Back to LanguagesPrevious ChapterNext Chapter
Tajik - Chapter 82 - Al-Infitar
Translation by Abdolmohammad Ayati — Permalink
Verse 1 — Surah Al-Infitar 82:1
Он гоҳ, ки осмон бишикофад
Verse 2 — Surah Al-Infitar 82:2
ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
Verse 3 — Surah Al-Infitar 82:3
ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
Verse 4 — Surah Al-Infitar 82:4
ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид
Verse 5 — Surah Al-Infitar 82:5
ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст
Verse 6 — Surah Al-Infitar 82:6
Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст)
Verse 7 — Surah Al-Infitar 82:7
Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард
Verse 8 — Surah Al-Infitar 82:8
Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод)
Verse 9 — Surah Al-Infitar 82:9
Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед
Verse 10 — Surah Al-Infitar 82:10
Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд
Verse 11 — Surah Al-Infitar 82:11
котибоне бузургвор
Verse 12 — Surah Al-Infitar 82:12
медонанд, ки шумо чӣ мекунед
Verse 13 — Surah Al-Infitar 82:13
Албатта некӯкорон дар неъматанд
Verse 14 — Surah Al-Infitar 82:14
ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам
Verse 15 — Surah Al-Infitar 82:15
Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
Verse 16 — Surah Al-Infitar 82:16
ва аз он ғоиб нашаванд
Verse 17 — Surah Al-Infitar 82:17
Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист
Verse 18 — Surah Al-Infitar 82:18
Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист
Verse 19 — Surah Al-Infitar 82:19
Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад