 16 — Surah An-Naziat 79:16
Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар водии муқаддаси Туво нидо дод
Verse 17 — Surah An-Naziat 79:17
«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки аз ҳад гузаштааст
Verse 18 — Surah An-Naziat 79:18
Бигӯ: «Оё туро рағбате ҳаст, ки покиза шавӣ
Verse 19 — Surah An-Naziat 79:19
ва ман туро ба Парвардигорат роҳ бинамоям ва ту битарсӣ (аз Ӯ)?»
Verse 20 — Surah An-Naziat 79:20
Пас он ояти бузургро ба ӯ нишон дод
Verse 21 — Surah An-Naziat 79:21
Ва ӯ дурӯғ бароварду нофармонӣ кард
Verse 22 — Surah An-Naziat 79:22
Сипас пушт гардонду мешитофт
Verse 23 — Surah An-Naziat 79:23
Пас ҳамаро ҷамъ кард ва нидо дод
Verse 24 — Surah An-Naziat 79:24
ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам!»
Verse 25 — Surah An-Naziat 79:25
Худояш ба аозби охирату дунё гирифтор кард
Verse 26 — Surah An-Naziat 79:26
Дар ин ибратест барои, касе, ки метарсад
Verse 27 — Surah An-Naziat 79:27
Оё шумо ба офариниш сахттаред, ё ин осмоне, ки Ӯ бино кардааст
Verse 28 — Surah An-Naziat 79:28
Сақфашро барафрошт ва дуруст кард
Verse 29 — Surah An-Naziat 79:29
шабашро торик кард ва рӯшноияшро ошкор сохт
Verse 30 — Surah An-Naziat 79:30
ва пас аз он заминро бигустурд (паҳн кард)
Verse 31 — Surah An-Naziat 79:31
ва аз он об берун овард ва чарогоҳҳо падид овард
Verse 32 — Surah An-Naziat 79:32
ва кӯҳҳоро устувор гардонид
Verse 33 — Surah An-Naziat 79:33
барои баҳрагирии шумо ва чорпоёнатон
Verse 34 — Surah An-Naziat 79:34
Чун он ҳодисаи бузург даррасад
Verse 35 — Surah An-Naziat 79:35
рӯзе, ки одамӣ ҳамаи амалҳои худро ба ёд оварад
Verse 36 — Surah An-Naziat 79:36
ва ҷаҳаннамро ба ҳар кӣ мебинад нишон диҳанд
Verse 37 — Surah An-Naziat 79:37
Пас ҳар кй аз ҳад гузашта бошад (дар куфру исён)
Verse 38 — Surah An-Naziat 79:38
ва зиндагии инҷаҳонро ихтиёр карда бошад
Verse 39 — Surah An-Naziat 79:39
ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
Verse 40 — Surah An-Naziat 79:40
Аммо ҳар кас, ки аз истодан дар баробари Парвардигораш тарсида ва нафсро аз ҳаво (ва ҳавас) боздошта бошад
Verse 41 — Surah An-Naziat 79:41
биҳишт ҷойгоҳи ӯст
Verse 42 — Surah An-Naziat 79:42
Туро аз қиёмат мепурсанд, ки чӣ вақт воқеъ шавад
Verse 43 — Surah An-Naziat 79:43
Аз ёд кардани (илми) он туро чӣ кор аст
Verse 44 — Surah An-Naziat 79:44
Интиҳои илми он назди Парвардигори туст
Verse 45 — Surah An-Naziat 79:45
Фақат ва фақат ту касонеро, ки аз он рӯз битарсанд, бим медиҳӣ
Verse 46 — Surah An-Naziat 79:46
Чун онро бубинанд, пиндоранд дар ин ҷаҳон фақат як шомгоҳ ё чоштгоҳ истодаанд